23:29:23 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

СОМОНАҲОИ МАЗҲАБӢ: МАСЪУЛИН ВА АҲДОФИ ОНҲО

Дигарон

Ҳамзамон сомонаҳои дигаре низ ҳастанд, ки дар робита ба масоили мазҳабӣ бо забони тоҷикӣ ва хатти сирилик ҳарфи худро доранд. Аз ҷумла, сомонаи донишҷӯёни тоҷик дар Қуми Эрон http://tojikon.org/, сомонаи донишҷӯёни тоҷик дар Қоҳираи Мисри Араб http://tajislam.com/.  Ин  сомонаҳо бештар ба масоили хабарӣ ва илмӣ таваҷҷӯҳ доранд ва дар бахшҳои дигар камтар талош мекунанд.

 

 Блог ва ё нимсомонаҳои мазҳабӣ, ки тавассути як нафар идора карда мешаванду баъзе аз  онҳо метавонанд аз як сомонаи хабарии дохилӣ муштарии зиёд дошта бошад, сомонаҳои зайл ҳастанд: http://tojikislom.net.ru/, http://muslimin.ucoz.com, (ин нимсомона мегӯяд, ки Ислом сиёсиву ғайрисиёсӣ намешавад. Яъне ислом, ислом аст ва ҳама бахшҳои ҷомеаро фаро мегирад), http://nisaun.forumei.com, (ин нимсомонаи махсуси бонувон аст ва қариб аксари кулли матолиби он барои бонувон бахшида шудааст. Аз матолиби он бармеояд, ки шояд ин хонум ва ё роҳандози он дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил карда бошад), http://khatlonzamin.blogfa.com/, (тарғибгари сунниҳои тоҷик аст), http://payravtj.blogfa.com/, (тарғибгари шиаҳо мебошад).

 

Ҳар яке аз ин сомона ва нимсомонаҳо талош мекунанд, ки бо василаи матолиби худ ба қадри имкон дар тафаккур ва мағзи хонанда таъсиргузорӣ кунанд, аммо кӣ хайрхоҳу кӣ бадхоҳ Худои карим хубтар медонад!

 

ОзодӢ

Дар ҳамин ҳол сомонае ҳаст, ки дар як шабонарӯз даҳҳо ҳазор хонанда дорад. Муҳимтарин ахбори Тоҷикистон ва воқеаву ҳодисаҳои дохилу хориҷи кишварро пӯшиш медиҳаду аз “ҳошия” ба масоили мазҳабӣ назарпардозӣ мекунад. Худи кормандони ин идора талош мекунанд, ки матолибашонро беғаразона ва мутобиқ ба этикаи журналистӣ дарҷ намоянд. Аммо форум ва ё шарҳи хонанда дар ин сомона гувоҳи он аст, ки гурӯҳи махсусе дар берун нишаста бо номҳои мустаъор кӯшиш мекунад, ки дар  ҷомеа тавассути ин сомона низоъҳои диниро ба вуҷуд биоранд.

 

Аксар касоне, ки ба ин корҳо машғуланд, аз шарҳҳои навишта ва тарзи фикррониашон фаҳмида мешавад, ки касе онҳоро “кӯмак” мекунад ва ба гӯши онҳо мехонад, ки дар шарҳи ин хабар ва ё фалон матлаб чунину чунон нависанд! Агар дар воқеъ чунин мардони боимон ва мардумдӯсту меҳанпараст вуҷуд дошта бошанд, вақт ва пулашон он қадар зиёд бошад, ки ҳар рӯз дар зери матолиби ин сомона шарҳу тафсил нависанд, суоле ба вуҷуд меояд, ки чаро онҳо барои худ микро ва макроблог намекушоянд, то тамоми афкор ва андешаҳои худро бо тафсил ва бо истидлол бо сарчашмаҳои муътамади исломӣ пешкаши хонанда гардонанд? 

 

Чаро ин мардуми меҳанпарасту ватандӯст шарҳу тафсили худро ба сомонаҳои мазҳабӣ, ки хоси донишмандон ва ҳаводорони мусалмонони кишваранд, тақдим намекунанд? Агар ин мардуми шариф он қадар ба исломи сиёсӣ майлу рағбат дошта бошанд, пас чаро дар сомонаи расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки матолиби сиёсиро низ пӯшиш медиҳад, камтар таваҷҷӯҳ доранд? Ба ҳамин далел гумони ағлаб он аст, ки дар ин сурат, ба хотири он ки мутассадиёни сомонаҳои мазҳабӣ шарҳу тафсили иғвоангезу низоъафканро фаҳмида чоп нахоҳанд кард, ба онҳо руҷӯъ намекунанд. Хонандаи ин сатрҳо барои дарёфти маълумоти бештар ва қилро аз қол фарқ кардан ба сомонаи бахши тоҷикии радиои “Озодӣhttp://www.ozodi.org/ метавонад муроҷиат кунад то худ  бо чашмони сар бубинад, ки шарҳҳои беном ва гумноми муаллифони форум ба кадом ҳадаф ва чӣ мақсад навишта мешаванд.

 

ХомӮшӢ ё бехабарӢ

Суол ин аст: «Чаро дар чунин ҳолат Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Шӯрои уламои вилояти Хатлон, Шӯрои уламои вилояти Суғд ва Маркази исломшиносии назди Президент, Кумитаи оид ба корҳои дини кишвар дар ин хусус бар лаб мӯҳри хомӯшӣ зада, то ҳол пойгоҳҳои иттилоърасонии худро ба рӯи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ташналабони маорифи исломӣ боз накардаанд?». Оё онҳо то ҳол фарҳанги интернетиро наомӯхтаанд ва намедонанд, ки дар дунёи мудерн кӣ метавонад фикр ва иродаи мардумро идора кунад?

 

Агар масъулони ниҳодҳои дар боло зикршуда дар воқеъ донишманд бошанд, аз омӯзаҳои дини мубини ислом ба хубӣ огоҳӣ дошта бошанд, шеваи гуфтор ва муносибати хуб бо мардумро дошта бошанд, пас чаро то кунун пойгоҳҳои иттилоърасонии худро роҳандозӣ накардаанд? Ё то ҳол аз истифодабарии почтаи электронӣ ба хубӣ огоҳӣ надоранд? Агар чунин бошад пас чӣ расад ба хондани матолиби интернетӣ ва роҳандозӣ кардани сомона ва нимсомонаҳои хусусӣ ва дастаҷамъӣ.

 

Агар ин ҷанобон ҳафтае ду ё се маротиба почтаи электронӣ медоштанду онро хабар мегирифтанд, хабарҳои фаврӣ онҳоро водор мекард, ки ҳадди аққал то кунун як маротиба нисбат ба маводҳои электронӣ вокуниш нишон диҳанд. Аммо мутаассифона, ҳангоми ворид шудан ба утоқҳои кории ниҳодҳои мазкур мушоҳида мешавад, ки аксар котибону котибаҳои онҳо ҳамеша саргарми бозиҳои компутарӣ ва ё машғули чатҳои интернетӣ мебошанд.

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4344-somonahoi-mazhabi.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi