01:24:53 30-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Асрори “Ё биё мусулмон шав ё маро насоро кун”-ро медонед?

Дар мақолаҳои гузашта ва хосатан мақолаҳои «Аҳмад Зоҳир ва Дарвоз», «Аҳмад Зоҳир ва шоираҳо», «Аҳмад Зоҳир ва шуарои Тоҷикистон» вобаста ҳаёту эҷодиёти ин хунёгару овозхони маъруфтарини мардуми порсизабон ҳарф зада будам. Ҳоло мехоҳам дар мақолаи навбатии хеш диққати хонандагони азизро оид ба бархе аз маълумотҳои нав пайдогашта, ҷалб намоям. Дар мақолаҳои пешин ба масъалаи фаъолияти ин хунёгару овозхони бузург ва истифодаи эшон аз ашъори шоирони Тоҷикистон ибрози ақида намуда будам.

ahmad_zahir_54548754121Аз ҷумла, изҳор намуда будам, ки Аҳмад Зоҳир аз ашъори шоири ба истиллоҳ тоҷикистонӣ Баҳрини Дарвозӣ (Баҳрии Дарвозӣ) низ тибқи сарчашмаҳои мавҷуда, шеъреро ба оҳанг даровардаву хондааст. Дар ин хусус дар осори мондагори устоди зиндаёд Султони Ҳамад «Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ» (Душанбе-2021), «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» (Душанбе-2012) номи шоир Баҳрин ва сарчашмаи истифодашуда, китоби «Маҷмуъаи шоирони Дарвоз»-и Ғуломмаҳмад Ҳиҷрати Дарвозӣ (чопи Душанбе-2008) низ қайд шудааст.

Иброз намуда будам, ки ин амал боиси ифтихор аст ва хонандаи тоҷик бояд аз кадом шеъри шоири дар замони пеш аз инқилоб вафтидаи сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон бояд донаду ифтихор намояд. Бояд гуфт, ки пурсуҷӯҳои ман аз шахсони мутахассиси соҳаи фарҳангу ҳунармандони варзида ва ихлосмандони овозхони маъруф Аҳмад Зоҳир мутаассифона, он замон натиҷае надоданд ва ҳамагон китф дарҳам кашидаву изҳор медоштанд, ки оид ба ин масъала чизе маълумашон нест.

Хушбахтона, чанде пештар китоберо ки орзӯи ёфтану хонданашро доштам, дар мағозае пайдо намудаму онро харидорӣ намудам. Ин асар, китоби «Таронаҳои ҷовидонаи Аҳмад Зоҳир» буда, муаллифаш устод Султони Ҳамад аст. Китоби мазкур аз тарафи нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе соли 2022 бо сифати баланд чоп гаштааст. Муҳимияти ин китоб пеш аз ҳама дар он аст, ки ин асари ба тозагӣ нашргаштаи аҳмадзоҳиршиноси №1-и Тоҷикистон, устоди равоншод Султони Ҳамад асари хело пурра ва такмилёфта оид ба таронаҳои хондаи «Булбули Ҳабибия» аст.

Муҳим боз он аст, ки роҷеъ ба бархе аз муаммоҳои ишораёфтае, ки ҷустуҷӯ доштем, ҷавобҳои то андозае пурра низ инҷо пайдо намудем. Дар ин китоб бештар аз 360 тарона ва суруди аз тарафи Аҳмад Зоҳир хонда аз тарафи устод ҷамъоварӣ карда шудааст. Устод Султони Ҳамад дар ин китоб пешгуфтор бо номи «На монад чаманҳо, на мову на манҳо, бимонад суханҳо» навиштаву оиди мақсади гирдоварии ашъори мазкур ва моҳияту мақсади омӯзишу таҳқиқи мактаби эҷодии овозхони маъруф Аҳмад Зоҳир андешаи худро пеш овардааст.

Аз ҷумла, дар ин сарсухан муаллифи чунин ишора дорад: «Китобе, ки шумо дар даст доред, ин кӯшиши бори нахуст дар қаламрави кишварҳои порсизабон ба нашр расонидани тамоми таронаҳои Аҳмад Зоҳир дар шакли мукаммал баҳисоб меравад».

Дар ҳақиқат, баъди мутолиаи ин китоб ва муқоиса бо дигар асарҳои оиди эҷодиёти Аҳмад Зоҳир чоп гашта, ҳис мешавад, ки ин асари устод Султони Ҳамад хело мукаммал ва бо далелҳои эътимодбахши ҷамъовардаи устод рӯи чопро дидааст.

Он чиз бисёр хушоянд ҳаст, ки дар ин китоб ба ғайр аз овардани шеъру оҳангу муаллифони оҳангу шеър, ки бо рақами тартибӣ оварда шудаанд, ҳамчунин бахшҳои алоҳида, ба мисли бахшҳои «Сурудҳои номукаммали Аҳмад Зоҳир», «Феҳристи сабти сурудҳои овозхон дар студияи радио» оварда шуданд, ки воқеъан чунин навгониҳо то ин дам дар китобҳои чопгашта дар кишвари мо дида намешавад ва дар хориҷи кишвар низ ба фикрам чунин китоби мукаммал шояд ҳанӯз чоп нагаштааст.

Устод Султони Ҳамад воқеъан чун муҳаққиқи даққиқназар дар эҷоди ин асари худ заҳмати фаровоне кашидааст ва аҳли фарҳанги на танҳо Тоҷикистон, балки кулли ҷомеъаи порсизабонони ҷаҳон як умр аз ин хизмати устоди зиндаёд бояд сипосгузор бошанд. Бояд гуфт, ки вобаста ба муаммои аз Баҳрини Дарвозӣ кадом шеърашро хондани Аҳмад Зоҳир, маҳз дар ҳамин китоб ҳалли худро ёфтааст.

Дар бахши «Сурудҳои номукамали Аҳмад Зоҳир» бо таронае бо номи «Косаи сарам киштӣ» дучор омадам ва ба зуди номи муаллифи ин шеърро дар бахши «Муллифони шеъру таронаҳои Аҳмад Зоҳир» дар зери рақами тартибии №82, ки онҷо номи Баҳрини Дарвозӣ (Баҳрии Дарвозӣ) қайд ёфтааст, пайдо намудам. Ин шеъри нопурра, ки Алмоси Шарқ аз ашъори Баҳрин хондааст чунин аст:

«Косаи сарам киштӣ,

Аз ду дида тӯфон кун.

Дилбаро биё биншин,

Сайри мавҷи дарё кун,

Ё биё мусалмон шав,

Ё маро насоро кун».

Қайд бояд намуд, ки таърихи пайдоиши ин шеъри машҳур бо номи «Ё биё мусалмон шав, ё маро насоро кун» бисёр ҷолиб аст. Дар китоби Ғуломмуҳамад Ҳиҷрати Дарвозӣ «Маҷмӯаи адабиёти Дарвоз» (чопи Душанбе- соли 2008) мухаммаси шоир Мағмуми Дарвозӣ дар ҳаҷми 25 мисраъ, иборат аз 5 банд оварда шудааст.

Он чунин шурӯъ мешавад:

Моҳи кишвари русӣ, майли мазҳаби мо кун,

Рӯи худ ба масҷид ор, пушти по калисо кун,

Ихтиёр кун ислом, тарки кеши тарсо кун,

Ҳарчӣ бошад, эй дилбар, з-ин ин ду кор якро кун,

Ё биё, мусулмон шав, ё маро насоро кун.

Дар китоби «Суханварони Дарвозӣ», ки ба қалами Аҳмад Наҷиби Байзоӣ (чопи Кобул -1990) ин шеъри шоир Авлиё Ҳусайни Мағмум низ ҷой дода шудааст. Аммо дар ин китоб мухаммаси зикршуда аз 6 банд ва ё 30 мисраъ иборат буда, нисбати китоби «Маҷмӯаи адабиёти Дарвоз» 5 мисраъ зиёдтар аст.

Чунончӣ, аз ин 5 мисраъаи «зиёда»-и дар китоби Байзоӣ омад, ки 4 мисраъаш дар даруни нохунак оварда шудаанд, чунин аст:

«Пешакам биёи ту, ҷонакам фидои ту,

Бурда ақлу ҳушамро чашмакой сиёи ту,

Косаи сарам киштӣ, оби дидаам тӯфон,

Нохудо биё, биншин, сайри мавҷи дарё кун»,

Ё биё, мусулмон шав, ё маро мусулмон кун.

Гирдоварандаи ин маҷмӯа, инженер Байзоӣ менигорад: «Тавре, ки муҳтарам Латифи Пидром дар яке аз мақолаҳои худ навиштаанд, абёти дохили нохунак аз рафиқу ҳамсафари Мағмуни Дарвозӣ, шоир Баҳрини Дарвозӣ будааст».

Дар ҳамин асос ба хулосае омадан мумкин аст, ки Аҳмад Зоҳир ин порчаи шеърии Баҳрини Дарвозиро аз мухаммаси Авлиёҳусайни Дарвозӣ, ки ӯ 4 мисраъи шеърии шоири дӯсташ Баҳринро дар мухаммаси худ ҷой намудааст, сурудааст. Бояд гуфт, ки ҳамин чор мисраъи аз тарафи овозхон хонда шуда, тағирот доранд ва онро бевосита худи овозхон ба ин тартиб даровардаву сароидааст.

Дар хусуси чунин амалҳои Аҳмад Зоҳир ва тағйир додани ибораву ҷумлаи шеърҳои шоирон ва ба оҳанги худ мувофиқ намудани овозхон дар навиштаҳои устод Султони Ҳамад, аз ҷумла, китоби «Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ» ва дигар навиштаҳояш дучор омадан мумкин аст. Ҳарҷи ҳам бошад мухаммаси Мағмуми Дарвозӣ пеш аз инқилоб дар Аморати Бухоро бисёр машҳур будаву онро овозхонон месароиданд.

Бояд гуфт, ки шоир Авлиё Ҳусайни Мағмуми Дарвозӣ яке аз шоирони маъруфи замони худ буда, соли 1880 (тибқи навиштаи википедия соли 1873) дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, дар оилаи шоир Мир Саидбеги Дарвозӣ ба дунё омадааст. Шоир Муҳаммад Ғофилии Дарвозӣ низ бародар ӯст. Умуман бобою бобокалонҳои ин шоир ҳамагӣ аз табақаҳои шуаро ва ашхоси соҳибнуфузи Дарвозу Бадахшон ҳастанд. Баъди гирифтани таҳсилот дар зодгоз, Мағмум чанд соле дар Бухоро дар мадрасаҳои ин шаҳр хонда, бо шоирӣ шӯҳрат пайдо кардааст. Шоир баъди воқеъаи рӯйдоди инқилоби болшевикӣ дар Бухоро дар Ҷумарҷи Дарвози Афғонистон зиндагиро ихтиёр намудааст.

Бояд гуфт, ки вақти гузаштан аз рӯди Ому ба ҳангоми таҳқиби инқилобгарон, девони шоир пурра аз даст рафт ва боқӣ (қариб 7 ҳазор байт) ҳамааш имрӯз моли замони эҷод дар Афғонистон аст. Беҳуда баъдан шоир нагуфтааст:

Ҷавру ҷафои даврон, ҳам болшевики ҳайвон,

Дар хоки поки Афғон, дар ҳар мақар нависем.

Баъдан шоир дар Кобул ва Бағлон зиндагӣ ихтиёр кардаву соли 1946 дар шаҳри Бағлон дар синни шашсту шаш солагӣ вафот (дар википедяи 72 сола гуфтаанд, ки нодуруст аст-В. З.) кардаааст. Дар хусуси зиндагии ӯ навиштаҳои дурусти инженер Байзоӣ ва дигар адибони Афғонистон чоп гаштаанд. Осори ин адиб чанд ҷилдро ташкил намудаву номи ин шоир дар Афғонистон машҳур аст. Марқади мубораки ӯ ҳоло ҳам дар мавзеъи Кутай Ситораи шаҳри нави Бағлон мавҷуду маъруф аст. Оиди ҳамин шеъри машҳури навиштаи ӯ чанд ривояте мавҷуд ҳаст.

Дар китоби дар боло ишораёфтаи инженер Байзоӣ бошад, гуфта мешавад, ки ин шеъро барои як духтари ҳунарманду раққосаи рус дар яке театрҳои Бухоро (гарчанде он замон дар Бухорои амирӣ театр ҳанӯз вуҷуд надошт ва шояд ин базми амирие буда бошад – В. З.), ки бо ҳусну ҷамол ва рақси волои худ шоирро дилбохтаи худ мекунад, онҷо қаламу қоғаз гирифтаву филфавр ин шеърро эҷод мекунад. Ҳар чи ҳам бошад, ин шеъри шоир, замони пеш аз инқилоб дар сарзамини Бухоро бисёр машҳур шуда буд.

Дар саҳифаҳои интернетӣ бошад ба чунин навишта дучор омадем: «Мағмум дар сафҳаи 94-и девонаш, ки бо кӯшиши Мир Наҷибуллоҳ Байзоӣ чоп гардидааст менависад: Дар соли 1910, дар Бухоро дар қасри «Ситора-Моҳи хоса», дар ҷашни подшоҳии амир Олимхон бо панҷ нафар узви ҳайат иштирок намудем. Духтари насронии русӣ, ки духтури дарбор буд, бо як кас омад ва муқобили мо нишаст ва бо форсии бухорӣ суҳбату шӯхиро оғоз намуд. Дар ҳамин вақт ду муғанӣ ба майдон омаданд ва ин фарди мири саид Абдулаҳадхон, амири Бухороро хонданд:

Шӯхи арманӣ мазҳаб як даме мадоро кун,

Ё биё мусулмон шав ё маро насоро кун.

Ёрон аз ман хостанд, ки мухаммасе дар панҷ банд аз сӯи панҷ нафари мо бисарой, ки дар ҳар банд, мисраъи: “Ё биё мусулмон шав, ё маро насоро кун” такрор шавад. Мухаммасро дар ҳамон маҷлис сурудам.

Онро ба он духтар хонданд. Бисёр хуш шуд ва як соати нуқрагини Павел Буре (тамғаи соату ширкати он замон маъруфи соатсозии Русия,- В. З.) русиро аз ҷайб баровард ба ман тӯҳфа дод».

Инҷо маълум мегардад, ки шоир Мағмум, мухаммаси машҳури худро дар ҳақиқат бадеҳатан онҷо эҷод намудааст. Онро бо хоҳиши дӯстон ва дар асоси мисраъи амир Абдулаҳадхон сароидааст.

Дар ин асос метавон гуфт, ки Аҳмад Зоҳир аз чакидаи шеърии амир Абдулаҳадхони манғитӣ, ки ба шеъру шоирӣ шавқи зиёде дошт, низ мисраъе сурудааст, гарчанде дар ин хусус овозхон шояд иттиллое низ надошта буд ва мисраъи «Ё биё мусулмон шав , ё маро насоро кун» аслан моли амири вақти Бухор, Абдулаҳадхон, ки бо тахаллуси Оҷиз шеър менавишт ҳаст. Бояд гуфт, ки устод Мӯъмин Қаноат дар китоби «Ёддоштҳо ва бардоштҳо» дар бораи шоир Мағмум суханҳои мондагоре гуфтаву иброз доштааст, ки ин шоири яке аз бузургтарин шоирони Дарвоз аст ва навиштани асари бузургтареро оиди фаъолияти ин шоир ба вақти дигар гузоштааст.

Инҷо қайд кардан мехоҳам, ки устод Султони Ҳамад кори бузургеро анҷом додаст ва ба шарофати заҳматҳои зиёде эшон, имрӯз ба мо муяссар гашт, ки муайян намоем, ки Аҳмад Зоҳир кадом сатри шеърии шоир Баҳрини дарвозиро, ки мисраъи охиринаш аз шоир Мағмуми Дарвозӣ (аслан аз амир Абдулаҳадхони манғит) аст, хондааст.

Ҳарҷи ҳам бошад мухаммаси Мағмуми Дарвозӣ пеш аз инқилоб дар Аморати Бухоро бисёр машҳур гаштаву онро овозхонони зиёде месароиданд. Дар замони шӯравӣ, бахусус устоди бузург Дона Баҳромов мухаммасро бисёр бо маҳорати баланду як оҳанги мағрубе месароид, ки мақбули ҳамагон гашта буд.

Дар мақолаи «Аҳмад Зоҳир ва шоираҳо» ва ё худ «Аҳмад Зоҳир ва хубони порсигӯ» оиди муносибати Аҳмад Зоҳир бо эҷодиёти шоираҳо навишта будам, ки Аҳмад Зоҳир аз шоираҳое мисли Фурӯғ, Симин, Луъбати Воло, Тоҳира, Марям, Мансура хондааст ва изҳор намуда будам, ки шояд аз дигар шоираҳои порсигӯ шеърҳоеро ба оҳанг даровардаву хонда бошад, ки инро вақту тадқиқотҳои оянда муайян мекунанд.

Хушбахтона, дар ҳамин китоби охирини устод Султони Ҳамад дар бахши «Суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир» бо номи шоираҳо Жола ва Соҷия дучор омадам. Маълум мешавад, ки таронаи машҳури «Баҳори ман ҳазар аз навбаҳорон мекунӣ, то кай?» моли шоираи машҳури иронӣ хонум Жола Бадеъ будааст. Жола Бадеъ низ мисли устод Лоҳутӣ аз Эрон ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳиҷрат намудаву борҳо ба Тоҷикистон омадааст.

Шоира соли 1922 дар шаҳри Исфаҳон таваллуд гаштааст ва соли 1946 ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳиҷрат намудааст. Аввалин маҷмӯъаи шеърияш дар Эрон бо ном «Гулҳои худрӯй» (Теҳрон, 1945) чоп гаштааст ва баъди ҳиҷрат дар Боку, Маскав ва Душанбе борҳо маҷмӯъаҳое чун «Ёдгор», «Модарон сулҳ мехоҳанд», «Армуғон», «Дастагул», «Зиндарӯд», «Интизор», «Ҳангоми вафот», «Киштии кабуд» ва ғайраҳо чоп гаштаанд. Эҷодиёти шоира ба кишвари мо сахт тавъаманд ҳаст.

Мавсуф аъзои ИН Тоҷикистони шӯравӣ аз соли 1965 буд. Тоҷикистонро мисли устод Лоҳутӣ ватани дувуми худ медонист ва бо шоирони кишвари мо ва хосатан бону Гулрухсор дӯстии наздик доштанд. Соли 1981 ба Эрон баргашт ва соли 1983 барои зист Лондонро интихоб кард ва онҷо соли 2007 вафот кардааст.

Шоираи дигаре ки дар китоби устод Султони Ҳамад номаш омадааст, шоира Соҷия аст. Агар номи шоира Жола маҳбуби мардуми Тоҷикистон бошад ва онро чун шоираи худ низ шуморем, пас шоира Соҷия қариб барои кули кишвар ноошност. Аз ин шоира Аҳмад Зоҳир таронаи «Хабар дорӣ, ки дину ишқу корам туйи ҷоно»-ро зери як оҳанги ҳиндӣ сурудааст. Дар бораи ин шоира боварӣ дорам, ки оянда маълумотҳои фаровоне ба даст хоҳанд омад ва хонандаи тоҷик аз рӯзгору фаъолияти ин шоира пурра иттилло хоҳад ёфт.

Қайд бояд намуд, ки тибқи рӯйхати муаллифони суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир, ки дар ин китоби охирони устод Султони Ҳамад, дар бахши алоҳида гирдоварӣ карда шудаанд, рӯйхати муаллифони шеъру таронаҳо аллакай аз 105 нафар гузаштааст, ки дар ин қатор 8 сурудро бевосита худи овозхон Аҳмад Зоҳири зиндаёд эҷод намудааст.

Тибқи пажӯҳишҳои охири устоди равоншод Султони Ҳамад, устод Лоҳутӣ бо 17 шеър, Шоҳвалӣ Валии Таронасоз низ бо 17 шеър (агар ду шеъри ба Абдулҳамиди Ато ва Аҳмад Зоҳир тааллуқдоштаро сарфи назар кунем) дар ҷои аввал карор доранд. Шоир Абдулҳамиди Ато бо 12 шеър дар ҷои дуввум, Мавлонои Балхӣ, Фурӯғ, Симин, Раҳи Муҳаййирӣ, Аҳмадшоҳи Азҳор бо 9 шеърӣ дар ҷойи севвум, Хоҷа Хофиз ва Шайх Саъдии Шерозӣ муттаносибан бо 8 ва 7 шеъри дар ҷойҳои 4-ум ва 5 -ум айни замон қарор доранд.

Бояд гуфт, ки дар мақолаи «Аҳмад Зоҳир ва шуарои Тоҷикистон» мо аз як шеъри устод Турсунзода, ки Аҳмад Зоҳир сароида буду таърихи он дар китобу мақолаҳои устод Султони Ҳамад солҳои пеш бисёр равшан оварда шуда буд, сарфи назар карда будем. Ин шеър ва ё чанд байти он, ки дар забони тоҷикӣ бо номи «Дидам ҷамоле» маъруф мебошад ва замони шӯравӣ он дар тарҷумаи шоир ва тарҷумони маъруфи шӯравӣ Эл. Регистонн бо номи «Я встретил девушку» аз тарафи овозхонони шӯравӣ бо забони русӣ сароида мешуд ва бисёр машҳур буд, дар меҳмонӣ, дар хонаи бону Меҳринисо, дар ҳузури устодон Ҷ. Назриев ва Ш. Кабиров аз тарафи Аҳмад Зоҳир хонда шудаву бо ӯ бону Меҳринисо ва устод Ҷ. Назриев низ ҳамовоз гаштааст. Ин шеърро Аҳмад Зоҳир ҳам бо забони русӣ ва ҳам забони тоҷикӣ сароидааст. Аз ҷумла, онро дар консерте дар театр ба хотири меҳомонони русӣ низ хондааст.

Дар охир қайд кардан мехоҳам, ки китоби «Таронаҳои ҷовидонаи Аҳмад Зоҳир»-и устод Султони Ҳамад, ки ҳамчунин бо фитаи сабти овозии овозхон ба фурӯш бароварда шудааст, тӯҳфаи беҳтарине аст барои ҳаводорони Аҳмад Зоҳири ҷовидон. Аминам, ки ошиқони овозу ҳунари Аҳмад Зоҳир аз устод Султони Ҳамад, ки тавонистааст оиди кору фаъолияти овозхонии Аҳмад Зоҳир розҳои зиёдеро кушодаву ба ҳаводорони ин шахсияти бузург расонад, ҳама вақт бо некӣ ёд хоҳанд кард.

Чи тавре, ки устод Султони Ҳамад дар пайваста дар навиштаҳои худ иброз намудааст, омӯзиши фаъолияти ҳунарии Аҳмад Зоҳир бо пайдо гаштани фитаҳои нави сабти овози ӯ боз асрори зиёдеро доири фаъолияту эҷоди Алмоси Шарқ хоҳанд кушод.

Ин суханҳои устод сад фоиз дурустанд ва умед мебандем, ки ҷустуҷӯйҳо ва ковишҳо дар ин замина боз бисёр паҳлӯҳои норавшани фаъолияти эҷодии Алмоси Шарқро хоҳанд кушод.

Дар мақолаи «Аҳмад Зоҳир ва Дарвоз» навишта будем, ки бисёр вақт Аҳмад Зоҳир оҳангу шеърхои устод Валии Таронасози Дарвозиро дар дар тарабхонаи шахсии Таронасоз бо номи «Дарвоз» баъди машқу машғулиятҳо зиёд барои аввалин бор месароидааст.

Тибқи сарчашмаҳои интернетӣ ва баромади духтари устод Валии Таронасоз, Фирӯзаи Таронасоз маълум мегардад, ки Шоҳ Валӣ, Валии Таронасос он замонҳо дар Кобул соҳиби чаҳор тарабхонаи маъруфе бо номҳои «Мағаи тиллоӣ», «Шаҳри Ғулғула», «Хуми заргар» ва «Дарвоз» будааст ва Аҳмад Зоҳир дар ин тарабхонаҳо фаъолона овозхонӣ мекардааст. Таронаи «Фирузабону»-ро Валии Таронасоз барои духтари хурдии худ Фирӯзаи он замон 12-13 сола, ки ҳам шеър ва ҳам оҳангаш моли худи устод ҳастанд эҷод кардааст ва Аҳмад Зоҳир бо камоли майл дар ҳамин тарабхонаҳо барои аввалин бор ин таронаи машҳурро сароидааст.

Дар охир сипоси бепоёни худро ба фарзандони Султони Ҳамад ва дигар бародарон, ки тавонистанд баъди реҳлати устод, дар муддати кӯтоҳе ду китоби рӯи чоп надидаи эшонро ба чоп тайёру нашр намоянд, аз номи ҳаводрони ҳунари Аҳмад Зоҳир мерасонам.

Мактаби бунёднамудаи аҳмадзоҳиршиносии устод Султони Ҳамад боварӣ дорам, ки аз тарафи ҳамватанону ҳамзабононамон пайваста рушд намуда, дар роҳи шинохти чеҳраи ҳунарии на танҳо Аҳмад Зоҳир, балки дигар чеҳраҳои фарҳангу адаби мардуми порсизабон хизматҳои шоёнеро анҷом хоҳад дод.

Варқаи Зайниддин, узви ИЖ ҶТ, шаҳри Бохтар

Бознашр аз сомонаи рӯзномаи "Фараж"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi