МАВЛУДИ ПАЁМБАР: ҶАШН ГИРЕМ Ё НАГИРЕМ?
Қисмате аз рӯҳониён дар Тоҷикистон ҷашни мавлуди паёмбари Исломро бидъат шуморида, таҷлили онро ҷоиз намедонанд. Аммо иддае дигар рӯзи мавлуди паёмбарро танҳо ба унвони як рӯзи зикру ёдоварӣ аз ӯ мешиносанд ва ба он мекӯшанд, ки ин ид дар Тоҷикистон ҳамчун як иди мазҳабӣ таҷлил шавад.
ТАЪРИХИ МАВЛУД
Ҳамасола рӯзи 12-уми моҳи рабеулаввал, ки имсол ба рӯзи 26-уми феврал рост омадааст, пайравони дини ислом рӯзи мавлуди паёмбар Муҳаммадро ҷашн мегиранд. Иди мавлуди паёмбар миёни мусулмонон бо номҳои “милоди набӣ”, “мавлуди шариф”, “рӯзи набӣ” ё “мавлуди расул” маъруф аст. Ин ҷашн нахустин бор расман дар Миср бо таҷаммуи зиёди одамон таҷлил шудааст. Замоне ки дар Миср сулолаи шиаҳои Фотимиён хукумат меронданд.
Дар замони Фотимиён дар баробари мавлуди паёмбар, милоди ҳазрати Алӣ, ҳазрати Фотима ва ҳамчунин халифа, яъне имоми давр низ ҷашн гирифта мешуд. Ва онҳо дар ин рӯз ҳайвони зиёдеро қурбон карда, гулханҳо меафрӯхтанд ва суфраҳои пур аз анвои хӯрданӣ меоростанд. Мусулмонони аҳли суннат ва ҷамоат бошад, мавлуди паёмбарро дар авохири қарни дувоздаҳум дар Сурия таҷлил кардаанд. Аммо чун он замон ҳукумати Фотимиён аз миён рафта буд, доираи таҷлили он ҳам маҳдуд буд.
Ҳоло гуфта мешавад, Арабистони Саудӣ кишварест, ки таҷлили оммавии мавлуди набӣ дар он ҷо расман манъ шудааст. Вале Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, имомхатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин дар Хуҷанд, ки имсол барои таҷлили мавлуди паёмбар ба Қоҳира даъват шудааст, мегӯяд, ин рӯз дар бисёре аз кишварҳои исломиву мусулмонӣ таҷлил мешавад: “Масалан, ин рӯзро дар Қоҳира, Марокаш, Мавритания, Сурия, Марокаш ва кишварҳои дигар ҷашн мегиранд. Дар давоми моҳ дар васоити ахбори умуми ин кишварҳо зикри паёмбарро мекунанд”.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон ҳам қисмате аз рӯҳониён мухолифи таҷлили ин рӯз ба унвони мавлуди паёмбар ҳастанд, вале ин рӯз дар миёни гурӯҳи диндорон ҷашн гирифта мешавад. Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, муовини раҳбари Шӯрои уламои маркази исломӣ ва имохатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин, мегӯяд, рӯзи мавлуди паёмбар ҳамасола аз тарафи ин шӯро таъйин ва таҷлил мегардад. Ба гуфтаи вай, дар рӯзи мавлуди паёмбар имомони масоҷид муваззаф шудаанд, ки мавъизаҳо ироа кунанд ва қиссаҳои марбут ба зиндагони паёмбарро ба сокинон бигӯянд.
Вай афзуд, “ҳазорсолаҳо навишта омадаанд, ки паёмбар дар моҳи рабеулаввал ба дунё омадаанд. Агар лозим намебуд, дар китобҳо инро наменавиштанд ва худи паёмбар ҳам намегуфтанд, ки рӯзи душанбе ба дунё омадаанд. Ҳадаф аз ҷашн гирифтан зикри паёмбар ва салавот хондан ба паёмбар аст. Дар ин айём дар масоҷиди Тоҷикистон рӯзҳои ҷумъа мавлуди паёмбар хонда мешавад”.
Зубайдулоҳи Розиқ, раҳбари Маҷмаи уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ мегӯяд, рӯзи мавлуди паёмбарро дар Тоҷикистон гурӯҳи мусулмонон, ки бештар аз навад дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, ба се навъ ҷашн мегиранд. Ба гуфтаи вай, аввалан дар рӯзҳои ҷашни мавлуди паёмбар рӯҳониён дар масоҷид мавлудхонӣ мекунанд, ки он ҳам иборат аз шеърҳои арабиву форсӣ ва дар васфи Муҳаммад будааст.
Ҷаноби Розиқ: “Дуввум, баъзе аз одамон дар маросими хонадоршавӣ ё ҳар маросими хурсандие, ки доранд, ҳатман одамони зиёдеро даъват мекунанд ва дар мавзӯъҳои ахлоқи паёмбар, дини паёмбар, шариати паёмбар сӯҳбат мекунанд. Ва баъдан гурӯҳи дигаре ҳастанд, ки дар ҳалқаи хеле танг, яъне иборат аз аҳли хонавода гирди ҳам омада, аз паёмбар ёд мекунанд”.
МУХОЛИФОНИ ИН РӮЗ
Аммо гурӯҳе дигар аз рӯҳониён бо такя ба баъзе аз манобеъи исломӣ таҷлили ин рӯзро ҷоиз намедонанд ва ба унвони як бидъат мешинсоанд. Як рӯҳонии тоҷик, ки зикри номашро ҷоиз надонист, дар сӯҳбате аб мо гуфт, ки ин рӯз аз дидгоҳи шариати ислом асос надорад: “Агар асл медошт, худи паёмбар ин амалр ба ҷо меовранданд. Ё ба уммат мерасониданд”.
Ва афроди дигар ҳам ҳастанд, ки ин ақидаро пайравӣ мекунанд ва мегӯянд, аз ҷумлаи усуле, ки мо бояд ба он эътиқод дошта бошем ин аст ки Худованд дини Исломро комил кард ва онро комилтарини динҳо қарор дод ва неъмати худро бар мо тамом намуд. Дар натиҷа ба гуфтаи онҳо, баъд аз паёмбар кам ё зиёд кардани дин, дар ҳаёт ихтиёри ҳеҷ фарде нест.
Вале мухолифони ин ақида ҳам дар баробари чунин иддао ҷавоби худро доранд. Онҳо мегӯянд, паёмбар гуфтаанд, рӯзе, ки ӯ зода шудааст, рӯзи махсусе ҳаст. Ҳамчунин Ҳоҷӣ Ҳусейн Мусрзода, муовини раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон, мегӯяд, агар ба қавли бархе аз рӯҳониён ин рӯзро мо бидъат, яъне чизи зиёдатӣ дар дин бишуморем ҳам, бидъати безарар хоҳад буд. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар ислом ду навъи бидъат будааст, ки яке бар зарар асту раво нест, дигарӣ бар нафъ асту равост. Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода мегӯяд, мавлуди паёмбар ҳам ба унвони бидъати ҳасана эътироф шудааст.
РӮЗИ ЁДОВАРӢ
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи дигаре диндорон ҳастанд, ки рӯзи мавлуди паёмбарро ба унвони як рӯзи зикри хайр аз ӯ медонанд ва рӯзе мешуморанд, ки дар он пайравони ислом ба номи паёмбари худ салавоти бештаре мефиристанд ва дар бораи ахлоқи ӯ суҳбат мекунанд ва ба ин васила худро бо ӯ наздиктар месозанд.
Ин гурӯҳ мехоҳанд, ки ин ид ҳам ба унвони як рӯзи ҷашн эълон шавад ва мардум саросарӣ ин ҷашнро таҷлил кунанд. Зеро ба ақидаи ин гурӯҳ, дар Тоҷикистон ин ҷашн бе сару садо таҷлил мешавад ва қисмати аслии сокинон, ки худро мусулмон медонанд, аз ин рӯз бехабар мемонанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, аксари сокинони мусулмони Тоҷикистон ҳамагӣ милоди масеҳро медонанд ва он рӯзро бо хушӣ таҷлил мекунанд.
Мавлавӣ Сайидмаҳмуд, аз рӯҳониёни Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба барномаи “Оини мадоро” гуфт, ҳарчанд, мухолифони ин ҷашн дар ислом низ зиёданд, вале ҷашни зодрӯзи паёмбар ҷоиз аст, ба шарте, ки аз корҳои ношояму ноҷоиз дар чунин рӯз парҳез шавад.
ХУЛОСА
Бо ин ҳол, Тоҷикистон кишварест, ки навад дарсади сокинонаш аз ислом пайравӣ мекунанд ва ихтилоофи хосе миёни пайравони мазоҳиби мухталифи он дида намешавад. Ҷашни мавлуди паёмбар ҳам аз ҷузъитарин баҳс миёни пайравони ислом аст, ки гурӯҳе тарафдори ҷашн гирифтани он ва гурӯҳе мухолифи он. Аммо тавре таъкид шуд, тобеъият аз паёмбар ва Худои таъоло аз муҳимтарин нукта дар ислом аст, ки иҷрояш зарур ва аҷраш беҳисоб аст.
Каюмарси Ато, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/din/1823-2010-02-25-20-55-16.html
-
20.10.2026 15:45
230
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
210
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
372
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
325
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
834
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
794
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
19.10.2026 22:10
182
Уфуқҳои нави шарикии Душанбе ва Исломобод: Аз иқтисоду энергетика то амнияти минтақавӣ
-
16.10.2026 22:15
357
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
181
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
12.10.2026 00:59
464
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
360
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
452
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
21.10.2026 22:08
288
Сармоягузории сабз барои ояндаи Тоҷикистон: Механизмҳои нави молиявии СММ дар бахши ҳифзи табиат
-
20.10.2026 15:38
302
Амнияти фазои виртуалӣ ва суботи ҷомеа: Нақшаҳои нави ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистон ва Кувайт
-
20.10.2026 15:33
197
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
20.10.2026 15:35
347
Дипломатияи фарҳангӣ ва неруи ҷавонон: Уфуқҳои нави ҳамкории Душанбе ва Масқат
-
19.10.2026 22:20
186
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
257
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
30.09.2026 11:18
317
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
429
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
236
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
398
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
349
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
573
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
222
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
263
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
870
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
635
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2455
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1516
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
19.10.2026 12:04
225
ҶҶ 2014: Олмон дар қуллаи ҷаҳон ва фоҷиаи таърихии Бразилия
-
12.10.2026 00:57
441
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
318
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
14.10.2026 23:13
486
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
396
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
386
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































