АФЗОИШИ ТАВАҶҶӮҲ БА ДОНИШИ ИСЛОМӢ
Дар Осиёи Марказӣ теъдоди донишҷӯёни макотибу мадрасаҳои исломӣ, хам дар дохил ва ҳам дар хориҷи минтақа, рӯ ба афзоиш овардааст. Волидайн бо ин эътиқод, ки таълими исломӣ дар ташаккули афкори донишҷӯён таъсири мусбат дорад, фарзандони худро дар мактабҳои мазҳабӣ номнавис мекунанд. Аммо мақомоти кишварҳои минтақа аз он нигаронанд, ки таҳсили бе назорат дар мадрасаҳои хориҷӣ ноболиғонро ба гурӯҳҳои тундрав наздик мекунад ва ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси ватандории онҳоро комилан тағйир медиҳад.
Мухтор Юсуфбеков, як шаҳрванди Қирғизистон, аз он ки фарзанди худро барои таҳсил ба Миср фиристодааст, пушаймон нест. Ӯ мегӯяд, писараш Муҳаммад талабаи мактаби русӣ буд, аммо ҳамеша орзу дошт, то дар мадрасаи динӣ таҳсил кунад ва қироати Қуръонро ёд бигирад. Азбаски, муҳити Қирғизистон барои таҳсили Муҳаммад мувофиқ набуд, волидайн ӯро ба яке аз мадрасаҳои Миср фиристоданд. Мадрасае, ки Муҳаммад дар он бо ду забон - арабиву англисӣ таълим мегирад.
Мухтор Юсуфбеков аз писари худ ифтихор дорад ва умедвор аст, ки Муҳаммад ба Қирғизистон ҳамчун як мусалмон ва инсони комил баргардад. Теъдоди волидайне, ки мехоҳанд бачаҳои онҳо дар мадрасаҳои исломӣ таълим бигиранд, дар Осиёи Марказӣ кам нестанд. Ин раванд махсусан дар Тоҷикистон ва Қирғизистон рушд кардааст. Бисёре аз бачаҳо дар мактабҳои динии кишварҳои худ таҳсил мекунанд.
Барои намуна, Қирғизистон 25 мадрасаи расмӣ ва ҳудудан 3000 донишҷӯ дорад. Дар ин кишвар ҳамчунин донишгоҳҳои исломӣ низ муҳассилинро бо таҳсил фаро гирифтаанд. Тоҷикистон 20 мадрасаи расмии мазҳабӣ ва як донишгоҳи исломӣ дорад.
Дар баъзе ҳолатҳо, волидайн мисли Мухтор Юсуфбеков ба таҳсили бачаҳои худ дар мадрасаҳои расмӣ бартарӣ медиҳанд. Муфтии Қирғизистон Муродалӣ Ҷумон Ӯғлу теъдоди донишҷуёни мазҳабии қирғиз дар хориҷи кишварро 400 нафар арзёбӣ мекунад. Инҳо донишҷӯёнеанд, ки бо миёнҷигии давлат дар хориҷ таҳсил мекунанд.
Аммо бархеи дигар бо роҳҳои ғайриқонунӣ ва барои давлат ноошно ба мадрасаҳои мазҳабии кишварҳои исломӣ шомил мешаванд. Мактабҳое, ки хатманкунандагони тундхӯи онҳо дар бисёр ҳолатҳо бо эҳсоси нафрат ба низоми дунявӣ ба Осиёи Марказӣ бармегарданд.
Теъдоди донишҷӯёнеро, ки бидуни огаҳонидани давлат дар мадрасаҳои хориҷӣ таҳсил доранд, мушаххас кардан душвор аст. Матбуоти минтақавӣ менависад, танҳо аз як Тоҷикистон ҳадди ақал 4 ҳазор донишҷӯ дар мадрасаҳои мазҳабии Покистону Эрон ва давлатҳои арабӣ таҳсил мекунанд. Сафорати Тоҷикистон дар Покистон гуфтааст, то 300 тоҷик дар мадрасаҳои Покистон мехонанд, ки ҷавонтарини онҳо 10 сол доранд.
Сомонаи интернетии Centrasia.ru менависад, дар минтақа гурӯҳҳои мазҳабие амал мекунанд, ки маъмулан дар пайи писар ва духтарҳои ҷавон мегарданд. Дар пайи онҳое, ки ба таълим дар мадрасаҳои мазҳабӣ шавқу ҳавас доранд. Сомона теъдоди онҳоро ҳазорон нафар мегӯяд ва меафзояд, ба эҳтимоли қавӣ зеҳни ин бачаҳо бо идеологияи террористиву тундгароӣ олуда мешавад.
Дипломатҳои тоҷик ин иддаоро тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, бахши бузурги донишҷӯёни мазҳабӣ бо роҳи ғайриқонунӣ, аз тариқи Эрону Афғонистон вориди Покистон мешаванд.
"Вазъ аз он ҷиҳат нигаронкунанда аст, ки аксари бачаҳо дар мадрасаҳои зеризаминӣ ё мактабҳои мазҳабӣ таҳсил мекунанд, ки барои фаъолият иҷоза надоранд”. - гуфт сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. “Ҳангоме, ки шумо бо ин мардҳои ҷавон сӯҳбат мекунед”, меафзояд ҷаноби Зубайдов, “ба зудӣ эҳсос мекунед, ки назар ва дидгоҳи онҳо дар баробари Тоҷикистон ва ҷомеаи Тоҷикистон комилан дигар шудааст.”
Мақомоти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ҳамтоҳои покистонии худ талош доранд, ки донишҷӯёни ғайриқонуниро ошкор ва сабтином кунанд ва бархеяшро ба Тоҷикистон баргардонанд. Мақомоти Тоҷикистон иддао доранд, ки бисёр хатмкунандаҳои мактабҳои мазҳабӣ бо ақоиди тундгароёна ва мавъизаҳои таҳрикдиҳанда ба амнияти кишвар таҳдид мекунанд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/din/1595-2010-01-22-15-09-12.html
-
20.10.2026 15:45
213
Муосиртарин шеваҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ: Афзалҳои стратегӣ барои солҳои 2027–2030
-
19.10.2026 22:12
200
Дипломатияи Осиёи Марказӣ дар Самарқанд: Баррасии амният ва шарикӣ бо Вашингтон дар қолаби «С5+1»
-
16.10.2026 22:19
369
Иштирок дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
-
14.09.2026 04:00
321
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
828
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
790
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
16.10.2026 22:15
350
Аз Бангкок то Душанбе: Муаррифии дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
10.10.2026 12:49
175
«MADE IN TAJIKISTAN» ДАР ТУРКМАНИСТОН: Иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар Саммити ИДМ муаррифӣ шуд
-
10.10.2026 12:45
209
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
12.10.2026 00:59
439
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
04.10.2026 21:01
355
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
448
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
20.10.2026 15:33
184
Аз Деҳкадаи ҳушманди Қоҳира то Душанбе: Тоҷикистон таҷрибаи 25-солаи рақамии Мисрро меомӯзад
-
19.10.2026 22:17
195
Иттиҳоди сабзи Душанбе ва Ереван: Тоҷикистону Арманистон экосистемаҳо ва пиряхҳоро якҷоя ҳифз мекунанд
-
19.10.2026 22:15
195
Экология ва амнияти озуқаворӣ: Мавқеи Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург
-
19.10.2026 22:20
174
Эҳёи синамои минтақа дар Душанбе: Киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон филмҳои муштарак меофаранд
-
15.10.2026 20:04
248
Филмҳои миллӣ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ эътироф ва қадрдонӣ мешаванд
-
14.10.2026 23:06
378
Ишқи заминӣ ва осмонӣ: Сирри ғазалиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
-
30.09.2026 11:18
311
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
423
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
232
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
12.10.2026 01:06
396
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
344
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
570
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
14.10.2026 12:21
217
Нақши занони тоҷик дар дипломатияи ҷаҳонӣ: Аз Улан-Батор то Душанбе
-
07.10.2026 19:00
256
Муҳоҷирати занон: Мушкилот ва дурнамо
-
02.03.2026 23:37
867
“Ранҷи модар”
-
07.07.2026 12:25
632
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2449
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1513
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
12.10.2026 00:57
417
ҶҶ 2010: Аввалин Қаҳрамонии Испания дар сарзамини Африқо
-
06.10.2026 09:13
312
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
04.10.2026 20:51
374
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
14.10.2026 23:13
478
Фатҳи хотираҳо: Номае ба соҳили осмон
-
12.10.2026 01:03
390
Гай Юлий Цезарь - Асосгузори Империяи Рум
-
10.10.2026 12:52
380
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ










































