03:01:38 25-уми Майи 2025 сол

БА УЛАМОИ РОСТИНИ ХУД ТӮҲМАТ НАКУНЕМ

Рӯи чоп омадани китоби донишманди ҷавони тоҷик, Довудхони Абдухон, «99 суол ва ҷавоб», дар байни хонандаҳо сару садоҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Чунки ин китоб нахусткитоби фиҳқӣ дар бораи фиқҳи акбар-ақида буд. Бар илова муаллифро ба сабаби такя кардан ба орои поягузорони фиқҳи акбар, аз ҷумла Мулло Алии Қорӣ, шореҳи «Фиқҳи Акбар»-и Имом Абӯҳанифа (р) ва Шоҳ Валиюуллоҳи Деҳлавӣ, аввалин муфассири Қуръон бо забони форсӣ  тӯҳматҳо низ кардаанд.

dovudkhon_222588.jpgБа гуфти «шубҳагарон» Мулло Алии Қорӣ ва Валиюуллоҳи Деҳлавӣ баъд аз Ибни Таймия - пешвои «салафимаслакон»-и имрӯз ба дунё омадаанд ва ба афкори Ибни Таймия мутаассир шуда, дар шарҳи «Фиқҳи Акбар» ва «Ҳуҷҷатуллоҳил Болиға» аз орои  Ибни Таймия истифода кардаанд. Ба ҳамин далел «99 суол ва ҷавоб» дар як муддат кӯтоҳ аз бисёри рафҳои мағозаҳои китобфурӯшии кишвар «гум» шуд.

Мутаассифона, мо устод Довудхони Абдухонро пайдо карда натавонистем, то роҷеъ ба қазия аз худи эшон суол намоем, аммо чун он китобро хондаем ва ҷуз чанд иштибоҳи ночиз наметавон ба он ҷиддан хӯрда гирифт, онро асари хубе барои хонанда гумон мекунем. Ин андешаи шахсии банда аст. Асари мазкур дар ҳеч ҳол ба орои мазҳаби ҳанафӣ зиддият надорад!

Хандаовар аст, дар кишвари мо чӣ касе ин ҷуръату тавони ақливу зеҳниро дорад, ки тавонад ба бузургони ҳанафие чун Муллоалии Қорӣ, Валиюллоҳи Деҳлавӣ, Мавлоно Кондеҳлавӣ, Мавлоно Азизурраҳмон, Қарзовӣ ва амсоли инҳо муқобилият кунад ва онҳоро аз дидгоҳи қонунгузорӣ ба ину он ҷурм муттаҳам намояд?

Магар хандаовар нест, ки ба хотири чанд хилофкор китоби арзишманди «Фазоили аъмол»-ро мамнуъ эълон кардем? Яъне, мо ба хотири чанд хилофкор хондани аҳодиси Паёмбарро ва шарҳи олими маъруфи ҳанафиро ба он калимоти муқаддас мамнуъ эълон кардем!

Тӯҳмат кардан ба бузургони дину мазҳаби ростин ва осори эшон бешак гуноҳ аст.

Онҳое, ки мехоҳанд дар қолаби нав, улсубҳои ҷолиб ва тарзи осонбаёнӣ, то қадри тавон, барои мардум хидмат кунанд ва табиист, ки фарзанди Одам (а) мебошанд, ва одам бехато буда наметавонад. Бо чан далел касе ҳақ надорад, ки як лағжиши ин гуна олимони ҷавонро рӯи даст гирфта бар сарашон «дона кафонад»: 

1. Довудхони Абдухон ва амсоли он шахсони маъсуме чун паёмбарони Илоҳӣ нестанд, ба ҳамин далел эшон аз иштибоҳ ва лағзишҳои илмӣ ва мантиқӣ орӣ буда наметавонанд. Ва ҳар олиме дар соҳаи илми интихобкардаи худ як лағзише дорад. Ба иборати дигар ҳар ҳокиме, ки баъд аз Ҳитлер дар Олмон ва  ё ҷои дигар ҳукуматдорӣ мекунад, маънои онро надорад, ки дар пайравӣ аз Ҳитлер ҳукмравоӣ мекунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки агар олим ва ё донишманде бихоҳад иштибоҳеро бо далели қатъӣ, ақли ва ё нақлӣ ислоҳ намояд, пешниҳадаш радд ва фикраш мардуд дониста шавад.

 2. Бадгӯӣ аз олим беэътибор кардани илми ӯст;

Аз онҷое, ки уламо меросбарони паёмбаронанд, пас, илм - мероси пайғамбарон аст ва беэътибор кардани олим, беэътибор кардани Паёмбар (с) аст ва ин ҳамон маънои сухани Ибни Аббос (р) аст, ки мегӯяд: «Касе, ки фақеҳеро биозорад паёмбари Худоро озурдааст ва касе, ки паёмбари Худо (с)-ро биозорад Худои азза ва ҷалларо озурдааст». Ва касе, ки ин илмро  беэътибор кунад мероси Паёмбар (с)-ро беэътибор карда ва надониста исломро аз эътибор соқит намудааст. (Носир ал-Умар, Гӯшти уламо масмум аст, саҳ 26).

3. Худованди таъоло ғайбатро барои аҳли имон ҳаром кард ва онро ба мисли хӯрдани гӯшти мурда хонд: «Эй касоне, ки имон овардаед,аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед. Ҳаройна, баъзе аз гумонҳо дар ҳадди гуноҳ аст. Ва дар корҳои пинҳонии якдигар ҷосусӣ макунед ва аз якдигар ғайбат макунед. Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Пас, онро нохуш хоҳед дошт. Ва аз Худо битарсед, ҳаройна, Худо тавбапазиру меҳрубон аст!(Ҳуҷурот, ояи 12).

 4. Вақте ҳазрати Парвардгор ғайбат ва гумони бад карданро барои умуми мусалмонон ҳаром кард, ҷои дигар дар васфи аҳли имон гуфт: «Касоне, ки аз паси онҳо омадаанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, биёмурз ва кинаи касонеро, ки имон овардаанд, дар дили мо ҷой мадеҳ. Эй Парвардигори мо, ҳаройна, ту мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!» (Ҳашар, ояи 10). Пас онҳое, ки ба бадгӯиву бадгумонӣ ва «ислоҳи» дигарон машғул мешаванд, фардои қиёмат дар пешгоҳи ҳазрати Ҳаққ таъоло чӣ ҷавоб мегуфта бошанд?!

Ё ин ки онҳое, ки худ хато кардаанд, лағжидаанд, надониста ва ё қасдан дар табақи асал заҳрро ба мардум пешниҳод кардаанд ва асло касеро донотару волотар аз худ намедонанд, ҳадди аққал виҷдонҳояшон онҳо озору азият намекарда бошад?! Чунки  бо камфаҳмиву каҷфаҳмии худ халқи Худоро гумроҳ кардаанд.

Гуфтаанд, ки гӯшти уламо дилҳоро мемиронад, зеро, ки Худои таъоло онҳоро азиз донистааст ва ҳар кӣ азизеашро хор кунад, рӯяшро «сиёҳ» хоҳад кард. Ҳаққ таъоло фармуддааст: «Ҳамчунин аз мардум ва ҷунбандагон (ҷонварон) ва чаҳорпоёни гуногун. Албатта, аз миёни бандагони Худо танҳо донишмандон аз ӯ метарсанд. Ва ҳаройна, Худо пирӯзманду омурзанда аст!» (Фотир, ояи 28). Баъзе аз аҳли илм ин ояро чунин тарҷума кардаанд, ки ҳамоно Худованд донишмандонро азиз донистааст ва нисбат ба онҳо эҳтиром дорад. Чунки аҳли илмро баъд аз Худ, дар радаи фариштагон ҷо додааст: «Аллоҳ гувоҳӣ дод, ки ҳеҷ худое (барҳақ) ҷуз Ӯ нест. Ва гувоҳӣ доданд фариштагону донишмандон дар он ҳол, ки Худо тадбиркунандаи олам аст ба адл. Худое (барҳақ) ҷуз Ӯ нест, ки пирӯзманду ҳаким аст!»(Оли Имрон, ояи 18).

Бо ин вуҷуд, Ӯ таъоло аҳли илм ва ихлосро дар дунё охират сарбаланд мекунад ва таъкид мекунад:  «Эй касоне, ки имон овардаед, чун шуморо гӯянд, дар маҷолисҷо ҷой боз кунед, ҷой боз кунед, то Худо дар кори шумо кӯшоиш диҳад ва чун гӯянд, ки бархезед, бархезед. Худо онҳоеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки дониш ёфтаанд ба дараҷоте баланд бардорад ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!» (Муҷодала, ояи 11).

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Шарҳҳо   

 
0 #3 Guest 05.07.2011 09:25
Бародари гироми, инчо оиди китоби "Фазоили аъмол" сухан рафт, рости аз манъи он хабар надорам, аммо чопи ин китобро дар он намуд умуман нодуруст мешуморам. Хар сахифаи онро хондаам, ва аз лихози забон ба пурраги пурхатост, магар айб нест ки чунин китобро бо чунин забони пурхато чоп кард? Кучоянд мухаррирон ва мукарризони ин китоб?
 
 
0 #2 Guest 31.05.2011 10:58
Худованд Довудхони Абдухон бо ин хизмате ки ба хотири Худо кардаанд аз шари душманону хосиидон дар хифзу амони худ нигах дорад.
 
 
0 #1 Guest 29.05.2011 01:56
salom barodari aziz oqoi doudkhon
agar tavoned yak nuskha hamun kitobaton ro ba misr ravon kuned to bikhonem ki chikhel ast maili ?
rahmat dusti shumo mumin
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ