ҲУКМИ ТАЛОҚИ БИДЪАТИИ ҲАРОМ
Аз силсилаи посухҳои Юсуф ҚарзовӢ ба суолҳо
Суол:- Ман марди мутаҳҳил ва дорои як писар ва як духтар мебошам. Миёни ман ва ҳамсарам низоъ ва ихтилофе рӯй дод, ки мунҷар ба талоқи ҳамсарам шуд. Як ҳафта баъд аз талоқ маълум шуд, ки се моҳ аст ҳамсарам бордор мебошад. Оё ин талоқ воқеъ шудааст, ё хайр?
Ҷавоб: -Талоқ аз назари шариъати ислом як амали ҷароҳии дарднокест, ки ҷуз дар мавриди зарурӣ, аз ҷумла ҷилавгирӣ аз ранҷҳо ва азобҳои сахттар, ба унвони охирин роҳи илоҷ бадон паноҳ нахоҳем бурд. Ба ҳамин хотир дар ҳадиси набавӣ ривоят шудааст, ки: «Манфуртарин (нафратангезтарин) чизҳои ҳалол назди Худованд талоқ аст».
Шариати поки ислом ба хотири таваҷҷӯҳ ва эҳтимом ба равобити муқаддаси заношӯӣ, ки мабодо ба хотири камтарин сабаб ва иллате бидуни тавҷеҳи маҳкаме, гусаста гардад, барои иҷрои талоқ қоидаҳое чанд вазъ намудааст. Аз ҷумла қоидаи вақт ва замони талоқ. Бинобар ин барои касе, ки мехоҳад занашро талоқ диҳад, лозим аст вақти муносиберо барои чунин қазия интихоб намояд. Ва низ мустаҳабаст, ки мард занашро дар ҳангоми покӣ (набудан дар одати моҳона), ва муоширати ҷинсӣ бо ӯ анҷом надода бошад, талоқ диҳад. Ба далели қавли Худованд, ки мефармояд: «Чун занонро талоқ гӯед (дар замонбандӣ) иддаи онон талоқашон гӯед».
Ибни Масъуд ва Ибни Аббос дар тафсири ин оят мегӯянд: «Mанзур покиест, ки мақрун ба ҷимоъ набошад».
Фалсафаи ин мавзӯъ чунин аст, ки зан дар ҳолати қоидагӣ дар вазъияти табиӣ ба сар намебарад ва то замоне, ки пок нашавад ва ба ҳолати табии худ бознагардад, талоқ додани ӯ раво нест. Ҳамчунин агар зане дар одати моҳона набошад, шавҳараш бо ӯ наздикӣ кард, имкони бордор шудани ӯ ҳаст. Агар шавҳар нисбат ба бордории ҳамсараш яқин пайдо кунад, монанди ҳамин ҳолате, ки ин бародари суолкунанда пурсидааст, чӣ басо тағйири назар бидиҳад!
Бинобар ин раҳнамуди шаръ ин аст, ки мард занашро дар ҳолати покӣ, ки бо ӯ муқорибат накарда бошад, ё бо илм ва огоҳӣ нисбат ба бордор будан ӯро талоқ диҳад, ки дар ин сурат мард огоҳона ва бо басирати комил ва тасмимгирии лозим, иқдом ба чунин талоқ ва муфориқате намудааст.
Имом Аҳмад мегӯяд: талоқи зани бордор аз ҷумлаи мавридҳои талоқи суннат аст (на бидъат), ба далели ҳадиси Ибни Умар (р): «Инсон ҳар гоҳ бихоҳад занашро талоқ бидиҳад, бояд зан дар ҳолати покӣ ва «на» ҳомилагӣ бошад».
Вале агар марде занашро дар ҳолати қоидагӣ (бемории моҳона) ва ё дар фосилаи покӣ, ки бо ӯ наздикӣ карда бошад, талоқ диҳад, талоқи суннат нест, балки талоқи бидъат ва ҳаром аст, монанди ҳамин ҳолате, ки ин бародарамон суол кардааст, ки занашро дар ҳангоми покӣ, ки бо ӯ наздикӣ карда буд, талоқ додаст. Аммо оё талоқ дар чунин ҳолате шаръан воқеъ мешавад ё хайр?
Ҷумҳури уламои исломӣ мегӯянд: «Агар чӣ талоқ додани зан дар чунин ҳолате ҳаром аст, вале шаръан воқеъ хоҳад шуд». Албатта, мустаҳаб аст, ки шавҳар пас аз чунин талоқе занро ба ҳамсарии хеш баргардонад. Баъзе аз фуқаҳои ислом аз ҷумла имом Молик низ бинобар ривояте аз Имом Аҳмад, руҷӯъ ба зани талоқшударо дар чунин ҳолате бар мард воҷиб донистаанд, ба далели ҳадиси Ибни Умар (р), ки дар Саҳеҳайн ривоят шудааст: «Ибни Умар занашро дар ҳолати қоидагӣ талоқ дод, Паёмбар (с) ба ӯ дастур дод, ки ба ҳамсараш руҷӯъ кунад». Ва зоҳиран сиға (вожа)-и амр бинобар қаидҳои усулӣ далолат бар вуҷуб аст.
Гурӯҳе аз уламои исломӣ мегӯянд: чунин талоқе (яъне талоқ бидъатӣ) воқеъ намешавад, зеро бар хилофи шариъат ва бархилофи иҷозати Худованди мутаъол аст. Вақте, ки чизе шаръӣ набошад, чӣ гуна метавон қоил ба сиҳҳат ва адами сиҳҳати он шуд? Дар ҳадиси саҳеҳ аз Паёмбар (с) ривоят шудааст, ки мефармояд: «Ҳар кас агар коре анҷом диҳад, ки мувофиқи шариъати мо набошад, мардуд аст».
Ин мавзӯъ ниёз ба тафсил дорад ва ин фатво гунҷоиши баёни онро надорад, шояд дар муносибати дигаре ба такмили ин мавзӯъ бипардозем. Ва биЛ.. тавфиқ!
Таҳиякунанда Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/gunchahoiumed/4601-hukmi-taloki-bidatii-harom.html
ДУЪОҲОИ МАЪСУР ВА ҒАЙРИ МАЪСУР ДАР ҲАНГОМИ ВУЗӮ ГИРИФТАН