17:39:12 02-уми Июни 2025 сол

Хазина аз

Олимпиадаи Сочи: машъали олимпӣ фурӯзон шуд Ҷавонон ва варзиш 12.02.2014 12:57 1215
Рӯзи ҷумъаи 7-уми феврал дар шаҳри Сочи маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ барпо гардид. Ин маросими пуршукӯҳро, ки бо ҳузури беш аз 40 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи "Фишт" баргузор шуд, зиёда аз 3 миллиард одамон тавассути телевизион тамошо карданд.
Дар Конибодом ансамбли "Мақомхонони наврас" эҳё шуд Хабар 12.02.2014 12:55 716
Бо ташаббуси номзади илми санъатшиносӣ Абдувалӣ Абдурашидов дар шаҳри Конибодом вилояти Суғд ансамбли "Мақомхонони наврас" муҷаддадан эҳё шуд. Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар Минск китоби Ато Ҳамдам муаррифӣ шуд Хабар 12.02.2014 12:54 799
Бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон, дабирхонаи марказии ИДМ ва вазорати иттилооти Беларус дар шаҳри Минск ҳамоиши Ҳамкориҳои илмию адабӣ миёни Тоҷикистону Беларус доир шуд Дар ин бора ба "Рӯзгор" журналисти тоҷики муқими Белорус Абдулғаффори Камол, ки барандаи ин ҳамоиш буд, хабар дод.
Боғшоҳи Лашкарбек дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд Хабар 12.02.2014 12:51 716
Боғшоҳи Лашкарбек, як тан аз олимон ва забоншиносони барҷастаи тоҷик, ки ахиран бар асари беморӣ дар шаҳри Маскав аз олам даргузашта буд, дар зодгоҳаш деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим бо ҳузури густардаи мардум, ҳамкорони собиқ, ходимони илму фарҳанги ҷумҳурӣ, намояндагони ҳукумати вилоят ба хок супурда шуд. Ҷанозаи ӯро 5 феврал ба ....
Эмомалӣ Раҳмон дар Сочӣ бо Милош Земан мулоқот кард Хабар 12.02.2014 12:48 721
Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон аз мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Чехия Милош Земан дар Сочӣ иттилоъ дод.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт Хабар 12.02.2014 12:45 811
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия иштирок намуд. Дафтари матбуоти сарвари давлат хабар дод, ки дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз зиёда аз 80 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854