12:45:34 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Хуршед Мустафоев: "Мо коргардони хуб надорем"

Хуршед Мустафоев соли 1999-ум Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, чанд муддат дар театри "Аҳорун" фаъолият намудааст. Аз соли 2002-юм кори худро дар театри русии ба номи Маяковский идома медиҳад. Бо нақшҳои офаридааш дар театру синамои тоҷик дар байни мардум маъруф аст. Бо чандин ҷоизаву мукофотҳо ҳам сарфароз гардидааст. Ахиран, дар "Парасту"- и имсола ӯ барои иҷрои нақши Шайтон дар намоиши "Гуноҳи Қобил" чун беҳтарин иҷрокунандаи нақши лаҳзавӣ эътироф гардид.

- Нақши Шайтон аз спектакли "Грех Каина" ё худ "Гуноҳи Қобил" дар иҷрои Шумо дар ҷашнвораи имсолаи театрҳои касбии кишвар "Парасту" беҳтарин нақши лаҳзавӣ эътироф шуд. Аммо гумон мекунам ин нақши лаҳзавӣ набуд…

1.khurshed-mustafoqulov 1-Албатта, нақши Шайтон дар "Гуноҳи Қобил" нақши лаҳзавӣ нест ва ин ба тамошобини оддӣ ҳам маълум аст. Ман дар маросими анҷоми "Парасту" дар Санкт-Петербург будам ва дӯстонам ба ман занг зада гуфтанд, ки ба ту ҷоизаи беҳтарин иҷрокунандаи нақши лаҳзавӣ доданд. Дар аввал ман фикр кардам, ки онҳо шӯхӣ мекунанд. Баъдан чун ҳақиқати ҳолро фаҳмидам, фикр кардам, ки шояд хато шуда бошад. Албатта ин кори онҳо ба ман хеле сахт расид. Ҳайрон шудам, ки чаро ин корро карда бошанд?

-Баъди ба Душанбе омадан аз ҳайати доварон напурсидед, барои чӣ чунин карданд?

-Пурсидам, дар ҷашнвораи "Нигоҳи нав" Табаровро дар театр дидаму наздаш рафтам ва гуфтам, ки чаро ба ман ҷоизаи беҳтарин нақши лаҳзавӣ додед? Танҳо барои қадр кардан? Ин хел қадркунӣ ба ман даркор нест. Табаров гуфт, ки Хуршедҷон инҷо хато шудааст, ҳақиқатан мо хато кардем, номи ҳамон ҷоиза бояд дигар чиз мешуд. Аз гуфти раиси ҳакамони "Парасту" маълум шуд, ки дар ин маврид хато шуда.

-Шумо намоишҳои "Парасту"-и имсоларо тамошо кардед ва ба онҳо чӣ гуна баҳо медиҳед?

-Чизи нав набуд. Ман намедонам ба театрҳои мо чӣ шудааст, ки дар саҳна ягон чизи нав таҳия карда наметавонанд. Намоишномаҳо бо ҳамон услуби солҳои 60-уму 70-ум. Бубинед, хуб буд вақте, ки Фаррух Қосимов мемонд, ё Барзу Абдураззоқову Султон Усмонов. Инҳо то андозае санъати театрии моро боло бурданд, аммо мо боз ба поён мебарем.

Вақте намоишҳои солҳои охирро тамошо мекунӣ, дилгир мешавӣ. Чун ба фестивалҳои театрии хориҷ меравиву дастовардҳои онҳоро мебинӣ ва бозёфтҳои онҳоро бо саҳнаҳои театри Тоҷикистон муқоиса мекунӣ, шармат меояд. Ман гумон мекунам, ки дар Тоҷикистон умуман театр нест. Умуман нест гуфтани ман ба он маъност, ки агарчӣ театрҳо дар кишвар фаъолият доранд, аммо бозёфт ё чизи нав нест.

Дар "Парасту"-и имсола як намоиш ба ман писанд омад ва ин спектакли "Лаку Пак"-и театри шаҳри Қӯр?онтеппа буд. Гумон мекунам ягона чизи хуб ҳам ҳамин буд, агарчӣ чизи нав набуд. Зеро то ҷое бо ҳамон услуби "Абдуи Хуҷандӣ"-и Барзу таҳия шудааст, баъзе ҷойҳояш ба спектаклҳои Фаррух монандӣ дошт, аммо ба ҳар сурат беҳтарин намоиш буд дар ҷашнвора.

-Сабаби поён рафтани сатҳи театри тоҷикро дар чӣ мебинед?

-Ба фикри ман ин аз нарасидани коргардон аст. Агар ҳақиқатро гӯем, мо дар Тоҷикистон коргардони хуб надорем. Ин сухани ман набояд ба иззати нафси касе расад. Коргардони олӣ як тараф истад, ҳатто коргардони хуб надорем. Ду-се нафаре, ки буданд ё аз дунё рафтанд ё аз Тоҷикистон. Аз зиндаҳо на Барзу Абдураззоқов мондааст, на Султон Усмонов. Ду нафаре, ки метавонистанд дар театри мо кори наве кунанд. Аммо ҳардуи онҳо ҳам нестанд.

-Ба фикри ман коргардонҳои дигарро ҳам набояд нодида гирифт…

- Албатта, дигар коргардонҳои хуб ҳастанд, мисли Давлат Убайдуллоев, Баҳодур Миралибеков, Нозими Мелик. Аммо коргардоне лозим аст, ки диди нав дошта бошад. Баъдан, ҳама айб дар коргардонҳо ҳам нест. Дар театр ҳама чиз пайваст аст. Агар коргардони хуб бошаду ҳунармандони хуб не ва ё баръакс, дар ин ҳолат ҳам намешавад.

- Шумо худ ҷавонед ва шояд сари ин чиз андеша ҳам карда бошед. Барои чӣҷавонони мо ба театр намеоянд? Мегӯянд синамову интернету чизҳои дигар зеҳни ҷавонони моро ба худ кашида. Аммо дар Русия, дар Аврупо ҳам интернету синамо ҳаст, ҳатто назар ба Тоҷикистон  хеле пешрафтатар аст, бо ин вуҷуд ҷавонон ба театр мераванд-ку… Шояд сабаби бетаваҷҷуҳии ҷавонони мо ба театр дар он бошад, ки дигар коргардоне нест, ки дархӯри завқи онҳо намоиш таҳия карда тавонад?

-Дуруст, аммо "дархӯри завқи ҷавонон"-ро дар мо дигар хел мефаҳманд. Танҳо он намоишеро дархӯри завқи ҷавонон ё замонавӣ медонанд, ки агар дар бораи нашъамандӣ, таҷовузу зӯроварӣ, компютеру интернет ё ба ҳамин монанд мавзӯҳо бошад. Ин фикри дуруст нест. Мешавад, ки масалан "Ромео ва Ҷуллета"-и Шекспирро бо диди нав ба саҳна гузошт. Ман дар Москав, дар фестивали Чехов спектактли "Золушка"-ро тамошо кардам.

Ин аслан спектакли кӯдакона аст, аммо онҳо ин спектаклро барои калонсолон таҳия кардаанд, ки бисёр ҷолиб аст. Ҳамин гуна намоишҳои классикаи ҷаҳониро бояд ба саҳна гузошт, то тамошобин ба театр ояд. Бояд дар театр чизеро нишон диҳӣ, ки аз интернет дида, ба ҷавонони мо бештар диққатҷалбкунанда бошад. Яъне, чизи нав бояд таҳия карда шавад дар театр. Бояд ба театр даромада "ваҳ" гӯянд…

-Масалан чӣ хел?

-Ман намедонам чӣ хел, аммо бояд ин корро бикунанд. Тамошобин бояд дар театр барои худ чизеро дарёбад, ки на дар интернет бошад на дар ягон ҷойи дигар. Ҳар боре, ки ин суханҳоро мегӯям, аз ман мепурсанд, ки хайр ту гӯ, чӣ хел кунем? Ман ошкоро мегӯям, ки ман ин корро карда наметавонам. Ин кори як кас нест, аққалан се ё чор нафар бошӣ, то чизи наве дар саҳна ба вуҷуд оварӣ.

- Хайр, дар як худи театри Шумо чандин ҳунармандони ҷавону боистеъдод фаъолият доранд ва дар театрҳои дигар ҳам ин гуна ҷавонон ҳастанд. Чаро боре шумо ҷавонҳои боистеъдод муттаҳид шуда, кӯшиш намекунед, ки бо таҳияи чанд намоиш дар театри мо нигоҳи нав ворид кунед?

- Кӯшиш карда истодаем. Дар театри мо Мунира, ман, Марина спектакл мемонем. Дар театри мо ҷавононро дастгирӣ мекунанд. Ман ҳоло рӯйи як маводи нав кор карда истодам, шояд ба наздикӣ таҳияи онро сар кунам.

 -Ба спектаклҳое, ки шумо ҳунармандон ё коргардонҳои ҷавон таҳия мекунед, чун худ ҷавон ҳастеду кӯшиш мекунед, коратон дархӯри завқи ҷавонон бошад, тамошобин бештар меояд?

- Албатта, масалан ду рӯз пеш дар театри мо намоиши "Тартюф" буд ва толор аз тамошобин пур шуд ва аксари онҳо ҷавон буданд. Спектакл хуб гузашт, барои он ки тамошобин хуб буд.

- Мегӯянд Хуршед танҳо нақши манфиро хуб бозӣ карда метавонад, аз ин сабаб ҳам коргардонҳо ба ӯ танҳо ҳамин гуна нақшҳоро месупоранд.

2.khurshed-mustafoqulov 2- Аслан, ба худи ман маъқул аст ҳамин гуна нақшҳо. Зеро даруни ин нақшҳо чизе дорад, ки метавонӣ онро ба тамошобин расонӣ. Масалан, вақте, ки спектакли "Гуноҳи Қобил"-ро тамошо мекунанд, аз ҳама бештар нақши Шайтон дар хотири онҳо мемонад. Ман инро борҳо аз забони хазинадори театрамон шунидаам. Ӯ борҳо ба ман гуфта, ки ҳар гаҳе, ки намоиши "Гуноҳи Қобил" ро ба саҳна мегузорем, тамошобинон пас аз анҷом, вақти баромадан аз театр танҳо кирдори Шайтонро баррасӣ мекунанд.

Қобилу Ҳобилу Одаму Момоҳавворо намегӯянд, дар ҳоле ки ин нақшҳоро ҳам ҳунармандони бомаҳорат бозӣ мекунанд. Барои он ки дар даруни нақши Шайтон чизе ҳаст, ки актёрро ба кӯшиш кардан водор мекунад. Чизе ҳаст, ки диққати тамошобинро ба худ мекашад. Боз мегӯям, ки офаридани симоҳои манфӣ дар саҳна ба худам ҳам писанд аст, аммо ман нақши инсонҳои хубро ҳам бозӣ мекунам…

-Дар як суҳбат гуфта будед, ки мехоҳед нақши Исои паёмбарро офаред. Иҷрои ин нақш чӣ шуд?

- Орзуи ман нақши Исо буду ман ҳама вақт муқобилони Исоро бозӣ карда истодам.

-Ҳанӯз маълум нест, ки тамошобин кай Шуморо дар нақши Исо мебинад?

- Ман фикр мекунам, ки дер шуд, дигар намебинад. Аммо, як чизи дигар ҳам ҳаст, ман нақши Зардуштро дар театри Аҳорун бозӣ карда будам. Гоҳо худамро бо ин таскин медиҳам, ки Зардушт ҳам паёмбар асту Исо ҳам ва ман гуна ин нақшро ҳам аллакай офаридаам.          

- Шумо дар театри Аҳорун бо Фаррух Қосимов кор кардед, дар театри Маяковский дар чанд намоиш Барзу нақш офаридед. Бо кадоме аз ин коргардонҳо кор кардан бароятон мушкилтар буд?

- Ман аввал ба ин рӯйхати Шумо ду нафари дигарро ҳам ҳамроҳ мекунам. Фаррух, Барзу, Султон Усмонов ва Баҳодур Миралибеков... Бо ин коргардонҳо кор кардан аз як ҷиҳат мушкил аст ва аз як тарафи дигар осон. Барои он ки онҳо маро мефаҳманду ман онҳоро. Агар рости гапро гӯям, бо Фаррух кор кардан мушкилтар буд, чун ман таҷриба надоштам ва баъди хатми донишгоҳ назди ӯ омада будам. Бо коргардони хуб кор кардан душвор аст.

-Шумо баъди бозӣ кардани нақшҳои марказӣ дар филмҳои "Ширин", "Вақте, ки болои шаҳр борон мерехт" ва "Афсонаи зиндагӣ" дар байни мардум бисёр машҳур шудед. Чаро рафтед аз синамо?

- Як сабаби аз синамо дур шудани ман ба он хотир аст, ки ҳар чор филме, ки ман бозӣ кардам дар чор сол яке аз паси дигаре баромад ва баъд шунидам, ки чанд кас гуфтааст, ки магар танҳо Хуршед актёр аст, ки дар ҳама киноҳо ӯ бозӣ мекунад. Ман ин эродро қабул кардам ва гуфтам, ки хайр, дигар Хуршед дар синамо нақш намеофарад… Аз ин рӯ чанд коргардоне, ки омаданд, рад кардам.

Сабаби дигар дар он аст, ки вақти холӣ ҳам надорам. Дар театр бисёр бандам. Шояд рӯзе расад, ки маро боз дар синамо бубинанд…

-Худатон бозӣ накунед ҳам шояд аз вазъи синамои тоҷик дар солҳои охир бохабар бошед?

-Метавонам ба ин савол ҷавоб надиҳам?

-Майлаш, дар шабакаҳои тезевизионӣ ҳам шуморо кам мебинем…

-Боре маро ба телевизион даъват карданд, рафтам. Вақти сабт ба тарзи нишастанам эрод гирифтанд, ман гуфтам, ки рӯбарӯи духтарак ин гуна нишастан аз рӯйи одоб аст. Ман ҳайрон мешавам, ки журналистони мо чаро шабакаҳои хориҷиро тамошо намекунанд? Коргардонҳои телевизиони мо тарзи нишастанро намедонанд, чӣ расад ба барандаҳо.

Охир телевизион симои давлат аст. Дар телевизион муҳим он аст, ки озод нишиниву суҳбат кунӣ. Ин чизро дар тамоми шабакаҳои телевизионии ҷаҳон дидан мумкин аст. Дур намеравем, телевизиони Туркманистонро бинед, ба тарзи суханронии барандаҳо ва ороиши студияашон ҳаваси кас меояд. Ман афсӯс мехӯрам, ки чаро мо ин хел карда наметавонем…

Бори дигар ба сару либосам эрод гирифтанд. Охир куртаву галстук либоси расмӣ аст, барои ҳунарманд дар телевизион доштани галстук муҳим нест. Хайр галстук дар барномаи сиёсӣ ё расмӣ бошад гапи дигар. Барои ҳамин ба телевизон намеравам, дигар даъват ҳам намекунанд.

-Дар бораи ҳаёти пасипардагиятон чӣ мегӯед?

- Ҳаёти ман саҳнаи театр аст. Хонанда маро чун Хуршед Мустафоеви актёр донад гумон мекунам кифоя аст…

-Ташаккур барои суҳбат.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi