18:49:03 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Абдулҳамиди Самад: «Хонанда кам бошаду хуб бошад беҳтар аст»

Абдулҳамиди Самад соли 1947 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст ва фориғуттаҳсили Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон буда, дар рӯзномаи ҳизбии «Тоҷикистони Советӣ», маҷаллаи адабии «Садои Шарқ», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва ҳафтавори «Фарҳанг» фаъолият намудааст.

1.abdulhamidi-samad 2013Зиёда аз бист китоби хурду бузурги Абдулҳамиди Самад то имрӯз ба дасти хонанда расида, ҳамчунин китобҳояш дар Маскаву Теҳрон бо забони русиву ҳуруфи форсӣ низ нашр шудаанд. Соли 1990-ум барои қиссаҳои хубу марғуби «Аспи бобом» ва «Баъд аз сари падар» ба ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, соли 1999-ум барои хизматҳои шоёнаш дар рушди адабиёти тоҷик ба унвони «Нависандаи халқии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Соли 1993-ум муовини Раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуда, то имрӯз дар ин вазифа кор мекунад.

-Устод, имрӯзҳо саломативу руҳияатон чӣ гуна аст ва чӣ менависед?

-Саломативу руҳияи мо вобаста аст ба синну соламон. Як рӯз хуб ҳастему рӯзи дигар ноҷӯр. Ба ҳар сурат шукр мекунем, ки дар рӯйи по ҳастем. Навиштан бошад кори ҳаррӯза аст. Ҳар рӯз менависем. Ҳоло ман машғул ҳастам сари мураттаб сохтани китобе бо номи «Санг ва тарозуи адабиёт».

Қисмати аввали ин китоб аз андешаҳои ман дар мавриди масоили адабиёт, баҳс дар атрофи ҳунари нигоришу асолати ҳунар ва ҳадафи нависанда иборат буда, дар бахши дуюм навиштаҳои ман дар бораи устодоне, ки мо аз онҳо дарси адабу адабиёт омӯхтаем ва хидматҳои ин устодон дар рушди адабиёти тоҷик гирд оварда мешаванд. Қисмати саввуми китоб иборат мешавад аз фишурдаи суҳбатҳои зиёде, ки ман перомуни масоили адабиёт дар матбуот доштам.

-Шумо дар китоби наватон атрофи масоили адабиёти муосир андешаронӣ кардаед, ки гумон мекунам саривақтиву муҳим аст, чун бисёриҳо мегӯянд ҳоли адабиёти тоҷик нигаронкунанда аст. Шумо ба адабиёти имрӯзи мо, ба насри мо чӣ баҳо медиҳед?

-Бале, баъзеҳо мегӯянд, аммо вазъи насри мо нигаронкунанда нест. Нависандаи мо дар ин солҳои охир фаъол шуд. Фаъол ба ин хотир, ки дигар ҳар кас дар як майдони озод аст ва ҳар нафаре, ки нерӯву қудрат дорад, асар менависад. Роман, қисса, ҳикоя, ҳикоявора менависанд. Дар нашриётҳои Душанбе китоби зиёд чоп мешавад, дар марказҳои вилоятҳо низ.

Ҳатто дар ноҳияҳо ҳам китоб нашр мекунанд. Дар айни ин китобҳо китобҳои шеър бештар аст, чун мардуми мо ҳаводори шеър аст. Нигаронкунанда он аст, ки мо имрӯз дар бораи сатҳи ин асарҳо ҷиддӣ муҳокима намеронем. Ман дар назар дорам аҳли таҳқиқи моро. Муҳаққиқони мо бояд бештар фаъол шаванд ва андешаашонро дар мавриди арзиши асари нави ин ё он адиб изҳор намоянд.

-Дуруст, аммо ба фикри ман вазъи насри мо нигаронкунанда аз он аст, ки аз нигоҳи мавзуъ ҳам асарҳои аксари нависандагони мо дархӯри завқи хонандаи имрӯз нестанд…

-Бубинед, ҳоло аксари нависандаҳо мо ба навиштани асарҳои таърихӣ рӯ овардаанд ва қаҳрамони имрӯзу масъалаҳои доғи рӯз то ҷое аз назари нависандаҳо дур мондааст. Ҳоло он ки ин муҳимтар аст. Чунки зиндагии имрӯзи мо хеле пуртазод аст ва худи фаъолияту талоши инсонҳо дар ин рӯзгор ҳарранг аст. Аммо асарҳои таърихии нависандагони мо ҳам аксар қобили қабул нестанд. Муаррихони мо ҳам мисли муаррихони рус адабиёти худашонро хуб намедонанд, забонро хуб намедонанд, ки ин асарҳоро нақд кунанд.

Дуввум чизи нигаронкунанда ин ба дарди пурнависӣ гирифтор шудани нависандаҳои мост. Пур менависему сифатро фаромӯш мекунем. Фаромӯш мекунем, ки ҳадафи адибу адабиёт офаридани чизи нав, мавзуъву ҳолати нав аст. Агар бингарем шуруъ аз солҳои ҳаштодум насри мо тамоман роҳу равиши дигарро гирифт. Дар осори Сайфу Ҷонибеку Баҳманёру Абурофеъ ва Муҳаммадзамону Муаззама ҷустуҷуҳои аҷиб буд. Мутаасифона, ана ҳамин ҷустуҷӯ як андоза фаромӯш шудааст…

-Бисёр нависандагон инро ба мушкилии рӯзгор нисбат медиҳанд…

-Ба кадом асру замоне, ки бингаред, мушкилот дошт. Ҳеҷ вақт роҳи зиндагӣ ҳамвор набуд. Ҳеҷ вақт ба хонаи адиб халта-халта тиллову баста-баста пул намеомад. На барои Фирдавсӣ омадааст ин на барои каси дигар. Ҳадафи адиб дар ин роҳ фидокорӣ ва баланд бардоштани сатҳи адабиёту маърифати адабиёт аст. Маърифати асари мо агар баланд шавад маърифати хонандаи мо ва маърифати миллии мо баланд мешавад.

-Шумо низ чанд сол пеш а мавзӯи таърихӣ рӯй оварда, романи «Гардиши девбод»-ро навиштед, ки аз ҷониби муҳаққиқон баҳои сазовор гирифт. Сабаби рӯй овардани Шумо ба мавзӯи таърихӣ чӣ буд?

-Ман бисёр орзу доштам, ки аз сарнавишти Мунтасир нависам. Бо мутолиаи бисёр омода ҳам шуда будам. Лекин нависандаҳои мо саросема ба он мавзуъ он қадар даст заданд ва он қадар навиштанд, ки ба сар ман як сатил об рехт. Хуб карданд, ки навиштанд, хонандаи мо бояд қаҳрамони моро шиносад, вале барои ин асарҳои бисёр бақувват лозим.

2.abdulhamidi-samad 2013Ман «Гардиши девбод»-ро барои он навиштам, ки мо дар дохили ин воқеаҳо будем. Насли мо фоҷеаҳои садаи бистумро бо чашми сар дид. Мо насли ду аср ҳастем ва асри бисту асри бистуяк ба сари мардум он қадар фоҷеаҳо овард, ки барои садҳо роман мавод дод. Лекин дар ин давра нависандаи босаводу бесавод он қадар бисёр шуд, ки ҳама роҳашро гум кард. Ҳеҷ вақт мо бояд маърифати бадеии худу маърифати хонандаамонро паст накунем. Маърифати хонандаро авомона накунем.

-Френсис Скотт Фиҷералд, нависандаи бузург ва муаллифи романи оламшумули «Гетсбии бузург» мегӯяд ман дар бораи нависандагӣ чунин ақида дорам, ки бояд барои насли ҷавони замони худ навишт, барои мунаққидоне навишт, ки нав ба адабиёт ворид мешаванд ва барои ҳамаи профессорони наслҳои оянда навишт. Оё як сабаби аз адабиёт дур мондани насли ҷавони мо ин дархӯри завқи онҳо набудани адабиёт нест?

-Ҳар шикасти сиёсӣ албатта шикаси фарҳангиро ҳам дар пай дорад. Вақте, ки шикасти сохт, шикасти ҷомеа шуд, зарбаи сахттаринро адабиёт мебинад. Адабиёти мо баъди солҳои навадум ба ҳамин ҳол гирифтор шуд. Хонандаи пешинаи мо роҳашро гум кард. Хонандаи нав ба адабиёт кам ворид шуда истодааст. Зеро насли ҷавон бештар зоҳирпараст аст.

Ба интернету дигар васоити ахбори электронӣ таваҷҷуҳ дорад. Вале, адиб ҳеҷ вақт барои имрӯз асар наменависад. Адиби асил бояд барои хонандаи оянда, барои тарбияи наслҳои оянда нависад. Мо шеъри Рӯдакиро имрӯз мехонем, баъди ҳазор сол. Шарт нест, ки тамоми хонанда имрӯз барои асари мо кафкӯбӣ кунад. Мо бояд асаре нависем, ки хонандаи ояндаи мо аз варақ задани он пушаймон нашавад. Имрӯзро донад, дарди миллату ҷомеаро донад.

-Бубинед, имрӯз дар Тоҷикистон рӯзномаҳое, ки қиссаҳои ошиқонаву қиссаҳо аз рӯзгори мардум чоп мекунанд, хонандаи зиёд доранд. Аммо маҷаллаи миллии адабии мо - «Садои Шарқ» ҳамагӣ ҳазор нусха чоп мешавад. Шумо ҳанӯз солҳои навадум ба сулои рӯзноманигоре, ки пурсид хонандаи ояндаи ояндаро чӣ гуна мебинед, ҷавоб дода будед, ки баъди 10-15 сол сафи хонанда кам мешавад, аммо хонандаи хушзавқ ба миён меояд, хонандае, ки ба асари бадеӣ баҳо дода метавонад. Ин пешгӯии Шумо рост баромад. Имрӯз агарчӣ хонанда кам аст, аммо аксар хонанда адабиётро дарк мекунаду ба он баҳо дода метавонад. Пас ин гуна хонанда аз хонандаи сарсарӣ агарчӣ шуморааш кам ҳам бошад, беҳтар нест?

-Ман ҷонибдори ҳамон ақидаам ҳастам. Ҳоло ҳам умеди ман ба он хонандае аст, ки маънирас бошад, хушзавқ бошад. Хушбахтона, дар байни ҷавонони мо нафарони болаёқат бисёранд. Кам бошаду хуб бошад ҳазор бор беҳтар аст.

-Шумо замони Шӯравӣ аз зумраи серхонандатарин нависандаҳои тоҷик будед. Кам шудани хонанда дар кори эҷоди Шумо таъсир намегузорад?

-Вақте ки асар менависам, аслан дар ин бора фикр намекунам.

-Профессор Атахон Сайфуллоев дар як маҳфил гуфта буд, ки агар ман нависандаҳои муосири тоҷикро раддабандӣ бикунам, дар сафи аввал Абдулҳамиди Самадро мегузорам. Воқеан имрӯз Шумо нависандаи маъруф ҳастед. Манзури ман ин аст, ки нависанда шудан ё меҳри нависандагиро ҳанӯз аз кӯдакӣ дар дил доштед ё баъдан, баъди хатми донишгоҳу кор дар рӯзномаи ҳизбӣ ин хоҳиш дар Шумо сар зад?

-Муаллим Сайфуллоев бисёр луфт кардаанд. Эшон дар таҳқиқи навиштаҳои банда ва осори дигар адибони тоҷик бисёр хидмати шоиста намудаанд. Аммо агар гӯем, ки аз кӯдакӣ ман мехостам нависанда шавам, ин дурӯғ аст. Лекин ман аз ҳамон даврони мактабхонӣ хабару мақолаҳо менавиштам ва ҳикояҳои нахустини ман солҳои донишҷӯӣ чоп шуданд.

- Аз нахустин навиштаҳоятон, ҳанӯз аз ҳикояҳои «Акаи ошиқ»-у «Пиёлаи шикаста» , «Зодрӯз»-у «Мурофиа» то қиссаҳои марғуби «Аспи бобом», «Баъд аз сари падар», «Паррончакҳо» ва романи ахири Шумо «Гардиши девбод» забони навиштаҳоятон накҳати шеъргуна дорад. Забони осоратон хонандаро ҷазб мекунад. Ин чиз аз куҷо сарчашма мегирад? Шояд дар зодгоҳи Шумо бо ҳамин гуна забони зебо сухан гӯянд ё шояд натиҷаи омӯзиши пайваста бошад?

- Албатта, маҳале, ки мо ба воя расидем, аз ин махлутшавӣ як андоза дар канор ҳам буд. Устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ҳам ҳамеша таъкид мекунанд, ки дар он ҷойҳое, ки кӯҳпора аст, бо забони зебои тоҷикӣ сухан мегӯянд. Чизи дигар ин бештар мутолиа кардани осори классиконамон. Ҳар нафаре, ки ба майдони адабиёт меояд, бояд осори классикони моро аз Рӯдакӣ то беҳтарин шоирони муосир мутолиа кунад. Ҳамчунин фолклор набояд фаромӯш шавад. Ин беҳарин сарчашма аст барои адиби тоҷик. Боз мегӯям, ки бузургтарин хазинаи забон адабиёти классикии мо аст. 

- Аз як нависандаи маъруфи мо чун суол карданд, ки агар аз нав ҷавон шавед, боз касби нависандагиро интихоб мекунед, гуфт, ки ҳеҷ гоҳ, чун ман аз нависандагӣ ягон рӯзи хуш надидам. Шумо чӣ?

- Кош ҷавон мешудам ва албатта дубора нависандагиро интихоб мекардам ва миёнамро сахттар мебастаму бештар меомӯхтам, бештар Тоҷикистону мардуми тоҷикро медидам ва кам менавиштаму кӯшиш мекардам, ки хуб нависам.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi