08:42:13 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Марде, ки илмро бар сиёсат тарҷеҳ дод

Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Сукути деринтизори шаб. Ман аз нисфирӯзӣ ба инҷониб зери тассуроти ҳамин як лаҳзаи басо кӯтоҳам. Дар як нишастгоҳи озода дар Китобхонаи миллӣ устодони сухан, касоне, ки дарси калом бароямон омӯхта буданд, гирди ҳам нишастаанд. Аммо ин бор сухан аз устоди фақид Раҳими Мусулмониён аст.

111 musulmoniyon 2013Профессори адабиёт, оне, ки дар ин тӯли умр пажуҳишҳои худро дар даҳҳо китоб интишор додаву аз худ як мероси гаронбаҳо ба ёдгор мегузорад, имрӯз дар бистари бемории фаромӯшхотирӣ мехобад. Ва бо ҳамон орзуи нек ва бо ҳамон хислати ҷавонмардие, ки дошт, беш аз чор ҳазор номгӯ китобҳоро аз бойгонии шахсии худ ба Китобхонаи миллӣ тақдим мекунад. Ва ходимони ин даргоҳ ҳам ҷавонмардона ба ин иқдом посух мегӯянд: утоқи калонеро ҷудо мекунанд ва онро китобхонаи шахсии профессор Раҳими Мусулмониён меноманд.

Ва ин устодони гирди ҳам нишаста омадаанд, то аз ҷонибе ин қадршиносии маъмурияти китобхонаро шодбош гӯянд ва аз сӯи дигар аз Раҳими Мусулмониён, шахсият ва ҷойгоҳаш дар илми адабиётшиносӣ, хадамоташ дар пажуҳишҳои шоистаи илмӣ ёд кунанд. Ман дар ин ҷамъ профессор Абдунабӣ Сатторзодаро дидам, ки аз аввалинҳо шуда сухан мегуфт, сухан аз дӯст мегуфт, бародарвор мегуфт, аз олим ёд мекард. Профессор Баҳриддин Камолиддиновро дидам, ки аз ӯ балоғату фасоҳати сухан омӯхта будем ва ҳоло аз балоғати каломи Мусулмониён ҳарф мезад, аз бардоштҳои рӯзгори муҳоҷирати олим аз забони худаш нақл мекард, аммо нигарон буд, ки оё ин китобҳо то абад ҳифз мешуда бошанд?

Адиб ва рӯзноманигори шинохта Бахтиёр Муртазоро дидам, ки бӯи деҳаи Мусулмониёнро дар фазои китобхона мепошид, чун онҳо ҳамдеҳаву ҳаммактаб буданд ва яқинан риштаҳои хешутаборӣ ҳам доранд. Ва дар паҳлӯи ӯ шоири мардумӣ Сайдулло Амин ҳам менишаст, ки ифтихори ҳамнишинӣ бо устод Мусулмониён дошт.

Ва Рустами Ваҳҳоб, олим ва шоири хеле хуби мо ҳам менишаст, ки дар дил бас суханони ногуфта дар ситоиши устод Мусулмониён дошт. Нигорандаву Рустам ҳамсабақем ва медонам, ки роҳбари рисолаи дипломии ӯ устод Мусулмониён буд ва табиист, ки назар ба ҳама ҳамкурсон маҳз Рустам метавонист бо шахсияти устод бештар ошно бошад.

Ва боз дигарон. Онҳое ҳам ки сухан нагуфтанд, вале бо ин шахсият хуб ошно буданд, онҳое, ки шогирдонаш буданд, онҳое, ки дарсашро шуниданд, имтиҳонашро супурдаву соҳиби баҳо шудаанд ва ҳоло ифтихор ҳам мекунанд, ки шарафи сӯҳбати ӯ насибашон буд.

Вале ман аз пайвандонаш касеро надидам, мешинохтам онҳоро ва ҷустам миёни одамон. На Абдуҷабборро дидам ва на Беҳрузро. Манижаро низ ва ҳамсари устодро низ, ки замоне бурдаи нони муҳоҷиратро ба ҳам дида будем. Хостам бинам ва донам, ки беморӣ ба устод то кадом андоза хатар дорад. Аммо надидам ва аз гӯшае Муҳаммадиқбол, як тан аз масъулини баргузории ин чорабинӣ, ки меҳмононро пазироӣ ва гусел мекард, пурсидам. Кӯтоҳ посух дод, ки наёмаданд. Вақте сабаб пурсидам, китф дарҳам кашид, яъне ӯ ҳам хабар надошт.

Руҷӯъи аввал

Мегӯянд замоне модараш ба писаронаш таоми шабмонда намедод, ки фаромӯшхотир мешаванд. Вале ин замон, дар ин синну сол дарде ӯро фаро гирифт, ки натанҳо фаромӯшхотир, балки комил ҳама чизе дошт, ҳатто исми зану фарзанд, гузаштаву имрӯзаи худ ва ҳамаро фаромӯш кард. Ва ин хабар дар ҳамин толлор расонаӣ шуд. Шахсияте, ки тамоми умр китоб аз даст нагузошт, то биёмӯзад ва садҳо тани дигарро биёмӯзонад, ҳоло ҳамаро аз ёд бурд. Ҳам хондаҳову ҳам навиштаҳо ва ҳам гуфтаҳоро. Ҳоло ба сони он тифли навзодест, ки намедонад аз куҷо омад ва куҷо равон аст ва чӣ мекунаду чӣ хоҳад кард. Хушо ба ҳолаш, ки дигар аз гирудори ин олами фосид ва ин ҷомеаи бегона ба тинати азалии инсонӣ озод аст...

Ҳазору ҳашт мақола ва 37 китоби ӯ

Устод Раҳими Мусулмониён аз пуркортарин олимони кишвара аст, ки таълифоташ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар берун аз хоки он, бахусус Эрону Афғонистон маъруфияти хоса дорад. Ба гуфтаи профессор Абдунабӣ Сатторзода, ки солҳо паҳлу ба паҳлу бо ӯ кор мекард ва ҳатто муддате дар фаъолиятҳои сиёсӣ низ канори ҳам қарор доштанд, арзиши таълифоти Мусалмониён басо арзишманд ва қобили ситоиш аст.

"Раҳими Мусулмониён аз адабиётшиносони пуркор ва заҳматкаштарини Тоҷикистон ҳастанд. То соли 2006 медонам, ки муаллифи 35 китобу рисола буданд. Тӯли умр 1008 мақолаи илмӣ таълиф кардаву чоп намудаанд. 18 асарро аз забонҳои дигар тарҷума ва ё аз хати форсӣ баргардон кардаанд. 46 матни суханронии худро омодаи чоп намудаанд". Вале Бахтиёри Муртазо теъдоди асарҳои ӯро на 35, балки 37 адад эълон кард. "Дар охирин сӯҳбате, ки бо ҳам доштем, Раҳимҷон мегуфт, ки 37 китобаш чоп шудааст".

Устод Сатторзода зимни суханронӣ аз ҷиддитарин пажуҳишҳои Мусулмониён ёд кард ва гуфт ҳарчанд ҳама таълифоти эшон арзиши бебаҳои илмӣ доранд, вале аз назари  ӯ омодаву чопи китоби "Атоуллоҳ Масъуди Ҳусайнӣ" аз пурзаҳматтарин кори илмии олим буд. Чун дастхатҳои нодири ин китобро Раҳими Мусулмониён аз китобхонаҳои хориҷи кишвар дастрас ва мавриди пажуҳишу омӯзиш қарор дод. Ин китоб хеле арзишманд аст ва аз мӯътабартарин дастури таълимӣ барои факултаҳои филология ба шумор меравад. Китоб то он замоне, ки дар Тоҷикистон дар шакли илмии матншиносӣ интишор ёфт, ҳатто дар Эрон чоп нашуда буд.

"Раҳими Мусулмониён Атоуллоҳ Масъуди Хусайнӣ ва Ҳусайн Воизи Кошифиро пайдо карданд, таҳия намуданд, ин китобҳо то он замон дар Эрон ҳам нашр шуда буданд. Аммо тавассути заҳматҳои Раҳими Мусулмониён имрӯз олимони эронӣ ҳам аз он истифода мекунанд ва онҳо ошкоро инро як заҳмати пурарзиши олими тоҷик медонанд, ки хеле олимона ва муҳаққиқона ба чоп ҳозир карда шудааст",-гуфт профессор Сатторзода..

Аз ин суханон метавон хулоса баровард, ки на танҳо мо аз эрониён меомӯзем, балки онҳо низ аз тоҷикон меомӯзанд ва дар ин кор саҳми устод Раҳими Мусулмониён низ ҳаст. Баъди таълифи ӯ дар Эрону Афғонистон ин ду китоб мунташир шуданд ва минбаъд ҳар пажуҳише сурат мегирифт, дар поя ва истинод ба матни ҳозиркардаи Раҳими Мусулмониён буд, ки ин бидуни шак мояи ифтихор аст.

Руҷӯъи дуюм

"Сармову гармои Туркманистон, лаби баҳри Хазар, кӯчаҳои зебо ва пуродами Боку. Моем равон, дар дасти мо симкаҳои пур аз китоби устод Мусалмониён. Гоҳ ману Беҳрӯз пеш меравем ва гоҳ Мирзову Собир. Ва устод солорона бо ҳамсарашон аз паси мо меоянд. Мирзо хеле шӯх аст ва чун Беҳрӯзро асабӣ дармеёбад, бо овози паст мегӯяд: Беҳрӯз, агар Сангак мекушт хубтар буд, ки ин ҷо китобкашӣ кунӣ. Ва мо завқ мебурдем ва механдидем. Лаҳазае бори ғурбати беватанӣ аз шонаҳои мо ба замин мезад. Ва имрӯз аз он рӯзгори устод ҳам ёд шуд...

Рафтани ӯ идомаи ҳаёту пажуҳиш буд

Тири адовати ҷанги ҳамватанӣ устод Раҳими Мусулмнониёнро ҳам нишон гирифт. Аввали соли 1993 эшон бо ҷумла фарзандони худ аз Душанбеи азиз хориҷ гашт, чун хатар ба ҷонаш ва ҷони хонаводааш таҳдид мекард. Дар шароити он рӯзи Душанбе, ки пур аз нерӯҳои бегона буд, касе кафолати зинда мондан надошт. Бо як имову ишора ҳар кас метавонист аз касе ҳам ки замоне ихтилофи назар доштааст, қасос гирад. Мусаллаҳон олимро аз донишҷӯ ва адибро аз хонанада фарқ намекарданд. Ва устод берун рафт ва хуб шуд рафт, чун ин хуруҷ ба маънои зинда мондан ва идомаи ҳаёту пажуҳиш буд.

Мусулмониёнро ҳавзаи илмии Теҳрон хуш пазируфт, дар як муддати кӯтоҳ аз миёни устодони донишгоҳҳову ҳавзаҳои илмии пойтахти Эрон дӯстони хуб пайдо кард ва маҳз ҳамин сабаб шуд, ки устод ба фаъолияти илмии худ пардохтанд. Дарёи зиндагӣ барои эшон маҷрои нав пайдо кард, муҳит дигаргун шуд, олими тавоно ба як олими муҳоҷир табдил ёфт, ки акнун ҳамаро мебоист аз сифр шурӯъ кунад. Зеро гузаштаи олим ва пажуҳишҳои ӯ барои ин муҳит ноошно буданд, мардуми Эрон чашми хати сриллик надоштанд, ки бо таълифоти ӯ шинос шаванд. Акнун зарур буд он ҳама коре, ки мекард, бо ҳуруфи ниёгон анҷом мегирифт .

Вале ин ҳам барои устод мушкил пеш наёвард, зеро эшон аз донандагони хуби ҳуруфи форсӣ буд, аз шинохтатарин матншиносони адабиёти классикӣ маҳсуб мешуд. Тавре Рустами Ваҳҳоб мегӯяд, устод аслан дар кафедраи адабиёти советии тоҷик кор мекарданд, ки роҳбари он мунаққид ва адабиётшиноси маъруф Соҳиб Табаров буд. Вале вижагии кори устод Мусулмониён он буд, ки адабиёти муосир ва классикиро ба ҳам омезиш дод. Ва чуноне ишора шуд, мӯтабартарин таълифоташ, ки барояш шӯҳрат овард ва маъруф кард, ҳамон асарҳои ёдшудаи Атоуллоҳ Масъуди Ҳусайнӣ ва Ҳусайн Воизи Кошифӣ буд. Ин буд, ки вуруд ба муҳити илмиву  фарҳангии Эрон барояш ҳеҷ мушкиле пеш наёвард.

Руҷӯъи сеюм

Аввали солҳои 90 асри гузашта давраи талошҳои сиёсӣ ва миллӣ буд, ки аввал аз бахши фарҳанг оғоз гардид ва баъдан ба сиёсату давлат кӯчид. Яъне, талошҳо аввал барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ оғоз шуданд ва ҳамин кӯшишҳо тадриҷан нерӯҳои пинҳонкору пинҳонгӯи тоҷикро ҳам ба майдони сиёсат кашид. Устод Мусулмониён аз зумраи ҳамин касоне буд, ки бо ҳассосияти том рӯйдодҳоро пайгирӣ мекард ва чун фарди огоҳ ба ояндаи миллату ватан бетараф набуд. Ҳарчанд дар қадамҳои аввали талошҳои сиёсӣ шахсиятҳои маъруф зиёд ба он шомил шуданд, вале кам касон буданд, ки фишорҳои равониро таҳаммул кунанд ва аксаран ё тарки сангар карданд ва ё хомӯширо авлотар донистанд. Аммо профессор Мусулмониён аз ин роҳ пас нагашт ва наметавонист пас гардад, зери ин бегона ба иродаи ӯ буд, бегона ба ахлоқи ӯ буд, ки шариконашро дар нимароҳ гузорад. Устод бо боварӣ гом мезад, зеро роҳи интихобшударо, ки саодати ояндаи миллатро дар он медид, ҳақ мешумурд. Ва то замоне ҳамсафарашон буд, ки баъди шикаст аз ватан фирор карданд. Шояд имрӯз ҳам Шодмони Юсуфро натавонад бахшад, ки баъди ҳиҷрат дигар ёди ҳизбашу аъзои ҳизбаш накард ва ҳоло ҳам паногоҳист.

Роҳи сиёсии устод Мусулмониён

Теҳрон олими барумандро чун олими саршор аз андешаҳои сиёсӣ истиқбол кард. Дар ин муҳит илм ҳам сиёсат аст. Магар олими бепарво ба сарнавишти миллату меҳанро ҳам метавон олим номид? Магар адиб набояд аз дарду ранҷи халқ ҳарф занад?

Вале ҳоло ба назар мерасад ин як амри муваққат буд. Раҳими Мусулмониён баъдан ба баҳри тафаккуру андешаи илмӣ ғӯта мезанад ва маҷроеро дармеёбад, ки дигар наметавонад аз он берун шавад. Ва бо ҳамон равиш меравад ба сӯи ормонҳои дигар, ормонҳои пажуҳишӣ ва хидмат барои ташаккули фарҳанги миллӣ. Вай дар ин кишвар худро дар оғӯши адабиёт ва ҳунари волои аҷдодӣ дарёфт ва муҳите буд, ки шояд муддатҳо онро орзу мекард. Аз сӯи дигар дарҳои ирфон ба рӯяш боз шуданд, муаллифони донишномаҳо ба хизмати ӯ эҳтиёҷ доштанд, то аз мақолаҳояш фарҳангу тамаддуни Тоҷикистонро низ барои эрониён муаррифӣ кунанд.

Ва дид, ки дар ин самт метавонад хидмати бештаре ба мардуму ба миллат кунад. Ин буд ки тадриҷан худро аз сиёсат дур кард, вале на бо пахши изҳороту изҳори ранҷидагӣ, чуноне баъзеҳо ин корро карданд. Мо баъди ҳиҷрати устод ба Эрон эшонро дигар дар баҳсҳои расмии сиёсӣ надидем, дар ҷаласоту ҳамоишҳо ширкат накард, аз баррасии ҷараёни сиёсии кишвар худро дур кашид. Сиёсат  шояд дар рӯзномаҳои эшон бошад, шояд дар сӯҳбатҳои хусусӣ бо касоне, ки аз Тоҷикистон ба Эрон меомаданду сари роҳ устодро низ зиёрат мекарданд, вуҷуд дошт. Вале расман эшон аз ҷараёни сиёсӣ худро ба маҷрои таҳқиқоту пажуҳиш зад.

Абдунабӣ Сатторзода маҳз ҳамин фаъолияти эронии устодро зикр кард ва онро хеле пурсамару муфид арзёбӣ намуд. Агар аз назари профессор Сатторзода ва далелҳои овардаи ӯ арзёбӣ кунем, пас мебинем, ки воқеан ҳам профессор Мусулмониён дар самти муаррифии фарҳангу тамаддуни гузашта ва имрӯзаи тоҷикон, шиносоии Эрон бо Тоҷикистон ва шахсиятҳои варзидаи он заҳмати бештар кашидааст. Яъне, дур аз ватан низ олим дар ёди ватан буд ва ҳамин ватанеро, ки агар аз он фирор намекард, шояд кушта мешуд, барои олами Эрон чун мулки ашхоси соҳибтамаддун муаррифӣ кард.

Олими варзида дар ҷое аз мақолоташ  кишварро паст назад, балки дар ҳамон мусоҳибаҳояш, ки  дар аввалин соли ғурбаташ дар нашрияҳои Эрон интишор ёфта буданд, кӯшид вазъро ба гунае қаламдод накунад, ки монеъи сулҳу оштӣ дар кишвар донанд. Балки мо ҳатто аз он сӯҳбатҳои ихтисосиаш ҳам пай мебурдем, ки устод ба Эрон бо як пора муҳаббати Тоҷикистон дар бағал рафтааст. Муҳаббате, ки бидуни он наметавон тоҷик монд ва ҳамин тоҷикият ӯро наҷот бахшид. Худро андармони корҳое кард, ки тадриҷан аз сиёсат дур шуд ва ҳатто дар ин амал лаззати бо Ватан буданро чашид.

Ба ҳамин далел аст, ки профессор Сатторзода гуфт: "Чанд соле ки дар Эрон буданд, хеле корҳои арзишмандеро дар муаррифии адабиёти Мовароуннаҳр, бахусус адабиёти тоҷик, назму насри гузаштаву имрӯзаи тоҷик анҷом доданд. Хеле корҳоеро ба сомон расонданд ва рисолаву китобҳоеро ба дасти чоп доданд, ки бо сабабҳои гуногун на ҳама дар дохили кишвар аз он хабар доранд. Ман чандеро мисол меорам: "Забон ва адаби форсӣ дар Фароруд" (соли 1997), "Ситораҳои Помир" (соли 2004), "Форсиву дарӣ" (соли 2004), "Тоҷикон дар таърих" (соли 2004), китоби шеърҳои устодон  Муъмин Қаноат ва Бозор Собир, романи Кароматулло Мирзо "Дар орзуи падар" ва ғайра".

Устод Мусулмониён яке аз муаллифони басо фаъоли "Донишномаи ҷаҳони Ислом" буд, ки он солҳо дар чанд ҷилд дар Эрон интишор ёфт ва профессор Сатторзода гуфт, ки шахсан худаш дар ин донишнома 70 мақолаи Раҳими Мусулмониёнро дар бораи фарҳангу тамаддуни Афғонистон ва 445 мақола дар бораи Тоҷикистонро баршумардааст. Яъне Раҳими Мусулмониён дар Эрон на танҳо дар бораи Тоҷикистон, балки роҷеъ ба фарҳангу тамаддуни мардуми Афғонистони ҳамҷавор низ навиштаҳояшро дар "Донишномаи ҷаҳони Ислом" ҷо додааст.

Руҷӯъи чорум

Ман ӯро ҳар субҳу шом саргарми кор медидам. Ҳам мутолиа дошт ва ҳам ёддоштҳояшро дар шакли дафтари хотира менавишт. Чун ба Боку расидем, аввал коре, ки рӯзи дуюм анҷом дод, мағозаи китоби "Алҳудо"-ро ҷустем ва ёфтем. Ва иттифоқан сафири кунунии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Шеърдӯст аз он мағоза дидан мекард. Баъди шиносоӣ як силсила китобҳое, ки интихоб карда будем, бо дастури ӯ соҳибони мағоза ройгон ба мо доданд. Ҷаноби Шеърдӯст он замон ба назарам мудири интишороти "Алҳудо" дар Эрон буд.

Ёддоштҳои устод

Дар нишасти ёдшуда Бахтиёр Муртазо аз дафотири хотироти устод ёд кард, ки аслан чоп нашудааст. "Китобҳое, ки аз бойгонии шахсии Раҳимҷон ба китобхонаи миллӣ тақдим шуданд, барои наслҳо хизмат хоҳанд кард. Вале он чи ки то ҳол чоп нашудаст, дафтари хотироташон мебошад. Раҳимҷон ҳанӯз хеле ҷавон буданд, ки хотира менавиштанд. Ва агар фарзандонашон, ҳамсарашон даст ба ин кори хайр зананд, ки он хотираҳо рӯи чопро бинанд, хеле олӣ мешавад. Зеро хотираи олим як нақли хушку холӣ нест, балки он ҷараёни зиндагии ӯст ва ҳатман ки маълумоти арзишманди пажуҳишӣ низ метавонад ҷо дода шуда бошад".

Адиби шинохта ва яке аз дӯстону наздикони Мусулмониён хуб медонад, ки устод завқи беандоза ба ёддоштнависӣ дошт. Нигоранда низ замоне, ки бо ҳам дар мусофират будем, медидам, ки ҳар субҳу шом рӯйдодҳоро рӯи коғаз меоварданд. Аслан адабиёти миллии мо аз рӯзномаҳои адибон холист. То ин замон ба ҷуз чанд нома аз коргоҳи эҷодии ягон адиби шӯҳратёри кишвар ёддоштҳо интишор нашудаанд.

"Ёддоштҳо"-и устод Айнӣ истисноянд. Сардафтари адабиёти навини тоҷик ҳам хеле баъдҳо бачагиву наврасии худро ба ёд оварда, ин шоҳасарро офарид ва он метавонад як асари комилан бадеӣ шумарда шавад, на хотираву ёддошт. Он чӣ, ки ба дафтари хотирот алоқаманд аст, дар адабиёти тоҷик вуҷуд надорад, ё аниқтраш мо намедонем ва ё адибони мо аз чопи он худдорӣ мекунанд. Аз миёни олимони шинохта мо медонем, ки устод Соҳиб Табаров ин корро ба хубӣ анҷом медод ва ҳатто ба мо шогирдон низ инро тавсия мекард. Профессор Худоназар Асозода низ хотираҳо навиштаву ҳатто дар се ҷилд бо номи "Достони зиндагӣ" нашр ҳам кардааст. Аз ин рӯ иштибоҳ мебуд агар гӯем, ки  адибону олимон рӯзнома наменависанд. Шояд аксаран ин корро мекунанд, вале то ин дам хотироти на ҳама рӯи чоп омадааст. 

Нигарониҳои профессор Камолиддинов

222 musulmoniyon 2013Профессор Баҳриддин Камолиддинов нигарон аст, ки китобҳои Мусулмониён то кадом ҳад боэҳтиромона нигоҳ дошта мешаванд. "Ба андешаи ман ҷамъоварии китоб, ҳифзи он ва боз дар хидмати дигарон  қарор додани китобро на ҳар кас метавонад. Масалан, устод Шарифҷон Ҳусейнзода дастхатҳои нодирро гирдоварӣ мекарданд, пеши ректору ноибонаш мерафтанд,  пул пайдо мекарданд ва саҳифаҳои фарсударо дубора саҳифабандиву муқова менамуданд",-мегӯяд олими шинохта.

Вай аз замони ҷашнвораи аввали Рӯдакӣ дар соли 1958 ёд мекунад, ки қатори даҳҳо нафар олими баруманди Эрон ва яке аз шахсиятҳои хеле маъруф ва рӯдакишиноси эътирофшуда Сайид Нафисӣ меҳмони Тоҷикистон буд. "Дар ҷараёни ҳамин сафараш вай дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳ як гӯшаи адабиёти форсиро кушод. Ва ҳар сол теъдоди зиёди китобҳоро аз Эрон ба Тоҷикистон унвонии ҳамин гӯша мефиристод. Ин кор то вафоти олими озода идома кард. Хабар дорем, ки ҳар боре мудири ин гӯша дигар мешуд, теъдоде аз китобҳо ғайб мезаданд. Ҳоло шахсан ман намедонам тақдири ин шӯъба чӣ шуд",- гуфт Баҳриддин Камолиддинов.

Ба андешаи олими варзида танҳо ҷавонмардии фарзандону пайвандон метавонист ин иқдомро пиёда кунад. "Раҳимҷон ба китоб хеле дилсӯзӣ дорад ва ин аз ҳамин китобҳое, ки тақдим шудаасту мебинем, пайдост,-гуфт ӯ. Ин як иқдоми ҷавонмардонаи ӯ ва фарзандону пайвандонаш аст, ки ба хотири баҳрабардории наслҳо розӣ шудаанд, ки китобхонаи шахсии Раҳими Мусулмониён аз хона ба Китобхонаи миллӣ кӯчад".

Директори китобхона Носирҷон Салимов нигаронии профессор Камолиддиновро бамавқеъ донист, вале итминон дод, ки ин боргоҳи фарҳангӣ имкони онро дорад, ки китобҳо шоиста нигаҳдорӣ шаванд ва дар хидмати мардум қарор гиранд.

Руҷӯъи панҷум

Дарди ҷудоӣ аз олим, устод ва инсони фариштахислат Пайванди Гулмуродзода ҳанӯзам азиятам медиҳад. Устод Гулмуродзода хеле бармаҳал ва ногаҳон ҷамъияти моро тарк кард. Танҳо баъди рафтанаш дарк кардем, ки чӣ шахсияти воломақом ва чӣ инсони камназирро аз даст додаем. Дар чорабинии китобҳои устод Мусулмониён ба андешаи ҷойгоҳи  бузургон дар ҷомеа ва эҳтироми шахсиятҳо дар замони дар қайди ҳаёт будани онҳо дода шудам. Ҷамъомадагон аз донишу заковат, хидматҳо ва инсонияти устод Мусулмониён замоне ёд мекарданд, ки вай дар қайди ҳаёт аст. Бо вуҷуде, ки шинохти комил аз эшон доштам, дарк кардам, ки боз ҳам ӯро намешинохтаам. Рустами Вҳҳоб ҳам ба ҳамин ишора кард: ҳар қадар гуфтем, боз мебинам, ки ҳоло чизе нагуфтем.

Шахсияти истисноии профессор Мусулмониён

Дар нишаст сифатҳои инсонии профессор Раҳими Мусулмониён мавриди сӯҳбати гарм қарор гирифт ва нуктаҳое гуфта шуданд, ки дар як мақола имкони овардан надоранд. Профессор Баҳриддин Камолиддинов фаромӯш ҳам накардааст, ки Раҳими Мусулмониён дар аввал донишҷӯи ихтиёрӣ буд. "Аммо зарфи як сол ончунон бо завқ омодаи дарсҳо буду фаъол буд, ки ҳама гуфтем: ин бача бояд қабул карда шавад. Раҳимҷон инсони кушодадил аст ва миёни мо маҳбубияти зиёд дорад. Метавон гуфт, ки зиёии асил аст ва ҳар касро шарафи чунин маҳбубият миёни устодону шогирдон намекунад. Шахсан ман ифтихор мекунам, ки бо чунин шахс саодати ҳамнишинӣ ва ҳамкорӣ доштам",-гуфт олими шинохта.

Рустами Ваҳҳоб хеле хотироти ҷолиберо аз гузаштаи устод ҳикоят кард. Аз ҷумла аз барномае ёд кард, ки бо ташаббуси устод роҳандозӣ шуд ва ҳадаф ҳам он буд, ки шахсиятҳои маъруфи фарҳангӣ худро миёни донишҷӯён андозанд ва мустақим бо онҳо ҳамсӯҳбат шаванд. Аз сӯи дигар вай мехост донишҷӯён аз ҳамин овон нишастан дар ҳузури бузургонро омӯзанд, аз сӯҳбатҳояшон мустақиман баҳравар шаванд.  "Дар он хеле аз шахсиятҳои бузург даъват шуданд ва ба сони як маҳфили озод ва муфид фаъолият кард",-гуфт ӯ

Ба андешаи Рустами Ваҳҳоб устод Мусулмониён "донишҷӯёнро ба истиқлоли андеша даъват мекард. Масалан, вақте донишҷӯ меомад, ки мавзӯъи рисолаи дипломӣ гирад, устод аз ӯ суол мекард, ки худаш чӣ мавзӯъро пешниҳод мекунад. Яъне, устод мекӯшид донишҷӯ худ пуё бошад ва ба мавзӯъҳои пешниҳодмешуда аҷр мегузошт ва аксар маврид тасдиқ мекард ва ё бо каме таҳрир иҷоза медод, ки ба таҳқиқ пардозад".

Турсунзодаситезии устод: воқеъият аст ё бофтаи тахайюл?

Ва ин бахш аз фаъолияти устод дар нишаст аз ҷониби Рустами Ваҳҳоб ёдоварӣ шуд. Дар аввали солҳои 90 Раҳими Мусулмониён қатори дигар андешаҳое, ки ҷомеа омода набуд онро бипазирад, дар бораи баъзе сабки нигориш ва гузориши масъала дар ашъори устод Мирзо Турсунзода мақола чоп кард, ки аз ҷониби аҳли зиё пазируфта нашуд. Баҳсҳо атрофи ин мавзӯъ ба назар мерасид баъзан ифротгароёна сурат мегирифтанд ва муаллифони мақолаҳои ҷавобӣ мекӯшиданд аз воқеъият дуртар сӯҳбат кунанд.

Рустами Ваҳҳоб дар нишасти ёдшуда зарур донист, ки ин масъаларо рушан кунад ва даъвои мунаққидони устодро иштибоҳ хонд. "Устод аслан зидди осор ва шахсияти Турсунзода набуд, балки интиқоде аз баъзе шеърҳояш дошт. Масалан, дар Эрон шахсияти Турсунзода, осор ва баёни ӯ маҳз аз ҷониби устод Мусулмониён муаррифӣ шуд. Устод шахсиятҳое чун Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собирро шогирдони мактаби Турсунзода муаррифӣ намуд. Яъне, аз назари Раҳими Мусулмониён Турсунзода шоири соҳибмактабе буд, ки дар он шоирони тавоное чун Қаноату, Лоиқу Бозору Гулрухсор сабз шудаанд ва баъзе аз онҳо чун Мӯъмин Қаноат дар сатҳи байналмилалӣ маъруфият пайдо карданд. Ва дар шинохти эронии Мирзо Турсунзода профессор Раҳими Мусулмониён корҳои шоистаеро анҷом дод, ки дигарон ин гуна хизмат наметавонистанд бикунанд.

Руҷӯъи охир

Маҳфил ба поён расид ва ҳамагон ҷониби коргоҳи худ шитобиданд. Утоқи бузурге бӯи устод Мусулмониён мекард. Ба рафҳои пур аз китобаш менигарам ва тасаввур мекунам, ки ба ҳар кадоми онҳо чандин бор даст бурдааст, варақ задааст, мутолиа кардааст. Замоне ин китобҳо моли ӯ буданд ва хидмати ӯро мекарданд. Вале ҳоло хидмати дигаронро хоҳанд кард. Зеро устод дигар ниёзе ба онҳо надорад. Ва сарвати дигаре ҷуз китоб надошт. Ёдам аз суханони Носирҷон Салимов мерасад, ки мегуфт теъдоди басо бузурги китобҳои устод Мусулмониён ҳоло дар Эронанд, ки кӯшиш мешавад оварда шаванд… ва ба тасаввурам омад, ки яқинан миёни онҳо се сумка китобе, ки дар Ишқободу Боку аз кӯчае ба кӯчаи дигар мо мекашидем, низ ҳастанд...



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Сафар АбдуллоҳGuest 21.11.2013 11:58
Бародар,Бобоҷон мақолаи хуб аст ,вале ба ҳеч ваҷҳ набояд эшонро "фақид" гуфт:
"ин бор сухан аз устоди фақид Раҳими Мусулмониён аст... " Дар истифодаи вожаҳо эҳтиёт бояд кард!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi