09:43:06 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Рустами Ваҳҳоб: «Шеъри бузургро виҷдони бузург меофарад»

-Устод, Шумо масъули бахши назм дар маҷаллаи миллӣ - адабии "Садои шарқ" ҳастед ва ҳар шеъре, ки дар маҷалла чоп мешавад, аввал аз назари Шумо мегузарад. Вазъи назми муосири тоҷикро, ки атрофаш имрӯзҳо сару садоҳои зиёд баланд мешавад, чӣ гуна баҳо медиҳед?

01.rustami-vahhob 2013-Вазъи назми имрӯз вазъи рӯзгори мост. Вақте ки мо дар бораи назм қазоват мекунем, бояд тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, маънавӣ ва илмии кишварро ба назар бигирем. Мо одат кардаем, ки ҳама чизро аз шеър бихоҳем. Албатта шеър ҳамеша парчамбардори афкори мо будааст ва аз ин рӯ мо ҳама чизро пеш аз ҳама аз шеър интизор дорем. Аммо набояд фаромӯш кард, ки шеър дарахтест, ки реша дар замини ҷомеа дорад.

Масалан, вақте, ки Фирдавсӣ "Шоҳнома"-ро менавишт, садҳо вожаҳое аз тамоми бахшҳои зиндагии иҷтимоиву илмӣ ва маънавӣ дар ихтиёр дошт, ки онҳо ба гунаи худ шеър ва дар айни ҳол онҳо истилоҳоти илмӣ низ буданд. Имрӯз шоири мо дар маҳдудаи интихоби вожагонӣ қарор дорад. Дастгоҳи шеър пеш аз ҳама гардон аст ба воситаи калимаҳо. Ва шоири тоҷик то чӣ ҳудуд калимаҳои ноби тоҷикиро аз ҳаёти илмиву фарҳангии мо дар ихтиёр дорад, ки онҳо тавонанд пирояи шеър бошанд.

Инро бояд дар назар гирифт, ки сатҳи андеша ва тафаккури илмиву маънавии мо дар чӣ ҳад аст ва шоир ё хонандаи мо дар чӣ сатҳ меандешад. Фарз кардем, агар мо як шоири нобиғае пайдо кардем, то чӣ ҳад метавонад суханашро тӯлу баст бидиҳад, то чӣ уфуқҳои густариш бидиҳад, ки дархӯри завқ ва пазириши ҷоемаи мо бошанд, яне ӯро бихонанду бифаҳманд.

- Устод, дуруст гуфтед, шояд як сабаби аз шеър дур мондани мардуми мо ҳам дар ҳамин бошад, ки он забоне, ки бо он шеър офарида мешавад, забоне нест, ки дархӯри завқи мардуми мост ва дар аксар ҳолат ҳатто намефаҳманд, ки шоир чӣ гуфтан мехоҳад…

-Мардуми мо чандон аз шеър дур ҳам намондааст, баръакс ман истиқболи мардумро нисбат ба шеър муфрит ё дар ҳадди ифрот медонам.Зиндагиву рӯз–гори мардуми мо омехта бо шеър аст. Ва ин ки мегӯянд тоҷикон табиатан шеърдуст ҳастанд, ин гапи як -ду нафар нест, муболиға ҳам нест. Яъне ин сохтори андешаи миллии мо аст, ки майл дорад ба самти андешидан ба гунаи шоирона. Мо дунёро шоирона маърифат мекунем. Агар ба истилоҳи урупоӣ бигӯем ҳамаи мо "румонтик" ҳастем ва аз истидлолу мантиқу абзорҳои дигари андешаҳои илмӣ дида, бештар моил ба андешаҳои шоирона ҳастем. Ва мардуми мо ҳамеша аз шеър истиқболи хуб доштааст.

-Пас чаро шеъри мо имрӯз хонандаи зиёд надорад ва китобҳои шеър харидор?

-Имрӯз ба ин мардум бисёр чизҳое ба унвони шеър дода мешаванд, ки аз сатҳи завқу бинишу сиришти азалии онҳо поёнтар ҳастанд. Вақте мо дар бораи мардуми тоҷик ва табъи адабии он меандешем, бояд бидонем, ки ин мардуме ҳаст, ки деҳқону хокпошаш бо шеъри Ҳофизу Бедил ва Фирдавсӣ унсу улфат дорад ва пора-пора ин шеърҳоро аз ёд ҳам медонад.

Аммо мо бо ин мардум баъзан бо гуфторҳои омиёна ва аз назари фанни шеърӣ ноқис суҳбат мекунем ва агар хонанда шеъри моро напазирад, ӯро муқассир медонему нодон меҳисобем, ки навиштаи моро нафаҳмиду қабул накард. Хонандаи тоҷик чӣ тавр шеъри Бедилро мефаҳмаду моро намефаҳмад ё Турсунзодаро бо ҷону дил пазируфта, достонҳояшро аз ёд медонаду моро намефаҳмад? Айб инҷо ба ҳеҷ ваҷҳ дар мардум нест. Мардуми мо бисёр рағбат дорад ба адабиёт.

-Пас тақсир дар шоирони мост?

-На, дар айни ҳол аз гиребони шоири имрӯз ҳам наметавон гирифт. Шоири имрӯз то чӣ ҳад фурсат ва тавоноиву имкони онро доштааст, ки завқ ва дониши адабии худро такмил диҳад. Албатта, ҳар кас бояд ба таври инфиродӣ ва тақозои виҷдони худ дар он роҳе, ки интихоб кардааст, талош намояд. Шоир ҳам бояд ба таври инфиродӣ ба воситаи мутолиаву омӯзиш суханварии худро такмил диҳад. Вале дар айни ҳол як чизи асосӣ - ҳамон маълумоти ибтидоӣ аст, ки дар мадраса омӯзонида мешавад.

Малакаҳо ва истеъдодҳо дар ҳамон хурдсолӣ шакл мегиранд. Масалан, як нафаре, ки метавонад дар оянда шоири муваффақ шавад, дастгоҳи шоирии ӯ мисли устодони адабиёти пешини мо дар 17-18 солагӣ комилан шакл гирифта бошад, то дар боқии умр бо андӯхтани таҷриба ва малакаҳои амалӣ битавонад, ки худро ба ҷое бирасонад. Вақте, ки ӯ дар бистсолагӣ тоза арӯзро ёд мегираду аз меъёрҳои одии санъати суханварӣ бохабар мегардад, барои ӯ фурсати хеле кам боқӣ мемонад, то ин ки шоири хуб шавад.

-Устодони фанни адабиёти ман дар мактаби миёна мегуфтанд, ки сабаби аслии ба шеър таваҷҷуҳи бисёр надоштани мардум дар он аст, ки шоирони имрӯз мисли Турсунзодаву Лоҳутиву Лоиқу Бозор аз дили мардум ва барои мардум наменависанд. Шумо ба ин андеша мувофиқед ё на?

02.rustami-vahhob 2013- То ҷое мувофиқам ва то ҷое на. Вақте мо дар бораи адабиёти даврони Шӯравӣ доварӣ мекунем, бояд дар назар бигирем, ки адабиёт як ҷузи барномавии идеологияи империяи бузурги Шуравӣ буд. Ва захираҳои азиме аз дороии моддиву маънавии кишвар ба ин кор ихтисос дода мешуд. Шоирон бидуни он ки ба шуғли дигар даст бизананд, вуҷуди худро танҳо ба навиштан мебахшиданд. Адиб барои навиштани як асар як сол аз ҳама кор фориғ гардонида мешуд ва болои ҳамон асар кор мекарду зиндагияш аз ҳисоби давлат таъмин буд.

Баъди он ки асар ба вуҷуд меомад, боз барои чанд соли дигар зиндагии ӯро таъмин мекард. Ҳоло нависанда ё шоири мо дар миёни корҳое, ки барои гузаронидани рӯзгори худ шаб то рӯз машғул аст, чанд соате ё дақиқае медуздад, то дарди дилашро рӯйи коғаз оварад. Ва шояд дигар фурсат намеёбаду бо ҳамон тарҳи хомакии аввалин нашр мекунад. Бубинед, фарқи даврони моро аз даврони Шӯравӣ аз замин то осмон аст. Вале бо вуҷуди ин касе иддао мекунад, ки имрӯз шеъри мо ё адабиёти мо ҳеҷ пешрафте надоштааст, иштибоҳ мекунад.

Масалан, бисёре аз шеърҳои шоирони муваффақи даврони Шӯравӣ, ки дар даврони ҷавонияшон навиштаанд бо шеърҳои шоирони ҷавони имрӯзи мо қобили муқоиса нест. Шеърҳои шоирони ҷавони мо аз назари ҳунари шоирӣ, шинохти шеърияти сухан ва парвози андеша бо беҳтарин офаридаҳои шоирони даврони Шӯравии мо баробаранд. Аммо ба монанди пораҳои тилло дар байни маъдани бузурге, ки боқии онро ҷинсҳои гуногун ташкил медиҳанд, нуҳуфта мондаанд. Имрӯз мо як нақди адабии қавӣ мехоҳем, ки пеши роҳи ҷараёни ҳарзагӯиро боздорад. Он ҷараёне, ки дар мавҷи сели худ ин намунаҳои асилро нопадид мекунанд.

-Устод бархе мегӯянд, ки адабиёти бузургро хонандаи бузург меофарад, бархеи дигар ба он боваранд, ки нақди бузург. Ба пайдоиши назми бузург чӣ бештар тасиргузортар аст?

- Шеъри бузургро виҷдони бузург меофарад. Умуман ҳар асари барҷастае, ки дар дунё мондагор аст, зодаи як виҷдони бузургу бедор аст. Виҷдон ҳамон дард аст. Зеро маҳз дард маншаи ҳама гуна халлоқиятҳо мешавад. Иқбол мегӯяд, ки:

Баҳри инсон чашми ман шабҳо гирист,

То даридам пардаи асрори зист.

- Ман ҳамчун як хонанда вақте аз маҷаллаи "Садои шарқ" ё аз китобҳо намунаҳои  шеъри тоҷикиро мехонам, дар ашъори баъзе аз шоирони ҷавони мо истифодаи калимаҳои иқтибосии арабӣ ва барои хонандаи тоҷик то ҷое номафҳум ё истифодаи таъбирҳо аз забони имрӯзаи Ирон зиёд ба чашм мерасад. Гумон мекунам инҷо тақлиди кӯр-кӯрона ба шоирони ин кишвар аст ва …

- Агар ин суолро аз як андешаманд, адиб ё шоири иронӣ мепурсидед, ман мутмаинам, ки он нафар ба шумо посух медод, ки мо муштоқи он ҳастем, ки шоирони мовароуннаҳрии мо бо забони зиндаи ҷории худ шеър гӯянд. Онҳо аз шеъри мо он калимоти нобу дурахшонеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки дар шеъри Рӯдакиву Фирдавсӣ ҳаст ва дар Ирон то ҷое фаромӯш шудааст. Баъзан худи ирониҳое, ки ҷавонони мо ба онҳо тақлид мекунанд, гӯиши тоҷикиро меписанданд.

- Дар чанд мақолаи нақдие, ки ман аз Мубашшири Акбарзод хондам, ӯ дақиқкорона на танҳо аз навиштаҳои шоирони навқалами мо, балки ҳатто аз баъзе шеърҳои устодоне чун Бозору Фарзона ғалатҳи вазнӣ дарёфтааст. Сабаби зиёд ба чашм хӯрдани ғалати вазнӣ дар осори шоирони мо дар чӣ бошад, шояд дар оне, ки бо кириллӣ менависанд?   

- Албатта ин ҳам ҳаст, аммо як чизи дигарро бояд гӯям, ки адабиёт ба унвони як илм дар гузашта он чизе буд, ки мо онро имрӯз филология мегӯем. Сарфу наҳв, матншиносӣ,баён, балоғат ва чанд илмҳои дигар ҳама ҷузъҳои илми адабиёт буданд. Ман масалан, имрӯз бисёр ишибоҳотро дар шеър аз он мебинам, ки хонанда ё нависанда намедонад, ки ҳар байт як ҷумла аст. Ё ҷумлаи мураккаби тобеъ, ё ҷумлаи мураккаби пайваст ва ғ.

Мо бояд ба шеър аз назари сарфу наҳв, арӯз, қофия, балоғат нигоҳ карда тавонем. Ин гуна иштибоҳоте, ки Шумо гуфтед дар шеъри аксари шоирони мо, ки аз мадрасаи суннатии адабиёт дур мондаанд, дида мешавад. Ман мутахассиси арӯз ҳастам, аммо дар шеъри ман ҳам ғалатҳои вазнӣ ҳастанд, ки баъзан худам пай мебарам, баъзан Мубашшир. Аксаран, он шеърҳое аз ғалатҳои вазнӣ эмин мемонанд, ки ман онҳоро бо ҳуруфи форсӣ менависам. Масалан мо на танҳо у ва у-и дароз, балки и ва и-и дароз ҳам дорем. И-и дароз дар алифбои суннатӣ дар байни калима ҳам бо ҳарфи ё-и форсӣ ишора мешавад. Имрӯз бисёриҳо и-и калимаи "гирад"-ро кӯтоҳ талаффуз мекунанд, дар ҳоле, ки дар навшити форсӣ он бо ҳарфи - ё навишта мешавад.

- Дар шеъри сафед чӣ?

- Дар шеъри сафед ҳам. Базеҳо гумон мекунанд, ки бо даст задан ба домани шеъри сафед аз масъулияти равон гуфтан ё мавзун гуфтан озод мешаванд, ки ин фикри ғалат аст. Он касе метавонад дар шеъри сафед муваффақ шавад, ки дар арӯз ба авҷи қудрат раисдааст, зеро ритм ва равонии шеъри сафед қонуну қоидаҳое дорад, ки хеле нуҳуфтатаранд аз он чӣ ки дар арӯз барҷастатар аст. Ва шоир бояд онҳоро шиносаду риоя намояд. Ва набояд фаромӯш кард, ки ҷони наср ҳам ритм аст. Насре, ки ритм ва мусиқии дарунӣ надорад, бо вуҷуди доштани сужаи ҷолиб ҳам ба табъи хонанда писанд намеафатд.

-Хуб устод, ташаккур барои суҳбати самимӣ

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi