21:02:14 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳабибулло Абдураззоқов: "Айб дар тамошобин не, дар театрҳои мост"

Ҳунари волои Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов эҷодкоронро илҳом додааст, барои комёбии нависандае чун Икромӣ мусоидат кардааст, ҳунарпешагони ҳамкорашро барои ҷустуҷуҳои тозаи эҷодӣ сафарбар намудааст…

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов аз зумраи маъруфтарин ҳунармандони кишвар маҳсуб ёфта, дар синамову театр нақшҳои зиёдеро офаридааст ва чун коргардон дар театрҳои тоҷик зиёда аз 30-намоиш таҳия кардааст. Чанд муддат дар вазифаи раиси Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Баъдтар театри хусусии "Падида"-ро таъсис дода, айни замон дар ҳамин театр фаъолият дорад….

1.habibulloh 20062013-Устод, ташаккур, ки барои суҳбат розӣ шудед. Бо Шумо ҳамчун як ҳунармади солору саршиноси мо, ҳамчун як ҳунарманде, ки дар театру синамои кишвар таҷрибаи зиёд дорад, мехоҳем атрофи вазъи имрӯзи театру синамои кишвар суҳбате дошта бошем.

-Ташаккур. Ман ҳоло дар театри "Падида" кор мекунам. Театри "Падида" дар як иморате ҷойгир аст, ки асоси тамоми ҳунари Тоҷикистон аз соли 1929, замоне, ки ҳанӯз на театри опера буд, на театри Лоҳутиву Маяковский ва Тоҷикистон нав чун давлати мустақил ба ҳайати Шӯравӣ пазируфта шуд, дар ана ҳамин бино таҳкурсии театрҳо гузошта шудааст. Аввалин драма, аввалин суруд, аввалин оркестр, аввалин коргардону оҳангсоз низ дар ҳамин ҷо фаъолияти худро оғоз кардаанд. Барои он ин чизҳоро мегӯям, ки инҳо то андозае дар олами театрии тоҷик фаромӯш шудааст. Ҳамон муқаддасот, ҳамон патриотизм, ҷонро фидо кардан барои ҳунарро фаромӯш кардаем.

-Пас вазъи театру синамои кишварро имрӯз чӣ гуна мебинед?

-Файласуфе гуфтааст, ки ба кадом кишваре равӣ, аввал аз театрҳои он дидан кун. Агар театри он кишвар обод бошад, драмнавису коргардону бозигарҳои хуб дошта бошад, ин нишонаи пешравии ҳамон миллату ҳамон давлат аст. То он бадбахтиҳое, ки ба сари миллати тоҷик дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта омад, театри тоҷик чун бузургтарин театр дар собиқ Шӯравӣ шинохта шуда буд, Тоҷикистонро макони театр мегуфтанд.

Мо Маскав, Петербург ё Тбилисиву Тошканд равем, мегуфтанд, ки театри тоҷик омад ва албатта Гран-прӣ аз онҳост. Спектакли тоҷикӣ бошад ҳама ҷамъ мешуд, гирди театри Фаррух, театри Барзу, театри Лоҳутӣ ё ҷавонон. Ҳунарманду коргардон ва рассомону бозигарони бузург ҳам кино ва ҳам санъати театрии моро дар тамоми дунё муаррифӣ карда буданд.

-Пас чаро имрӯз ин гуна нест?

-Агар бо забони мардум оддӣ карда гӯем ба театру синамои мо чашм расид. Хуб дар пайи он воқеаҳои маълум қариб 10-сол театрҳо кор намекарданд, нооромӣ буд, мутахассисони хуби мо аз инҷо рафтанд. Драмнависони хуби мо мисли устод Икромиву Улуғзодаву Фотеҳ Ниёзиву Фазлиддин Муҳаммадиеву Меҳмон Бахтиву дигарон ё пир шуданд, ё фавтиданд ва ё Тоҷикистонро тарк карданд. Дар театри имрӯзаи мо, ки ана чанд моҳ пеш фестивали "Парасту"-ро гузаронид, мутаассифона чизи нав пайдо нашуда истодааст.

На аз ҷиҳати драматургия, на аз ҷиҳати ҳунарӣ ё кори коргардонӣ. Сол ба сол театри тоҷик аз миқёси ҷаҳонӣ поёнтар мераваду заифтар мешавад. Бингаред, ҳатто дар театри Лоҳутӣ ё дар Вазорати фарҳанг студияи драмнависҳо нест. Улуғзодаву Икромӣ нестанд. Дигар Ғанӣ Абдулло нест. Бояд Вазорати фарҳанг, Ҳукумати Тоҷикистон бо нияти хуб пул ҷудо карда, курсҳои драмнависиву коргардонӣ ва актёрӣ ташкил кунанд. Театрро кӣ меофарад? ин бовар дорам, и режиссёр бошад, театр мешавад.

-Аммо дар Тоҷикистон театрҳои зиёде фаъолият доранд…

-Албатта, дар ҳама ҷо театрҳо кор мекунанд, дар Кӯлоб, Бадахшон, Хуҷанд, Конибодом, Қурғонтеппа. Ин театрҳо кӯшишҳои зиёд доранд. Ин хуб аст, аммо афсӯс, ки драматургия надорем. Боз мегӯям, ки асоси театр режиссура ва драматургия аст.

-Шояд як сабаби аз нигоҳи мардум то ҷое дур мондан, ба завқи тамошобин нахӯрдан ва холӣ будани толори театрҳои мо ҳам дар ҳамин бошад?

- Бале, вақте мо охири солҳои панҷоҳум ба фаъолият шуруъ кардем, танҳо ҳафт дарсади аҳолии Душанбе тоҷик буду халос. Ҳафт дарсадро бинед, ки театрро чӣ қадар обод мекарданд. Шумо бовар мекунед, ки дар театри Лоҳутӣ билет пайдо карда наметавонистанд мардум. Театр ҷойи ҳар зиёиву коргару деҳкон буд. Ҳар нафаре, ки ба Душанбе меомад, аввал аз театри Лоҳутӣ дидан мекард. Ҳоло 95 дарсади аҳолии Душанбе тоҷик аст.

Аммо даҳ соли охир ҳамеша театрҳо холӣ. Он зиёиву он тамошобине, ки омада, дар назди хазинаи театр банавбат меистод куҷо шуд? Бубинед, кор дар Тоҷикистон соати 5 -и бегоҳ тамом мешавад. Ҳоло ягон театри тоҷик пас аз соати 6-и бегоҳ намоиш нишон намедиҳад. Тамошобин хоҳад ҳам, корро партофта чӣ хел ба театр меояд? Ба ҳамин ҳам қудрати театрҳо нарасида истодааст, ки намоишҳоро пас аз соати 6:30 сар кунанд. Замоне, ки мо кор мекардему театр обод буд, намоиш соати ҳафт ё ҳашти бегоҳ сар мешуд. Он вақт тамошобин меомад, ҳоло тамошобин театрро комилан фаромӯш кардааст.

-Ҳамкориҳои адибону ҳунармандони театр ҳам густардатар буд…

-Бубинед, театри Лоҳутӣ оркестр дошт, театри Маяковский оркестр дошт, композотирҳову адибон дар атрофи театр буданд. Турсунзодаву Улуғзодаву Икромӣ ва дигар нависандаҳои бузурги советии тоҷик дар театри Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд. Онҳо дар театр кор мекарданд, ҳар як намоишро панҷу шашборӣ медиданд. Театр бояд асоси таҳрики зиёиёни мамлакат бошад. Сабаби қафомонии ҳунари театрии мо дар он аст, ки ба қадри ҳунарманд намерасем.

Театри Лоҳутӣ рӯбарӯи масҷиди марказист ва замони ободии театр мардуми аз масҷид дида, ба театр бештар меомаданд. Ҳоло чӣ? Қобили қиёс ҳам нест. Кишвари мо кишвари дунявӣ аст. Кишвари демокративу дунявӣ бо оркестру театри худ зинда аст. Масҷид рафтан хуб аст, аммо дар қатори масҷид боз театр раванд, андешаи мардум ҷаҳонӣ мешавад.

-Бархе ҳунармандони мо мегӯянд,ки дар театрҳои тоҷик намоишҳои хуб таҳия мешаванд, аммо мардум таваҷҷуҳ надоранд, чун асри синамову интернет аст.

- Ин аслан фикри нодуруст аст. Агар намоиши хуб бошад, тамошобин меояд. Спектаклҳои Фаррух Қосимов куҷое мешуд, толор лабрези тамошобин мешуд. Театрҳо бояд тамошобинро ба худ ҷалб карда тавонад, намоиши хуб бошад, дар ҳама давр тамошобин барои диданаш меравад.

-Чанде қабл ҷашнвора- озмуни театрии ҷавонон "Нигоҳи нав" дар Душанбе баргузор шуд. Оё Шумо намоишҳои ин ҷавононро дидед ва ба ҳунари ҷавонони мо чӣ баҳо медиҳед? Мешавад ба онҳо умед баст?

- Ман хеле шод шудам аз дидани намоишҳои "Нигоҳи нав". Ин дуввумин ҷашнвораи "Нигоҳи нав" буд ва хуб ҳам буд. Лекин эълони онро ду моҳ пеш аз озмун не, барвақттар додан даркор, то ҷавонон хубтар омода шаванд. Ҷашнвораи аввалаашон аз имсола хеле беҳтар буд. Имсол нигоҳи нав камтар буд. Барои он ки эълони озмунро дертар доданд.

-Бархе гуфтанд дар "Нигоҳи нав" ҷавонони хаваскор ҷамъ омада буданд…

- Аксари иштирокчиёни "Нигоҳи нав" донишкадаи санъатро хатм карда буданд. Онҳо касбӣ ҳастанд. Аммо малакаашон дар режиссураву бозигарӣ камтар аст. Барои ин бояд кор кард ва ин осон ҳам ба даст намеояд. Ҳеҷ касс аз модар режиссёр ё актёр таваллуд намешавад.

-Чанд сол аст, ки Шуморо дар синамои тоҷик намебинем. Барои нақш офаридан коргардонҳо даъват мекунанд?

2.habibulloh 20062013-Рости гап маро бисёр даъват мекунанд, аммо ман мегӯям, ки аввал филмномаро хонам, баъд тасмим мегирам. Вақте филмномаро мехонам, дарк мекунам, ки бисёр ноуҳдабароёна, бисёр сатҳӣ навишта шудааст. Аз ин рӯ ман барои даъваташон ташаккур мегӯяму розӣ намешавам. Охирон филме, ки ман нақш бозида будам, филми "Дар орзуи падар" буд. Барои он ки аввалан романи хуб буд ва режиссурааш ҳам бад набуд. Қодирӣ коргардони бомаҳорат аст. Барои ҳамин ҳам ин филм машҳур шуд, мардум дӯст дошт.

-Бо коргардонхои хориҷӣ ҳамкорӣ надоштед?

-Ман дар тӯли ин 10-сол дар Ирон дар як филми 56-сериягӣ нақши асосиро бозидам. Дар Олмон дар як филм нақш офаридам, ки он филм ҳам Гран-прии ҷашнвораҳои ҷаҳониро гирифт.

-Ба синамои мо чӣ намерасад?

-Ман бисёр мехоҳам, ки дар кино ҳам режиссёри касбӣ бошад, сенарияи хуб бошад, ҳунармандҳои хубро ҷалб кунанд, буҷаи хуб дошта бошад. Азбаски аксари филмҳо сатҳӣ офарида мешаванд, ман намехоҳам иштирок кунам. Ман намехоҳам, ки дар пириям гӯянд, ки Ҳабибуллоҳи Асад Махсум, Ҳабибуллоҳи Бадриддинро имрӯз бинед дар чӣ филме нақш офаридааст.

-Барои дар сатҳи баланд таҳия кардани филм аз ҳама муҳим маблағ аст ё садоқат ба касб? Дар давраи аввал намешавад, ки бо маблағи камтар, аммо бо ҳунармандону режиссёри хуб ва сенарияи комил филми хуб омода кард?

- Масалан барои як филм ман Америкаро намегӯям, ана Қазоқистонро мегирем, онҳо филми хурдтаринро бо 10-15 миллион доллар мегиранд. Ҳатто дар Афғонистон 5-6 миллион доллар барои як филм масраф мекунанд. Дар мо касе ҳанӯз бо сад ҳазор доллар филм набардоштааст. Як метр лента 10 доллар аст. Барои як филм зиёда аз 25 ҳазор метр лента даркор аст. Худи ҳамин 300 ҳазор доллар арзиш дорад. Боз барои лабаратория кардани ин лента ҳамин миқдори дигар маблағ лозим мешавад. Шумо бояд либос дӯзед, декоратсия кунед ва боз ҳазор кори дигар. Гуфтаи Шумо дуруст аст, аммо бояд гуфт, ки барои камбағалтарин филм ҳам камаш ду миллион доллар даркор аст.

-Дар мо ба 10-15 ҳазор доллар ҳам филм мегиранд…

- Бале, спонсорҳои мо мехоҳанд, ки ба панҷ ҳазору даҳ ҳазор доллар филми хуб таҳия шавад. Ин албатта кӯшиши беҳуда аст, синамои тоҷик чӣ хеле, ки ҳаст ҳамон хел мемонад.

-Шумо дуруст гуфтед, барои сабти як филм дар Ҳолливуду Болливуд миллионҳо доллар сарф мешавад. Лекин пас аз таҳияи филм онҳо маблағи сарфкардаи худро чандин баробар бештар карда, ҷамъ меоваранд.

- Албатта, ин тиҷорат аст.

-Лекин филми тоҷикӣ бо ҳамин гуна маблағи ҳангуфту режиссёру сенариянависи хуб ҳам таҳия шавад, оё ҳамон маблағашро дубора ҷамъ оварда метавониста бошад?

- Мешавад, филми хуб бошад, тамоми дунё мехарад. Филми "Марги судхӯр" дар қатори садгонаи беҳтарин филмҳои дунё қарор гирифтааст. Ҳоло ҳам имкон дорад. Мо адабиёти хуб, торихи хуб дорем, як "Шоҳнома" сенарияи садҳо филм шуда метавонад.

- Филмҳои тоҷикии замони Шӯравӣ, ки бисёр касбиву бомуваффақ офарида шудаанд, ҳамин гуна буҷаи бузург доштанд?

- Албатта, як империяи бузург онҳоро малағгузорӣ мекард. Буҷаи филмҳои "Рустаму Суҳроб", "Достони Сиёвуш", "Қисмати шоир" ва "Марги судхӯр" аз филмҳои Амрико кам набуданд. Барои таҳияи онҳо миллионҳо рубл сарф мешуд. Аммо як чизи дигарро мехоҳам гӯям, хазинаи он филмҳои тоҷикие, ки дар замони Шӯравӣ офарида шудаанд, дар Маскав аст. Мо инҷо шакли позитиви онҳоро дорем, негативҳо дар Маскав нигаҳдорӣ мешаванд. Пас аз ҳар чанд сол ин позитив куҳна мешавад ва боз бояд аз негативи Маскав нашр карда оварем. Лекин он чизе, ки ҳаст дар хазинаи Маскав ба мо барои 500-сол кифоя аст.

- Имкон нест, ки ҳамон шаклҳои негативии филмҳо аз Маскав оварда шаванд?

- Онҳо намедиҳанд. Негатив қимат аст. Негатив 1000-сол Русияро мехӯронад. Баъдан, мо барои нигоҳ доштани онҳо ҷой ҳам надорем.

-Хуб устод, ташаккур барои суҳбати самимӣ

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi