12:45:27 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

ГУЛРУХСОР САФИЕВА: «ИСТИҚЛОЛ БАРОИ МАН ОН АСТ, КИ МОДАР БО СЕ БАЧААШ СЕР БОШАД»

Дар толори маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ воқеъ дар бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиши навбатии маҳфили профессор Иброҳим Усмонов «Гуфтугӯи тамаддунҳо» баргузор гардид.

/images/stories/2012/12/11_2-ibrohim-usmonov-111212.jpgИн даъфа аъзои маҳфил, ки умдатан аҳли зиё ҳастанд, ба сӯҳбати мизи мудаввар Шоираи Халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиеваро даъват карданд. Сӯҳбат дар атрофи мавзӯи «Фаҳмиши миллат аз нигоҳи Гулрухсор» сурат гирифт.

Гулрухсор баъди ибрози ташаккурӣ аз даъват ба маҳфил ёдовар шуд, ки дар солҳои шастуми асри гузашта ӯ ва дӯстонаш Бозор Собиру Лоиқ Шералӣ яке аз аввалин зиёиёне буданд, ки вожаи миллатро дар шеърҳои худ истифода бурданд.

«Мо ба воситаи ҳамин вожа, ҳамчун як ормону орзуи худ, умеди худ хостем бигӯем, ки мо кадухӯрак нестем, ширчойхӯрак нестем. Мо ҳам шоҳ  будему ва ҳам доштем. Мо ба воситаи ҳамин вожаи миллат, ки бисёриҳо намедонистанд, чӣ ҳаст, хостем арзу ниёз кунем ва кардем. Хуб мушт ҳам хӯрдем.

Ман нуқтаи назарамро оиди миллат дар ин шеърам гуфтаам:

Миллати ман, миллати борон,

Чашми ҳузни сарнавиштат он қадар аз гиря саршор аст

Ки дар олам чанд анҳори дигар тӯфонӣ хоҳад шуд.

Миллати ман, миллати хокӣ, меҳрабони дард,

Ҳамзабони дард, боғбони дард.

Мазраи андӯҳи худро кишт манмо, кишт манмо,

Ки дар олам тухми ғам арзонӣ хоҳад шуд.

Миллати ман, миллати андарз,

Устоди ношиноси ҳикматистони ҷаҳон,

Ҳар қадар ҷоҳу ҷалолатро ба хоки раҳ кашиданд,

Он қадар дар шишаи нилобии ашкам

Фазлу фарҳанги туро рахшанда мебинам.

Гарчи дирӯзи туро бо насли худсӯзи ту куштанд,

Нури эҳёи туро дар дидаи оянда мебинам.

Миллати ман, миллати оинадори сирати худро надида,

Аз дилу аз дидаву хунат сели ҷаҳлу фитна бигзашт.

Навбати рахшидани нуру сафои чашмасорон аст.

Миллати ман, миллати хуршед.

Қисмати ту аз азал худсӯзиву зулматфурӯзист.

Разми ту бо деви зулмат амри яздон аст.

Миллати ман, миллати борон,

Миллати ман, миллати андӯҳ,

Миллати ман, миллати андарз.

/images/stories/2012/12/11_1-gulrukhsor-safieva-111212.jpgИн аст фаҳмиши ман аз миллат. Ман на аз Кова гуфтааму на аз Рустам. Миллат барои ман ҳамчун як модари таҳқиршуда, бечора, гушнаву ташна бо бачаҳояш мебошад. Дар хонаи худаш бехона. Фаҳмиши ман ҳамин аст аз миллат. Ман мехоҳам бигӯм, ки вожаи миллат барои Тоҷикистон мисли ҳамин истиқлоли мо, орзуҳои мо ҷавон аст.

Русҳо тарҷеҳ медиҳанд, ки камтар аз миллати рус ҳарф бизананд, оҳиста ҳарф мезананд. Зеро намехоҳанд, ки ба иззати нафси дигарон бирасанд. Дар Эрон миллати Эрон мегӯянд. Ба он маънӣ, ки курд ҳам эронӣ ҳасту лур ҳам эронӣ ҳасту турк ҳам. Дар маҷмӯ ҳама миллати Эронанд.

Дар ин ҷо вожаи миллат маънои Ватанро медиҳад. Аммо он миллате, ки ман мегуфтаму Бозор мегуфту Лоиқ мегуфт, ин ҳамон миллати мо ҳаст, ки ҳамон модари мо ҳаст, ки мехостем онро бишносонем ва ба воситаи модарамон худамонро бишносонем. Ҳамаи гапҳои мо ба ҳамин хотир буд, ки мо ҳастем. Мо миллат ҳастем.

Ин миллат ҳоло зинда ҳаст. Чанд нафар намояндае дорад, ки пояшро зер кунӣ, садо баланд мекунад. Барои ҳамин ҳам вожаи миллатро ҳамчун халқ ва ҳамчун ормону орзуи шоиронаи се чор шоире, ки якеаш дар зери хок аст, якеаш дар замини бегона чою нони бегонаро мехӯрад. Якеаш дар ҳамин ҷо ҳаст, ки ҳатто дар рӯзи забони модарӣ даъваташ намекунанд».

Дар идомаи маҳфил Гулрухсор Сафиева ба суолҳои ҳозирин посух дод. Азҷумла дар ҷавоб ба саволи Мӯсо Асозода, раиси «Ассосиатсияи воситаҳои ахбори электронии мустақили ҷумҳурӣ» «Фарқи миллати солҳои шастуми тоҷик аз миллати даврони истиқлолро дар чӣ мебинед» аз ҷумла гуфт:

/images/stories/2012/12/11_3-muso-asozoda-111212.jpg«Мутаассифона, миллатро хушомадгӯёнаш зиёд шудааст, дурӯғғӯйҳояш зиёд шудааст, аз ҳисоби худи мо. Аз ҳисоби онҳое, ки аҳли қаламанд, мутаассифона. Онҳое, ки месӯҳтанд, камтар шуданд. Онҳое, ки гап доранду гапашонро намегӯянд, кам нестанд. Ман худамро танҳо эҳсос мекунам. Ана ҷавоб ба саволи шумо. Дар масъалаи ишқ варзидан ба миллат худамро танҳо эҳсос мекунам.

Шояд аз ҷиҳати ашёву чизу молҳои хитоӣ мо пеш рафта бошем, аммо аз ҷиҳати худшиносиву ифтихори миллӣ мо қафо рафтем, пеш нарафтем. Ё зарурат нест дигар, ё ба ҳадаф расидем? Истиқлол барои ман медонед чӣ ҳаст? Истиқлол барои ман он аст, ки модар сер бошад ва се бачааш дар рӯз ақаллан се дона тухм хӯрад».

/images/stories/2012/12/11_4-akbar-sattor-111212.jpgДар пешгуфтори саволи раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ба ин маънӣ сухан буд, ки мо ба Русия камтар бовар кунем, зеро  аз ин  кишвар вақтҳои ахир муносибати дӯстонаро камтар дида истодаем. Бештар ба дигар кишварҳо такя намоем. Ва аммо савол ин буд, ки чаро мо тоҷикон, аз вазири дар мансаб буда шурӯъ карда, то сатҳи поён миллатамонро ҳамеша паст мезанем? Мо ҳама вақт худамонро паст мегирем, чаро?

Гулрухсор дар посух ба ин савол гуфт, ки «ман худамро ҳеҷ вақт паст нагирифтаам. Ман бояд худамро таъриф кунам. Дар ягон гӯшаи дунё дар ҳузури ман касе ҷуръат карда миллати маро таҳқир накардааст. Ман борҳо садди роҳи чунин кӯшишҳо шудаам. Ҳамон милисаҳое, ки дар Русия бо онҳо сар ба сар мешавам, ба хотир раҳонидани ҳамммилатамро аз чанголи онҳо, ҳатман аз кор ронда мешаванд. Зеро, ки ман то вазираш меравам. Мо ҳамин гуна мубориз надорем. Аз «тоҷикам ман, тоҷикам ман» гуфтани зиёд чӣ фоида? Ягон нафар на дар Домодедово, на дар Шереметево худро тоҷик намегӯяд. Метавонд, ки худро дигар миллат бигӯяд, вале тоҷик не. Зеро медонанд, ки бо тоҷик ҳар кореро бихоҳанд, мекунанд».

Дар ватани мо қонун кор намекунад. Вақте, ки аҳли фарҳанг гушнаву зоранд, ана ҳамин хел мешавад. Хушомадгӯӣ мешавад. Қонун кор намекунад. Айби худатон журналистон, ки миллат имрӯз ҳамин хел шудаст. Як вақтҳо «Чархи гардун» байрақбардори матбуоти тоҷик буд. Мо бо шумо фахр мекардем. Ҳозир чӣ? Мор фалониро газид…Фалонӣ… намедонам… боз чизҳои дигар. Айби мову Шумо ҳаст. «Бигзор гадо бошам, дар хоки Ватан бошам» бадтарин чизеро, ки ман дар умрам шунидам ҳамин чиз аст. Ман аз он ватане, ки дар он гадо бошам, безорам. Ман мехоҳам Ватане дошта бошам, ки дар он шоҳ бошам. Ман барои чӣ ин қадар Ватан гуфтам. Барои он ки омада дар Ватанам гадо шавам, ё дар Русия аробакаш шавам? Россия айб надорад. Мо айб дорем, ки иҷозат медиҳем моро паст бизананд. Намешавад, ки як ҳуҷаттеро миёни Тоҷикистону Русия ба имзо расонанд, ки вазъи муҳоҷирони мо низ мисли муҳоҷирони Қирғизистон хуб шавад? Ҳазору як кас аз пушти эмигрантҳо нон хӯрда истодаанд дар Тоҷикистону дар Русия. Ман дар Русия аз ҷониби касе таҳқир надидаам».

/images/stories/2012/12/11_5-saigjalol-saidov-111212.jpgСаидҷалол Саидов, рӯзноманигор дар тақвияти гуфтаҳои Гулрухсор илова намуд, ки «Замоне буд, ки дар байни садҳо муҳаррирони рӯзномаҳои бачагона ва наврасон Гулрухсори мо болонишин буд. Дар анҷуманҳо ошро ӯзбекҳо мепухтанду суханро Гулрухсор мегуфт. Русҳо гунаҳкор нестанд. Ин моем, ки ба қадри худамон намерасем».

Гулрухсор таъкид кард: «Айби худамон ҳаст. Миллатро фақат зиёӣ метавонад зиёӣ кунад. Мебахшед, ман зиёиёни худамонро дар сатҳе мебинам, ки ба ин наздикӣ миллат сохта наметавонанд. Наваду нӯҳ фоизаш хушомадгӯ, манфиатхоҳ. Мумкин ки сабаби асосиаш дар ҳамин нодориву камбудиҳои рӯзгор бошад. Баъзеҳо кӯдак доранд, баъзеи дигар мехоҳанд бисабзанд. Дар ин миён савдогарӣ авҷ мегирад.

Ман дар як шеърам гуфтаам:

Ҳастӣ Меҳан,

Ҳастии ҳастӣ Меҳан.

Боло зи ҳама баланду пастӣ Меҳан.

Ҳар кизб дар ин диёр ҳизбе дорад,

Ҳизби мани беҳизб ту ҳастӣ Меҳан».

/images/stories/2012/12/11_6-adibai-aziz-111212.jpgШоираи ҷавон Адибаи Азиз дар бораи он сухан гуфт, ки чӣ гуна дар берун аз кишвар Гулрухсор маъруфият дорад ва бисёр мехоҳад, ки ӯ низ мисли ин шоираи маъруфи кишвар дар дилу дидаи мардум бо шеърҳои иҷтимоии хеш маъво дошта бошад. Вале як чиз хотири ӯро мушавваш сохтааст. Маҳалгароии мардуми тоҷик. Дар иртибот бо ин ӯ аз шоира суол кард, ки ба ин падидаи номатлуб чӣ гуна баҳо медиҳад?

Шоира Гулрухсор дар посух ба ин суол гуфт, ки мутаассифона, ин зуҳуроти бади иҷтимоӣ дар даврони шӯравӣ низ миллати моро дунболагир буд. Асосан намояндагони як маҳал раҳбар буданд. «Ман ҳамон вақт ба Лукянов, ки Раиси Шӯрои Олии СССР буд ва шеър ҳам менавишт, дар ҳамин мавзӯъ баҳс кардам. Гуфтам, ки барои ман фарқ надорад, ки раҳбарро шумо аз куҷо меоред. Бигузор ҳатто аз Занзибар бошад.

-Чаро аз Занзибар, худатон доред, гуфт ӯ

- Худамон дорем. Вале ҳамаш аз як маҳал.

-Он маҳал русиро хуб медонад. Дигар маҳалҳо он қадар русиро хуб намедонанд. Ёбеду гиред.

Маҳалгароӣ чизе нест, ки дар як маҳфил онро ҳаллу фасл кунем. Вале он як маразе ҳаст, ки моро дарун ба дарун хӯрда истодааст. Ҳатто дар дигар ҷойҳо медонанд, ки дар Тоҷикистон кӣ аз кадом маҳал аст. Ин бемориест, ки агар мо дар ин наздикиҳо ҳамчун миллат мурем, аз ҳамин беморӣ мемурем.

Дар ҷашни панҷоҳсолагиам  касе ба ман аз маҳалам як даста гул надодааст. Гуфтанд, ки барои чӣ гул диҳем? Дар бораи маҳали худ чизе нагуфтааст. Дар бораи Комсомолобод. Маҳалгароӣ дар ҳама ҷо ҳаст. Дар Қирғизситон, дар Қазоқистон, дар ҳама ҷо ин мараз ҳаст».

Журналист ва нависандаи маъруфи кишвар Нурмуҳаммад Табаров дар бораи нақши маърифат дар ташаккули ҳуввияти миллӣ сухан гуфта  аз ҷумла чунин иброз дошт:

/images/stories/2012/12/11_7-nur-tabarov-111212.jpg«Бисёр андешамандони аврупоӣ ба он назаранд, ки гап дар он нест, ки дар шарёни шумо кадом хун дар ҷараён аст. Муҳим он аст, ки шумо фарзанди кадом маърифатед. Мо дар ҳамин ҳолате қарор дорем, ки ҳамин маърифатро дар зеҳни ҳамин мардум чӣ гуна ҷой диҳем. Фикр мекунам, ки бо лаҳни дурушт дар ин мавзӯъ сухан рондан кори дуруст нест ва самаранок нест. Маърифати иҷтимоӣ, умуман саводи оддӣ дар байни мардуми мо, хусусан баъди ҷанг, коста шуд. Чунк бачаҳо имконияти хондан надоштанд. Ҳозир агар аз ҷиҳати техникӣ як каме пеш рафта бошем, вале аз ҷиҳати ақлонӣ, фикрии устодон, мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар сатҳи миёна мондаем. Мо бояд худи ҳамин системаро такмил бидиҳем. Системае, ки ақл меофарад, ақлро мукаммал мекунад, такмил медиҳад. Фақат  аз гиребони ҳамдигар гирифтану ту бесавод, ту нодон гуфтан ин таҳқири ҳамдигар аст. Ин кӯмак нест, ба фикри ман».

«Ман бо аксари гапҳои Гулрухсор розӣ ҳастам, вале баъзе масъалаҳоро бояд мушаххастар гуфт», изҳор дошт Раҳматило Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон ва дар идома гуфт:

/images/stories/2012/12/11_8-rahmatilo-zoirov-111212.jpg«Якум масъалаи забон. Забон барои миллат муҳим ҳаст. Барои шахси алоҳида муҳим нест. Яъне шахси алоҳидаи милат метавонад забони миллияташро надонад. Ба мисли бархе аз шоиру нависандагони русзабони мо. Онҳоро пурра рус ва ё ғайритоҷик гуфтан намешавад. Ман бисёр мехостам, ки тоҷикон ба забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, туркӣ нависанд. Бисёртар эроншинос не, туркшинос мешудем.

Ҳуввияти онҳоро дарк мекардем. Аз ин кор мо маънавиёти хешро ғанӣ мекардем. Забони русӣ дар заминаи дигар забонҳо бузург шуд. Як мисоли оддӣ. Дар тамоми асарҳои А.С. Пушкин танҳо 21 ҳазор калимаи русӣ истифода бурда шудааст. Агар имрӯз ба фарҳанги русиву ягон забони дигари хориҷӣ назар андозем, мебинем, ки он аз 60 ҳазор калима зиёдтар аст. Се баробар зиёдтар аз забони замони Пушкин».

Дар масъалаи нақши зиёиён дар рушуду нумӯъи миллат Раҳматилло Зоиров чунин гуфт:

«Албатта миллият зинда аст бо зиёиёни худ. Агар дар ҳар соҳа миллият лидерони худро надошта бошад, миллият хор мешавад. Масалан то он замоне, ки Абдураҳмони Ҷомӣ зинда буданд, Алишер Навоӣ садои худро баланд намекард. Дар замони дар қайди ҳаёт будани Ҷомӣ Навоӣ асосгузори пантуркизм нашуд. Дар асри 20  ҳам ҳамин гуна  мисолро овардан мумкин аст. То он замоне, ки Бобоҷон Ғафуров буданд, Мирзо Турсунзода буданд, олимони ӯзбек даъвои ӯзбек будани Абӯалӣ ибни Синоро намекарданд. Аз ин лиҳоз дар давраи муосир чунин лидерҳоро дар байни зиёиён мо дида наметавонем. Мо ҳизби худро ҳизби умумимиллӣ номгузор кардем ба он маънӣ, ки мо дар ин ҳизб минтақагароӣ надорем. Дар Ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон. Мо минтақагароиро инкор мекунем. Лекин аз ҷиҳати сиёсӣ, ҳуқуқӣ эълон кардем, ки мо як миллати Тоҷикистон ҳастем, новобаста аз забону миллиятҳое, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд».

Мирҳусайн Нарзиев, ходими ҷамъиятӣ, низ дар мавриди зиёиён суханҳои қаблан ироашударо ҷонибдорӣ кард.

/images/stories/2012/12/11_9-mirhusain-nazriev-111212.jpg«Ман сад дар сад ба фикри он ки зиёӣ кам шудааст, розӣ ҳастам. Дар ҳақиқат онҳое, ки худро зиёӣ мегиранд 90 дар сади онҳо зиёӣ нестанд. Барои чӣ зиёӣ нестанд? Барои чӣ аҳзоби сиёсӣ он рисолатеро ки бар дӯш доранд ба ҷо оварда натавониста истодаанд? Ба фикри ман ба ин низоми сиёсии кишвар пурра гунаҳкор аст.

Ҳатто мудири кафедра дар сатҳи боло таъйин мешавад. Агар роҳбарон дар ҳама сатҳҳо аз ҷониби халқ интихоб мешуданд, масъала дигар хел мешуд. Дар акси ҳол роҳбар аз боло вобаста ҳаст ва наметавонад танқид кунад, камбудиҳоро фош гӯяд. Агар ин корро кунад, медонад, ки табдил мешавад. Аз он ки дар пеш интихоботи президентӣ дорем, вазифаи зиёиёнро дар он медонам,  талош варзанд то ҳамин интихобот чун дар кишварҳои пешрафта дар мо низ шаффофу демократӣ гузарад».

Дар посух ба суоли профессор Иброҳим Усмонов, ки баъзеҳо забони тоҷикиву дариву форсиро забонҳои алоҳида, вале баъзеи дигар як забон меноманд, фикри шумо чист, шоираи мардумии Тоҷикистон гуфт, ки забони мо забони форсист ва миллатмон тоҷик аст.

Дар охири маҳфил Гулухсор  ин ду шеъри ба тозагӣ эҷод намудаашро барои аҳли нишаст тақдим кард:

Қатли зебоӣ

То даме, ки  дар диле афсонаеро

Аз ҳасодат, бо ҳақорат, бо риё хоҳанд кушт,

Ишқ маҳкуми фаност.

То даме, ки ишқро

Чун барраи қурбонӣ дар пои ҳавас сар мезананд

Хуни ишқи бегунаҳ дар гардани мост.

Қатли ишқе, ки паёми осмонҳост,

Қатли як дилномаи комил

Қатли як афсонаи зебост.

Фасли оби дида

Андалеб аз гулситон пар чиданист

Дарди ман аз шодиям сабзиданист

Бод каф -кафмезанад, дафмезанад.

Гулситон дар марги худ рақсиданист.

Фасли обон фасли оби дидааст.

Беди урён мекунад рақси самоъ

Бо ҳавои чак чаки боди хазон

Ёдҳоро сӯи рӯъё мекашад

Қосидак бо пайки ҳеҷ аз ломакон.

Фасли ҳиҷрон, фасли оби дидааст

Об рӯи шедро пӯшидааст,

Меваи боғи ҳавас ночидааст.

Нам кашида ҷавҳари оинаҳо

Жола ашки ишқи новарзидааст

Фасли борон, фасли оби дидааст

Фасли аз нури таҷалло дури дур.

Фасли ширинталхи умри ашкшӯ

Фасли тоҷи интиҳо бигзоштан

Бар сари хамгаштаи ишқу ғурур

Фасли бешом, фасли оби дидааст

Фасли худро аз ҳама бубриданаст.

Ғайрро аз ошно дуздидан аст.

Пора пора ҷамъ карда хешро

Бар тани маҷруҳи худ дӯзидан аст.

Фасли дардон, фасли борон,

Фасли обон, фасли оби дидааст.

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi