18:51:57 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

ЧАРО ҲУСАЙН НАСРИДДИН ГАПИ БОБОҶОН ҒАФУРОВРО НАГИРИФТ?

Султони Ҳамад

Ё чаро ӯ дигар майли сабт кардани сурудҳояш дар радиои Тоҷикистонро надорад?

Ӯ аз ҷумлаи овозхонҳоест, ки аз солҳои панҷоҳум шурӯъ карда то солҳои ҳаштодуми асри гузашта ҳамеша гули сари сабади маъракаҳои муҳими сиёсиву фарҳангии кишвар будаву басе аз бодаи шӯҳрат нашъаҳо бурдааст. Ҳампешагони тақрибан ҳамсинну соли ӯ устодони машҳури ҳунари мусиқии тоҷик Акашариф Ҷӯраев, Бобоқулака Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Абдулло Назриев, Иброҳим Кобулиев, ҳатто бархе аз намояндагони насли аз ӯ ҷавонтар ба мисли устодон Зафар Нозимов, Одина Ҳошим, рӯҳашон шод бод, мутаассифона, имрӯз на танҳо саҳнаи ҳунар, балки ин ҷаҳони фониро низ тарк гуфтаанду ба олами уқбо пайвастаанд…

/images/stories/2012/11/08_1.husayn-nasriddin_111.jpgҲофизи Халқии Тоҷикистон, Корманди Шоистаи ҷумҳурӣ, Ҳусайн Насриддинов, шукри Худо, бо вуҷуди ба синни 83 солагӣ қадам гузоштан, имрӯзҳо низ солиму бардам ба назар мерасад ва дар тӯю маъракаҳои мардуми водии Ҳисор, балки берун аз ин минтақа низ мавриди пазироии гарми алоқамандони ҳунари воло ва овози марғуладораш мегардад.

Ӯро чун панҷоҳ сол қабл бо шӯру ҳаяҷон гӯш мекунанду аз садои ҷарангосиву гирояш лаззат мебаранд. Чанде пеш мо ӯро дар чунин яке аз маъракаҳо дар ноҳияи Ҳисор вохӯрдем ва аз фурсат истифода бурда бо ӯ сӯҳбати мухтасаре доир кардем. Нахуст аз ӯ дар бораи зиндагиномааш суол кардем.

-Ман 10-уми декабри соли 1929 дар деҳаи Элокии ноҳияи Шаҳри Нав таваллуд шудаам. Мо дугоник будем. Ҳасану Ҳусайн. Бародарам Ҳасан дар солҳои гушнагӣ, панҷсола буданд, ки аз дунё гузаштанд. Падарамро арбоб Насриддин мегуфтанд. Агарчанде аз тарафи ҳукумати амирӣ вазифае ҳам надошта бошанд, вале чун дар байни мардуми деҳа обрӯю иззати баланд доштанд, мардум ӯро бо як ҳурмати хос «арбоб» мегуфтанд, ки маънои раҳбари деҳаро дошт.

Воқеан барои ҳамин ном шуда падарамро солҳои сиюм «душмани халқ» гуфта қариб «тройка» кунанд. Борҳо ба мақомоти қудратии вақт бурда ба гумони мансабдори амир будан истинтоқ кардаанд. Падарам ду зан доштанд. Аз ду модар мо 20 нафар фарзандони арбоб Насриддин ба дунё омадем. Ҳамаи бародарону хоҳарони ман то ин дам, Худо ҷояшонро ҷаннат кунад, аз дунё гузаштанд. Ман тани танҳо мондаам. Инак ҳаштоду сесола шудам. Шаст сол боз муаллимӣ мекунам. Бисту як сол муаллими синфҳои ибтидоӣ будам. Баъдан аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс мегуфтам.

-Мегӯянд ҳамон мактабе, ки Шумо кор мекунед, расман ба номи Шумо номгузорӣ шудааст. Ба назари ман ин хеле аҷиб аст. Чунин мисолҳоеро, ки корхона ва ё муассисаи давлатиеро ба номи корманде гузоранд, ки ӯ дар он ҷо сиҳату саломат кор мекунад, хеле кам вохӯрдан мумкин аст. Дар мо маъмулан қаҳрамононро баъди марг қадр мекунанд.

-Бале, мактаби миёнаи рақами 13-и ноҳияи Шаҳри Навро се сол пеш ба муносибати 80-солагии зодрӯзам ба номи банда номгузорӣ карданд. Гап ин ҷост, ки чанд сол пештар маро бинобар сабаби ба ҷое расидани синнам ба нафақаи меҳнатӣ гусел карданд. Ҳангоми бознишаста будан дар замини ба иҷорагирифтаам  бо корҳои кишоварзӣ машғул будам.

Корам бад набуд. Боре дар саҳро меҳнат мекардам, ки ба наздам як гурӯҳи калони хонандагони мактаб омаданду хоҳиш карданд, ки ба мактаб, ба кори омӯзгорӣ, баргардам. Ҳарчанд мефаҳмондам, ки ман ба сабаби пиронсолӣ ба нафақа баромадаам, маро фаҳмидан намехостанд. Болотар аз ин яке аз талабагон ашк дар чашм ба зора даромад, ки ман ба мактаб баргардам. Рости гап, он шаб маро хоб набурд.

То субҳ мақолаи «Талаба чаро гирист?»-ро навиштам ва бисёр проблемаҳои таълиму тарбияро дар он матраҳ кардам. Мақола дар рӯзномаи ноҳиявӣ ба чоп расид. Рӯзи дигари ба чоп расидани мақола маро ба маориф ҷеғ зада фармони ба мансаби директор таъйин шуданамро дар ҳамон мактаби рақами 13 ба дастам доданд. Дигар бо як масъулияти баланд, бо шавқу шӯри тоза дубора ба кори омӯзгорӣ пардохтам. Дар муддати 10-15 сол мактаб хеле пешқадам шуд. Ҳоло яке аз беҳтарин мактабҳои ноҳия ба шумор меравад.

Дар паҳлӯи ҳамин мактаб барои 300 ҷои нишаст як толори консертӣ сохтем, ки номашро «Хонаи фарҳанг» гузоштем. Ҳоло дар тафовут аз бисёр қаряҳои ноҳия деҳаи мо «Хонаи фарҳанг» дорад.

-Мегӯянд услуби таълими Шумо ҳамчун муаллим аз омӯзгорони дигар каме тафовут дорад. Оё ин рост аст?

-Дар дарсҳои адабиёт, барои он ки мавзӯъ хубтару тезтар ҳазм шавад, дуруст аст, ки даст ба навҷӯиҳо мезанам. Масалан, лозим аст, ки талаба ғазали Мирзо Абдулқодири Бедилро, ки матлаъаш ин аст, тез ва бехато азёд кунад:

Барои хотирам ғам офариданд,

Туфайли чашми ман нам офариданд.

Ҳамин ғазалро ман пурра дар қолаби оҳанге бе асбоби мусиқӣ дар дарс ба талабаҳоям замзама мекунам. Талабагон маъмулан онро бо эҳсоси баланд гӯш мекунанд ва азхудкунии он барояшон осонтар мешавад.

-Вале ба ҳар ҳол, то он ҷое, ки мо медонем, Шуморо маъмулан ҳамчун овозхони хушсадову маҳбуби мардум мешиносанд. Дар ин бора мешавад, ки бештар сӯҳбат кунем?

/images/stories/2012/11/08_2.husayn-nasriddin_222.jpg-Бале, ҳамин тавр аст. Аслан аҷдоди мо аҳли ҳунар будаанд. Масалан мулло Шариф, амаки падарам. Дар Бухоро таҳсил мекардааанд. Чунон садои хуб доштаанд ва хуб ҳофизӣ мекардаанд, ки мулозимони амир Абдулаҳадхон, падари охирин амири Бухоро, амир Олимхон аз ин дарак ёфта ӯро гирифта ба дарбор мебаранд. Ӯ чанд муддат дар ҳузури амир Абдулаҳадхон овозхонӣ мекунад. Яке аз сарояндагони мақбули даргоҳи амир мешавад.

Ин бошад рашку ҳасади рақибонашро ба вуҷуд меорад. Ҳамин нотавонбинонаш ба ӯ махфиёна сурма медиҳанд. Ӯ садои гирояшро гум мекунад. Чун садояшро гум мекунад ба тадриҷ ради маъракаҳои амирӣ мегардад. Маҷбур мешавад, ки ба Ҳисор баргардад. Ӯ бо ҳамон танбӯре, ки дар назди амир Абдулаҳадхон суруд мехондааст, чанд муддати дигар дар маъракаҳои мардуми Ҳисор бо овози гирифта, паст-пастак суруд мехондааст. Хушбахтона, ҳамон танбӯр имрӯз дар дасти ман мебошад. Баъдан бародари падарам, амаки Нуриддин низ овозхони хуб буд.

Дар водии Ҳисор машҳуру маъруф буд. Вале ҳунари сарояндагиро асосан ман аз падари бузургворам арбоб Насриддин омӯхтам. Худораҳматии падарам қувваи ҳофизаи хуб дошт. Панҷсад шеър, 40 мухаммас, 7 достонро ман аз даҳони он кас барои худ навишта гирифтам. Дар синни 85 солагӣ вафот карданд. Модарам, худораҳматӣ, дойрадасти моҳир ва алоқаманди ҳунари овозхонӣ буданд. Бародарам Ҷумъа низ ҳунари сарояндагӣ доштанд. Ду амакам, ки солҳои ҷанги ҷаҳонии дуввум ба аскарӣ даъват шуда буданд ва яке паси дигари «хати сиёҳ»-ашон омада буд, низ ҳофизи хуб будаанд. Хулоса ҳафт пушти мо бо ҳунари мусиқӣ сару кор доштааст.

-Падаратон ҳунари мусиқиро назди кадом устоде фаро гирифта буданд?

-Дар ҳамин минтақа устод Ҷалол ном овозхоне буданд, ки падарам бисёр чизҳои ҳунари мусиқиро аз он кас омӯхта буданд. Яъне падарам дар ҳунари мусиқӣ устоди худро доштаанд.

-Дар байни мардум маҳбубият касб кардани шумо ба кадом замон рост меояд. Чанд сол доштед, ки Шуморо ҳамчун овозхон мардум эътироф карданд, ба маъракаҳояшон даъват мекарданд?

-Тақрибан 18-20 сола будам, ки мардуми гирду атрофи Ҳисор маро мешинохтагӣ шуданд. Ба тӯйҳо даъват мекарданд. Дар маъракаҳои расмии давлатӣ бошад тақрибан аз миёнаҳои солҳои панҷоҳум ширкат мекардагӣ шудам. Ба ёдам меояд, ки дар як азназаргузаронии ҳунармандони соҳаи санъат дар пойтахт мегузашт, ман аз тарафи ноҳияи Ҳисор баромад кардам. Як шеъри марҳум Ҳабибуллоҳ Назаровро ба оҳанг дароварда хондам. Ман он вақт бо Ҳабибуллоҳ Назаров шахсан шинос набудам. Матлаъи шеър ин буд:

Бо самолёти нав аз Маскав ба парвози баланд,

Инженери рӯҳи ман бар Тоҷикистон омадӣ.

Дар ҳамин азназаргузаронӣ бо устод Ҳабибуллоҳ Назаров аз наздик шинос шудам. Баъдан шеърҳои ӯрову шеърҳои Карим Девона, шоири халқиро, ки устод Ҳабибуллоҳ Назаров муҳаққиқи аҳволу осораш буданд, дар барномаи консертии худ бисёр ҷой медодам. Гуфтан мумкин аст, ки устод Ҳабибуллоҳ Назаров баъзан бо дарназардошти ҳолати рӯҳии ман бароям шеър навиштаанд.

Барои мисол вақте, ки ба сабаби нашудани фарзанд мову завҷаи аввалаам аз ҳам ҷудо шудем, ман хеле азоби рӯҳӣ мекашидам. Ҳатто намехостам, ки суруд бихонам. Дилам аз дунёву зиндагӣ сард шуда буд. Инро дида Ҳабибуллоҳ Назаров, ки он вақт Раиси Шӯрои Олӣ буданд, маро бисёр насиҳат карданд. Диламро ба зиндагӣ аз нав гарм намуданд. Бароям ғазале навиштанд, ки матлаъаш ин аст:

Меҳри ту, эй дилрабо, бар сина ҷо кардам, чаро?

Ин қадар бар ҷони худ ҷабру ҷафо кардам, чаро?

Се рӯз баъд дар Душанбе азназаргузаронии навбатии дастаҳои ҳунарии ноҳияҳо баргузор шуд. Ман ҳамон танбӯри аз амаки падарам мулло Шариф ба ёдгор мондаро гирифта ба ин озмун омадам.

Устодон Бобоқулака Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов дар ин озмун ба ҳайси ҳакамон ширкат мекарданд. Қабл аз озмун маъмулан онҳо суруду таронаҳои ҳар як иштирокчиро мешуниданд. Ман ҳамон ғазали Ҳабибуллоҳ Назаров «Чаро?»-ро ба онҳо пешкаш кардам. Ба шумо маълум аст, ки дар замони шӯравӣ хондани сурудҳои ғамангезро чандон дастгирӣ намекарданд. Устодон дар аввал ба ҳамин чиз ишора карданд. Вале вақте фаҳмиданд, ки шеъри Раиси Шӯрои Олӣ мебошад, қабул карданд. Аммо ба дастам боз як шеъри дигар доданд, ки онро эҳтиётан ба оҳанг дарорам ва шояд дар озмун онро бихонам. Шеър ғазали Розия Озод буд бо ин матлаъ:

Ба ҳар ҷое, ки бошам бар сарам бошад хаёли ту.

Ки дар дил орзу доим ҳамин: бинам ҷамоли ту.

Хулоса дар озмун ҳарду ғазалро сурудам.

/images/stories/2012/11/08_3.husayn-nasriddin_333.jpgБаъди хондани суруди дуввум чапакзаниҳои пурмавҷ шуд. Тифоқо дар ҳамин толор устод Бобоҷон Ғафуров бо ҳамроҳии модарашон, шоира Розия Озод ҳузур доштаанд. Рӯзи дигар буд, ки як марди рус, ронандаи як мошини сабукрави хеле боарзиш ба ҷои зисти ман омада гуфт, ки амр шудааст, ки тамбӯрамро гирифта бо ӯ равам. Ҳайрон шудам, ки чӣ гап бошад. Хулоса ман ҳамроҳи он марди рус рафтам. Маро ба як ҳавлии хеле зебое оварданд. Сипас дохили як утоқ карданд. Дар он ҷо як зани нуроние нишаста буданд.

Баъди салому алайк аз ман пурсиданд, ки «дирӯз дар консерт охирон шеъри киро хондам?». Гуфтам, ки «шеъри Розия Озодро». Боз пурсиданд, ки «Розия Озодро мешиносӣ?». Гуфтам, ки «не, намешиносам». Гуфтанд, ки «Розия Озод ман ҳастам». Ман шунида будам, ки Розия Озод, модари Бобоҷон Ғафуров ҳастанд. Рости гап, маро ҳаяҷони зиёд фаро гирифт. Шоира баъди каме пурсишҳои дигар як варақеро ба дастам доданду гуфтанд, ки оё мешавад, ки ин шеърро бо як оҳанги дигар бихонам?». Баробари қироат кардани ду мисраи он гуфтам, ки мешавад, ки онро бо оҳанги «Чоргоҳи як» бисароям ва танбӯрамро гирифта он шеърро паст-пастак замзама кардам.

Тарона ба Розия Озод маъқул шуд. Дар ин вақт Бобоҷон Ғафуров вориди ҳуҷра гардида ба сухан ҳамроҳ шуданд. Гуфтанд, ки садои хуб доштаӣ. Пурсиданд, ки ҳунари овозхониро аз кӣ омӯхтам. Гуфтам, ки аз падарам ва дигар овозхонҳои деҳа. Танбӯрамро ба даст гирифта аз таърихи он пурсон шуданд. Моли кӣ будани тамбӯрамро ба аллома Бобоҷон Ғафуров қисса кардам. Гуфтанд: «Дуруст мегӯед. Ин танбӯри шумо сохти танбӯртарошони Бухоро буда тахминан таърихи сесадсола дорад». Устод баъди каме андеша кардан аз ман пурсиданд:

Чӣ мешавад, ки барои такмили садоятон шуморо ба Консерваторияи Маскав ба таҳсил бифиристем? Розӣ ҳастед?

Дар посух гуфтам, ки дар аввал бояд розигии падарамро бипурсам. Агар падарам иҷозат диҳанд, албатта мехоҳам, ки дар соҳаи мусиқӣ таҳсил кунам. Хосатан дар шаҳри Маскав. Сипас аллома Бобоҷон Гафуров ба ман гуфтанд, ки рафта бо падаратон маслиҳат кунед. Натиҷаашро фардо ба ҷои корам омада ба ман мегӯед…

Падарам маро бо диққат шунида гуфтанд, ки албатта таҳсил дар риштаи мусиқӣ ва боз дар Маскав хуб аст. Аммо ман, ки ду бародарамро дар ҷанги ҷаҳонии дуввум гум кардам ва ту дар хона ягона фарзандам аз ҷинси мард ҳастӣ, аз пешам ба ҷои дуртару ба мӯҳлати дарозтар рафтанатро таҳаммул карда наметавонам. Биё писарам, дар ин чанд рӯзи боқимондаи умрам ҳамеша ҳамроҳи ман бош, дар паҳлӯям бош.

Рости гап, ин суханҳоро қиблагоҳам бо як тарзе гуфтанд, ки дигар натавонистам, ки маслиҳаташонро қабул накунам. Фардои он рӯз боз ба Душанбе омада ба назди бинои Кумитаи Марказӣ рафтам. Ба дарбон гуфтам, ки ман ба назди Бобоҷон Ғафуров омадаам. Дарбонро магар аз омадани ман хабардор карда будаанд, ки маро рост гирифта ба утоқи Бобоҷон Ғафуров бурд. Баъд фаҳмам ба дарбон гуфта будаанд, ки як ҷавон меояд дар сар тоқии сабзи гирдак дорад.

Ӯро гирифта ба назди Бобоҷон Ғафуров баред. Устод Бобоҷон Ғафуров баъди аҳволпурсии кӯтоҳ донистанӣ шуданд, ки падарам дар масъалаи таҳсил дар Консерваторияи Маскав ба ман чи маслиҳат додаанд. Қиссаи падарам ва бародарони шаҳид ва марди ягонаи хона буданамро ба устод Бобоҷон Ғафуров нақл кардам. Устод Бобоҷон Ғафуров, раҳмат писарам, гуфтанд. Рафта хизмати падаратонро кардан гиред. Лекин овозхониро низ фаромӯш накунед.

--Ин бори аввал буд, ки устод Бобоҷон Ғафуровро шумо аз наздик дидед ва бо ӯ сӯҳбат кардед?

-Не. Ин бори дуввум буд. Он солҳо ман табелчии колхоз будам. Рӯзаш аниқ дар ёдам мондааст. 29 –уми августи соли 1947 буд. Дар сояи як беди лаби обе, дар наздикии майдони пахтазор машғули ҳисобу китоб будам. Банохост дидам, ки аз қамишзори паҳлӯи майдони пахта ду нафар рост ба тарафи ман меоянд. Маълум буд, ки одамони таҳҷоӣ нестанд ва калоншавандаанд. Аз ҷоям хеста ба пешвозашон баромадам. Вақте расиданд салому алайк кардем. Пурсиданд, ки чӣ кора ҳастам. Гуфтам, ки ҳисобчӣ. Дар сари хатакҳои пахта ду байрақ меистод. Байрақҳоро нишон дода яке аз онҳо пурсид:

-Ин байрақҳоро чаро дар ин ҷо гузоштаед?

-Гуфтам, ки ин байрақҳои зарбдорони меҳнат, ғолибони мусобиқаи сотсиалистӣ Бибираҷаб Нурова ва Зайтуна Тӯрақулова мебошанд.

-Инҳо чӣ хизмат нишон доданд?

-Дар як рӯз то 10 сотих чобуқ мекунанд.

/images/stories/2012/11/08_4.husayn-nasriddin_444.jpgОн одам номҳои зарбдорони меҳнатро навишта гирифт. Ҳамин лаҳзаҳо буд, ки раиси колхоз, дигар калонҳои ноҳия давида ба сӯи мо омаданд. Ҳис кардам, ки мо бо кадом як шахси бузург сӯҳбат карда истодаем. Дар ҳамин вақт Юлдошев гуфтанӣ яке аз калонҳои район ба тарафи ҳамон марде, ки бо мо сӯҳбат мекард, даст пеши бар гирифта гуфтанд:

Ҷанобашон моро мебахшанд, ки аз омаданашон дер огоҳ шудем.

-Ман ҷаноб не, ман бародари шумо, рафиқи шумо. Маро рафиқ Ғафуров гуфтан гиред, гуфтанд раҳбари ҷумҳурӣ.

-Шумо дар сӯҳбат чанд бор аз шуҳадои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шудед. Шунидам, ки теппаеро дар деҳаатон ба хотири ҳамин шаҳидон обод кардааед?

-Дар наздикии деҳаамон Элокӣ як теппае ҳаст, ки мардум ҳама вақт болои он баромада ба манзараҳои зебои атроф нигоҳ мекарданд. Гоҳҳо созу асбобҳои мусиқии худро гирифта ба болояш баромада дар як гӯшаи он рақсу бозӣ менамуданд. Боре хостем аз як тарафи теппа каме хокашро ба мақсадҳои сохтмонӣ истифода барем. Дар вақти кандани он мавзеъ аз таги бели эксковатор чанд каллаи одамӣ баромад. Баъдан ҷои дигарашро кофтем, ки манзара такрор шуд.

Ман хоҳиш кардам ки дигар теппаро накобанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳамин деҳаи мо 52 нафар ба ҷанг рафта дигар барнагашта буданд. Аз ҳамаашон хатти сиёҳ омада буд. Ман даъват кардам, ки аз аҳли деҳа аз ҳар хонаводае, ки дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ қурбонӣ додаанд, ба болои ҳамин теппа сангеро ба хотираи ҳамон шаҳидон гузоранд. Ман дар ҳамин санг номи шаҳид, солу таваллуду вафоти ӯ ва як байтеро ба хотирааш ҳаккокӣ мекунам.

Нахустин шуда ду сангро ба ёди амакҳои шаҳидам гузоштам. Баъдан аз ҳамдеҳагонам даъват кардам, ки дар атрофии ин деҳа 100 бех ниҳоли сояафкани бесамар шинонем. Маро дастгирӣ карданд. Ҳоло он ниҳолҳоро мо шинондем ва дастӣ обёрӣ намуда истодаем. Ба қарибӣ фаҳмидем, ки ин қабристони сад сол пеши мардуми ҳамин деҳа будааст. Акнун номи гузаштагони ҳамин деҳаро, ки дар ҳамин теппа хок шудаанд, пайдо карда ба номи онҳо низ санг мегузорем.

Масалан дирӯз шахсе пайдо шуд ва гуфт, ки дар ин ҷо авлиё Ҳоҷибой хок шудааст. Дар бораи ин авлиё падарам ба ман қиссаҳо карда буданд. Масалан ёд мекарданд, ки вақте, ки он кас тахминан 25 сола буданд, дар яке аз майдонҳои кушоди водӣ бузкашӣ шуд. Ҳамин авлиё Ҳоҷибой 85 сола буданд. Аз ман хоҳиш карданд, ки аспамро диҳам то як лаҳзае буз кашанд.

Ҳарчанд гуфтам, ки барояшон бузкашӣ шояд мушкил шуда бошад, розӣ нашуданд ва хостори асп шуданд. Аспамро додам, гуфтанд падарам. Ба ҳурмати мӯйсафед аксари бузкашон гузоштанд, ки ин марди бузург ҳунарашро нишон диҳад. Ба ҷуз як нафар. Ӯ омада бо зӯри ҷавониаш бузро аз дасти бобои Ҳоҷибой гирифта аспашро ба сӯи марра давонд. Вале тақдирро бинед, ки ба мара норасида аспаш пешпо мехӯрад ва он шахс аз асп афтода пояш мешиканад.

Пеш аз ҳама ба назди ҳамин шахс боз бобои Ҳоҷибой, ки шикастабанд низ будаанд, расида устухонҳои пояшро ҷо ба ҷо карда тахтабандӣ мекунанд. Он мард танҳо баъди шаш моҳ аз ҷойгаҳи беморӣ бармехезанд. Мана ҳоло мо як санги дигарро ба хотири ҳамин Ҳоҷибой ба болои теппа бурда дар он ном ва байтеро ба хотири ӯ ҳаккокӣ мекунем.

ӣ миқдор суруду тарона гуфтаед?

-Ман се баёз дорам. Дар ин баёзҳо тамоми суруду таронаҳоям гирд оварда шудаанд. Дар баёзи якум суруду таронаҳои дар солҳои 1947-50 эҷод кардаам гирд оварда шудаанд. Дар баёзи дуввум таронаҳои то солҳои ҳафтодум эҷодкардаам ҷамъ шудаанд. Баёзи саввум суруду таронаҳои аз солҳои ҳафтодум ба ин тараф эҷод кардаамро дар бар мегирад.

Ҳамагӣ тақрибан 500 суруд, 40 мухаммас, 7 достон мебошанд. Ба қатори достонҳо қиссаҳои «Султон Ҷамҷама», «Ғорнома»-и Расули Акрам (с), «Мақдаи нур»-наъти пайғамбар (с) ба забони ӯзбекӣ ва ғайра дохил мешаванд. Ин баёзҳо дар китобхонаи шахсиам маҳфузанд. Дар китобхонаи шахсиам қариб севу ним ҳазор китобҳои адабиву бадеиву илмӣ бо забонҳои мухталиф дорам.

-Бо устодони ҳунари мусиқии ҷумҳурӣ бо киҳо шишту хез ва бархурдҳое доштед?

-Қариб ҳамаи устодони ҳунари мусиқии ҷумҳурии кишварро аз наздик мешинохтам. Аз маслиҳату машварати онҳо хуб истифода кардам. Масалан Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин ака Шаҳобов, Акашариф Ҷӯраев, ки раҳбарии дастаҳои ҳунариро ба ӯҳда доштанд, бисёр мехостанд, ки дар паҳлӯяшон бошам. Шиносшавии ман бо Бобоқулака Файзуллоев бисёр ҷолиб буд. Дар яке аз студияҳои радиои Тоҷикистон сурудҳоямро сабт мекардам.

Садобардор Муҳаммадиев ном шахс буд. Баъди хатми сабти сурудҳоям аз ҳуҷраи таронахонӣ ба утоқи садобардор баромадам. Дар пеши Муҳаммадиев як шахси бароям ношинос нишаста чой менӯшид. Маълум буд, ки таронахонии маро бо ҳамроҳии садобардор гӯш кардааст. Хаёл кардам, ки ягон дарбони ҳамин даргоҳ ҳаст. Бо табассум ба сӯям як пиёла чой дароз кард.

Чойро нагирифтам. Дар ҳамин вақт Муҳам/images/stories/2012/11/08_5.husayn-nasriddin_555.jpgмадиев гуфт, ки оё медонед, ки ин кас кӣ ҳастанд? Гуфтам «Не». Гуфтанд, ки «ин кас устод Бобоқулака Файзуллоев ҳастанд ва ба шумо ин чой не, оби дамия, яъне фотиҳаи сафар дар ҳунари овозхонӣ дода истодаанд. Тезтар ин чойро нӯши ҷон кунед». Рости гап, аз шарму ҳаё дасту похӯрда шудам. Устод Бобоқулака гӯё коре нашуда бошад, маро таърифу тавсиф карданду комёбиҳои хуби эҷодӣ орзу намуданд.

-Сафари ҳунарӣ ба хориҷа кардаед?

-Соли 1989 сафаре доштам ба Канада. Дар шаҳрҳои Монреал, Отава ва Торонта ҳунарманоӣ кардем. Дар он ҷо эрониҳои муҳоҷир таронахонии маро хеле хуб пазироӣ карданд. Порсол буд дар чойхонаи «Роҳат»-и Душанбе нишаста чой мехӯрдам, ки як ҷавони тахминан 25-30 сола ба наздам омаду пурсид, ки оё солҳои пеш сафаре ба Канада доштам. Гуфтам, ки бале. Гуфтанд писарчаи шашсолаеро, ки дар Торонто ба шумо гулдаста тақдим кард, дар ёд доред?». Гуфтам «не».

Гуфтанд ҳамон писарча ман ҳастам. Падараш аз ҳамин Шоҳамбарии худамон будааст. Модараш рус. Дар Канада хешу табор доштааст. Баъди вафоти шавҳараш он зани рус фарзандашро гирифта ба назди хешовандонаш, ба Канада рафтааст. Ин писарча бошад баъди ба воя расидан дар ҷустуҷӯи хешу табор шудааст. Омада хешу таборашро дар Ҳисор меёбад. Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад, мегӯянд, ки дуруст аст.

Дар Эрон будам. Дар як ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок доштам. Ғазали Шаҳдӣ «Ғарқи хун»-ро бо матлаи зерин хондам:

Шоҳусайни моҳрӯ дар Карбало шуд ғарқи хун,

Офтоб аз ханҷари ғам дар само шуд ғарқи хун.

Як шӯру валвалаеро дар толор дидам, ки дар дигар ҷову дигар консертҳо надида будам.

-Воқеан, то он ҷое, ки ман медонам, шумо дар масъалаи ворид кардани ашъори шоирони камтар маъруфшудаи водии Ҳисор ба барномаҳои консертиатон таваҷҷӯҳи хуб зоҳир мекунед. Тавассути таронаҳои шумо ашъори шоироне зиёде дар зеҳни мардуми оддӣ боқӣ мондааст.

-Бале. Ман барои худ як навъ тазкираи шоирони барои доираи васеъ номаълумро тартиб додаам, ки аксарияташон аз водии Ҳисор мебошанд. Масалан намунаи ашъори шоирони зерин аз қабили Футӯҳӣ, Шаҳдӣ, Хоҷа Самандари Ҳисорӣ, Мазлум, Муҳӣ, Нозир, Зуҳурӣ, Мавлоно Юсуфӣ, Карим Девона, Шавқӣ, Мулло Ризвони Ҳисорӣ, Хубӣ, Ҳазин, Залилӣ, Васлӣ ва ғайраро интихоб намуда ба репертуари худ дохил карда зиёд хондаам.

-Дар радиои Тоҷикистон тахминан сабти чӣ миқдор суруду таронаро доред?

-Шурӯъ аз солҳои панҷоҳум ман қариб тамоми суруду таронаҳои худро дар радиои Тоҷикистон сабт карда будам. Боре аз яке аз шогирдонам, Фурқати Саид, ки хонандаи хеле хуб ҳасту имрӯз раҳбари бадеии ансамблии давлатии Шашмақом ба шумор меравад, хоҳиш кардам, ки бароям суруду таронаҳоямро аз фонди радио сабт карда биёрад. Он кас бисёр кӯшиш карданд, вале танҳо 11 сурудамро аз фонди радио пайдо карда тавонистанд.

Ба як гуфтае боқимонда таронаҳои сабтшудаам, гӯё аз байн рафтаанд. Ин хабар маро хеле парешонхотир кард. Наход ки меҳнати қариб 50-60 солаи мо баръабас рафта бошад? Шояд барои ҳамин бошад, ки суруду таронаҳои овозхонҳои солҳои 50-уму 70-умро имрӯзҳо камтар аз радио мешунавем.

Сабтҳои онҳо низ шояд аз байн рафта бошанд? Дилам ба бархе аз таронаҳои аз Шашмақом хондаам, ки сабтҳояшон имрӯз нестанд, месӯзад. Онҳо таронаҳое буданд, ки аз устодон шунида будаму ҳамон вақтҳо садоям тавони онро дошт, ки онҳоро бо тамоми нозукиҳояшон бихонам. Имрӯз мебинам, ки на ҳар овозхон қодир аст, ки он сурудҳоро бисарояд. Ҳатто худам ҳам шояд ба он санъати баланде, ки дар вақташ хондам, суруда натавонам.

-Шумо гуфтед, ки матни суруду таронаҳои иҷрокардаатонро дар се баёз ҷамъоварӣ кардаед. Қариб 500 ғазал, 40 мухаммас, 7 достон. Оё намешавад, ки онҳоро аз сари нав сабт кунед? Шукри Худо садоятон ҳанӯз ҳам гиро ҳаст, саломатиатон хуб аст.

-Аввалин, ки иҷрои ин кор танҳо аз худи ман вобастагӣ надорад. Барои ин шароит муҳайё кардан даркор аст. Дуввум сабт кардан агар барои боз аз байн бурдан бошад, чунин сабткунӣ кори беҳуда аст. Аз сӯи дигар медонам, ки баъзе аз алоқамандони садоям ин корро солҳост, ки карда истодаанд. Онҳо ҳатто сабти консертҳо ва маъракаҳои туйиро доранд. Ҳамин чиз як каме дили моро гарм нигоҳ медорад.

-Ба ҳар ҳол, устод хуб шуд, ки ин масъаларо матраҳ кардед. Шояд ба хотири ислоҳи кор аз сӯи масъулини иқдоме дар ин самт соҳа сурат бигирад. Ба Шумо ташаккур барои сӯҳбати хуб. Дуъо мекунем, ки Худованд барои Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ ва комёбиҳои аз ин бештареро насиб кунад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi