10:33:47 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲУНАРШИНОСОН: "ФАЛАК - МЕРОСИ МАЪНАВИИ ПАЖУҲИШНАШУДА"

Ҳафтаи гузашта Душанбе мизбони ҷашнвораи байналмилалии мусиқии "Фалак" буд. Давлати Тоҷикистон ба нишони ҳимоят аз ин сабки мусиқии роиҷ дар кӯҳистони Осиёи Миёна соли 2007 рӯзи 10-уми октябрро Рӯзи Фалак эълом карда буд.

/images/stories/2012/10/15_falak_151012.jpgИн сабки мусиқии мардумӣ, ки дар ҷануби Тоҷикистон бештар роиҷ аст, дар замони шӯравӣ дар ҳошия қарор дошт. 20 соли пеш бо омадани Эмомалӣ Раҳмон ба қудрати сиёсӣ, ки намояндаи ҷануби кишвар аст, таваҷҷӯҳи давлат ба ин сабки мусиқӣ бештар шуд.

Акнун “Фалак” дар Тоҷикистон ҳамчун сарвати бебаҳои маънавии мардум бо “Шашмақом”, мусиқии клоссик дар як радиф гузошта мешавад. Бисёре баргузории ҷашнвораҳои “Фалак” дар Тоҷикистонро бо ширкати гурӯҳҳои мусиқии суннатӣ аз кишварҳои минтақа яке аз нишонаҳои таблиғи ин сабки мусиқӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он медонанд.

Акнун ин мусиқии суннатӣ дар ҳунаристони ҳунарҳои зебо ҳамчун мусиқии ҳирфаӣ тадрис мешавад. Дар рӯзҳои ҷашнвораи “Фалак” дар Тоҷикистон нигоҳе андохтем ба ин сабки мусиқӣ. Фарёди навмедӣ аз нобасомониҳои рӯзгор, нолаҳои ошиқона ва дарди ҳиҷрон дар меҳвари фалаксароӣ қарор дорад.

Ин мусиқӣ дар Тоҷикистон зиёд бо номи фалаксарои матраҳ Давлатманди Хол ҳампайванд аст. Давлатманди Хол мегӯяд, ин сабки мусиқӣ бо ирфон иртиботи танготанге дорад. Давлатманди Хол дар ин бора гуфт: “Ҳазрати Мавлоно мегӯяд:

Ди шайх бо ҷароғ ҳамегашт гирди шаҳр,

К-аз деву дад малумам, инсонам орзӯст...

Инсон будан кори саҳл нест. Бояд пок ва беолоиш бошӣ. Фалак ҳам инро талаб мекунад.”

"Фалак" бештар бо нолаҳои ғамангези худ бо соири сабкҳои мусиқӣ тафовут дорад. Аммо ин сабки мусиқии мардумӣ натанҳо барои ибрози ғаму андӯҳ суруда мешудааст. Ба назар мерасад, ин сабк дар қадим бештар тавассути мардуми фақир ва бечора суруда мешуд.

Дона Баҳром, овозхони дигари тоҷик дар ин бора мегӯяд: “Ин сабк бештар дар кӯҳистон роиҷ буд ва дар кӯҳистон зиндагӣ хеле сахт буд, роҳҳои иртиботӣ набуд, агар мардум барои кор муҳоҷират мекарданд, бозгашташон сахт буд. Ҳамин гуна мардум аз дарди фироқ ва ночорӣ овоз мехонданд, то ки нолаҳояшон то ба “Фалак” бирасад.”

Аммо Давлатманди Хол, мегӯяд, ки "Фалак" натанҳо мусиқии андӯҳгин буда, балки лирика ё “румонтисизм” дар ин сабки мусиқӣ низ “хеле қавӣ” аст. Вай мегӯяд: “Масалан дар замонҳои қадим ошиқ наметавонист бо маъшуқааш мулоқот кунад. Сангсораш мекарданд. Барои ҳамин ӯ аз деҳа дур мерафт ва ба воситаи фалак маъшуқаашро садо мекард. Ҷойи мулоқотро таъйин мекард.” (механдад)

"Фалак" дар замони шӯравӣ ба унвони мусиқии ғайриҳирфаӣ дар ҳошия қарор дошт. Пас аз касби истиқлол аммо давлат аз ин сабки мусиқӣ ҳимоят мекунад. 10-уми октябр дар Тоҷикистон Рӯзи Фалак эълом шуда ва ҳар ду сол як бор дар ин кишвар ҷашнвора ва сампозиуми “Фалак” баргузор мешавад.

Шояд ба ин далел аст, ки акнун фалаксароён рубоиётеро дар шукргузорӣ аз сарвари Тоҷикистон месароянд. Яке аз овозхонони гурӯҳи Фалак дар ҷашнвораи “Фалак” чунин мисроъро ба сабки Фалак иҷро кард:

“Шукр кунам аз он ки Тоҷикистон дорам

Шукр кунам аз он ки Имоми Раҳмон дорам...”

Ҳунаршиносон мегӯянд, таърихи пайдоиши мусиқии Фалак ба қарни 10 бармегардад ва умдатан дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистону Афғонистон роиҷ буд. Акнун бо қарори мақомоти фарҳанг гурӯҳҳои фалаксароӣ дар саротосари Тоҷикистон таъсис ёфтаанд. Ин сабки мусиқӣ дар канори мусиқии Шашмақом, ҳамчун мусиқии касбӣ дар Ҳунаристони ҳунарҳои зебо тадрис мешавад.

Саъаддулоҳ Каримов, устоди фалак дар Ҳунаристони ҳунарҳои зебои шаҳри Душанбе дар ин бора гуфт: “Фалак мусиқии касбӣ шудааст ва ба низоми таҳсил ворид шудааст. Вале то ҳоло дар миёни мардум парешон аст. Вазифаи мо, муттахасисон, ҷамъ овардани жонрҳои фалак ва ворид кардани он дар низоми таҳсил мебошад.”

Гуфта мешавад довталабони омӯзиши фалаксароӣ дар Ҳунаристони ҳунарҳои зебои ин кишвар зиёд буда ва аксари овозхонони гурӯҳи мавсум ба “Фалак”-и Давлатманди Хол низ ҷавонон ҳастанд.

Оқои Хол мегӯяд, ки дигар ҷойи корӣ барои ба кор қабул кардани ҳамаи довталабони пайвастанд ба гурӯҳи “Фалак”-и ӯ боқӣ намондааст. Фотима Ибодова, яке аз шогирдони Ҳунарисатони ҳунарҳои зебост, ки дар гурӯҳи “Фалак”-и оқои Хол фаъъолият мекунад.

Ӯ мегӯяд, ки худ духтари кӯҳистон (Кӯҳистони Бадахшон) аст ва мехоҳад мусиқии суннатии кӯҳистониро таблиғ ва машҳур кунад. Ӯ дар бораи таҷрибаи кори сесолааш дар гурӯҳи “Фалак” гуфт: “Вақте нахустин бор ба саҳна баромадам, хеле дар ҳаяҷон будам. Метарсидам. Фикр мекардам, ки садоям берун намеояд, фикр мекардам, ки миёни мардум шарманда мешавам.”

“Вале хеле кушиш кардам фалакро аз бар кунам. Дар хона ҳамеша ба овозхонии устод Давлатманд гӯш медодам ва ба худ гуфтам, агар ҳадди ақал каме ҳам бошад монанди муаллим овоз хонам, ҳамин кофист.”

Ҳунаршиносон мегӯянд, таърихи пайдоиши мусиқии "Фалак" ба қарни 10 бармегардад. Онҳо вижагиҳои ин сабки мусиқиро дар як симпозиуми илмӣ, дар ҳошияи Ҷашнвораи Фалак дар Душанбе, баррасӣ карданд.

Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки ин сабки мусиқӣ камтар омӯхта шуда ва ба пажӯҳишҳои фарогиртаре ниёз дорад.

Давлатманди Хол, низ бар ин бовар буда ва солҳост орзуи таъсиси ҳунаристони вижаи "Фалак"-ро дар дил мепарварад. Аммо ин тарҳ то ҳол аз ҳимояти давлат ё сармоягузорон бархурдор нашудааст.

Шамсияи Қосим, Би-би-сӣ, Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi