13:37:39 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲАЁТ НЕЪМАТИ САМАРҚАНДӢ: ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ КУРСҲОИ БЕСАВОДӢ ТАШКИЛ ГАРДАД

Имрӯз, 5 уми октябр дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта шуд. Ҳарчанд бо наздик шудани ин сана дар Тоҷикистон давоми чанд сол боз миёни доираҳои мухталифи ҷомеа силсилачарбиниҳои расмӣ ҷиҳатӣ ҳалли мушкилоти забони тоҷикӣ доир мегардад, вале ҳанӯз ҳам дар ин росто камбудиву норасоиҳои зиёде аз забони донишмандони тоҷик, аз ҷумла забоншиносон садо медиҳад.

/images/stories/2012/10/05_hayot-nemat-051012.jpgПрофессор Баҳриддин Камолидинов, яке аз забоншиносони маъруфи кишвар дар сӯҳбат ба хабарнигори Рӯзгор иброз намуд, ки ҳарчанд аз қабули қонун «Дар бораи забони давлатӣ» зиёда аз 20 сол гузашт, вале ҳанӯз дар баъзе соҳаҳо, хусусан дар соҳаи татқиқоти илмӣ меъёру муқаррароти қонуни мазкур суст ҷорӣ шуда истодааст. Номбурда мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон масъалаи асосӣ риояи дурусти истилоҳоти забони тоҷикӣ буда, бояд ҳар чи зуддтар ба истилоҳоти илмии худамон наздик шавем:

«Беҳбудӣ дар он аст, ки қариб дар тамоми мактабҳои олӣ таълим бо забони давлатӣ сурат мегирад. Фақат ин ҷо ҳамин масъалаи истилоҳот аст, сабаб чист? Сабаб ин аст, ки дар замони Шӯравӣ мо аз ҳамон системаи истилоҳоти илмиии худамон андаке дур шудем. Бубинед ҳамсояҳои мо ҳамон анаъанаҳои қадимаи илмиро давом доданд. Он истилоҳот, истилоҳоти илмии иқтибосӣ аз забони арабӣ буданд, ки онҳо истифода бурданд, яъне дар амал буд. Мо, ки бештар ба истилоҳоти аврупоӣ баргаштем чунин истилоҳот аз истеъмол, истифода монданд. Ҳамин калимаҳои риёзиву риёзиёт аз сари нав зинда шуд ва омӯзгорону талабаҳо низ зуд онро ёд гирфтанд, лекин имрӯз боз аз сари нав ба матиматика гузашта истодаем, ки ин хоси истилоҳоти аврупоӣ аст. Акнун ба наздики луғати истилоҳот таҳия мешавад, дар он ҷо намедонам кадомашро ворид мекунанд, яъне риёзӣ, ё риёзиёт ё матиматика мегӯем».

Профессор Баҳриддин Камолидинов таъкид намуд, ки дар соҳаи санъат, аз ҷумла дар тарҷумаи филмҳо бо забони тоҷикӣ низ камбудиҳо ба назар мерасад. Ин ҳамсӯҳбатамон мегӯяд, сифати забони тарҷумаи филмҳо ҳамааш дар як сатҳ набуда, баъзан тарҷумаҳои хуб ҳам аст. Баҳриддин Камолидинов таъкид намуд, ки ӯ низ ҳозир ҳамин филмҳои ба забони тоҷикӣ гардонидашударо тамошо мекунад, ки баъзан актёрҳои пуртаҷриба агар дар тарҷумаи он филмҳо ширкат намоянд, маълум мешвад, ки сифати тарҷума беҳтар бармадааст.

Ин забоншиноси тоҷик аз истифодаи шеваҳои гуногун зимни тарҷумаи филмҳои тоҷикӣ изҳори нигаронӣ намуда, қайд намуд, ки ҳамон тарҷумаҳое, ки майли шеваҳои гуногун дорад костагии забонро ба миён меорад:

«Ҳарчанд хусусияти мазҳакавӣ дошта бошад, ҳаҷвӣ дошта бошад ҳам чи лозим ба шева баргардонидани баъзе филмҳо. Баъзе аз ҳамин гурӯҳи эҷодкорон бо ташаббуси худашон ҳамин корҳоро карда истодаанд, ки ба фикри ман ин он қадар ояндаи хуб надорад. Албатта забони филмҳо бо забони гуфтугӯ, бо забони зинда бояд баргардонида шавад, яъне на ба забони адабии душворфаҳми китобӣ, балки бо забони зинда, бо забони гуфтугӯии зиндаи мардум. Чун ки он ҷо бештар ба воситаи муколамаи қаҳрамонҳои филм сурат мегирад, ки ин ҷиҳатро низ ба назар гирфтан лозим. Имрӯз миқдори тарҷумаи филмҳо зиёд шудааст. Дар замони Шӯравӣ на ҳамаи филмҳоро бо забони тоҷикӣ тарҷума мекарданд. Чида -чида филмҳои бадеиро тарҷума мекарданд. Ҳоло аҳли синамогарон, баргардонандагони филмҳои дигарон бо забони тоҷикӣ солҳои охир хеле коҳиш ёфтааст ва масъалаи тарҷума низ коста гардидааст».

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ шоир ва яке аз донишмандони тоҷик аз дуруст истифода бурдани забони давлати миёни сокинони шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард, ки хушбахтона Самарқанд асолати қадимаи худашро дар хусуси риояи забон то ҳозир нигоҳ доштааст. Номбурда гуфт, бо вуҷуди ин қадар таъзиқоти замони Шуравӣ ва замони истиқлолият, бо вуҷуди бастани ин қадар мактабҳои тоҷикӣ риояи забони тоҷикӣ миёни мардуми Самарқанд хелехубба назар мерсасад, вале мутаассифона дар Душанбе ин ҳолат баръкс аст:

«Яъне дар пойтахте, ки шиорҳо навишта шудааст, ки "Шаҳрванди пойтахт будан ифтихор аст", забони тоҷикӣ асолати худро гум кардааст. Забони зиндаи гуфтугӯ дида намешавад. Ҳатто вақте вазоратҳо меравед дар он ҷойҳо забонашон хароб аст, ба телевизионҳо назар афканем чунин норасоӣ дида мешавад. Сабаб дар он аст, ки мардуми аз деҳот ба шаҳр омада худашро ба шаҳр мутобиқ карда натавонистааст. Имрӯз мардум аз кадом деҳоту навоҳие, ки омадааст, лаҳчаи худро истифода мебаранд. Ман як таклифи сахт дорам, ки дар Душанбе барои ҳалли ин мушкилот курсҳои бесаводӣ ташкил гардад. Дар ҳар як идора чунин курсҳои ташаккули забон ташкил кунанд».

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ бастани мактабҳои тоҷикиро дар Самарқанд, ки мавқеи забони тоҷикиро он ҷо танг кардааст мегӯяд Ӯзбакистон дар ин масъала гуё, ки пайравӣ бо дигар давлатҳо мекунад: «Масалан дар Амрико бисёр миллатҳо зиндагӣ мекунанд, вале ҳама забони англисиро ҳамчун забони модарӣ қабул кардаанду бо ин забон гап мезананд ё дар Фаронса низ ҳамчунин аст. Инҳо низ ҳамин хел карданд, ки ин дар асл як шовинистист».

Номбурда пешниҳод намуд, ки аз баски дар ҳарду ин кишвари ҳамсоя- Тоҷикистон ва Ӯзбакистон намояндаҳои ҳарду миллат бениҳоят зиёд аст, аз ҳамин сабаб дар ҳарду ин давлат ду забон тоҷикӣ ва ӯзбакӣ ҳамчун забони муоширату забони давлатӣ қабул гардад.

Ин донишманди тоҷик забони телевизионҳои давлатии Тоҷикистонро низ «хароб» унвон намуда, илова намуд, ки вақте сӯҳбати кормандони, натоқони телевизионҳоро мешунавед, хаёл мекунед, ки як ӯзбак нав забони тоҷикиро ёд гирфтааст, ки бештари ибораву калимаҳои тоҷикиро дуруст талаффӯз карда наметонанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин профессор Баҳриддин Камолидинов қайд намуд, ки дар телевизионҳо бештар талаффузи факту далелҳо, хусусан рақамҳо низ дуруст риоя намешавад, ки ин бисёр ғалати дағал аст:

«Ман ҳам дар факултети журналистика аз таҳрири адабӣ дарс медиҳам, ки он ҷо мегӯям дар забони матбуот пеш аз ҳама бояд факту далелҳо дақиқ бошанд. Онҳо гумон мекунанд, ки ғалатро ҳеҷ кас гуш намекунаду нодида мегиранд, лекин баъе мутахассисон гуш мекунанду дар ҳайрат меафтанд. Дар номбар кардани номи шаҳру ноҳияҳо, вазифаҳо, номи муассисаҳо натоқон ғалат мекунад. Акнун дар бораи забони рӯзномаву маҷаллаҳо ҳоҷати гап ҳам нест. Калимаҳои душворфаҳм дар матбуот вуҷуд дорад, ки аксари хонандагон онҳоро намефаҳманд».

Баҳриддин Камолидинов мегӯяд, қаблан боиси ташвиш буд, ки чаро фазои иттилоотии Тоҷикистонро рӯзномаҳои русизабон ишғол кардаанд, аммо имрӯз аксарияти рӯзномаҳо бо забони давлатӣ чоп мешаванд.

Профессор Иброҳим Усмонов сатҳи забондони ва умуман риояи дурусти забони тоҷикиро миёни кормандони драматургияи имрӯзи тоҷик ташвишовар хонда, қайд намуд, ки дар драматургияи мо муаллифоне пайдо шудаанд, ки чӣ будани драмаро намедонанд, театрро намешиносанд ва гузашта аз ин забони тоҷикиро хуб намедонанд, ки дар натиҷа коргардони театр чӣ сохтанашонро намедонанд.

Бояд зикр намуд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ як рӯз пеш аз таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ба масъулони идораҳои давлатӣ гуфт, дар донистани забони давлатӣ масъулияти бештаре эҳсос кунанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин омӯзиши ҳамаҷонибаи забони тоҷикиро дар мактабҳову боғчаҳои бачагона таъкид намуда, барномаҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар мактабҳоро як усули кӯҳнашуда унвон намуд.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi