19:55:11 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

ҚИССАҲОИ ТАРОНАҲОИ СОЗИ ШОҲВАЛИИ ТАРОНАСОЗ

Таронаҳои мақбули оҳангсози номаълум

Инак панҷоҳ сол мешавад, ки дар Тоҷикистони азизи мо суруд таронаҳои ӯ қариб, ки ҳар рӯз дар тӯю базмҳо, маҳфилҳо, консертҳо садо медиҳанд. Таронаҳои ӯро на як насл ду насл сурудаанд. Барои мисол таронаи ӯ «Ба нӯги панҷа меравӣ»-ро агар аввал Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, шодравон Тоҷиддин Муҳиддинов суруда бошад, имрӯз духтари ин овозхони маъруфи кишвар, Шабнами Тоҷиддин ҳамчун мерос аз падар месарояд.

/images/stories/2012/08/12_1.taronasoz-120812.jpgСурудҳои машҳури Ҳофизи Халқии Тоҷикистон, худораҳматӣ апаи Нигина Рауфова «Рақсида биё, ёрат мануме», «Дуздида ба ман дидиву ман дидам» низ аз сохтаҳои ӯ мебошанд. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Дона Баҳромов солҳои 70-уми асри гузашта суруди дигар ӯ «Катим бугу магу кардие»-ро миёни алоқамандони мусиқӣ дар Тоҷикистон маъруф карда буд.

Ба гуфтаи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов яке аз сабабҳои ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ мақбули алоқамандони мусиқӣ гардидани ӯ ҳамчун овозхон дар яке аз озмунҳо сурудани таронаи «Ма қурбони сару пои ту мешам модари ман»- мебошад, ки матн ва оҳанги он сохтаи ҳамин шоиру овозхону оҳангсоз ҳаст. Ва ногуфта намонад, ки ин суруди зеборо аввалин маротиба Ҷӯрабек Назриев, овозхони маъруфи кишвар, ки бо Аҳмад Зоҳир аз наздик шинос буд ва ҳатто бо ӯ чанд суруди дугона хондааст, аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба армуғон овардааст.

Сурудҳои дигари ӯ «Худо бувад ёрет, Қуръон нигаҳдорет», «Дӯстат дорам ҳамеша, ҳамеша», «У Шаҳрбону, бону ҷоно», «Кай бошаду кай», «Не, не, ҳаргиз, ҳаргиз» тавассути садои Аҳмад Зоҳири нотакрор вориди Тоҷикистони мо шуданду дар ин ҷо ба сурудҳои дӯстдоштаи алоқамандони мусиқии ноб табдил ёфтанд. Имрӯз ин таронаҳоро қариб ҳамаи овозхонҳои ҷавони мо азёд медонанду месароянд.

Хонандаи гиромӣ, сухан то ин дам дар бораи таронаҳое рафт, ки ҳам матн ва ҳам оҳанги онро ин шоир, оҳангсоз ва ҳам овозхон эҷод кардааст. Вале ӯ боз бар ашъори шоирони классик ва муосири шинохтаи форсзабон низ таронаҳои мондагор сохтааст. Барои мисол метавонем таронаҳои «Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест» (ғазали Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ), «Набар ин гумон, ки муфтӣ ба Худо расида бошӣ» (ғазали Мирзо Абдулқодири Бедил), «Имшаб аз бода харобам куну бигзор бигирям» (ғазали Баҳодури Ягона), «Маро чун қатраи ашке зи чашм андохтӣ рафтӣ» (шеъри Муҳаммади Қаҳрамон)-ро намуна биёрем, ки низ онҳоро Аҳмад Зоҳири нотакрор хондааст.

Ӯ танҳо барои Аҳмад Зоҳир суруду тарона эҷод накарда буд. Оҳангҳои сохтаи ӯро дар Афғонистон аз устод Сароҳанги машҳур, ки лақаби «Сартоҷи мусиқӣ»-ро дорад, сар карда то овозхонҳои насли имрӯз бо як шавқу рағбати зиёд месуруданду месароянд. Вале, мутаассифона, на танҳо дар Тоҷикистони мо, балки дар Афғонистон ҳам доираи васеи мухлисони савту суруд, ҳатто баъзан овозхонҳо ҳам, намедонанд, ки оҳангҳои ин суруду таронаҳои маҷзубу марғуб моли кадом оҳангсоз, матни бархе аз онҳо эҷоди кадом шоир мебошанд.

/images/stories/2012/08/12_2.taronasoz-120812.jpgПас, дар ҳақиқат,  ин фарде, ки таронаву сурудҳояш ҳамаи марзҳоро убур кардаву ба дилҳо маъво гирифтаанд, вале номи ӯ дар Тоҷикистони мо на танҳо ба алоқамандони ин ҳунари воло, балки ҳатто ба сарояндагони сурудҳои дилнишинаш шиносу ошно намебошад, кӣ ҳаст? Ба хусус вақте ки дигар ӯ дар қайди ҳаёт нест ва наметавонад бигӯяд, ки ҳамаи ин шоҳкориҳои мусиқиро аз худ ӯ ба мерос гузоштааст.

Бале, ана ҳамин оҳангсоз, шоир ва овозхони хеле барҷаста, вале барои алоқамандони мусиқии мо ношинос, рӯзи 11-уми декабри соли 2007 хеле дур аз Афғонистони азизаш дар дори ғурбат, дар яке аз гӯшаҳои иёлати Калифорнияи ИМА дар сини 81 солагӣ доии аҷалро лабайк гуфту ба ҷавори Ҳақ пайваст. Ва дар санги сари гӯри ӯ авлодонаш чунин суханҳоро ҳаккокӣ карданд:

«Устод Шоҳвалӣ Валии Таронасоз овозхон, шоир, оҳангсози машҳури Афғонистон, писари марҳум ҷенрол Муҳаммад Валихони Дарвозӣ, вакили салтанати шоҳ Амонуллоҳхон».

Шоҳвалӣ Валии Таронасоз дар тӯли зиндагонии хеш талхиву шириниҳои зиёдеро чашидаву  пастиву баландиҳо бешумореро паймудааст. Қиссаи шарҳи ҳоли ин шахсияти бузурги олами зебои мусиқӣ ниҳоят шуниданӣ ва хонданист.

Овони кӯдакии Таронасоз

Шоҳвалӣ Валии Таронасоз соли 1927 дар Кобул дар хонадони Шоҳмуҳаммад Валихони Дарвозӣ, ки ҳамон солҳо дар мақоми ноибуссалтанат ва вазири корҳои хориҷаи давлати нав ба истиқлолрасидаи Афғонистон ба раҳбарии Шоҳ Амонуллоҳхон ифои вазифа менамуд, чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушод. Шоҳмуҳаммад Валихони Дарвозӣ, ки худ низомии ҳирфаӣ буд ва рутбаи ҷенеролӣ дошт, шояд табъи шоирӣ низ дошта бошад, ки дар баъзе маъхазҳо ӯро бо тахаллуси «Огоҳ» ёд мекунанд.

Шоҳмуҳаммад Валихон ба Узро, духтари Фақирмуҳаммад ном шахсе аз қавми пупалзай хонадор шуд ва аз ин издивоҷ соҳиби нӯҳ фарзанд: шаш писар ва се духтар гардид. Писари калонии Шоҳмуҳаммад Валихон Аҳмад Алӣ Валӣ ба Обида, духтари Амонуллоҳхон, хонадор мешавад. Аз ин издивоҷ як фарзанде бо номи Аклил монда буд, ки то соли 2007 дар Рим, пойтахти Италия, зиндагонӣ мекард.

Шоҳвалӣ Валии Таронасоз, писари саввуми Шоҳмуҳаммад Валихон мебошад. Ӯ аз хурдсолӣ ба шеъру мусиқӣ рағбати беандоза калон зоҳир мекунад. Зеро падари фарҳангдӯсти ӯ сари ҳарчанд вақт дар хонаи худ маҳфилҳои шеъру суруд ороста ба он шоирону овозхонҳои маъруфи кишварро даъват мекард, ки аз ин ҳамоишҳо фарзандони ӯ низ баҳра мебурдаанд. Ба гуфтаи Фирӯза Валӣ Таронасоз, духтари Шоҳвалӣ Валии Таронасоз, гули сари сабади ин маҳфилҳо устод Қосими Афғон, бузургтарин овозхони аввали асри гузаштаи мелодии Афғонистон буд.

Устод Қосими Афғон, сардафтари мусиқии муосири афғон бо он машҳур аст, ки соли 1919 қабл аз эълон шудани истиқлолияти давлатии Афғонистон дар як баҳси фарҳангӣ сафири Бритониё Добсро, ки ҳам навозанда ва ҳам донандаи хуби мусиқӣ буд, ночор месозад оҳанги таронаи озодии Афғонистонро бо ӯ якҷо навозад ва устод Қосим он сурудро бисарояд. Ба назари банда чун ин қисса ҷолиб аст, мехоҳам онро ба тавваҷҷӯҳи шумо, хонандаи азиз, муфассалтар қисса кунам.

Мунозираи устод Қосим бо сафир Добс

Ин ҳодиса замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷанги саввуми Бритониё бо Афғонистон хатм шуда , вале ҳанӯз созишномаи сулҳ ба имзо нарасида ва Бритониё Афғонистонро ба расмият ҳанӯз нашинохта буд. Добс гӯё ҳамон шабу рӯз масъул буд, ки масъалаи ба расмият шинохтан ва ё нашинохтани Афғонистонро аз сӯи Бритониё дар Кобул ҳаллу фасл бикунад.

/images/stories/2012/08/12_3.taronasoz-120812.jpgДар яке аз даъватҳои расмӣ, ки дар он устод Қосими Афғон низ ширкат мекард, Добс аз овозхони машҳур мепурсад, ки кадом олоти мусиқиро ӯ навохта метавонад. Устод Қосим посух медиҳад, ки ҳамаашро. Добс боз мепурсад, ки пиониноро ҳам навохта метавонад? Устод Қосим посух медиҳад, ки бале.

Добс боз аз устод Қосим савол мекунад, ки оё шумо навохтани яке аз оҳангҳои эҷод кардаатонро дар пианино ба ман ёд дода метавонед? Устод Қосим посух медиҳад, ки бале, вале ба як шарт. Шарт ҳамин, ки ҳамон як оҳангро ман аз як парда менавозам шумо аз пардаи дигар. Агар розӣ бошед шурӯъ мекунем. Добс розӣ мешавад.

Устод Қосим оҳанги таронаи истиқлоли Афғонистонро дар ҳамон қасри бошукӯҳ месарояд:

Мактаби мост ҷои истиқлол,

Дарси мо нуктаҳои истиқлол.

Вақте, ки ин мисраъҳоро устод Қосим месарояд, аҳли маҳфил бо шавқ кафкӯбӣ мекунанд. Ҳарчанд, ки баъди ин Добс ба назокати масъала сарфаҳм меравад, вале аз идомаи навохтани мусиқӣ дигар худдорӣ карда наметавонад.

Дар худи ҳамин маҳфил дар як суруди дигараш устод Қосим бо ишора ба чашмони обии сафири англис Добс боз мегӯяд:

Мезанад чашми кабуди ту ба мижгон нохун,

Тарсам, ай шӯх, миёни ману ҷанг шавад.

Ва боз байтеро ҳамчун шаккаррез дар идомаи ин суруд мехонад:

Ҳамин ҷо сулҳ кун бо мо, чӣ лозим,

Ки дар маҳшар зи мо шарманда бошӣ!

Дар поёни ин ҳамоиш устод Қосим дар ҳузури Добс ин сурудро, ки матнаш аз шоир Мустағнист ва баъдҳо ба яке аз таронаҳои машҳури Афғонистон табдил ёфта буд, месарояд:

Ноз дорад бесарусомониям,

Баҳр дар бар қатраи тӯфониям,

Осмон сайраст саргардониям,

Мушкили ҳар кор шуд осониям,

 

Гар надонӣ ғайрати афғониям,

Чун ба майдон омадӣ медониям.

 

Кист афғон дар замони гиру дор,

Менатарсад аз наҳиби корзор,

Рашки Рустам, ғайрати Исфандиёр,

Кай бувад аз хасм рӯгардониям.

Гар надонӣ ғайрати афғониям,

Чун ба майдон омадӣ медониям.

Кай ба ғайр аз ҷанг бошад кори ман,

Ҷанг бошад кори ман, кирдори ман,

Шуд фароз аз ҷанг нангу ори ман,

То ба чанд, ай хасм, метарсониям.

Гар надонӣ ғайрати афғониям,

Чун ба майдон омадӣ медониям.

Гирдиҳамомадагони он маҳфили фаромӯшнашуданӣ ба ин ҳозирҷавобиҳову ҳунари волои сарояндагии устод Қосим то дер кафкӯбӣ мекунад. Устод Қосими Афғонро барҳақ сарояндаи истиқлолу озодӣ ном мемонанд. Акнун бармегардем ба идомаи қиссаи шогирди устод Қосими Афғон Шоҳвалӣ Валии Таронасоз, ки таронаҳояш ним аср боз дилҳоро дар қаламрави аълоҳазрат забонӣ форсӣ ба шӯру валвала меоранд.

Фоҷиаи хонадони Шоҳмуҳаммад Валихон

Шоҳмуҳаммад Валихон чун шавқу рағбати бузурги писараш Шоҳвалиро ба мусиқӣ мебинад аз устод Мадамхони ситорнавоз, донандаи илмӣ мусиқӣ хоҳиш мекунад, ки асосҳои ин ҳунари зеборо ба ӯ сабақ бидиҳад. Шоҳвалӣ дар муддати кӯтоҳ навохтани ҳармонияро ёд мегирад. Ӯ ташнаеро мемонд, ки ба лаби чашма расида буду мехост, ки ҳарчи тезтар ташнагиашро бишканад. Вале тақдир дигар чизро мехостааст…

/images/stories/2012/08/12_4.taronasoz-120812.jpgАввалҳои солҳои сиюми асри гузаштаи мелодӣ, замони подшоҳии Муҳаммад Нодиршоҳ буд. Муҳаммад Нодиршоҳ ҳукумати Бачаи Сақоро агарчи суқут ва худи ӯро ба қатл расонда бошад ҳам, вале дар дил хавфи онро дошт, ки бозмондагон ва ё тарафдорони Ҳабибуллохон дар мамлакат исён мекунанду ӯро барканор хоҳанд кард. Нодиршоҳ ҳатто ба собиқ аъзои ҳукумати Амонуллоҳхон, махсусан ба ҷенерол Шоҳмуҳаммад Валихон, чандон боварӣ надошт.

Ӯ ҳамеша дар бими он буд, ки рӯзе ин гурӯҳ сар бардошта даст ба як табадуллоти давлатӣ хоҳанд зад. Бинобар ин рӯзе аз рӯзҳои аввали соли 1933 Муҳаммад Нодиршоҳ ба навкаронаш амр медиҳад, ки ҷенерол Шоҳмуҳаммад Валиро ба иттиҳоми машрутахоҳӣ ва ҷонибдорӣ кардан аз ҳукумати Бачаи Сақо ба дор бикашанд.

Ҷасади беҷони ӯро ба хонааш оварда амр мекунад, ки ӯро хомӯшона шабона ба хок супоранд, то касе аз мурдани Шоҳмуҳаммад огоҳ нашавад ва дар ҷанозааш ҳам одами зиёд ширкат накунад. Рӯзи дигар ақрабои марҳум бо як мушкилоте аз қабристони маҳал ду метр заминро харида шабона Шоҳмҳамад Валихонро ҷаноза карданӣ мешаванд.

Дар лаҳзаи ахир аз куҷое дусад сиёҳпӯши ниқобдор пайдо мешаванду дар маросими ҷаноза ширкат карда тобутро то қабристон дасти ба даст гирифта бо ҳамроҳии мардум мебаранд. Баъд аз он ки шаҳид Шоҳ Муҳаммад Валихонро ба хок месупоранд сияҳпӯшон ҳамон тавре, ки омада буданд, ҳамон тавр нопадид мешаванд.

Аз ин рӯ дар байни хешовандони Шоҳмуҳаммад оиди ин дусад нафар ду ақида вуҷуд дошт ва то ҳоло низ баҳсҳо дар ин бора идома доранд. Якум нуқтаи назар инаст, ки ин дусад нафар фариштаҳои осмонӣ буданд, ки бо амри Худованд дар ҷанозаи дӯсти Ӯ ширкат карданд.

/images/stories/2012/08/12_5.taronasoz-120812.jpgДигарон бар ин назаранд, ки ин дусад нафар ҳамон тарафдорони марҳум буданд, ки ошкоро наметавонистанд, ки азхуд дарак бидиҳанд. Аз ин сабаб ба чеҳраи худ ниқоб кашида буданд. Ба гуфтаи Фирӯза духтари Шоҳ Валии Таронасоз, падари ӯ дар ин вақт тахминан 6-7 сол доштааст.

Хонаводаи Шоҳмухаммад Валихони Дарвозӣ баъд аз ин пурра зери назорати ҳукуматдорони вақти Афғонистон қарор мегирад. Расман ба мадрасаҳо ва мактабҳои таълимӣ амр дода мешавад, ки фарзандони ин хонаводаро ба таълим фаро нагиранд.

Вале фарзандони ӯ қариб ҳама ба пуррагӣ ба таври худомӯзӣ ва ё пинҳонӣ хату савод бароварда соҳиби илму ҳунар мегарданд ва барои миллату кишвари хеш хизматҳои арзанда анҷом медиҳанд. Шоҳвалӣ Валии Таронасоз инчунин боз касби меъмориро низ ба таври худомӯзӣ аз худ мекунад. Феълан дар бораи ҳаёти ин хонавода, ба хусус Шоҳвалӣ Валӣ, баъди марги Шоҳмуҳаммад Валихон чандон иттилои зиёде дар даст надорем.

Аз солҳои ҷавонии устод Таронасоз як акси якҷо бо актрисаи машҳури вақти синамои Ҳиндустон Мадҳубала гирифтаи ӯ ба ёдгор модааст. Хонум Мадҳубала, ки завҷаи овозхони машҳури Ҳиндустон Кишор Кумар буд, дар солҳои панҷоҳуми асри гузашта (акс соли 1952 гирифта шудааст) рақиби асосии ҳунарманди машҳури синамои Ҳинд Наргис буд ва дар даҳҳо филмҳои ҳунарӣ нақшҳои асосиро бозӣ кардааст. Ин акс аз ҳунардӯстиву ҳунарҷӯиҳои устод Таронасоз равшан гувоҳӣ медиҳад.

Шоҳвалӣ Валӣ соли 1960 бо хонум Морӣ Афзалӣ ақди никоҳ мебанданд ва аз ин издивоҷ соҳиби панҷ фарзанд мешаванд. Фарзандони ӯ Муҳаммадвалӣ Валӣ, Узро Валӣ, Фирӯза Валӣ, Адҳам Валӣ ва Масеҳ Валӣ мебошанд.

Ба гуфтаи Фирӯза Таронасоз аввалин таронаи падари ӯ суруди «Чашми сиёҳ дорӣ» мебошад, ки он солҳои панҷоҳуми асри гузашта сохта шуда аввалин бор онро хонум Мирман Парвин хондааст. Соли 1962 таронаи эҷоднамудаи ӯ «Рам кун, рам кун, рам, рам, рам» дар иҷрои Абдураҳим Сорбон аз тарафи Вазорати матбуот, ки баъдан ба Вазорати иттилоот ва култур тағйири ном кард, бо ҷоизаи беҳтарин суруди сол қадрдонӣ шуд.

Шоҳвалии Таронасоз ва устод Сароҳанг

Шоҳвалӣ Валии Таронасоз ҳунар ва илми мусиқиро ба шакли ҳирфаӣ чун бархе аз ҳамтоёни худ дар пеши мутахассисини мусиқии ғарбӣ ва ё устодони мактабҳои ҳиндӣ наомӯхтааст. Ҳамаи он чи ки ӯ дар мусиқӣ ва дар касби меъморӣ комёбӣ дорад тавассути истеъдоди худододиву заҳматҳои фаровон ба даст овардааст. Ногуфта намонад, ки дар Кобули ахири солҳои шастум бо нақшаи ӯ чанд биное эъмор шудааст, ки барои он замон хеле диданӣ ҳам буданд.

Ҳамин тариқ Шоҳвалӣ Валӣ ба худ тахаллуси Таронасоз мегирад ва барои овозхонҳои машҳури кишвараш суруду тарона месозад. Ин корро дар як ресторани шахсиаш, ки ба хотири эҳтироми зодгоҳи падар онро «Дарвоз» номгузорӣ кардааст, анҷом медиҳад. Ресторани «Дарвоз» амалан ҷои ҷамъомад ва машқу тамрини навозандаҳо ва овозхонҳое будааст, ки суруду таронаҳои Таронасозро менавохтаанду месуруданд.

Суруду таронаҳои устод Таронасоз, ки ҳама ҳамрадифи шодиву сурур ва ғаму андӯҳи мардуми Афғонистон будаанд, аввалин бор дар ҳамин муассисаи ба зоҳир на он қадар мӯҳташам, вале дар маънӣ  баробар ба бузургтарин як қасри Тарона, садо додаанд ва баъдан ба студиёҳои машҳур роҳ ёфта дар он ҷойҳо сабт гардидаанд. Бародари бузурги ӯ Аммонуллоҳи Валӣ, ки низ ошиқи ҳунари мусиқӣ будааст, дар хонаи худ ҳамин гуна маҳфилҳоро ташкил менамудааст. Хоҳарзодаи устод Сароҳанг, овозхони маъруф Шариф Ғазал дар як сӯҳбати худ ба хабарнигорон аз ин хусус чунин ёд кардааст:

/images/stories/2012/08/12_6.taronasoz-120812.jpg«Устод Таронасоз бо устод Сароҳанг дӯсти самимиву наздик буданд. Ҳамеша маҷолиси мусиқӣ доштанд. Устоди бузург дар манзили худашон ва дар манзили бародарашон Амонуллоҳи Валӣ маҷолиси мусиқӣ ташкил мекарданд ва устод Сароҳанг мара бо худ мебурданд. Устод Таронасоз дар категорияҳои мухталиф оҳанг сохтаанд. Оҳангҳое ҳаст, ки барои насли ҷавон ҳаст.

Оҳангҳоии фолклорӣ дорад ва инчунин оҳангҳои ҳамосиву меҳанӣ. Устод Таронасоз шогирди устод Сароҳанг буданд. Ва оҳангҳоеро мӯҳтарам Таронасоз кампуз карданд дар чавкоти рогҳоест, ки аз нигоҳи теорӣ ва илмӣ оҳангҳои эҷодшуда оҳангҳои фавқулодда дар сатҳи бисёр олӣ ҳаст ва ҷовидон ҳаст.

Кампузҳое, ки дар Роги Пилу сохтаанд на танҳо омотурҳо оҳангҳои устод Таронасозро замзама мекарданд ва аз он файз мебурданд, балки касоне, ки профессионал буданд вақте, ки оҳанги зебову мақбули устод Таронасозро мехонданд, мегуфтанд, ки «беҳтарин оҳанги хотираҳои ман аст». (Сухан дар бораи оҳанги «Ҳанӯзам, ҳанӯзам ба ёди манастӣ, Ту дар хотиру дар ниҳоди ман астӣ» меравад, ки онро Алтоф Ҳусайн Сароҳанг, писари устод Сароҳанг хондааст ва суханҳои мазкурро гуфтааст. С.Ҳ.)

Ҳамчунон устод вақте, ки роги Анандирро шабҳо иҷро мекарданд, Таронасоз соҳиб нути рога пурсон мекарданд ва гуфтанд, ки ма дар чавкоти ҳами рог як оҳанг кампуз кардем. Ва яке аз оҳангҳои худро замзама карданд ва устод Сароҳанг беҳад хуш шуданд ва бисёр ташвиқашон карданд. Ва шабҳо баъзе авқот вақте, ки устод мехонданд, устод Таронасоз ҳамроҳаш замзама мекарданд».

Муҳаққиқи осори устод Таронасоз Ҳамид Ҳомӣ менависанд, ки оҳанги суруди машҳури устод Сароҳанг «Чун ҷони хароботам, ҷонони хароботам» сохтаи устод Таронасоз мебошад.Устод Таронасоз тақрибан ҳазор суруду тарона эҷод кардааст, ки аксарияти овозхонҳои машҳури афғон аз қабили хонум Парвин, хонум Жило, хонум Рухшона, хонум Ноҳид, устод Маҳваш, хонум Салмо, Абдураҳими Сорбон, Аҳмад Зоҳир, Аҳмад Валӣ, Ҳайдар Салим ва дигарон онҳоро хондаанд.

Шоҳвалии Таронасоз ва Аҳмад Зоҳир

Қариб ҳамаи суруду таронаҳои эҷоднамудаи Шоҳвалӣ Валии Таронасоз миёни алоқамандони мусиқӣ маъруфу машҳур ҳастанд, писанди оммаи васеъ гардидаанд. Вале он суруду таронаҳои ӯро, ки аввалин бор аз лаҳни Аҳмад Зоҳир садо додаанд, имрӯз бо гузашти беш аз сӣ сол қариб ҳамарӯза овозхонҳои зиёде ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар дигар кишваҳои ҳамҷавори он бо шавқу рағбати зиёде месароянд.

Ба ақидаи Фирӯза Таронасоз, падари ӯ барои Аҳмад Зоҳир таронаҳои зиёдеро сохтааст. Дар айни ҳол ӯ аз 30 таронае ном мебарад, ки  оҳанги онҳоро падараш эҷод кардааст ва Аҳмад Зоҳир сурдааст. Ба гуфтаи ӯ аз миёни ин 30 суруд на танҳо оҳанг, ҳатто  матни 15 таронаи онро низ падари ӯ тасниф намудааст.

Ба ин қатор сурудҳои «Ту бо манӣ, ту бо манӣ, ту бо манӣ», «Ту бароям муқаддасӣ», «Мара, мара, май бидеҳ», «Худо бувад ёрет Қуръон нигаҳдорет», «Худо бувад ҳамроҳет, Қуръон пушту паноҳет», «Не, не, ҳаргиз, ҳаргиз», «Дӯстат дорам валлоҳ биллоҳ», «Дӯстат дорам ҳамеша, ҳамеша», «Ба оташин хӯи худ», «Мегум ки дустат дорум», «Кай бошаду кай», «У бону бону бону», «Бад дуъоят кунам», «Ошиқ шудаӣ, ай дил, ғамҳот муборак бод!», «Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ!» дохил мешаванд.

Рости гап, дар масъалаи  моли кӣ будани суруди «Ошиқ шудаӣ, ай дил, ғамҳот муборак бод!» солҳост, ки миёни муҳаққиқини осори Аҳмад Зоҳир баҳсу мунозираҳои зиёде меравад. Дар Тоҷикистон мусиқишиноси тоҷик Шаҳобиддини Ҳақназар бар ин назар аст, ки оҳанги ин таронаро солҳои 1976-77 оҳангсози маъруфи тоҷик, шодравон Фаттоҳ Одинаев бар пояи як шеъри устод Лоиқ Шералӣ бо номи «Шодиёна» («Дар тобу табат бинам, бехоби шабат бинам») сохтааст.

Устод Лоиқ ин шеърро дар шакли мусаллас бар як ғазали машҳури Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ эҷод кардааст. Ва худи ҳамон солҳо онро овозхони маъруфи кишвар Тоҷиддин Муҳиддинов аввалин бор сурудааст. Ба тахмини мусиқишиноси тоҷик шояд сурудро Аҳмад Зоҳир аз тариқи радиои Тоҷикистон шунида бошад ва оҳанги он ба ӯ писанд омада бошад.

Сипас бо хоҳиши ӯ дар ҳамин вазну шакли шеърӣ шоире барояш таснифе навишта бошад ва он таснифро Аҳмад Зоҳир дар ҳамон оҳанги таронаи тоҷикӣ суруда бошад. Дар худи Афғонистон низ сари моли кӣ будани ин тарона дер боз ин баҳсҳо идома доранд. Масалан истифодабаранда аз сайти Youtube.com Karwizz- ин оҳангро моли оҳангсози машҳури Афғонистон Найнавоз медонад.

Вале духтари Таронасоз, Фирӯза Таронасоз дар ҷавоби иддаъои ӯ бо истинод ба муқоваи албоми панҷуми сабти студияи «Музик сантар», ки дар он номи Шоҳвалӣ Валии Таронасоз ҳамчун муаллифи оҳангҳои ин албом навишта шудааст, мегӯяд, ки оҳангҳои сурудҳои ин албом пурра эҷоди падари ӯ мебошанд.

Матни чанд таронаи ин албом ннз ба қалами устод Таронасоз тааллуқ доранд. Вале дар бораи кӣ будани муаллифи матни таронаи мазкур чизе намегӯяд. Фирӯза танҳо аз он ҳарф мезанад, ки оҳанги ин таронаро падари ӯ эҷод кардааст. Ин албом соли 1978, ҳанӯз замони дар қайди ҳаёт будани Аҳмад Зоҳир бо номи «Ту бо манӣ» нашр шуда ба бозор бароварда шудааст.

Ба ин албом 11 таронаи зерини Аҳмад Зоҳир ворид карда шудаанд:

Ошиқ шудаӣ, ай дил ғамҳот муборак бод!

Ай нозанин аз ишқи ту девонаам девонаам,

Дӯстат дорам валлоҳ биллоҳ

Кай бошаду кай

Маро чун қатраи ашке зи чашм андохтӣ рафтӣ,

Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ

Рақс бикун шӯр бидеҳ

Ту бо манӣ, ту бо манӣ 

Ту бароя муқаддасӣ 

Аз ноз чи механдӣ 

Чи гармӣ чи хубӣ 

Ба гуфтаи Фирӯза ҳамаи оҳангҳои таронаҳои мазкур сохтаҳои падари ӯ мебошанд. Дар айни замоне, ки ин ҷумлаҳо навишта мешаванд (26-ми майи 2012), Фирӯза аз рӯӣ нӯҳ суруди ин албом (ба ҷуз таронаҳое, ки бо ҳуруфи курсив ишора шудаанд) видеоклип сохта онҳоро ҳамчун таронаҳои падари хеш пешкаши муштариёни шабакаи ҷаҳонии Интернет кардааст.

Ба маврид ва ҷолиб аст бигӯям, ки худи ҳамон сол, яъне соли 1978, Аҳмад Зоҳир дар студияи «Афғонмузик» таронаҳои албоми 13-уми худро сабт мекунад, ки оҳанги ҳамаи сурудҳо сохтаи оҳангсоз ва овозхон Фазлаҳмади Найнавоз буда, матни ҳамаи таронаҳои ин албом эҷоди шоири ширинбаён, марҳум Абдулаҳмади Адо мебошанд.

Ва он понздаҳ оҳанги дигаре, ки Шоҳвалӣ Валии Таронасоз матни онҳоро аз осори шоирони маъруфи форсигӯ гирифтааст ва барои Аҳмад Зоҳир онро таҳия кардааст, инҳо мебошанд:

«Агар зи халқ маломат» (соло), шеъри Меҳрдоди Авасто,

«Агар зи халқ маломат» (дуэт бо хонум Жило), шеъри Меҳрдоди Авасто,

«Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест», ғазали Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ 

«Забонамро намефаҳмӣ» дуэт бо Жило, ғазали Маҳдии Суҳайлӣ 

«Ай нозанин аз ишқи ту девонаам девонаам», ғазали доктор Муҳаммад Ҳусайни Алиободӣ 

«Имшаб аз бода харобам куну бигзор бигрям», ғазали Баҳодури Ягона,

«Тувба, тувба аз шаби ҳиҷрон тувба»

«Агар ишқ бошад гуноҳи Илоҳӣ», шеъри Бежани Тараққӣ

«Набарӣ гумон ки муфтӣ ба Худо расида бошӣ», ғазали Бедил

«Боз омадӣ, ай ҷони ман, ҷонҳо фидои ҷони ту», шеъри Порсои Тусиргонӣ,

«Маро чун қатраи ашке зи чашм андохтӣ рафтӣ», шеъри Муҳаммади Қаҳрамон

«Аз ноз чи механдӣ бар дида,ки мегиряд», шеъри Алии Аштарӣ

«Чаро дишаб ба сӯи ман намедидӣ, намедидӣ

«Ту ҷони манӣ, дигар чӣ хоҳӣ»

«Рафтам маро бибахшу магӯ ӯ вафо надошт», шеъри Фурӯғи Фаррухзод

«Рафт аз барам дилситон, рӯзу шабам дар фиғон»

Таронаҳои меҳании Таронасоз

Шоҳвалӣ Валии Таронасоз аз қабили он оҳангсозону овозхонҳое буд, ки бо баҳонаи кӯмаки башардӯстонаи байналмилалӣ ба Афғонистон ворид шудани нирӯҳои низомии Иттиҳоди Шӯравиро дар соли 1979 шадидан маҳкум кард ва алайҳи ин таҳоҷум садо баланд намуд.

Дар таснифу таронаҳои худ ӯ, азҷумла дар сурудҳои «То як нафар афғон аст, зинда Афғонистон аст», «Муттаҳид шавед, ҳамагӣ, муттаҳид шавед!», «Аллоҳу Акбар», «Ай қавми муҷоҳид, ай қавми муҷоҳид» ӯ мардуми Афғонистон ва тамоми мусалмонҳои ҷаҳонро алайҳи муҳоҷимон ба ҷиҳод даъват мекунад. Аз фоҷиъаи ба сари миллати афғон омада мутаассир шуда «Дарёи Кобул, акаҷон, хун гиря дорад»-ро менависад.

Баъдтар аз ҷангҳои байнихудии муҷоҳиддин дилшикаста шуда суруди «Каллаҳо холист, холӣ, одами доно куҷост?»-ро эҷод мекунад. Дар сарои ғурбат низ ҳамеша дар ёди Ватани азият кашидааш чун булбули бехонумон нолаи ҷонсӯз мекунад:

Кош ба кӯҳсори Ватан ҷон диҳам,

Мурдани чун Кӯҳканам орзуст.

Махмали ағёр азобам кунад,

Тиккаи карбос кафанам орзуст…

Ё дар суруди дигараш мегӯяд:

Ба ёди дараи Пағмон бигирям

Ба ёди наргиси Лағмон бигирям,

Ба ёди мардуми Парвон бигирям

Бехонумонам, оташ ба ҷонам

Булбули овораи Афғонситонам

Бо як ҷаҳон омаду бо сад ҷаҳон бирафт

Устод Таронасоз, ба гуфтаи Фирӯзабону, дар ғурбат қабл аз вафоташ бештар сурудҳои меҳанӣ гӯш мекарду баъдан сурудҳои Аҳмад Зоҳирро. Ӯ садои Аҳмад Зоҳирро чунон ҳам дӯст медошт, ки ба ёди ӯ бо номи «Пиёла, пиёла бодаро» таронае сохта буд, ки онро аввал худаш мехонад ва баъд Ришод Зоҳир, писари Аҳмад Зоҳир медиҳад.

Ва аммо дар марги худи Шоҳвалии Таронасоз ҳам шуарои зиёде бо сӯзу гудоз марсияҳо сурудаанд. Холиди Сиддиқ, як тан аз шоирони шинохтаи муосири афғон, дар марги Таронасоз, ки таронаҳояш аз ин ба баъд ӯро дар қалбҳои алоқамандони мусиқӣ зиндаву ҷовид нигоҳ медоранд, ин порчаро гуфтааст:

Шоҳи тараби ҷаҳони ҳунар аз миён бирафт,

Бо як ҷаҳон омаду бо сад ҷаҳон бирафт.

Фонуси базми зиндадилонро бибурд бод,

Меҳр аз фазои даҳр, моҳ аз осмон бирафт.

Бишкаст созҳову гусастанд торҳо,

Оҳанги ғам зи барбату аз най фиғон бирафт.

Хушхулқу хушадову хушовозу хушнаво,

Во ҳасрато, ки булбули Афғонситон бирафт.

Ёрон зи дида хун бияфшонед ҷои ашк,

К-он дилбари гузидаи пиру ҷавон бирафт.

Тойибсухан адибу ҳунарманди чирадаст,

Размандахӯй китлаи озодагон бирафт.

Дилдоғдору хун ба ҷигар гашт ҳар яке,

Бар рафтанаш бубин, ки чи бар дӯстон бирафт.

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi