20:04:12 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАР ДМТ «МАХЗАНИ АДАБИ ПРОФЕССОР ХУДОЙНАЗАР АСОЗОДА». ИФТИТОҲ ГАРДИД

Худойназар Асозода, профессор, доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ беш аз панҷ ҳазор нусха китоби шахсии худро, ки дар тӯли панҷоҳ соли фаъолияти омӯзгорӣ гирд овардааст, ба китобхонаи ДМТ тақдим намуд. Ба ин муносибат дар яке аз толорҳои факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими кушодашаваии китобхонае таҳти уновони «Махзани адаби профессор Худойназар Асозода» баргузор гардид.

Худойназар Асозода 1Маҳфилро Ҳаёт Одинаев, ректори ДМТ кушода иброз дошт, ки ин «Махзани адаб» бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ дар асоси муроҷиати профессор Худойназар Асозода дар хусуси эҳдои китобҳои шахсиаш ба китобхонаи Донишгоҳ таъсис гардидааст.

Нуриддин Саидов, вазири маорифи ҶТ, ки лентаи рамзии кушодашавии «Махазани адаб-ро якҷо бо Гулназар Келдӣ, шоири Халқии Тоҷикистон буриданд, дар ин маросим бештар сари масъалаҳои китобу китобхонӣ ва нашри осори бадеии адибон сухан ронд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки дар марҳилаи ҳозира масъалаи нарасидани китоби бадеӣ дар ҷумҳурӣ эҳсос карда мешавад. Масалан дар натиҷаи як омӯзиш маълум гардид, ки фонди китобҳои бадеии китобхонаи ДМТ хеле хароб шудааст.

Дар ҳамин ҳол бахши аъзами панҷ ҳазор китоби ба китобхонаи Донишгоҳ тӯҳфа намудаи профессор Худойназар Асозодаро китобҳои бадеӣ ташкил медиҳанд. Вазири маориф ин иқдоми профессор Асозодаро саривақтӣ ва ватандӯстона номида гуфт, ки он метавонад ин холигиро каме ҳам бошад пур намояд. Ӯ ибрози умедворӣ намуд, ки ин ташаббуси профессор Асозода дар оянда пайравони худро пайдо хоҳад кард.

Ҳамзамон Нуриддин Саидов аз китобхонаи профессори шодравон Воҳидҷон Асрорӣ ёдовар шуд, ки солҳои зиёд аст, ки донишҷӯёну устодони ДМТ аз он манфиат мебардоранд. Ба гуфтаи ӯ вазорати маорифи кишвар тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби захираҳои дохилӣ имконият пайдо намуда, кам ҳам бошад, нашри китобҳои бадеиро аз осори бузургони классик сар карда то намояндагони адабиёти муосир ба роҳ монанд. Зеро камбуди китобҳои бадеӣ дар чахор ҳазор матаби таҳсилоти ҳамагонии ҷумҳурӣ низ ба мушоҳида мерасад.

Дар суханронии худ профессор Худойназар Асозода гуфт, ки дар «Махзани адаб»-и ӯ китобҳои нодир хеле зиёданд. Китобҳое ҳастанд, ки намунаи онро ҳатто дар китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ пайдо кардан ғайриимкон аст. Ба ин қабил китобҳо асарҳои донишмандони рус дохил мешаванд, ки онҳоро ҳини дар аспирантураи Институти Шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ таълим гирифтан профессор Асозода ҷамъоварӣ кардааст.

Вале бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ӯ, дар байни ин китобҳо як китобе ҳаст, ки барояш хеле азиз аст. Ин китоб «Китоби муаллим» ном дорад ва аз падари муаллимаш ба ӯ ба ёдгор мондааст. Ӯ мегӯяд: «падари ман се китоб дошт: «Таърихи ВКП (б)», «Тарҷумаи ҳоли рафиқ Сталин» ва «Китоби муаллим». Ду китоби аввал гум шуд. «Китоби муаллим» ҳоло дар ҳамин ҷо ҳаст. Вақте, ки ҳамин китобро мехонам, дилам ба муаллимону педагогҳо месӯзад, ки аз ҳамин китоб бехабаранд. Гапе, ки дар солҳои чилум дар масъалаи баровардани савод гуфта шудааст».

Худойназар Асозода 2Худойназар Асозода 25-уми декабри соли 1941 дар деҳаи Момайии собиқ ноҳияи Балҷувони вилояти Кӯлоб дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Ӯ дар синни шашсолагӣ ба мактаби ибтидоии хоҷагии ба номи Тоҷикдивизия рафт ва то соли 1949 дар он ҷо хонд. Сипас барои идомаи касби муаллимӣ падарашро ба мактаби деҳаи Утунқалъа фиристоданд. Соли 1953 падар аз маорифи вилоят хоҳиш мекунад, ки ӯро ба хотири ба таҳсил фаро гирифтани фарзандонашон ба мактаби миёнаи ба номи Чкалови деҳаи Хонободи ноҳияи Кӯлоб интиқол диҳанд.

Асозода соли 1956 баъд аз хатми синфи ҳафтум ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, соли 1960 онро ба итмом расонда, муддати се сол бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ сараввал дар мактаб -интернати шаҳрчаи Ворошилобод ва баъд шаҳрчаи Ҷилликӯли ноҳияи Колхозобод дар синфҳои ибтидоӣ дарс гуфта ва соли 1963 ба факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи Давлатии ба номи В.И. Ленин дохил мешавад.

Соли 1968 ба сифати лаборант дар назди кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики ҳамин Донишгоҳ ба фаъолият мепардозад. Соли 1970 ба аспирантураи кафедраи адабиёти советии тоҷик дохил мешавад. Моҳи феврали соли 1971 ба Афғонистон сафарбар гардида, то ноябри соли 1973 ба сифати тарҷумон дар вазорати геологияи ин кишвар ифои вазифа менамояд. Баъди бозгашт ба аспирантура б арқарор шуд. 14-уми июни соли 1976 рисолаи номзадӣ дифоъ намуда дар кафедраи адабиёти советии тоҷик то моҳи ноябри соли 1978 ба сифати ассистент, муаллими калон ва дотсет фаъолият кардааст.

Моҳи ноябри ҳамин сол бо қарори бюрои Партияи Коммунистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон фиристода шуд, ки ин хизмат то моҳи июли соли 1981 идома ёфт. Асозода боз вазифаи дотсентиашро дар кафедраи номбурдаи Донишгоҳ идома дода, солҳои 1985-1988 докторанти Институти шарқшиносии АИ Шӯравӣ буд. 13 феврали соли 1989 дар шӯрои диссертатсионии Институти мазкур рисолаи докторӣ дифоъ намуд.

Баъди бозгашт аз Маскав то сентябри соли 1992 ба сифати дотсент, профессори кафедраи назария ва адабиёти нави форсии тоҷикӣ фаъолият намуда ва аз сентябри ҳамин сол бо фармони вазири маорифи ҷумҳурӣ ба вазифаи муовини аввали ректори донишкадаи забонҳои Тоҷикистон таъин гардид. Моҳи марти соли 1993 дуввумбора ба кафедраи назария ыа адабиёти навини форсии тоҷикӣ баргашта то моҳи майи соли 1996 вазифаи мудирии кафедраи номбурдаро ба ӯҳда дошт.

Худойназар Асозода 3Сипас бо фармони ректори донишгоҳ декани факултети филология таъин шуд. 21-уми июни соли 1999 бо хоҳиши худ аз вазифаи деканӣ сабукдӯш гардид. Аз сентябри соли 1999 дар донишкадаи андоз ва ҳуқуқ ба сифати мудири кафедраи забонҳо таъин мегардад. 5-уми январи соли 2005 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ ректори Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон таъин мешавад.

26-уми январи соли 2008 бо хоҳиши худ аз вазифаи ректорӣ озод карда мешавад. Якуми феврали соли 2008 ҳамчун профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон аз нав ба фаъолият шрӯъ менмояд. Соли 2010 бо фармони ректор мудири кафедраи номбурда таъин мегардад.

Профессор Худойназар Асозода яке аз сермаҳсултарин олимони адабётшинос ва танқиди адабии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Даҳҳо мақолаҳои илмӣ, беш аз 20 рисола, монография, дастур, барнома, китобҳои дарсӣ ва чанд китоб дар насри мустанад навиштаанд. Пажӯҳишҳои ӯ дар бораи эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, дар бораи таърихи адабиёти муосири Эрон ва Афғонистон аз асарҳои муҳими адабиётшиносии тоҷик ва нақди адабии имрӯза ба ҳисоб мераванд.

Дар зимни ин хабаре ҳоло ба таваҷҷӯҳи шумо расондем, хонандаи азиз, мо гузоришеро бо усули чандрасонаӣ низ пешкашатон менамоем, ки дар он лаҳзаҳо аз суханрониҳои ширкаткунандагони ин маҳфил оварда шудаанд ва шумо иттилои бештареро аз ин навори видеоӣ дастрас хоҳед кард.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi