21:53:36 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДУРДОНАҲОИ СИЁҲ

Хонандаи гиромӣ, ин дубайтиҳоеро, ки ҳамакнун пешкаши табъи нозуки Шумо мегардонам, расо даҳ сол муқаддам дар Хоҷа Баҳоваддин ном деҳае дар вилояти Тахори Афғонистон аз забони як сокини ин қаря ба рӯйи коғаз овардам. Борҳо хондаӣ, ки агар муҳаққиқе ё гирдоварандае намунаеро ба дӯстдорони эҷодиёти даҳонакии халқ пешкаш намояд, одатан сарлавҳаи онро дурдонаҳо аз эҷодиёти халқ мегузорад.

/images/stories/2011/10/17_durdonaho_1.jpgМо низ ба ин анъана пайравӣ менамоем. Яъне мо низ намунаеро аз эҷодиёти шифоҳии халқ бароятон пешкаш карда, аз калимаи дурдона истифода мекунем, вале бо иловаи сифат ё худ муайянкунандаи сиёҳ. Дубайтиҳоеро, ки шумо дар зер мутолиа хоҳед кард, дар ҳақиқат дурдонаҳое аз эҷодиёти даҳонии беш аз сӣ соли охири мардуми ҷафокашидаву мазлуми Афғонистон мебошанд. Вале дурдонаҳоеанд сиёҳ.

Сиёҳ барои он, ки дар ҳини навҳаи модари зори гиребончок, ки аз бахти сиёҳаш нола мекард, парешон гаштаанд. Сиёҳ барои он, ки онро ғарибу овораи дур аз Ватани афғонӣ дар уқёнуси хаёли худ аз вайронаҳои манзили ба гирдоби беадолатиҳои замона ғарқ гардидааш пайдо кардааст. Сиёҳ барои он, ки шаҳри зебои Кобули мушкбезро ба куллӣ сӯхтанду дар хокистари хотираҳои шаҳрвандони парешонаш ба ҷуз ин дубайтиҳо аз он зебогиҳову рӯшаниҳо дигар чизе намонда. Сиёҳ барои он, ки мусалсалҳову рокетҳову мушакҳо пайваста дар ин кишвар тухме мекоранд, ки ҳосили он сиёҳ ҳасту сиёҳӣ меоварад, рӯзи сиёҳ, бахти сиёҳ, фардои сиёҳ…

Эй кош Худованди бузург, болои ин кишвари ҳамсояи азияткашидаи мо борони раҳмататро неву ин борони сияҳро хушк мекардӣ!…

/images/stories/2011/10/17_durdonaho_2.jpgМан ин дубайтиҳоро аз забони Ғулом Сахӣ ном кассетафурӯше рӯзи чоршанбеи 24 октябри соли 2001 навиштаам. Он замон фурӯхтани кассетаҳои овозхонҳои афғонӣ дар Афғонистони феълӣ шуғли чандон бехатар набуд. Махсусан дар манотиқи таҳти назорати Толибон ва ё наздик ба он. Зеро Толибон шунидани суруду мусиқиро амали ғайришаръӣ эълон карданд ва тарғибгарони онро ба ҷазоҳои гуногун мувоҷеҳ месохтанд. Он замон мавқеи Хоҷа Баҳовуддин агарчанде дар зери тасарруфи ҷонибдорони профессор Раббонӣ буд, вале аз хатти ҷабҳа чандон дур мавқеъ надошт. Эҳтимоли ба чанголи Толибон афтодан ҳам хеле зид буд.

Аз ӯ пурсидам, ки оё аз эҳтимоли дар оянда чунин сурат гирифтани тақдираш дар ҳарос нест?

Мо таваккул бар Худои бузург кардем. Мо низ худро муҷоҳид меҳисобем. Муҷоҳид дар сангари дифо аз фарҳанг ва култури миллат, - посух дод ӯ. Овозхонӣ дар Афғонистон таърихи қадима дорад. Душманони миллати афғон ёдгориҳои таърихии моро аз байн бурданд. Акнун мехоҳанд санъати мусиқӣ ва овозхонии моро аз байн бубаранд.

Боз аз ӯ суол мекунам:

Оё имрӯзҳо низ мардум ба шунидани суруду мусиқӣ завқ доранд? 

Бале, асосан майли шунидани сурудҳои «трожедӣ» - ро доранд. Медонед «трожедӣ» чист, - мепурсад ӯ ва ба суханаш идома медиҳад, - ин, яъне сурудҳои ҳузновар, ғамбор, мазмунашон шикоят аз ҷудоиҳост, шикоят аз вайронии Ватан аст ва ғайраву ҳоказо.

/images/stories/2011/10/17_durdonaho_3.jpgДар ҳамин вақт ӯ дафтари фарсудаеро мебарораду варақгардон менамояд. Матни баъзе аз ин сурудҳоро, асосан дубайтиҳоро, ман барои худ дар ин дафтар навиштаам, - мегӯяд ӯ. Ва ба хондани дубайтиҳо шурӯъ мекунад. Баъди шунидани якчанд дубайтӣ ба ваҷд омадаму суол кардам, ки муаллифи онҳо кист? Гуфт: «Намедонам. Онҳоро аз даҳони овозхонҳо, аз фитаҳои консертии онҳо, аз фитаҳои ровиён гирд овардаам. Дар лаҳзаҳои маҳзунӣ зери лаб зам – зама мекунам, худро таскин медиҳам».

Сипас ӯ бо хоҳиши ман онҳоро қироат карду ман ба дафтарам навиштам.

Бале, онҳоро ҳатман касе эҷод кардааст. Вале гӯяндаи онҳо бо эҳтимоли қавӣ на як нафару ду нафаранд. Ҳатман нафарҳои зиёдеанд. Ва ин дубайтиҳо ба дилҳои зиёд низ роҳ ёфтаанд. Аз ин рӯ ба назари ман онҳоро дурдонаҳои адабиёти шифоҳии марҳилаи навини пурфоҷиаи мардуми мазлуми Афғонистон шуморидан хато нест. Инак намунаи чанде аз ин дубайтиҳоро ба қазовати шумо месупорем:

Дилам аз хотири Кобул ду ним аст,

Паноҳи мо ба Қуръони карим аст.

Наям навмед аз сархатти Қуръон,

Ки бисмиллоҳи раҳмонир раҳимаст.

ххх

Бихонед қулҳуаллоҳу аҳадро,

Сифоти зоти аллоҳу самадро.

Чи дайру Каъбаву бутхона ҷӯӣ?

Биҷӯ дар дил Худои беададро.

ххх

Ватандорон биё як ҷо бинолем,

Барои Кобули зебо бинолем.

Зи дарди Кобули вайронаи худ,

Ба кӯҳу дараву саҳро бинолем.

ххх

Ҳама дарҳо рухи зан баста гашта,

Ҳама мардум зи ҳастӣ хаста гашта.

На созу синамо не дангу дуле,

Ватан чун шишае бишкаста гашта.

ххх

Ба ҳар ҷо меравам ҷангу ҷидол аст,

Ду афғон байни худ дар қилу қол аст.

Ба ин бе иттифоқие, ки дидам,

Ба ҷаннат будани мо ҳам муҳол аст.

ххх

Худоё, золимон бедод карданд,

Ба рокет хуни мардум бод карданд.

На бар оёти Қуръон гӯш доданд,

На аз кори бади худ ёд карданд.

ххх

Фидои боғи болои ту Кобул,

Хиёбонҳои пурлои ту Кобул.

Надонистам, ки рӯзе хор мешӣ,

Ало ай вой, ай войи ту Кобул.

ххх

Зи дасти душманон кори ту ҷар шуд,

Аз ин расвоият дунё хабар шуд.

Ба Покистон чаро додӣ инонат,

Ки рӯбоҳи сарат як шери нар шуд.

ххх

Ватан дар қадду болоят бимирам,

Ба торикии шабҳоят бимирам.

Намепурсад касе аз ҳоли зорат,

Ба рӯзи бекасиҳоят бимирам.

ххх

Ба ҳоли худ маро гирён гирифта,

Ки ҳарҷо меравум овон* гирифта.

Ба бандихонаи Кобул асирам,

Ки Кобул чеҳраи зиндон гирифта.

 

Лаби дарёи Кобул миллаҷо буд,

Сарои Шонздаҳ мушкилкушо буд.

Ма қурбони пули Боғи умумӣ,

Ки онҷо ваъдагоҳи ошиқо буд.

ххх

Ватандорон ватан бечора гашта,

Танаш садпора аз хунпора гашта.

Шимоли шарқу ғарбу то ҷанубаш,

Ҳама яксар замини хора гашта.

ххх

Садои сози Кобулҷон хамӯш аст,

Зи рокет хуни ӯ доим ба ҷӯш аст.

Зи тарси куштану чуру чаповул,

Ҳазорон марду зан хона ба дӯш аст.

ххх

Илоҳӣ дар бигирад душмани мо,

Зи дасти мо гирифта майҳани мо.

Тани моро ба хоку хун кашида,

Илоҳӣ зинда бошад мурдани мо.

ххх

Ба зури барча* қатли ом карданд,

Ба рокет даъвии Ислом карданд.

Ба сад чолу фиребу рангбозӣ,

Даруни кура кори хом карданд.

ххх

Агар шавқи дилат дар қатли ом аст,

Ҷиҳоди роҳи Исломат кудом аст?

Машав аз кардаат имрӯз ғофил,

Ки фардо сахт рӯзи интиқом аст.

ххх

Ватан як сар ба дасти пайсадор аст,

Замин то осумонаш кӯкнор аст.

Гирифта шӯҳраташ кулли ҷаҳонро,

Дили мо хуш ки ҷои ифтихор аст.

 

Шунидам Кобула эъдом карданд,

Ватан то мазҳабаш бадном карданд.

Ба пеши ҳиндуву габру мусулмон,

Худа расвои хосу ом карданд.

ххх

Чи паштуну чи тоҷик, чи ҳазора,

Ҳама кардан ватанро пора – пора.

Агар меҳанпарастон инчунинанд,

Бизан бар ифтихоришон нағора.

ххх

Илоҳӣ шамъи касро гул насозӣ,

Чаман бе нағмаи булбул насозӣ.

Маро дигар ба ҳаққи Шоҳи мардон,

Ҷигархун дар ғами Кобул насозӣ.

ххх

Маро дар олами ғурбат Ватан нест,

Ватан зебост аммо ҷои ман нест.

Агар дар роҳи ишқаш ҷон супорам,

Барои турбатам як газ кафан нест.

ххх

Агар дил метапад дил аз чӣ танг аст?

Агар дорам саре сар аз чӣ нанг аст?

Агар бошад Ватан оворагӣ чист?

Агар овораам пас аз кӣ нанг аст?

ххх

Агар тарки Ватан кардам раво буд,

Ватан оғуштаи дарду бало буд.

Надонистам ба рӯзи алвидоаш,

Ки обу донаи мо дар куҷо буд.

ххх

Чунон дар зиндагӣ бе банду борем,

Ки мо ҳам пеши худ беэътиборем.

Ҳама дарҳои дунё баста гашта,

Зи афғон гуфтани худ шармсорем.

ххх

Дигар ай хок маҷбурам насозӣ,

Зи оғуши худат дурам насозӣ.

Агар рӯзе маро овора кардӣ,

Ба мулки ғайр муздурам насозӣ.

ххх

Дигар завқи Ватан гуфтан надорам,

Ватан ҳар кас ки дорад ман надорам.

Чунон хоки маро вайрона карданд,

Ки дигар азми пас рафтан надорам.

ххх

Ватан дигар туро абтар набинам,

Шаҳидат бекафан дигар набинам.

Дуоят мекунум пеши Худоҷон,

Дигар тифли ту бе модар набинам.

ххх

Баҳори меҳанам доим хазон аст,

Рухи зардаш мисоли заъфарон аст.

Барои луқмаи нони ҳамеша,

Сари ӯ хам ба пеши ину он аст.

ххх

Биё мутриб сарам нози дигар кун,

Дилам хун аст овози дигар кун.

Дигар Кобул хароботе надора,

Ба ёдаш як даме сози дигар кун.

ххх

Маро хоки Ватан мушки Хутан буд,

Димоғам маст аз бӯи Ватан буд.

Ба ту мегӯям ай меҳанфурӯшон,

Ҳамон моле, ки бурдӣ, моли ман буд.

ххх

Илоҳӣ чора бо гирён намеша,

Дили пурдарди мо дармон намеша.

Магар аз ғайб созӣ чораи мо,

Вагарна шоми мо поён намеша.

ххх

Ватан имрӯз дар коми наҳанг аст,

Хиёбон то хиёбонаш ба ҷанг аст.

Касе парвои мардумро надорад,

Ҳама мадҳуш аз тарёку банг аст.

ххх

Агар шаҳри ту вайрон шуд, чӣ меша?

Агар мардум пурайшон шуд, чӣ меша?

Барои иззати сагҳои кӯча,

Агар куштори инсон шуд, чӣ меша?

ххх

Яке хар мехарад полон ба дӯш аст,

Дигар хар мефурӯшад харфурӯш аст.

Бубин духтарфурӯшони Ватанро,

Ки хар беҳтар зи сад духтар фурӯш аст.

ххх

Чаро Кобул, чаро вайрона гаштӣ?

Чаро аз мардумат бегона гаштӣ?

Ба ҳарҷо бинамат дудат буланд аст,

Ба даври оташат парвона гаштӣ.

ххх

Ба Ҳаҷмири шариф кардам дуоят,

Ки то бошад Худо пушту паноҳат.

Ба ғайр аз як дуои хушку холӣ,

Надорам туҳфаи дигар бароят.

ххх

Чӣ шуд он духтарони дилфиребат?

Чӣ шуд он навхатони ҷомазебат?

Чӣ шуд хели парирӯёни Кобул,

Куҷо шуд ошиқони гулбаҷебат?

ххх

Зи Кобул омадам Делӣ, ки ҷон аст,

Ба умеде ки мардум дар амон аст.

Зи дӯзах омадам рафтам ба дӯзах,

Ки Делӣ кӯраи оҳангарон аст.

ххх

Ватандорон Ватан охир чиҳо шуд?

Танаш пурхун чу дашти Карбало шуд.

Писар аз модару модар зи духтар,

Падар аз тору пуди худ ҷудо шуд.

ххх

Биродарҳо Ватанро манъ карданд,

Ба мардум зиндагиро танг карданд.

Ба торихи Ватан карданд бозӣ,

Ватанро мулки бефарҳанг карданд.

ххх

Ало ай Кобули ноздонаи ман,

Чаро оташ задӣ дар хонаи ман.

Кашидам солҳо бори ғаматро,

Чаро аз ман гирифтӣ хонаи ман.

ххх

Даруни кура бирён аст Кобул,

Шабу рӯзаш ба гирён аст Кобул.

Чу тифли бепадар ҳардам шаҳид аст,

Ба ҳоли хеш ҳайрон аст Кобул.

ххх

Ба даргоҳи Низомуддини чиштӣ,

Бикардам гила аз бесарнавиштӣ.

Нидо омад, ки ай афғони носоз,

Дарав кардӣ ҳамон чизе, ки киштӣ.

ххх

Маро аз хоки ман бегона карданд,

Маро аз хонаам бехона карданд.

Мусофир гаштаам дар мулки дигар,

Ба ғурбат пои ман завлона карданд.

 

Гирдоваранда Султони ҲАМАД

Улусволии Хоҷа Баҳовуддин вилояти Тахори

Давлати Исломии Афғонистон

24 октябри соли 2001



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi