18:35:50 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ГУЛНАЗАР: "ҲАМА ДАР ФИКРИ ШИКАМ ҲАСТЕМ..."

Гулназар Келдиев, Шоири Халқии Тоҷикистон. 20 сентябри соли 1945 дар рустои Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар соли 1966 ба анҷом мерасонад. Фаъолияти кориро аз нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз ва  сипас дар маҷаллаи “Садои Шарқ” идома медиҳад. Солҳи 1975-1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат мекунад. Аз соли 1991 дар  ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат" ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият мепардозад.

Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи "Расми сарбозӣ" дар соли 1969 аз дасти чоп раҳо мешавад. Ҳамин тавр дар нашриёти мухталифи Тоҷикистон китобҳои шеъри ӯ паиҳам бо номҳои  "Дастархон”, "Нардбон", "Ағба" ,"Паҳно","Лангар" ,"Пайи дарё" , "Чашми нигин", "Табхола" ва ғайра ба нашр мерасанд. Китоби шеърҳои ӯ бо русӣ дар Русия ва  ҳуруфи форсӣ дар Эрон низ мунташир шудааст. Муаллифи чандин асарҳои саҳнавӣ буда шеърҳои шоирони русро ба тоҷикӣ баргардон кардааст. Аз соли 1973 ба узвияти  Иттифоқи нависандагони СССР пазируфта мешавад. Барандаи ҷоизаи Ҷавонон ё комсомол ва мукофти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакист. Муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон аст. Ҳоло муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакист. Соҳиби панҷ фарзанд.

Мусоҳиба бо Гулназар Келдӣ, муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ.

/images/stories/2011/10/12_gulnazar_keldi_2011.jpgЧанде қабл Шоири халқии Тоҷикистон -- Гулназар муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ таъйин шуд. Азбаски пеш аз ӯ Мӯъмин Қаноат дар ин вазифа фаъолият мекард,  ҳамин гуна сару садоҳое баланд шуд, ки аз сӯи Гулназар як навъ беэҳтиромӣ нисбат ба устодаш сурат гирифтааст. Дар сӯҳбате, ки бо Гулназар Келдӣ доштем, масъларо бо худи ӯ дар миён бигузоштем.

Гулназар: - Қабл аз ҳар чизе дигар бояд бигӯям, ки наздики бист сол дар ин Кумита узвият дорам ва аз тариқи кори он хуб огоҳ ҳастам. Устод Мӯъмин Қаноат соли оянда ҷашни 80-солагии худро таҷлил мекунанд ва борҳо изҳор доштанд, ки мехоҳанд китоби хотироти  худро таълиф намоянд. Аз ин ҷиҳат ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ин вазифаро ба афроди ҷавонтар вогузор кунад. Ҳамин сабаб боис шуд, ки ин масъулият дар ӯҳдаи ман бошад. Ман гумон мекунам, ки устод Қаноат аз ин кор ҳеҷ ранҷидахотир нестанд, балки шоданд, ки шогирди худашон дар ин вазифа омадааст. Ман он касро ҳамчун устоди бузургвори худ эҳтиром мегузорам. Он кас зуд-зуд ба кумитаи мо меоянд, маслиҳатҳо медиҳанд. Гумон мекунам, агар он кас дар кумита ҳам набошанд, ҳамеша бо мо ҳастанд ва аз мо маслиҳату машваратҳои худро дареғ намедоранд.

АСАРҲО "МЕСӮХТАНД"...

-Дар як сӯҳбате, ки пештар бо устод Қаноат анҷом шуд, гуфта буданд, ки бо хоҳиши худ аз ин вазифа рафтаанд, чун корҳои зиёде доранд, ки мехоҳанд ба итмом расонанд...

-Воқеан, устод хаста ҳам шуданд. Синну сол, ки рафт, дигар он ғайрати ҷавонӣ ҳам боқӣ намемонад. Дар кумита кор хеле зиёд аст. Асарҳое, ки барои дарёфти ҷоиза пешниҳод мешаванд, пеш аз ҳама аз ҷониби раис бояд баҳогузорӣ шаванд. Раис бояд донад, ки ин асар чӣ қимат дорад, фикру андешаи ӯ ба аъзои кумита таъсир мегузорад. Росташро гӯям, солҳои охир устод тақрибан ин корро карда натавонистанд. Бисёр вақт ин ҷоизаҳо ба таъбири мардумӣ месӯхтанд. Масалан, бояд ҷоизаи адабӣ супорида шавад ва дар раъйдиҳии кумита овозҳо тақсим мешаванд, як кас мегирад 7 ва каси дигар мегирад 10 овоз.

Раъйи заруриро, ки довталаб бояд бигирад, гирифта наметавонад. Вақте  ду-се бор ба овоздиҳӣ сурат мегирад, вале аз байни се довталаб касе ба таври кофӣ овоз намегирад, ҷоиза ба касе дода намешавад. Худатон медонед, ки вазъи иқтисодии адибони мо он қадар хуб нест. Худи ҷаноби президент боре гуфтанд, ки адибони мо ин қадар сарватманданд, ки ҳар сол ду-се ҷоиза месӯзад. Мо бояд ба ин кор роҳ надиҳем. Албатта, мо кӯшиш мекунем, ки асарҳои беҳтарин соҳибҷоиза бишаванд. Аммо мутаассифона дар давраҳои гузашта асарҳои беҳтарин ва адибони беҳтарини мо ҳамин тавр беҷоиза ва ноком монданд.

ОБРӮИ ҶОИЗАИ РӮДАКӢ

-Мегӯянд, ки ҷоизаи Рӯдакӣ дар замони Шӯравӣ як ҷоизаи мӯътабар ва бо қадру боарзиш ҳисобида мешуд ва дарёфти он хеле мушкил буд, аммо дар даврони истиқлол он обрӯву арзиши пешинаро аз даст додааст. Чун хеле аз онҳое, ки баранда шуданд, сазовор набуданд. Акнун, ки Шумо масъулияти ин кумитаро бар ӯҳда гирифтед, аслу меъёри дарёфти ин ҷоиза чӣ хоҳад буд?

-Тарзи додани ҷоиза ва ё муайян кардани асари сазовор сирфан бо усули демократӣ сурат мегирад. Барои мисол, агар Шумо узви Кумитаи мо бошед, фикратонро ҳатман дар бораи осори пешниҳодшуда - асари бадеӣ, саҳнавӣ, ё асари мусиқӣ мегӯед. Бисёриҳо Шуморо тарафдорӣ мекунанд, яъне ҳамфикрии худро бо Шумо нишон медиҳанд. Аммо вақти овоздиҳӣ, фикрҳо дигар мешаванд. Бадбахтона, шояд ин як хусусияти миллии мо бошад, ки гапи ростро рӯирост намегӯем. Хотирбинӣ мекунем. Аммо ман гумон надорам, ки ҳамаи он нафароне, ки сазовори мукофоти “Рӯдакӣ” шудаанд, арзанда нестанд. Масалан, Сорбон беҳтарин нависанда аст.

Намоишномаи Мирзоватан Миров, ки дар Театри Ҷавонон намоиш дода шуд, хеле арзанда аст. Бо вуҷуди ҳамаи ин, дар замони Истиқлолият парешонӣ ба вуҷуд омад. Сатҳи зиндагӣ паст рафт, хонандагони мо аз мутолиа дур шуданд. Мутолиа кардан душвор нест, аммо харидану чоп кардан мушкил аст. Албатта, он шукуфоие, ки адабиёти мо дар солҳои 60-70-ум дошт, имрӯз надорад. Аксаран онҳое ба кори эҷодӣ даст мезананд, ки ҳаваскор ҳастанд. Гумон мекунанд, ки шеър нависанд Турсунзодаву Лоиқ мешаванд ва агар наср нависанд Фазлиддин Муҳаммадиев ё Саттор Турсун. Гумон мекунанд, ки адабиёт ин мисли як ҳуҷраи гарму равшан асту он ҷо баҳузур нишаста эҷод мекунанд. Вақте як ё ду китоб чоп мекунанду мебинанд, ки ҳеҷ ҳангомае нест, баъд даст мекашанд. Ман ҳамчунин раиси Кумисияи қабул ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон ҳастам.

Ҳоло шумори аъзои Иттифоқи нависандагон аз 200-300 нафар ҳам зиёд аст. Агар пул пайдо кунанд, як ёвар мегиранду дар як рӯз се китоб чоп мекунанд. Чопхонаҳои мо дигар нашриёт нестанд. Онҳо чоп мекунанд, баъди чоп мебинед, ки ҷумлаҳо ғалат. Баъзан ба назди мо меоранду мегӯянд, ки ин роман аст. Роман ин шоҳасари адабиёт аст. Пас, чӣ хел мешавад, ки дар умрат ягон ҳикоя нахондаву нанавишта бошиву яку якбора роман нависӣ? Мо бояд ба адабиёт аз рӯи асарҳои чопшуда баҳо надиҳем, балки аз рӯи маҳорат, истеъдод, мавқеи нависанда ва манзалати асараш баҳо диҳем. Масалан, Баҳманёр, ки аз ин кумита ду дафъа мукофот гирифта натавонистанд, хеле нависандаи барҷаста аст. Бовар дорам, агар асарҳои Баҳманёрро тарҷума кунанд, дар ҷаҳон дар баробари шедеврасарҳо хонанда пайдо мекунанд. Мутаассифона, сафи хонандагони мо хеле кам аст.

МОДЕЛИ ОФАРИДАИ ТУРСУНЗОДА

-Меъёри қабул ба узвияти Иттифоқи нависандагон ҳанӯз ҳам шумораи китоб аст?

-Бале. Ин меъёр дар оиннома аст, чопи се китоб. Агар адибони барҷаста пайдо мешуданд, ба ин меъёр нигоҳ намекарданд. Ман дар ёд дорам, ки устод Лоиқ вақте дар як маҷлис шеъри бахшида ба модарро қироат кард, устод Турсунзода ба ҳадде мутассир шуд, ки гуфт аз ин пас узви Иттиҳодияи нависандагон ҳастӣ. Ҳатто дар “Модарнома”-и устод Турсунзода, ки баъдтар пайдо шуд, таъсири он шеъри Лоиқ эҳсос мешавад. Ҳарчанд устод Лоиқ ҳамеша мегуфтанд, ки аз дӯкони Устод (Турзунзода) болотар дӯкон накушоед.

Ҳоло, ки дар арафаи ҷашни устод Турсунзода сӯҳбат мекунем, як чизро гуфтанӣ ҳастам, ки устод аз миёни ҳамқаламони худ якбора хеле пеш рафт. Он кас модели шеъри навро офариданд, ки баъдан Ғаффор Мирзо, Аминҷон Шукӯҳӣ, Мӯъмин Қаноат, баъдтар Лоиқу Қутбиву Мастону Бозор Собиру Гулрухсор ва ҳамқаламони насли имрӯзаи мо онро ба шукуфоӣ расониданд. Моделро Турсунзода офариданд, ки барои мисол шеъри сиёсӣ бояд чӣ гуна бошад, лирикӣ чӣ гуна бошад, дар васфи Модар, Ватан, табиати диёр шеър гӯед, он бояд чӣ тур бошад. Ҳоло аз он солҳо 40-50 сол гузашт, мушоҳидаҳо дигаранд, мо дигарем, аммо сарчашма ҳамон модели офаридаи устод Турсунзода аст.

3 ҲАЗОР ДОЛЛАР. МАБЛАҒИ ҶОИЗА

-Баргардем сари Кумитаи ҷоизаи ба номи Устод Рӯдакӣ. Баъде, ки Шумо ин масъулиятро қабул кардед, дар ҳайати он кадом дигаргунӣ пеш омад?

-Тақрибан шаст-шаступанҷ фисад аъзои Кумита иваз шуданд. Аз баъзе соҳаҳо раиси муассиса аз баъзеи дигар мутахассис ё намояндаи саршиноси он соҳа. Зеро онҳо ҷамъият, муассиса ва аъзои худро ва муҳимтар аз ҳама асар ва зарфияти эҷодкори онро хубтар медонанд.

-Мегӯянд, ки маблағи ҷоизаи устод Рӯдакӣ кам аст. Азбаски ин ҷоиза аз тарафи давлат тақдим мешавад ва ҷоизаи давлатӣ унвон дорад бояд як маблағи бештар дошта бошад?

-Ман соли 1994 сазовори ин ҷоиза шудам, ки он вақт маблағи он 300 ҳазор рубли русиро ташкил медод. Бисёр беқурб буд ва аз он боз 80 ҳазорашро барои андоз гирифтанд, ки боқӣ монд 220 ҳазор. Бо ин пул барои худам ва хонумам ҳамагӣ яктоӣ кафш харидам. Аммо зиёд шудани маблағи ҷоиза ба вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ вобаста аст. Ҳоло фикр мекунам, маблағи ҷоиза бад нест (3 ҳазор доллар). Албатта, дар оянда талош хоҳем кард, ки болотар бурда шавад.

АДИБОН ДАР ПАРЛУМОН

-Дар ҳар навбати фаъолияти порлумон аз ҷониби ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ як нафар адиб вакил интихоб мешавад. Аз ҷумла Шумо ҳам дар даъвати пешинаи порлумон вакил будед. Гуфта мешавад, ин амр идомаи анъанаи замони ҳизби коммунист дар Шӯравист, ки аз ҳар касбу пеша як нафар вакил интихоб мешавад. Назари Шумо чӣ аст, оё порлумон ҷойи адиб ҳам ҳаст?

-Порлумони имрӯзаи мо аз порлумони давраи Шӯравӣ фарқи зиёд дорад. Порлумони мо порлумони касбист. Ҳоло ҳамчуноне, ки пеш роиҷ буд, намешавад деҳқон, коргар ва ё раққосаеро пешбарӣ кард. Дар замони пеш аз рӯи реҷаи муқарраркардаи ҳизб, аз ҳар касб вакил  интихоб мешуд. Имрӯз фақат мутахассисон пешбарӣ ва интихоб мешаванд. Масалан, вақте ман вакил интихоб шудам дар Кумитаи илм, фарҳанг, сиёсати байни ҷавонҳо кор мекардам, ки ин масоилро ман медонам. Ҳоло дар порлумон Низом Қосим ва як нафар нависандаи мо Маҳмадраҳим Каримов - раиси собиқи корхонаи сементбарорӣ вакил ҳастанд. Будани як нафаре, ки забонро хуб медонад, матнҳои қонунҳоро таҳрир мекунад, муҳим аст.

Албатта, дар порлумон тарҷумонҳо ҳам фаъолият доранд, ки кори таҳрирро ҳам пеш мебаранд, вале таҳрири вакил муҳим аст. Гумон мекунам, он қонунҳое, ки қабул мешаванд ва ё ба бархе аз онҳо ислоҳоту иловаҳо  ворид карда мешавад, Низом Қосим як бор ҳамаи онҳоро мебинад, таҳрир мекунад. Забони қонунҳо хубтар мешавад. Забони қонунҳои пешинаро бо имрӯза қиёс кунем, фарқият зиёд аст. Гоҳо нашрияҳои мустақили мо менависанд, ки вакилони мо дар толор менишинанду танҳо бо пахши тугма машғуланд. Аммо ин тавр нест. То оне, ки онҳо як қонунро таҳия ва омода кунанд, хуни дил мешаванд. Аввал матни онро дар кумитаҳо баҳсу баррасӣ ва таҳририу такмил карда, сипас, ба маҷлис мебароранд. Баъдан дар маҷлис ба оромӣ тукмаро пахш мекунанд. 5 октябри соли 2009 мо қонуни забонро қабул кардем.

Лоиҳаи ин қонун дар кумитаи мо борҳо мавриди баҳсҳои ҷиддӣ қарор гирифт; иловаҳо ворид мешуданд, моддаҳо тағйир мехӯрданд ва то чаҳор моҳ кашокаш болои он идома ёфт. Дар маҷлис ҳам даргириҳо шуд, ки масалан барои чӣ забони русӣ забони давлатӣ нест. Мо забони русиро ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо нигоҳ доштаем. Ва дар Қонуни асосӣ ҳам ин нукта таъкид шудааст. Аз ин рӯ он забони давлатӣ буда наметавонад. Дар ин қонун таъкид шудааст, ки дар ҳамаи ташкилоту корхонаву муассисаҳо коргузорӣ бояд бо забони давлатӣ сурат бигирад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, новобаста аз мансубияти  миллӣ бояд забони давлатиро донад.

Ин меъёри қонун бисёр муҳим аст. Шоҳид ҳастед, ки бист сол пеш, онҳое, ки ҳамроҳамон мезистанд, моро ва забонамонро писанд намекарданд. Дар маҷлисҳо касе ба забони модарӣ ҳарф мезад, ӯро водор мекарданд, ки русӣ гап занад. Имрӯз комилан дигар аст. Коргузорӣ 99, 5 дар сад бо забони давлатист. Дирӯз як кас аз ман пурсид, ки чаро қонуни забони давлатӣ ба тасвиб расид, аммо амали он муассир нест. Ман гуфтам, ки қонун барои як ё ду рӯз нест. Қонун дар даҳсолаҳо амалӣ мешавад.

"УМРИ МАРДУМ ДАР ФИКРИ ШИКАМ МЕГУЗАРАД"

-Аммо имрӯз чаро номзадии як нависанда ё адиб аз ҷониби мардум ба порлумон пешниҳод намешавад. Масалан, чуноне дар солҳои навад номзадии устод Бозор Собир аз ҷониби мардум пешниҳод шуда буд?

-Шумо медонед, ки қисмате аз вакилони Маҷлиси Намояндагон аз рӯи феҳристи ҳизбӣ интихоб мешаванд. Масалан аз ҲХД, ҲК ва ё ҲНИТ. Онҳое ҳам, ки аз тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд, асосан аҳзоб пешниҳод мекунанд. Ин як тарафи масъала. Тарафи дигар ин ки имрӯз мардуми мо нависанда ва шоирони худро намедонад. Намешиносад. Масалан, ман меравам мегӯянд, ки Гулназар аст. Муаллифи Суруди Миллии Тоҷикистон. Аммо Гулназар танҳо суруди миллӣ нанавиштааст-ку. Мутаассифона ҳоло ҳамин тавр аст. Кай медонанд, ки Кӯҳзод чӣ навиштааст, кай медонанд, ки Саттор Турсун чӣ навиштааст.

Ҳеҷ кас нест, ки дар фикри дили худ бошад,

Умри мардум ҳама дар фикри шикам мегузарад.

Ҳоло мо ҳама дар фикри шикам ҳастем. Вақте ки кам-кам шикам сер мешаваду мо аз фикри он халос мешавем, баъдан дар бораи дил фикр мекунем. Дар ҳама давру замонҳо, ҳатто дар замони Шӯравӣ ҳам шукуфоии адабиёт дар замони некӯаҳволии мардум ба миён омад. Солҳои шастуму ҳафтодум, ки шиками мардум сер шуд, ба таъбире коммунизми мо буд, адабиёт шукуфт. Ҳар вақт, ки мушкилӣ ҳаст, адабиёт пеш намеравад. Чаро дар замони Сомониҳо адабиёт пеш рафт, ин қадар шоиру нависандаҳо ба майдон омаданд, устод Рӯдакӣ пайдо шуд? Чунки замони хуб буд. Замона хуб шавад, адабиёт ҳам хуб мешавад ва мардум ба адабиёт рӯ меоварад.

-Ё шояд иллат он бошад, ки адибон ва адабиёти мо он нақшу мақомеро ки пештар дошт, аз даст додааст. Мавқеи иҷтимоии адабиёт ва адибони мо ҳоло хеле заиф аст...

-Ман чунин гумон намекунам. Мо барои он чунин хулоса мекунем, ки ин адабиётро намехонем. Ман, ки дар дохил ҳастам ва пайваста мутолиа мекунам, метавонам бигӯям, ки бисёр чизҳои аҷиб ҳам таълиф шудааст. Гуфта намешавад, ки ҳамаи онҳо хуб аст. Аммо бисёр чизҳои аҷиб ҳаст, ки ҳатто худи адибон намехонанд.

АГАР ИМРӮЗ ТУРСУНЗОДА МЕБУД, ТУРСУНЗОДА БУД?

-Ин ҷо устод на танҳо таълифоти адибон дар назар аст, чун аз адабиёт ва иҷтимоъ ва сиёсат сӯҳбат мешавад ҳамчунин ҷойгоҳи онҳо дар ҷамъият, сӯҳбатҳои онҳо суханронӣ ва баромадҳои онҳо дар назар аст. Он нақше ки Турсунзода дошт, ҳоло раиси Иттиҳодияи нависандагон надорад. Масалан, бо пешинаҳо мақомот ҳисоб мекарданд, машварат ва маслиҳат мепурсиданд ҳоло чунин нест...

-Гап сари он аст, ки мардум саргардони худ аст. Боз тарафи дигар масъала низ ҳаст. Масалан, Қутбӣ Киром дар бораи Мирзо Турсунзода як достони хуб доранд. Бо номи “Аввалин дидор”. Он кас чи тавр бо устод Турсунзода бори аввал дидор доштани худро тасвир кардаанд. Турсунзодаро дар ноҳияи Айнӣ тасвир мекунанд. Агар маркази ноҳияи Айниро дида бошед, дар он ҷо як манори хеле қадимае бо номи “Варзи манор” побарҷост. Шоир мегӯяд, ки вақте Турсунзода дар паҳлуи манор рост истод, дидам, ки ду манор қомат боло карданд. Шоир мегӯяд, ки:

Яке афсурдаи давру замон буд, (Дар ҳақиқат он манор сахт афсурда аст)

Дигар парвардаи давру замон буд. (Дар мо ҳамин парвардан нест)

Шумо гумон мекунед, агар Турсунзода имрӯз мебуд, Турсунзода буд? Набуд албатта. Турсунзодаро давлати бузурги шӯравӣ Турсунзода кард. Ҳизби коммунист Турсунзода кард. Турсунзодаро ҷаҳонгард кард. Вақте Турсунзода дар сафарҳо дунёи гуногунро дид, вақте ки бо инсонҳои бузург ҳамсӯҳбат шуд, Турсунзода шукуфт. Чаро дар мақоми Турсунзода Боқӣ Раҳимзода нест, барои чӣ Миршакар нест? Ҳамин тавр не. Барои чӣ Раҳимӣ нест, барои чӣ Суҳайлӣ нест, Аминзода чаро нест? Ман гумон мекунам, ки Аминзода аз ҷиҳати маҳорат бисёр шоири фавқулодда буд. Аммо бо ҳамин дегу табақи тоҷикии худаш монд.

Адабиёти имрӯзаи мо ҳам бо ҳамон дегу табақи тоҷикии худаш аст. Мо минбар надорем. Аз ҳама беҳтарин минбари мо, агарки хуб ҳиммат шавад дар Эрон ягон китоб чоп мекунем ё дар Афғонистон. Дар замони Шӯравӣ агар як шеъри хуб пайдо мешуд, ба зудӣ дар матбуоти марказӣ ба чоп мерасид ва чун СССР ними дунё буд, нисфи дунё огаҳ мешуд, ки барои мисол ман чӣ навиштам. Ман ҳозир намедонам, ки ӯзбакҳои ҳамсоя, рафиқони ман, нависандаҳо, шоирҳо чи менависанд ва ё қирғизҳо. Дар мо ҳамон як шиори хубе, ки ҳоло ҳаст:-гуфтугӯи фарҳангҳо- нест. Мо дар инҳисори худ банд мондем. Мо дар инзиво, дар ҷудоӣ қарор дорем. Дар ҷудоӣ, дар танҳоӣ касе  ва чизе пеш намеравад.

НАҚШИ АДИБОН ДАР ҶОМЕА КОСТА ШУДААСТ?

-Ё ин ки имрӯз ҳукумат ниёз ба ин гуна афрод надорад. Ё ин ки ҳоло он марҳалае нест, ки адибон дар ҷомеа як нақшу мақоме дошта бошанд?

-Ҳозир давраи мо, давлати мо сосиалистӣ нест, дигар аст. Давлати мо як намуди давлати капиталистист. Дар мамлакатҳои капиталистӣ, давлатҳои сармоядорӣ  ба фарҳанг  кор надоранд. Ба фарҳанг инсонҳои фарҳангӣ кор доранд. Фондҳо доранд, маблағ доранд ба фарҳангиҳо кӯмак мекунанд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi