00:29:31 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАЪРИХИЯТ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ДАР ОСОРИ СОТИМ УЛУҒЗОДА

Таҳти ҳамин унвон дар толори Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон нишасте баргузор гардид, ки дар он адибон ва намояндагони аҳли фарҳанги кишвар ширкат доштанд. Абдулҳамид Самадов, муовини аввали раиси созмони нависандагони ҷумҳурӣ дар сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷомеъаи Тоҷикистон бояд аз 100-солагии рӯзи таваллуди нависандаи забардасти кишвар Сотим Улуғзода таҷлил ба амал меовард.

/images/stories/2011/10/03_kh.asozoda_3.10.2011.jpgВале бо ризоияти Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ва ҳукумати ҶТ аз сабаби он ки дар соли ҷорӣ маъракаҳои сиёсиву ҷашнвораҳо зиёд буданд ва ба хотири дар сатҳи баланд ва бошукӯҳтар гузаронидани ҷашни мазкур тасмим гирифта шуд, ки он соли оянда дар сар то сари ҷумҳурӣ таҷлил гардад. Дар ин нишаст мудири кафедраи адабиёти муосири факултаи филологияи ДМТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Худойназар Асозода дар мавзӯи «Таърихият ва худогоҳии миллӣ дар осори Сотим Улуғзода» маърӯза кард., ки ҳоло мо лаҳзаҳоеро аз ин гузориш пешкаши шумо, муштариёни гиромӣ мекунем.

Устод Айнӣ Сотим Улуғзодаро ба таърихнависӣ ҳидоят мекунад

 Ба гуфтаи муҳаққиқ Сотим Улуғзода баъд аз устод Айнӣ дуввумин нависандаест, ки ба хотири дар хонандаи худ рушду инкишоф додани эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ ба эҷоди асарҳои таърихӣ беш аз дигарон даст задааст. Ин ҳадаф дар ӯ ҳанӯз аз рӯзҳои аввалин шиносоиаш бо осори безаволи Айнӣ оғоз мегардад. Китоби «Одина аз саҳифаҳои аввалинаш ӯро ба худ мафтун кардааст. «Ман он гуна суханҳои зебои хушоҳангро пеш аз он ҳеҷ нахонда ва нашунида будам. Аз варақҳои китоб гӯё мусиқии ҷозибадоре садо медод.

Гумон мекардам, ки дар ин ҷаҳон ҳеҷ чизе форамтару зеботар аз забони тоҷикӣ нест»-, дар хотироташ он рӯзҳоро ба ёд меорад Сотим Улуғзода. Баъдтар дар соли 1926 «Намунаи адабити тоҷик»-ро мехонад. Ба назари Худойназар Асозода сабаби асосие, ки баъдҳо аз Улуғзода адиб баромаду таърихнигор шуду асарҳои ҷолиб навишт ва ба илм дода шуд, Айнӣ ва осори ӯ буданд. Соли 1928 конференсияи забоншиносӣ дар мавриди алифбо дар толори Дорулмуаллимини Тошканд баргузор мегардад. Устод Айнӣ дар ин конференсия иштирок мекунад ва баъди он бо як гурӯҳ аз ширкаткунандагони он мулоқот мекунад, ки дар байнашон устод Улуғзода низ буд.

 Дигар чизе, ки Улуғзодаро ба таърихият, худогоҳӣ, даъват кардааст ин  гуфтаи профессори рус М.С. Андреев аст, ки дар Дорулмуаллимин ба Улуғзода дарс додааст. Улуғзода мегӯяд: «Олими рус, ки нахустин бор ба ман халқи худро шинос гуфт, як умр дар хотири ман монд».

Баъдҳо Айнӣ ба Улуғзода мегӯяд: «Таърихи дигар халқҳо, ба хусус халқи рус, дар адабиёти нафиса инъикос ёфтааст. Таърихшиносон таҳқиқ кардаанду нависандагон ба воситаи санъати худ дар ақлу шуури халқи худашон онро ҷойгир карданд, мо накардем». «Мо накардем» гуфтани Айнӣ боз як таконест, ки Улуғзодаро ба суйи таърихият дар нависандагӣ ҳидоят мекунад,- мегӯяд муҳаққиқи адабиётшинос профессор Худойназар Асозода.

Шабе, ки Улуғзода ошиқи «Шоҳнома» мешавад

Баъди хатми Дорулмуаллимини Тошканд Сотим Улуғзода як сол дар он ҷо муаллимӣ кард. Баъд бо хоҳиши устод Айнӣ ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Сталинобод ба кори рӯзноманигорӣ меояд. Шабе дар маҳфили Айнӣ, Лоҳутӣ, Раҳим Ҳошим ширкат мекунад. Сотим Улуғзода мегӯяд: «Он шаб як дона аз тухми муҳаббати Фирдавсӣ дар дили ман ҷой дода шуд. Дар он маҳфил суханронии Айнӣ, Лоҳутӣ, қироати ҷозибанокӣ Лоҳутӣ аз «Шоҳнома» ва қироати ҳаҷви Султон Маҳмуд аз сӯи Раҳим Ҳошим ба ман таъсире карданд, ки аз он пеш аз ҳеҷ як хониши шеъру достонҳо ва суханрониҳо дар бораи шоирон он гуна мутаассир набудам».

Баъди ин маҳфил Улуғзода «Шоҳнома»-ро оҷилан пайдо мекунад ва то поёни умр «Шоҳнома» мехонад. Баъҳо менависад, ки «пеш аз ҷанг дар Сталинобод аксарият ду нафарро медонистанд, ки «Шоҳнома»-ро пурра аз ёд карда буданд. Яке аз онҳо шоири дар ҷанг соли 1941 вафоткарда Абдушукур Пирмуҳаммадзода Деҳотӣ буд ва дигаре банда. Ман бо тамоми ҳастиям дилбастаи ин шоҳасари олам шудам ва аз ҳамон вақт дар дил орзуи асар офаридан доштам».

Чаро Айнӣ дар назди мақбараи Исмоили Сомонӣ ҳарфе нагуфт?

Соли 1949 Айнӣ охирин бор ба ватанаш Бухоро сафар мекунад. Дар ин сафар ду шогирдаш Ҷалол Икромӣ ва Сотим Улуғзодаро бо худ мегирад. Зеро Айнӣ аз услуби нигориши ин ду адиб дарк карда буд, ки онҳо майли таърихнигорӣ доранд. Дар ин сафар Айнӣ ба кадом мақбараву зиёратгоҳҳое, ки мерафтанд, дар бораи ҳар як зиёратгоҳ камаш ним соат ба ин ду адиб маълумот медоданд. Фақат дар як ҷо Айнӣ хомӯш мондааст. Вақте, ки гӯри Исмоили Сомониро зиёрат мекунанд. Улуғзодаву Икромӣ бисёр мехостанд, ки устод Айнӣ дар бораи Исмоили Сомонӣ чизе бигӯяд, аммо ӯ ором мемонад. Зеро дар ҳайате, ки гӯрро диданд, намояндаи КГБ буд, -мегӯяд профессор Асозода.

/images/stories/2011/10/03_asozoda_1_3.10.11.jpg

Баъди ин сафар ва мутолиаи қисми аввали «Ёддоштҳо»-и Айнӣ Сотим Улуғзода «Субҳи ҷавонии моро» навишт. «Субҳи ҷавонии мо» зиндагинома ва тарҷумаи ҳоли ҳар як адиби солҳои сивум мебошад. Ба ин восита Улуғзода ҳам худро шиносонд ва ҳам бисёре аз чеҳраҳои фарҳангиро муаррифӣ кард. Баъдан романи «Восеъ»-ро навишт. Шаш сол болои ин асар заҳмат кашид. Сафарҳои зиёде ба Маскаву Петарбург дошт. Фолклори халқи тоҷикро омӯхт.Чанд муддат дар Ховалинг зиндагонӣ кард. Меҳмондор ва роҳбаладаш шоири шодравон Ҳабибулло Файзулло буд. Ҷои шӯришро дид. Бо он касоне ки шӯришро ёд медоданд, сӯҳбатҳо кард. Он гаҳ ин асари бузург эҷод шуд.

Фирори фарзанд зарбае буд ба донишманд

Соли 1967 дар ҳаёти Сотим Улуғзода ҳодисае рух дод, ки ба рӯзгори ӯ зарбаи шадид зад. Писари ӯ Азиз дар як сафари хидматиаш ба Ҳиндустон ҳангоми дар Деҳлӣ будан аз сафорати Британияи Кабир дар ин кишвар дархости паноҳандагии сиёсӣ мекунад ва англисҳо дархости ӯро қонеъ месозанд. Ҳарчанд фарзанди ӯ ба балоғат расида буд ва дар зиндагӣ мустақил буд, вале дар Иттиҳоди Шӯравӣ падари ӯро зери фишори шадиде қарор доданд. Қабл аз ҳама аз ӯ талаб карданд, ки ошкоро аз тариқи матбуот аз писараш рӯ гардонад, ӯро оқ кунад.

Сотим Улуғзода ин корро накард. Барои ҳамин ҳам ӯро 4-уми декабри соли 1969 аз ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ронданд. Аз ҳизб рондан ин дар он замон маънои ҳама дарҳоро барои нафаре пӯшидан буд. Профессор Асозода мегӯяд, ки «ҳарчанд Улуғзода гуфт, ки «ман навиштам, дар ягон чоп мекунам ва ҳамин гуна мактуб ба Азиз ҳаст, ҳарчанд, ки шодравон муҳаққиқ Маъруфи Раҷаб мегӯяд, ки Улуғзода писарашро оқ кардааст, лекин мактуб аз архив берун набаромадааст. Мактуб дар ҳамон шакли аввала дар архиви Сотим Улуғзода нигоҳ дошта мешавад. Вай расмият пайдо накардааст».

Азиз хиёнат накардааст…

/images/stories/2011/10/03_abdulhamid-samadov_3.10.11.jpgҲикояи «Марги ҳофиз» гӯё вокунише буд ба фирори фарзанд. Дар сӯҳбате Мирзо Турсунзода ба Сотим Улуғзода мегӯяд, ки «Сотимқул, агар хоҳед худро сафед кунед ва фарзандатонро хоин нашуморед, як чизе нависед ва исбот кунед, ки ҳамин фарзанди шумо ба миллат ва давлат хиёнат накардааст. Ана ҳамин вақт дар байни як -ду сол Улуғзода ба гузаштаи дури халқаш, ба давраи Суғд рафт ва ҷанги Суғду арабро омӯхт. «Ривояти суғдӣ»-ро навишт. Дар мисоли Виркан ва дӯстонаш гуфт, ки тоҷик ҳеҷ вақт ба касе шамшер накашидааст, тоҷик ҳеҷ вақт фирор накардааст ва асир науфтодааст». Бо ҳамин Улуғзода гуфтанӣ ҳаст, ки Азизи ӯ хиёнате накардааст»-, мегӯяд профессор Асозода

Баъд аз ин Улуғзода ба муносибати ҷашни Абӯалӣ ибни Сино «Пири ҳакимон Машриқзамин»-ро навишт. Соли 1980 буд. Вақте, ки Синоро таҳқиқ кард, дид, ки аксари бузургон як тақдир доштаанд. Дар рӯзгору зиндагиномаи аксари бузургон фоҷиа дар ҷои аввал аст. Чуноне, ки дар боло аз забони худи устод Улуғзода ишора шуд, ӯ «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсиро пурра аз ёд медонист. Ҳамин буд, ки дар ду ҷилд онро бо забони оммафаҳми муосири тоҷик барои хонандагони сершумораш ба наср баргардон кард. Маҳз ҳини навиштани «Шоҳнома» ба наср дар устод Улуғзода хоҳиши ҳарчи тезтар дар бораи Фирдавсӣ навиштани романе пайдо шуд.

Сарнавишти Улуғзода такрори сарнавишти Фирдавсӣ аст

Профессор Асозода мегӯяд: «Вақте, ки романи «Фирдавсӣ»-ро менависад, мебинад, ки сарнавишти Фирдавсӣ ба сарнавишти худи устод Улуғзода хеле монанд аст. Дар сӯҳбате бо Абдусамад Муллоев, ки кори докторӣ дар бораи таърихияти осори Улуғзода навиштааст, Улуғзода мегӯяд: «Ман ба муродам расидам. Солиён ҳамдил, ҳампаймон ва ҳамнишини худованди сухан ҳаким Фирдавсӣ будам. Меҳр ва ғами Фирдавсӣ ба ҳадде бароям бузург гашт, ки ҳамеша дар ҳалқаи садо, намои рӯҳ ва нури нубуғи ҳунарии ӯ зиндагӣ мекардам. Ва ҳамеша ҷовидон ҳамсафару тасаллобахши ҳамдигарем. Шоҳнома ин шоҳкитоби адабиёти мо, офаридаи фикри тавоно, хиради бекарона, дили бузург ва рӯҳи нурафкани Фирдавсист. Дар вай тамоми таърихи халқу ватани Фирдавсӣ бо ҳамаи дардҳо, шодиҳо, фоҷиаҳо, комёбиву нокомиҳои он аз дили шоир гузар кардааст. Дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест».

Оё эроди Бертелс иштибоҳ буд?

Профессор Асозода дар хотимаи маърӯзааш як мисоли хеле ҷолиберо меорад, ки он аз дар илми таърих соҳиби дониши чуқур будани устод Улуғзода дарак медиҳад. Ӯ аз ҷумла мегӯяд: «Улуғзода ҳамчун таърихнигори воқеӣ вақте, ки сенарияи «Ибни Сино»-ро менависад, он ҷо як лаҳзае барояш лозим аст, ки бояд гӯяд, ки Султон Маҳмуд бо асокираш ба Бухоро даромад. Ҳамин нуктаро дар сенария ҷой медиҳад. Як вақт муаррихи машҳури советӣ Бертелс ба ӯ мактуб навишта ва ҳатто телефонӣ мегӯяд, ки Сотимқул, Шумо дар масъалаи ба Бухоро даромадани Султон Маҳмуд нодуруст мегӯед. Дар таърих ин факт нест. Султон Маҳмуд ҳеҷ вақт ба Бухоро лашкар накашидааст». Соли 1959 Сотим Улуғзода ба Афғонистон сафар мекунад. Як рӯз пеш аз бозгашташ ба Ватан Халилуллоҳи Халилӣ ба ӯ китобе тӯҳфа мекунад. Вақте, ки Улуғзода ин китобро мехонад, мебинад, ки ҳамон факти гӯё сохтаи ӯ дар ҳақиқат воқеӣ будааст. Воқеан Султон Маҳмуд бо лашкараш ба Бухоро даромада будааст».

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi