01:02:50 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АЖДАҲОСАНГИ АЛИСУРХУН ДАР НАЗМИ САЛИМШОҲИ ҲАЛИМШОҲ

Шоири маъруфи Тоҷикистон Салимшо Ҳалимшо дар як мақолаи худ (маҷаллаи «Фарҳанг, 1997, № 12) менависад, ки дар қисмати «Вандидод»-и китоби Авесто Ваекерето ном мавзеи тасвир шудааст, ки он ҳамин сарзамини Вахёи Тоҷикистони азиз  ҳаст. Ба мақсади гирифтани маълумоти бештар дар ин бора нависандаи ин сатрҳо бо Салимшо Ҳалимшо сӯҳбате баргузор кард.

/images/stories/2011/09/19_halimsho-salimsho_19.9.2011.jpgБа гуфтаи Салимшоҳ Ҳалимшоҳ дар «Авесто» донишманд ва табибе бо номи Срита ( ё Трита ё Исрит) зикр шудааст, ки имрӯз ӯро  дар Тоҷикистон ва берун аз он бо номи Бурхи Валӣ ёд мекунанд. Маънои луғавии Срита лахча аст,- мегӯяд ӯ. Лахча чизест, ки  аз гулхан боқӣ мемонад, вале оташ дораду ҳанӯз хокистар нашудааст. Он донишмандро барои он Срита мегуфтанд, ки беморонро бо истифода аз оташ, аниқтараш лахча, табобат мекардааст, яъне, чӣ тавре ки имрӯз мегӯянд, бо роҳи «доғсӯзӣ». 

Дар омади гап мегӯем, ки ин намуди табобат то ба имрӯз дар байни табибони мардумии ин минтақа роиҷ аст. Дар ҳамин шабу рӯзҳое, ки ин сатрҳо навишта мешаванд, дар маркази ноҳияи Тавилдара зани тахминан ҳаштодсолае бо номи кампири Саломатхон бо ҳамин усули доғсӯзӣ бо табобати беморон машғул аст. Ин зани табиб дар сӯҳбат ба беморон муайян менамояд, ки кадом узви баданашон дард мекунад ва сипас ба ҳамон ҷо бо истифода аз маводе, ки аз гиёҳҳо тайёр мекардааст (асосан аз шулӯхаи лалмӣ) ва дуравши дар оташ тафсондашуда доғ месӯхтааст.

Ин усули табобати кампири Саломат бо эҳтимоли зиёд босамар аст, ки овозааш берун аз ҳудуди ин водӣ паҳн шудааст ва беморон барои табобат ба назди ӯ аз Душанбеву Ғарму Ҳисор ва дигар ҷойҳо меоянд. Инҳо асосан нафароне ҳастанд, ки ба дарди по ва даст гирифторанд. Кампири Саломат бо  ифтихор мегӯяд, ки  ин ҳунар ба ӯ аз бибӣ ва  бобокалонаш мерос мондааст. Вале мо бармегардем ба қиссаи Салимшо Ҳалимшо дар бораи Вахё ва Бурхи Валӣ.

Бурхи Валӣ аз дудаи Ҷам аст?

Ба қавли шоири донишманд Салимшо Ҳалимшо ҳазрати Бурхи Валӣ аз аввалин инсонҳое мебошад, ки сокини ин хитаи зебои  кӯҳистони кишвараш гардидааст. Бурхи Валӣ аз дудаи Ҷамшед аст, мегӯяд Салимшо Ҳалимшо. Аз ҷумлаи абераҳои Ҷамшед мебошад. Ҷамшед бошад аз каёниён аст, яъне аз кавиҳо. Кавиҳо гуфта одамонеро ном мебурданд, ки бевосита ба Офаридгор роз мегуфтанд.

Худи маънои калимаи кавӣ дар Авесто сухан гуфтан аст, ки дар замони мо дар лаҳҷаи шуғнӣ қариб, ки дар ҳамин шакл «қив» боқӣ мондааст. Воқеан, дар лаҳчаи шуғнӣ то ба имрӯз лахчаро «бурх», «вурх», «вурғ» мегӯянд. Бояд гуфт, ки дар «Фарҳанги Онандроҷ» таълифи Муҳаммадподшоҳ ва луғати «Бурҳони қотеъ» ҳам яке аз маъниҳои калимаи «бурх» ин сиришки оташ мебошад. Ҳамин тариқ як маънои калимаи Бурх лахча, яъне оташе, ки баъди аланга ё гулхан боқӣ мемонад, мебошад.

Хонандаи азиз, акнун ба ёд биёред, ки маънои  калимаи Срита, табибе, ки дар Авесто мастур аст ва ба қавли Салимшо Ҳалимшо ӯ ҳамин ҳазрати Бурх мебошад, низ лахча ва ё оташи баъди гулхан боқӣ монда мебошад.

Бурх ҳамрози Офаридгор аст

Бино ба қавли Салимшо Ҳалимшо дар Авесто омадааст, ки Срита ё худ Бурхи Валӣ, бо Худо роз мегуфтааст. Ӯ ду фарзанд доштааст, ки якеро Гаршосп (ё шакли дигари ин калима Кришаспа) ва дигареро Вахшур мегуфтаанд. Вахшур баъдан ҳокими Вахшонзамин мешавад.

Ҳамин фикрашро Салимшо Ҳалимшо дар китоби достонҳояш, ки соли 2006 дар нашриёти «Адиб» бо номи «Зодагони ҳафт тӯфон» ба табъ расидааст, низ баён кардааст. Дар достони «Ҳайкали Модархудо» зери унвони «Имтиҳони омӯзгор» бобе ҳаст дар васфи профессор, олими адабиётшинос Соҳиб Табаров. Дар ҳамин манзума  Салимшо зимни тавсифи водии Вахш ёдовар мешавад, ки:

Водии Вахш хонаи Вахшури порсост,

Фарзанди Бурх ӯст дар ин пок хокдон.

Қонуни аввалини ҷаҳонро навишт ӯ,

Қонуни адл аз қаламаш гашт ҳукмрон.

Вахшур буд зодаи Бурхи Валӣ ба ҳақ,

Бурхи Валӣ аз дудаи Ҷам омадаст, ҳон.

Омад ба сари аждару зад найза ба чашмаш…

/images/stories/2011/09/19_hazrati-burkh_19.9.2011.jpgСалимшоҳ Ҳалимшоҳ охирҳои соли 2007-ум маснавии «Ноҷиёни дунё»-ро дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба нашр мерасонад. Дар ин маснавӣ омадааст, ки дар даврони зиндагонии Бурх Вахё ба макони биҳиштосо табдил ёфта будааст. Мардум дар он хушу хуррам мезистанд. Бурх марди донишманду табиби ҳозиқ будааст. Аз дори дунё Худованд ба ӯ ду фарзанд дода будааст. Фарзанди бузургаш Вахшур дар водии Вахш барои мардуми ин сарзамин зиндагонии хушеро фароҳам оварда будааст.

Ба гуфтаи шоир Вахшур нахустин қонуни одилонаро дар ҷаҳон эҷод ва ҷорӣ намудааст. Аз ҳаёти хуши мардуми Хуросон Иблис ба ғазаб меояд ва дар дили турк фитна эҷод мекунад. Турк болои сарзамини Вахшур лашкар мекашад. Вахшурро ба қатл мерасонад. Бо истифода аз қувваҳои аҳриманӣ хушксолиро дар кишвар пиёда месозад.

Дар саргаҳи оби Вахш аждаҳоеро ба хотири ҷилавгирӣ аз маҷрои об ба водӣ посбон мемонад. Мардум ба дод меоянд. Он гоҳ Гаршосп, писари дуюми Бурхи Валӣ ба хотири наҷоти одамон аз алмоси кӯҳистон найзае месозад, дами онро аз нури офтоб тез мекунад ва ба ҷанги аждаҳо меравад. Гаршосп дар ин набард аждаҳоро мағлуб месозаду мардумро аз ташнагиву хушксолӣ наҷот медиҳад:

 

Вахё зи дами Бурхи Валӣ буд биҳиште,

Бар боди хазон роҳ набудӣ ба дари он.

 

Чун Бурхи хирадманд худ аз дудаи Тур аст,

Тур аст худ аз дудаи Ҷамшед чу сарҷон.

 

З-он аст, ки шуд Бурх чу Ҷамшед шарафёб,

Дунё бишавад то  ба муроди дили инсон.

 

Аз дониши ӯ боғи ҷаҳон пур зи самар шуд.

Ҳам дар маҳи найсону даю тиру ҳазирон.

 

Бал Бурхи Валӣ дод ба кас умри дубора,

Бал садди аҷал  гашт ба Вахёи дурахшон.

 

Ҷон дар қафаси сина сафо ёфт зи дасташ,

Тан гашта ба ҷон аз нафасаш тахти Сулаймон.

 

Аз нияти ӯ дард зи тан гашт фирорӣ,

Тан аз дами ӯ обу ҳаво ёфт чу бӯстон.

 

Шуд оташи ӯ нур ба ҳар синаи тира,

Шуд ҳикмати ӯ боли хирад бар тани нодон.

 

Аз дори ҷаҳон Бурх ба дунё ду писар дошт.

Буданд ду болу пари ӯ аз дари Раҳмон.

 

Вахшур будӣ пури бузургаш, ки ба номаш,

Ин водии Вахш аст ба ин шӯҳрату ин шон.

 

Қонуни адолат шуд аз  ӯ вирди забонҳо,

Овард зи қонун ба сари дафтару девон.

 

Қонун бикунад пурамал аз зиндагии хақ,

Чун об, ки орад ба самар киштаи деҳқон…

 

Дармон бишавад оби бақо бар ҳама дарде,

Бояд, ки шавад худ суханат доруву дармон.

 

Вахшур аз он мӯъҷизаи обу замин кард,

Қонуни адолат ба ҷаҳон кашф ба бурҳон.

 

Қонуни адолат бувад оини табиат,

Аз он фари Ҷам кард макон мавҷи хурӯшон.

 

Дар хок бувад решаи ҳар нахли биҳиштӣ,

Аз хоки сияҳ омад аз он пайкари инсон.

 

Иблис хабар ёфт чу аз дафтари Вахшур,

К-он оинае ҳаст ба ҳар минбару девон.

 

Шӯре ба дили  турки ҷафопеша барангехт,

Дар ларза аз он фитна бишуд хоки Хуросон.

 

Тире бизад аз рашку ҳасад бар дили Вахшур,

Хунаш ба сари хок бишуд оташи сӯзон.

 

Вахшури ба хун ғарқа дами ҷонкании хеш,

Нолид ба даргоҳи Худованд, ки эй ҷон.

 

Мар тавба бубахшой ба ин бандаи бераҳм,

То ӯ бишавад муқбили даргоҳи муҳибон.

 

Иблис чу ин манзара дар Вахшонзамин дид,

Ҷодугарие боз барангехт дигар сон.

 

Хушконд ҳаме абри сияҳро зи паи кин,

То абр нарезад ба замин қатраи борон.

 

Андар раҳи рӯдест, ки зи Вахёст равона

Бар Вахшонзамин то ки ба сангаш бишавад ҷон.

 

Овард падид аждари шашсар ба тилисмаш,

То рӯд кунад хушку шавад мулк биёбон…

 

Гаршосп чу ин манзараро дид зи ҷо хест,

То ҳифз кунад мулки Худованд зи шайтон.

 

Чун чашма бурун омада  он аз ҷигари Бурх,

То ҳифз зи Вахё бикунад зодаи Ризвон.

 

Ӯ сохт зи алмос яке найзаи сартез,

Шуд тез дамаш  аз нафаси Меҳри дурахшон.

 

Омад ба сари аждару зад найза ба чашмаш,

Чун мор зи ҷо ҷасту биафтод ба афғон.

 

Бар санг бадал гашт аз он найзаи Гаршосп,

Бар даҳр надидаст чунин марг зи пайкон.

 

Бар домани Вахё ба кунун аждари сангин,

Бо захми ҳамон найза бувад ҳайкали беҷон.

 

Бал мавҷзанон аз бари он рӯд равон аст,

Гӯяд ки навош аз дили эҳёст навохон.

 

Он аз сари Вахё бишитобад, ки бибӯсад.

Дар домани Вахше, ки ба ӯ ҳаст санохон.

 

Қонуни ҳаёти абадирост зи Вахшоб,

Сад мӯъҷизае дар дили ҳар мавҷи хурӯшон.

 

З-он аст, ки ҳар ташналаберо бидиҳад Вахш,

Аз синаи худ об худ аз дасти пурэҳсон.

 

Ин қиссаи Гаршосп сари саргаҳи Вахё,

Шуд вирди забон боди саҳарро сари майдон…

ҚИССАИ АЖДАҲОИ ДЕҲАИ АЛИСУРХУНИ ВАХЁ

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi