18:51:18 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАРАННУМИ СУЛҲ ДАР АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА МОҲИЯТИ ОН ДАР ЗАМОНИ ҲОЗИРА

Имрӯзҳо мардуми тоҷик 20-мин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои кишвари сулҳофарин истиқбол мегиранд. Барои таҷлили ин иди пурифтихор гирду атроф нуран алонур гашта, боғу гулгаштҳо ва гӯшаву канорҳои шаҳру деҳот намуди тантанавӣ доранд.

/images/stories/2011/08/25_mirzo-tursunzoda_1_25.8.201.jpgДавраи истиқлолияту соҳибихтиёрии кишварамон таҷассумгари сулҳу ваҳдат ва ташаккули тамаддунҳову эҳёи миллатамон ба шумор меравад. Шоирон бо синаҳои шеърбору каломи пурэъҷоз аз тамоми санъатҳои шеърӣ истифода бурда, истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллатамонро васф намуда, ба рӯҳияи тантанавии мардум ҳусни тозае замм менамоянд. Аммо насле, ки даврони шӯравиро пушти сар кардааст, бо шунидани калимаи сулҳ ба ёди шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода меафтад.

Маҳз ин шоири зиндаёд тӯли фаъолияти кориаш ба мамолики дунё сафар карда, баҳри  дӯстию рафоқат, барқарории сулҳ кӯшишҳои зиёде кардааст. Замоне, ки мавқеи ҷамъиятии устод чун паҳнкунандаи идеяҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон муайян гардид ва ашъори сулҳҷӯёнаи ӯ ба авҷи аъло расида буд, хонандаи он оиди ҷангу нооромӣ ва талафоти ҷонӣ танҳо аз китобҳои таъриху тавассути матбуот тасаввурот дошту халос. Албатта, моҳияти ин калимаро дуруст дарк мекард, вале таъми ширини «сулҳ»-ро дар хуну пӯсти худ ҳанӯз эҳсос накарда буд.

Танҳо баъди ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки мардуми заҳматкашидаи тоҷик ба сулҳу субот ноил гардиданд, бори дигар ба ашъори пурмӯҳтавои Мирзо Турсунзода рӯй оварданд. Акнун барои ҳамагон маълум шуд, ки чаро замоне устод «Суруди сулҳ»-ро бо хуни дил ва таппиданҳои беороми дил навишта будааст. Ба даст овардани ин неъмати бебаҳо, дар ҳақиқат басо душвору сангин аст.  Мисраъҳои зерин шоҳкореанд дар мавзӯи сулҳ, ки дар ҳама давру замон моҳияти худро гум намекунанд:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо таппиданҳои беорому рӯзафзуни дил.

Яке аз асарҳои пурарзиши Турсунзода достони «Ҷони ширин» мебошад, ки дар он дар баробари инъикоси бисёр масъалаи муҳими замон, ба монанди дӯстию ҳамоҳангии халқҳо, мавқеи зан ва мақоми ӯ дар ҷомеа, инчунин тараннуми сулҳ низ бо сабку услуби хосе тарҳрезӣ шудаанд. Шоир ҳадафи сафарҳояшро ҳамчун вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ аз тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва баробарию бародарӣ мешуморад. Мунодии сулҳ аз ин вазифаи пурифтихори хеш болида гуфтааст:

Мо сафар дорем бо амри Ватан,

Бо супоришҳои халқи хештан.

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Устод Турсунзода дар асари мазкур бо ҳисси баланди вафодорӣ ва садоқат нисбат ба оила моҳияти асосии ин ду калимаи муқаддаси «сулҳ» ва «дӯстӣ»-ро бо соддагиву равонӣ чунин шарҳ додаст:

Ҷони ширин, бин, чӣ сон сулҳ аст зӯр,

Бин, чӣ сон шуд дӯстӣ моро зарур.

Мирзо Турсунзода дар вақти сафарҳояш ба мамолики гуногуни кишварҳои Осиё ва Африқо, ҳангоме ки паёми сулҳро дар фазои минтақаҳо танинандоз мегардонид, ба хубӣ дарк намуда буд, ки мафҳуми сулҳ – яъне, идомаи зиндагӣ, ояндаи дурахшон ва абадият аст. Барои ҳамагон маълум буд, ки ҷанг танҳо барои ашхоси алоҳидаи манфиатҷӯву адоватпеша лозим аст ва қувваи аксарият ҷонибдори сулҳу дӯстист. Дар ҷое устод аксуламали оммаро нисбати ин ду мафҳум чунин тасвир намудааст:

Сулҳ гӯӣ, мисли гул хандон шаванд,

Ҷанг гӯӣ, аз ғазаб тӯфон шаванд.

Умуман, тараннуми сулҳу дӯстӣ дар эҷодиёти устод мавқеи муҳимеро ишғол мекунад. Достонҳои «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Ман аз Шарқи озод» ва ғайраҳо ба мавзӯи мазкур бастагии зиёде доранд. Дарки амиқи мафҳуми сулҳ Турсунзодаро то ба мартабаи Раиси кумитаи сулҳи кишварҳои Осиё ва Африқо расонид ва ӯ мунодии сулҳи минтақаҳо ва рамзи амнияту субот гардид.

Ҳар мисрае, ки шоир дар он сулҳро васф намудааст, имрӯз аз ҷониби мардумони сулҳдӯст чун шиори зиддиҷангӣ мавриди истифода қарор мегирад: 

Сулҳ бо имзои моҳо – мардумони фатҳёб

Менамояд нақшаҳои ҷангҷӯёнро хароб!

Худи шоир зарурату арзиши сулҳро дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёт чунин тасвир намудааст: “сулҳ дар ҳар кори халқ, дар иду тӯй, дар ободонии мамлакат маскан гирифтааст”.

Вақте ки дар боби тараннуми сулҳи Мирзо Турсунзода сухан меронем,  гуфтаҳои академик Муҳаммад Осимиро ёдовар шудан хеле бамаврид аст. Устод Осимӣ нуфузу мартабаи Мирзо Турсунзодаро чун мунодии сулҳи Осиёву Африқо қайд намуда, аз забони ҳиндуе, ки тасодуфан дар сафаре ҳамсӯҳбати ӯ гардида буд, оиди Турсунзода оварда буд: “Сано бар он миллате, ки чунин фарзандро тавлид намуд ва Мирзо Турсунзода дорад!”.

Оре, Мирзо Турсунзода тавонист Тоҷикистонро барои оламиён чун макони сулҳ муаррифӣ намояд ва эътимоди комил дошт, ки ин ҷумҳурии кӯчаки офтобӣ абадан барои минтақаҳои Осиёву Африқо чун рамзи сулҳ боқӣ мемонад. Мутаассифона, на устод Турсунзода, на дигар фарзандони фарзонаи миллат ҳатто тахмин ҳам намекарданд, ки замоне ин сарзамини сулҳпарвар бо воқеаҳои нангине рӯ ба рӯ хоҳад шуд...

Шукри ваҳдату истиқлол, ки миллати тоҷик ин падидаи фоҷеаборро бо шарофати хираду заковати аз гузаштагон ба меросбурдааш, пушти сар намуда, имрӯз дар фазои орому осуда зиндагии мураффаҳро пеш мебарад. Итминони комил дорам, ки агар имрӯз касе хоҳад оиди сулҳу дӯстӣ назаре иброз намояд, ҳатман ба шоҳбайтҳои Мирзо Турсунзода рӯй хоҳад овард, зеро шоири шаҳир дар фазои фарҳангу маънавиёти миллати тоҷик яке аз чеҳраҳои беназир маҳсуб шуда, мероси безаволи ӯ дар ҳама давру замон ҳамқадами мо хоҳад буд. Месазад дар ин маврид назари мутафаккири бузургеро ёдовар шуд, ки гуфтааст:

Шеъри Турсунзода рози ваҳдат аст,

Ҳам суруди сулҳ бар ҳар миллат аст.

Махфират Дадабоева, ҷомеашинос



Шарҳҳо   

 
-2 #1 RE: ТАРАННУМИ СУЛҲ ДАР АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА МОҲИЯТИ ОН ДАР ЗАМОНИ ҲОЗИРАGuest 25.08.2011 13:59
Мирзо Турсунзодаро ин шоир (фал-сафсатагу) як шери дигар хам дорад - Хар як нафасам комунист - ин чист ! дар хамин даврони Комунисти - СССР - бисёри аз равшан фикрону олимони мо Точикони бо нангу номуси моро хамон комунистони ашадди аз байн бурдаанд ки хар як нафасашон комунист буд! ё не ! факат ва факат фахр кардан сазад танхо бо шоирони Классики Мо хамчун - Саъди Хофиз Хаём Али-Хамадони Рудаки Камоли Худжанди ва бале бале Садриддин Айни !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi