13:31:38 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ШАБИ ЭҶОДИИ ХОСИЯТ ВАЛИЗОДА

Андеша ва мулоҳиза

20-уми июли соли ҷорӣ дар Кохи «Тоҷикистон»-и пойтахт бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти ҷумҳуриамон бо иштироки сарояндагони варзидаи кишвар шаби эҷодии шоираи хушбаёну рангинхаёл, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996), барандаи ҷоизаи «Сухан», дорандаи медали «Хизмати шоиста» Хосият Вализода баргузор гардид.

/images/stories/2011/08/02_khosiyat-valizoda_2.8.2011.jpgЭҷодиёти Хосият Вализода хело рангоранг буда, ба табъи сарояндагону мутрибон хеле созгорӣ дорад. Ҳамин аст, ки аксарияти ҳунармандону сарояндагони ҷумҳурӣ шеърҳои ӯро меписанданду месароянд. Хонандаи тоҷик солҳои зиёдест, ки аз маҷмӯаҳои шеърии Хосият Вализода ғизои маънавӣ гирифта, дарси одаму одамгарӣ, ишқу муҳаббат, худшиносиву худогоҳӣ ва меҳандӯстиву ватанпарварӣ меомӯзад.  Китобҳои то ба имрӯз ба нашр расонидаи шоираи ширнсухан аз инҳо иборатанд:

«Давоми роҳ» (1989), «Таронаи ишқ» (1994), «Дардҳоям шеър шуд» (1995), «Пайғоми Кӯлоб» (1996), «Сушёнс» (1997), «Такядори хуршед» (2000), «Наозоред дили занро» (2001), «Меҳани ҷон, Тоҷикистон» (2001), «Таърихи сабз» (2006), «Дуруди сапеда» (2009), «Фасли поизӣ надорам» (2010), «Парвозро даричае бикшо» (2010).

Муҳити шоирона ва дар рӯҳияи эҷодкорӣ тарбият  ёфтани ӯ сабаб гардидааст, ки Хосият Вализода ҳамчун яке аз қаламкашони шинохтаи хатлонии Тоҷикистон ба майдони сухан қадам гузорад. Шоира дар шеърҳояш розу ниёз, орзую умеди мардуми диёр, симои бонуи тоҷик ва талошу мубориза бурдан барои расидан ба ҳақиқату адолатро васф кардааст. Ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани чунин чорабиниҳо дар маърифатнокии шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъсири нек мегузорад.

Иштирок кардан дар чунин чорабинӣ барои ҳар як шахси бомаърифат шарафи бузург аст, чунки дар ин гуна мавридҳо кас бо аҳли сухану савту наво рӯ ба рӯ гашта, аз суханронии эшон ҷаҳони маънавии хешро ғанӣ мегардонад. Мо низ чанд тан аз вилояти Хатлон бо ҳамин нияту умедҳо, ба хотири дидор бо чеҳраҳои фарҳангии пойтахт, шунидани шеъру суханҳои шоирону шоираҳои ҷумҳурӣ дар ин чорабинӣ иштирок намудем.

Дар чорабинии мазкур дар баробари мухлисону ҳаводорон, наздикону ақрабои адиба, муовини аввали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов, котиби Иттифоқи нависандагони хатлонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, муовини Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон Исомиддин Салоҳиддинов бо намояндагии чанд тан узви Анҷуман, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, инчунин намояндагони аҳли адаби Тоҷикистон ва ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Чорабинии мазкур хело хуб гузашт ва сарояндагоне ба монанди Меҳринисо Ҳоҷибоева, Парда Қосимов, Лола Азизова, Азиз Ваҳҳобов, Аҳмадҷон Муҳаммадиев ва дигарон сурудҳои аз эҷодиёти шоира тайёркардаи худро ба самъи ҳозирин расониданд. Ин хеле падидаи нек аст, ки сарояндагон шеърҳои шоираро аз маҷмӯаҳояш баргузида, онҳоро чун суруди дилкаш пешкаши мухлисон мегардонанд.

Толори Кохи «Тоҷикистон» ҳам чандон аз мухлисону аҳли қалам лабрез набуд. Мо боварӣ доштем, ки дар чунин чорабинии фарҳангӣ аҳли сухану қалами ҷумҳурӣ, хоса шоиру шоираҳои пойтахт, зиёиёну дигар фарҳангиён барои пос доштани каломи мавзун ҷамъ меоянд, вале афсӯс, ки иштироки эшон хеле кам ба назар расид. Шояд ҷанбаи тиҷоратии чорабинӣ имкон надод, ки аҳли қалам, адибон, хоҳишмандону мухлисон ва ҳаводорони шоира ба толор роҳ ёбанд.

Ҷамъомади доиргардида гарчанде дар рӯҳияи идона сурат гирифта бошад ҳам, шоира Хосият Вализода аз иштироки ками адибон ва ё аз дигар сабабҳо бошад, ки каме озурдахотиру малулранг менамуд ва инро мо аз шеърҳои бо алам хондаи ӯ хуб ҳис кардем. Шоира ба он адибоне, ки «Хосият ба шеъргӯӣ дертар сар кард» гуфта буданд, чунин ҷавоби муносибе дод, ки «ҳеҷ замоне барои шукуфтан дер нест».

Аз миёни табриккунандагон суханронии раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализодаро меарзад, ки қайд намоем. Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки: «Дар ҳар давру замон аҳли қалам ғаму дарди миллати худро тавассути сухани бадеъ иброз медоранд. Ҳанӯз Абулқосими Фирдавсӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ барин адибони бузурги форсу тоҷик бо вуҷуди шоҳасарҳои оламшумул офариданашон дар замони худ сухани ногуфтаи худро дар бораи Ватану Давлати миллӣ бо худ бурданд. Чунки дар он замон дар сарзамини аҷдодии мо аҷнабиён ҳукмрон буданд ва давлат сирф миллӣ набуд. Аммо имрӯз мо шукрона мекунем, ки ҳам соҳиби давлати миллии худ  ҳастему ҳам дорои роҳбари оқилу хирадманд. Президенти мамлакат, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша талош меварзанд, ки миллати соҳибфарҳангу бостонии тоҷик асолати миллии хешро дарёбад ва бо ватандориву соҳибдавлатии хеш ифтихор намояд. Мо боварии комил дорем, ки Хосит Вализодаи хатлонӣ ҳам ҳанӯз дар дил суханҳои зиёди то ба имрӯз ногуфтае дорад ва акнун дар замони соҳибистиқлолиятии Ватан вақти гуфтани суханон омадааст ва мо боварӣ дорем, ки ӯ бо мурури замон барои ҳамватанону ҳамзабонони хеш асарҳои хубе хоҳад офарид, чунки ӯ аз доштани чунин давлату соҳибватан будани хеш ифтихор дорад».

Хуб мебуд, ки дар ин шабнишинӣ эҷодиёти Хосият Вализода аз нигоҳи адибони варзида, муҳаққиқону манаққидон мавриди арзёбӣ қарор мегирифт, то хонандагону мухлисон, сарояндагону мутрибон ба офаридаҳои шоира бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд.

Ҳачунин Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонистанд, ки чунин шабнишиниҳоро ройгон ташкил кунанд, то ки мардум ба ин гуна чорабиниҳои фарҳангӣ бештар ҷалб гарданду рӯ ба сухани воло биоранд. Бо вуҷуди нуқсонҳои ҷузъӣ чорабинии мазкур хеле хуб гузашт.

Р. Худоёров, мудири шӯъбаи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi