20:18:57 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

ТАРҲИ БУНЁДИ ОСОРХОНАИ ҶАДИДИ МИЛЛӢ

Ожонси сохтмон ва меъмории Тоҷикистон тарҳи бунёди як осорхонаи ҷадиди миллиро ба давлати ин кишвар ироа кардааст.

Баҳром Иззатов, як масъули ин ожонс, рӯзи ҷумъаи 17 июл ба Би-би-сӣ гуфт тарҳи бунёди осорхонаи ҷадид ҳамроҳ бо шаш тарҳи таъсисоти ҷадиди фарҳангӣ ва илмӣ тавассути мутахассисони ин ниҳод таҳия ва барои баррасӣ ва таъйид ба давлат пешниҳод шудааст. Оқои Иззатов гуфт дар сурати таъйиди ин тарҳ аз сӯйи раиси ҷумҳурӣ, эҳдоси осорхонаи ҷадиди миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, шурӯъ хоҳад шуд.

Ҳарчанд ба гуфтаи оқои Иззатов, маҳалли бунёди осорхонаи ҷадиди миллӣ ба таври дақиқ мушаххас нашудааст, аммо эҳтимол меравад, ин бинои фарҳангӣ дар қаламрави бозори “Баракат” ё дар қабати ин бозор ва ё дар қисмати шимолии муҷтамаъи “Кохи Миллат” эҳдос гардад.

Масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ хабари бунёди осорхонаи ҷадиди миллӣ дар маркази шаҳри Душанберо таъйид карданд, аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар дар ин замина, бахусус ҳазинаи сохтмони ин бинои фарҳангӣ худдорӣ карданд.

Бо ин ҳама, масъулони вазорати фарҳанг ва ожонси сохтмон ва меъморӣ мегӯянд осорхонаи ҷадиди миллӣ ба таври замонавӣ ё мудерн, бо арзишҳои меъмории миллии тоҷикона сохта шуда, куллия шароити лозим барои ҳифзу нигаҳдории ашё ва маводди таърихӣ ва фарҳангиро хоҳад дошт.

Ба гуфтаи ин масъулон, осорхонаи миллии кунунӣ, ба номи Камолиддин Беҳзод, ки дар шаҳри Душанбе воқеъ аст, соли 1934, дар даврони Шӯравӣ, сохта шуда ва умдатан меъмории он замонро мунъакис мекунад.

Тибқи иттилоъи масъулони Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод, ин муассиса дорои беш аз 50 ҳазор осори таърихӣ аст. Афзун бар ин, солиёна беш аз ҳазор адад осори таърихӣ ва фарҳангӣ аз сокинон барои ин осорхона харидорӣ мешавад.

Ба ин далел, гуфта мешавад, имконот ва шароити лозим барои ҳифзу нигаҳдории осори фарҳангӣ ва таърихӣ дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод маҳдуд аст.

Аммо соҳибназарон имкони бунёди осорхонаи ҷадиди миллӣ дар маҳалли бозори “Баракат”–ро талоше барои нақли макон додани ин бозори қадимӣ аз маркази шаҳри Душанбе, пойтахт, арзёбӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест ки бо оғози умури сохтмонӣ дар тарҳи “Кохи Миллат” дар соли 2002 талошҳо барои кӯч додани бозори “Баракат” ба маҳалли дигар нигарониҳоеро дар миёни сокинони шаҳри Душанбе ва фурӯшандагони бозор ба бор оварда буд.

Бештари сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд бозори “Баракат”, ки ба "Путовский" низ маъруф аст, аз куҳантарин маҳаллоти пойтахти Тоҷикистон аст, ки дар авоили даҳаи 1930 ташкил шуда ва Душанбе ба унвони пойтахт дар атрофи ин маҳалла шакл гирифтааст.

Бо ин ҳама, дар ҷараёни умури сохтмонии “Кохи Миллат” даҳҳо адад дукон ва чойхонаи воқеъ дар атрофи бозори “Баракат” тахриб шуда ва ба гуфтаи манобеъи мухталиф, ҳудуди 200 нафар ҷойҳои кории худро дар ин маҳал аз даст додаанд.

Сипас, мақомот гуфта буданд, ки ин бозор ба маҳалли баргузории намоишгоҳҳо табдил дода хоҳад шуд. Аммо бозори “Баракат” то кунун дар маҳалли қаблияш фаъол аст ва дар таъмини маводи мавриди ниёз барои сокинони маркази Тоҷикистон нақш дорад.

Дар ҳамин ҳол, “Кохи Миллат” ё қасри ҷадиди раёсати ҷумҳурӣ аз як сол қабл ба таври расмӣ фаъол шуда ва чандин маросими пазироии руасои ҷумҳури кишварҳои хориҷӣ дар ин кох сурат гирифтааст.

Ҳамзамон, дар рӯбарӯи ин кох порки ҷадиде, ки номи Абуабдуллои Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти форсу тоҷикро гирифтааст, дар маҳалли қаблии порки шаҳри Душанбе, ки дар даврони Шӯравӣ бунёд шуда ва "порки Ленин" унвон дошт, воқеъ аст.

Ҳамчунин дар қисмати рости “Кохи Миллат” умури сохтмонии бинои ҷадиди китобхонаи миллӣ ҷараён дорад. Ба ин далел имкон дорад, осорхонаи ҷадиди миллӣ дар қисмати чапи Кохи Миллат ва дар маҳалли бозори “Баракат” бунёд гардад.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi