21:10:46 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚУРБОНАЛӢ АБДУЛЛОЕВ: «БЕ «ДАРЁ» ЧУН МОҲИИ БЕРУН АЗ ОБАМ»

Қурбоналӣ Абдуллоев аз ҷумлаи он сарояндагоне ҳаст, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дорад. Инак беш аз сӣ сари сол ҳаст, ки дар осмони ҳунари мусиқӣ тоҷик чун ситораи тобноке медурахшад. Вуруди Қурбоналӣ ба саҳнаи ҳунари мусиқӣ барқосо буд.

 

Курбонали АбдуллоДар охири солҳои 80-уми асри гузашта шояд ангуштшумор овозхоне буд, ки мисли ӯ баробари ба саҳна ворид шудан соҳиби мухлисону алоқамадони бешуморе шуда бошад. Ва имрӯз ҳам ӯ ҳамон мухлисонашро аз даст надодааст. Зеро дар тӯли бештар аз сӣ сол ҳамеша барояшон таронаҳои нав ба нав эҷод кардааст. Подоши ҳамин заҳматҳои Қурбоналӣ Абдуллоев ҳаст, ки мухлисонаш бо як эҳтироми бепоён нисбат ба ӯ аз аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» хоҳиш намудаанд, ки бо ӯ мусоҳибае барпо намоем ва дар ин мусоҳиба аз роҳи тайнамудаи эҷодии Қурбоналӣ барояшон бигӯем. Марҳамат, мусоҳибаи хабарнигори «Рӯзгор» бо Қурбоналӣ Абдуллоев.

 - Мӯҳтарам Қурбоналӣ Абдуллоев, мусиқӣ ва Шумо кай якдигарро шинохтед ва ба ҳам пайвастед?

 Аз синфи чорумӣ дар маҳфили овозхонҳои ҷавони мактаби рақами 12 ноҳияи Ваҳдат ширкат мекардам. Чунон ба суруду мусиқӣ рағбат доштам, ки ҳатто ҳангоми дигар дарсҳо вақте садои баланд шудани созҳои мусиқиро аз синфхонаи фанни мусиқӣ мешунидам, дигар аз ҳама чиз фаромӯш мекардаму дилам ба он ҷо парвоз мекард. Соли 1977 буд. Озмуни ҷумҳуриявии овозхонҳои наврас баргузор гардид ва дар он дар қатори баъзе аз хонандагони дигар ман ҳам баранда шудам. Моро баъдан ба барномаи «Садо деҳ, шайпурнавоз»-и телевизиони Тоҷикистон даъват карданд ва ман дар он барнома ду таронаеро бар ашъори устод Мирзо Турсунзода ва устод Боқӣ Раҳимзода сурудам.

 Баъдан устодони ин ҳунар ба падару модарам тавсия доданд, ки таҳсиламро дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова идома диҳам. Волидайнам агарчӣ розигӣ дода бошанд ҳам, вале дар ин кор аҷала намекарданд. Боре баъди дарс дар пахтазор пахта мечиндам. Баногоҳ дар наздикии ҳамон майдоне, ки пахта мечиндам, мошини сабукраве пайдо шуд ва аз дарунаш марди нуроние берун гашта ба назди ман омад. Гуфт, ки директори мактаби мусиқӣ ҳаст ва мехоҳад, ки ман дар он мактаб таҳсиламро идома диҳам.Ҳамин тариқ худи Димитрий Иванович Иониди донандаи нӯҳ забон, марди хирадманд маро ба мактаби худ шомил намуд. Дар ин мактаб фарзандони намояндагони миллатҳои мухталиф таҳсил мекарданд. Устод Иониди бо ҳар кадоми онҳо бо забони худашон гап мезад.

 Дар ин мактаб ман то соли 1983 таҳсил намуда сипас баъди хатми он ба Донишкадаи олии санъати ба номи устод Мирзо Турсунзода дохил шудам. Баъди як соли таҳсил маро ба сафи Артиши шӯравӣ даъват карданд. Ду сол дар вилояти Мурмански Федератсияи Русия хизмат кардам. Дар он ҷо ҳам аз ҳунари овозхонӣ дур набудам. Дар оркестри нафасии қисми ҳарбӣ сози баритонро менавохтам. Ҳамзамон роҳбари бадеии ансамбли эстрадии қисми ҳарбӣ будам. Гурӯҳи ҳунарии комил буд. Тамоми созҳо дар ин ансамбл буданд. Ман худам аккордеон менавохтам. Дар ин ансамбл намояндагони нӯҳ миллати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо забони худ суруд мехонданд. Дар радиои вилоятии Мурманск ман нӯҳ таронаи тоҷикӣ сабт карда будам.

 

 Ёдам ҳаст дар он ҷо таронаҳои «Мағфират дурӣ ту аз ман»-ро ки матнаш ҳамон вақт аз худи ман буд, хонда будам. (Баъдан матни онро усгод Низом Қосим навиштанд ва ман бори дигар ин таронаро дар Тоҷикистон бар матни ин шоири ширинкалом сабт кардам). Дар Мурманск боз суруди «Модар» матнаш аз Муҳиддин Фарҳат ва боз ҳам суруди «Модар» бар матни Сайидҷон Ҳакимзодаро хондам. Баъди адои хизмати Ватан модар боз таҳсиламро дар Донишкадаи санъат дар факултети мусиқии тоҷик дар шӯъбаи мутрибӣ давом додам. Дутори басро менавохтам. Вале бисёртар бо овозхонӣ машғул будам.

 Чунки дар оркестри созҳои миллии Донишкада дар қатори устод Барно Исҳоқова, устод Аҳмад Бобоқулов мо солисти ин оркестр будем. Дар факултет инчунин ансамбли созҳои миллӣ-суннатӣ вуҷуд дошт, ки роҳбараш устоди марҳум Муҳаммадқул Ҷумъаев буданд. Дар ин ансамбл ҳам солисти овозхон будам. Ҳамон вақт шӯхӣ мекарданд, ки ба ин Қурбоналӣ чӣ гуфта диплом диҳем? Мутриб ё овозхон? Ман ҳам бо шӯхи мегуфтам: «Мутриб гуфта диплом диҳед, овозхонӣ аз дасти худамон меояд!»

 Соли 1989 моҳи апрел буд. Раҳбарияти радио ва телевизион тасмим гирифтанд, ки дар шафати ансамбли «Шашмақом» як ансамбли суннатӣ таъсиси бидиҳанд, ки ба тарғибу ташвиқӣ мусиқии суннатӣ ва муосири тоҷик машғул бошад. Барои ҷалби овозхонҳо як озмун эълон карданд. Ман ба озмун ба ҳайси навозандаи як бародари овозхон омадам ва ширкат кардам. Сарҳаками озмун устод Аҳмад Бобоқулов буданд. Сайидқул Билолов ману Сангалӣ Мирзоевро, ки низ ба ҳайси навозанда дар ин озмун иштирок мекард, ба назди устод Аҳмад Бобоқулов бурда гуфт:

 -Устод, биёед ҳамин ду нафарро ҳам як шунавем.

 -О, як саду сӣ нафарро шунидем. Бас не-мӣ? Инҳо ариза ҳам надодаанд-ку?

 Сипас баъди он ки Сангалӣ бе ягон садоафзо дар назди устод Аҳмад Бобоқулов як тарона хонд, он кас аз Сангалӣ пурсиданд:

 -Мебахшед, шумо дар ягон ҷо таҳсил намудааед, ки чунин овози пухтаву хуб доред?

 -Бале. Дар институти санъат мехондам? Маро пеш карданд.

 ӣ шуморо пеш кард?

 -Шумо устод!

 Ҳама хандиданд. Устод Аҳмад Бобоқулов ба Сангалӣ гуфтанд: «Шумо ҳеҷ куҷо наравед». Сипас маро шуниданд. Сурудани таронаро ҳанӯз нисф накарда будам, ки гуфтанд: «Бас аст». Ҳамин ду нафарро низ мо қабул мекунем, гуфтанд устод Аҳмад Бобоқулов. Хулоса, аз 130 нафар касе, ки ҳуҷҷат супурда буданд, танҳо Муҳаррама Шарифова, Нуралӣ Шерматов, Лола Азизова ба ансамбли навтаъсис пазируфта шуданду боқимондаҳо рад гардиданд. Шодии моро он рӯз канор набуд. Он вақт тамрингоҳи ансамбли навтаъсис, ки ҳанӯз ном надошт, дар ҳамин бинои Хонаи радио дар шафати имрӯза  толори машқи ансамбли «Шашмақом», ҷойгир буд.

 Рӯзҳои оддӣ барои ман ҳузурам дар ҳамин машқгоҳ дар қатори овозхонҳои маъруфу машҳуре ҳамчун устодон Шамсиддин Муҳиддинов, Азиз Ваҳҳобов, Дона Баҳромов, апаи Нигина Рауфова, Саидқул Билолов мисли як хобеву як афсонае буд. Ман тасаввур карда наметавонистам, ки чӣ тавр ману ин овозхонҳои номдор ва мутрибони нотакрор аз қабили Ҳаким Маҳмудов (дутор), Миралӣ Сафармамадов (тор), Фарҳод Майфурӯшов (аккордеон), Ёқуб Аълоев (дойра) дар як толор машқ мекунем! Онҳоро аз ансамбли давлатии назди кумитаи радио ва телевизион, ки ансамбли Шашмақом низ шомили он буд, ба ансамли навтаъсис гузаронида буданд. Хулоса, баъди таъсиси ансамбли нав ансамбли давлатии назди кумитаи радио ва телевизионро ансамбли Шашмақом меномидагӣ шуданд.

 Дар ҳамин муҳит бо кӯмаки устодон Муборакшоҳ Ҷумъаев ва Гулбек Саодатов ман оҳиста –оҳиста таронаҳоямро барои онҳо пешкаш мекардам. Онҳо каму костиҳои сурудҳоям суфтаву ранда мекарданд ва мо қадам пеш мегузоштем.

 -Ансамбли навтаъсис чӣ гуна соҳиби ном шуд?

 - Агар озмун моҳи апрел сурат гирифта бошад, моҳи май онро ҷамъбаст карданд. Моҳи август ансамбл аллакай номи «Дарё»-ро дошт. Номро устод Саидқул Билолов гузоштанд. Чунин номгузорӣ чанд сабаб дошт. Якум дар ансамбл чанд овозхоне буд, ки дар таронаҳояшон калимаи «дарё» бисёр истифода мешуд. Масалан ман чанд суруд доштам, ки ин калима дар он таронаҳо садо медод:

 Дили торики дарёро шабе моҳи рухат афрӯхт…

 Ё

 Дарё равону дарё равон аст,

Мо пир гаштем дунё ҷавон аст.

 Аз сӯйи дигар устод Билолов ба ҳамин хулоса омаданд, ки ин ансамбл бояд як гурӯҳи ҳунарие шавад, ки ҳам коми шефтагони шеъру сурудро ширин кунаду ҳам ташнагии онҳоро ба суруду таронаҳои ноби муосири тоҷикӣ бишканад. Хулоса бо пешниҳоди устод Саидқул Билолов номи он «Дарё» гузошта шуд. Моҳи сентябри соли 1989 мо аввалин консерти ансамбли «Дарё»-ро дар телевизион сабт кардем. Коргардони ин барнома Масъудшоҳ Ҳимматшоев, писари ҳунарманди маъруф Қимматшоҳ Ҳимматшоев, буданд, Акбар Ҷӯраев роҳбари ҳамон вақтаи телевизион.

 Устод Акбар Ҷӯраев ба коргардон се рӯз мӯҳлат доданд, ки барномаи аввалини консертии ансамбли «Дарё»-ро сабт кунанд. Дар зарфи дуву ним рӯз танҳо як навозиш ва як таронаи Муҳаррама Шарифова «Илоҳӣ оҳ кашам даргирӣ…»-ро сабт кард. Саҳнаи аҷоиб, либосҳои ранги обӣ доштаву зебо барои овозхонҳову мутрибон… Хулоса, мисли он ки дар лаби «Дарё» нишаста бошем. Ҳамон вақт дар ҳайати ансамбл ҳашт мард ва шаш зан буд. Мо ҳамагӣ 14 кас будем. Масъудшоҳи раҳматӣ ба вазифаи худ хеле бо масъулият рафтор мекард.

 Инро дида роҳбарияти телевизион толори сабткуниро боз чанд рӯзи дигарро ба ихтиёри он кас доданд. Барномаи консертӣ дар сатҳи олӣ сабт шуд ва он дар сатҳи хеле хуб монтаж гардид. Ҳамин тариқ охирҳои сентябр ва ё аввалҳои октябри соли 1989 буд, ки аввалин барномаи консертии ансамбли «Дарё» аз телевизион намоиш дода шуд. Бовар мекунед, субҳи дигар Муҳаррамаро бо ҳамон суруди зикркардаамон аллакай дар тамоми республика мешинохтанд. Ҳамон шаб ситораи ҳунари Муҳаррама тулӯъ кард.

 - Шумо кадом сурудатонро хондед?

 Ман бо Муҳаррама дуэт хондам:

 -Омадӣ, хуш омадӣ, эй ҷони ман,

Хуш омадӣ бар даргаҳам меҳмони ман.

 Боз як дуэти дигар низ хондем, «Ҳама дам менолам, эй ёр».

 -Шумо суруди машҳуратон «Куҷо мерай шитобон»-ро дар ин барнома нахондед?

 - Не, ин сурудро ман соли 1986 бо оркестри созҳои миллии Донишкада сабт карда будам. Ҳамон вақт сурудҳои «Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар», «Резаборони баҳорӣ реза реза рез », «Гулнора, Гулнора, дилакма кардӣ пора»-ро низ сабт карда будам. Яъне ин таронаҳо то «Дарё» сабт шуда буданд ва бароям каму беш шӯҳрат низ оварда буданд.

 - Ҳайати ансамбли «Дарё» ба сафарҳои ҳунарӣ мебаромад, ба мардум консерт нишон медод?

 - Бале, азбаски мардум бисёр хоҳиши дидани ҳунармандони ансамбли моро дошт, ба тадриҷ моро ба сафарҳои ҳунарӣ низ мефиристоданд. Аввалин сафари мо ба ноҳияи Рӯдакӣ буд. Сипас ба ноҳияи Ҳисор сафар кардем. Дар шаҳри Душанбе дар толори филармония чанд консерт додем. Нахустин сафари ҳунарии мо ба хориҷ аз кишвар соли 1993 ба шоҳигарии Белгия сурат гирифт. Ин сафар барои мо боз аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки дар аввал шоҳигарии Белгия қариб, ки ҳайати моро қабул накунад.

 Агар дар ёдатон бошад ҳамон сол дар ҳамон шабу рӯзҳо овоза шуд, ки дар ноҳияи Панҷ касалии вабо (холера) омадааст. Ин хабар ба тамоми ҷаҳон паҳн шуд. Шоҳигарии Белгия ба ҳамин хотир аз пазируфтани мо худдорӣ кард. Вале Зебо Аминзода, собиқ роҳбари дастаи раққосадухтарони «Зебо», ки он вақт муовини сарвазири ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, тавонистанд, ки моро аз тариқи кишвари Олмон ба Белгия баранд. Аҷоиб он буд, ки Олмон иҷозат дод, ки ба қаламраваш дохил шавем, вале Белгия не. Хуб, мо баъди ба Олмон ворид шудан бо роҳи заминӣ тавассути автобусҳо ба Белгия рафта дар ҳамон фестивал иштирок карда шарафи кишварро ҳифз намудем.

 - Аҳамияти таъсиси ансамбли «Дарё» барои мардум ва кишвар аз чӣ иборат буд?

 - Бовар кунед, баъди таъсиси ин ансамбл дар тарғибу ташвиқи суруду таронаҳои суннатии мо як таконе ба вуҷуд омад. Дар тамоми гӯшаву канорҳои ҷумҳурӣ, дар ҳар куҷое, ки як овозхон буд, ҳатман ба овозхонҳои ансамбли «Дарё» тақлид мекард, ибрат мегирифт, аз онҳо сабақ меомӯхт. Суруду таронаҳое, ки дар иҷрои овозхонҳои ин ансамбл садо медоданд, дар шунавандаҳо ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими ваҳдатро тақвият медоданд. Бубинед, суруди «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон» як вақтҳо қариб ба гимни дуввуми мо табдил ёфта буд. Дар консертҳо аз мо талаб мекарданд, ки онро дубораву себора хонем.

 -Шумо дуэт ва бадеҳахониро дӯст медоред?

 -Бале. Танҳо бо худи Муҳаррама шаш дуэту бадеҳа хондам.

 -Дуэт аз бадеҳа бо чӣ хусусиятҳояш фарқ мекунад?

 -Бадеҳа ин таронаест, ки як сюжети муайян дорад. Дар бадеҳа духтару ҷавон ҳамеша ба мақсад мерасанд. Дуэт ин иҷрои як суруд ва ё таронаи яковоза ва ё дуовоза аз сӯйи ду кас. Яъне ду нафар як сурудро дуовоза ва ё яковоза мехонанд ва инро дуэт мегӯянд. Дуэтро метавонанд ду мард, ё ду зан ва ё зану мард иҷро намоянд. Тарона дуэти яковоза вақте ҳаст, ки ҳарду сароянда садояшонро аз як парда баланд мекунад. Дуовоза вақте, ки овозҳо аз пардаҳои гуногун баланд мешаванд. Масалан мо бо Муҳаррама бадеҳаҳои «Кавгак», «Хирмани гул» дорем. Ҳамчунин чанд таронаро дуэт низ сурудаем. Масалан «Омадӣ, хуш омадӣ», «Шоҳи ман, моҳи ман» матнаш аз устод Назри Яздонӣ мебошад.

 - Шумо бо устод Назрӣ Яздонӣ, агар хато накунам, ҳамкориҳои хуб ҳам доред?

 -Бале, хеле ҳамкории қавӣ дорем. Таронаҳои зиёде бар ашъори ин шоири маҳбуб дорам. Масалан «Шоҳдухтари сомонӣ». «Заъфарону хору зорам бе рухи чун моҳи ту» ҳанӯз соли 1989 эҷод шуда буд. Суруди дигар «Боз ҳам ёди ту аз ҷонам гирифт» ва боз сурудҳои дигар, ки номашонро ба хотир оварда наметавонам.

 - Ҳамкории шумо бо Назри Яздонӣ чӣ гуна сурат гирифт?

 -Агар дар ёдатон бошад ҳамон солҳо як барномаи консертие ба маърази тамошои мухлисон гузошта мешуд, ки тибқи он ду нафар аз ҳисоби ҳунармандони варзида, намояндагони маҳалҳои мухталифи Тоҷикистон дар як консерти муштаракан ҳунарнамоӣ мекарданд. Аввалин бор ин силсилаи консертҳо бо ҳунарнамоии якҷояи  шодравон устод Кароматуллоҳ Қурбонов ва мӯҳтарама Хосият Ортиқова шурӯъ шуд. Баъдан пешниҳод карданд, ки ману Афзалшоҳ Шодиев консерт диҳем. Консерт бояд дар саҳни ҳавлии телевизион бо иштироки беш аз дусад нафар мухлисон сурат мегирифт.

 Ҳама ҳуқуқи савол додан доштанд. Саволҳо метавонистанд гуногун бошанд: аз ҳаёти шахсӣ, аз эҷодиёт ва ғайраву ҳоказо. Яке аз дӯстонам ба ман маслиҳат дод, ки агар хоҳӣ дар ин саволу ҷавоб шарманда нашавӣ. Ба назди шоир Назри Яздонӣ бирав ва аз ӯ маслиҳату машварат бигир. Дар ҳақиқат, медонистам, ки Афзалшоҳ як овозхони варзида,ҷаҳонбиниаш васеъ, умуман донишманд аст. Аз ин рӯ тибқи маслиҳати ҳамон дӯстам ба назди шоир Назри Яздонӣ рафтам. Ман 10 рӯз фурсат доштам. Мақсадамро гуфтам. Хурсанд шуд ва гуфт: «Худоро шукр, ки дар ҳофизони мо ҳам хоҳиши чуқур аз худ кардани шеъру адабиёт пайдо шуд».

 Баъдан устод ба ман беш аз 20 шоҳбайтро ҷудо карда доданд ва гуфтанд, ки ҳамин шоҳбайтҳоро азёд кунам. Устод дар кадом ҳолат истифода бурдани кадом шоҳбайтро низ ба ман муфассал фаҳмонда доданд. Хулоса, Назри Яздонӣ дар ҷодаи интихоби матн ва дарки маънии ашъор маслиҳатгари ҳамешагии ман ба шумор мерафтанд. Ин ҳамкории мо баъди он ки аввалин шеъри устодро «Сӯхт ҷонам з-оташи бедод, сӯхт», ки ҷанги Амрико алайҳи Ироқро дар соли 1990 маҳкум мекард, ба оҳанг дароварда хонда будам, боз ҳам мустаҳкамтар шуд.

 -Умуман чӣ қадар тарона эҷод кардаед?

 - Танҳо дар фонди радио қариб 100 сабти таронаи ман маҳфуз аст. Боз наздик ба ҳамин миқдор сурудҳои эстрадӣ, симфониро иҷро кардаам. Тахминан тӯли 21 соли фаъолияти эҷодиям тақрибан 200-250 суруду тарона эҷод ва иҷро кардаам.

 - Шумо, агар хато накунам, яке аз сурудҳои шодравон Аҳмад Зоҳир булбули Машриқзаминро низ сурудаед. Мешавад, ки назари худро дар бораи ин овозхон ва таронаҳои ӯ ва чӣ гуна ба репуртуари худ ворид кардани ҳамон суруди «Нола ба дил шуд гиреҳ роҳи найистон куҷо»-ро ба мо гуфта диҳед?

 - Агар муҳобот нашавад, ман ҳанӯз аз овони наврасӣ ба шунидани таронаҳои афғонӣ шавқу рағбати зиёд доштам. Он солҳо дар саҳнаи ҳунари мусиқии Афғонистон устодоне ҳамчун устод Залонд, устод Хаёл, устод Сорбон, Ҳабиб Шариф, устод Ношинос, устод Зоҳир Ҳувайдо устод Маҳваш ҳунарнамоӣ мекарданд. Махсусан садои устод Маҳваш маро аз худ бехуд мекунад.

 - Шабоҳате дар тарзи сурудхонии шумову устод Маҳваш ба назар мерасад.

 - Таъсири Маҳваш ва дигар овозхонҳои афғонӣ ба эҷодиёти ман калон аст. Ман дар садо ифода кардани сӯзу гудозро аз онҳо омӯхтам. Баъдан Аҳмад Зоҳир баромад. Ин бароям як ҷаҳони нав буд. Ӯ бо ҷалби созҳои аврупоӣ ба ҳайати мутрибонаш як экспрессияи дигарро дар мусиқии муосир ворид кард. Мусиқӣ такмил шуд, сурудхонӣ ба тағйирот дучор омад. Ба хаёлам дигар овозхонҳое, ки баъди Аҳмад Зоҳир омаданд, дигар ҳама пайрави ӯ шуданд. Ҳама дар сабки ӯ мехонданд. Ӯ дар баҳри мусиқӣ гирдобе шуда буд, ки ҳама ғаввосони ҷӯяндаи дурру гӯҳари мусиқиро дар худ ғарқ карда буд.

 Ҳамаи таронаҳои ӯ беназиранд. Таъсири Аҳмад Зоҳир на танҳо ба ман балки ба тамоми овозхонҳои тоҷик бузург аст. Ман як шабоҳате дар ашъори шоирони тасаввуф ва таронаҳои Аҳмад Зоҳир мебинам. Вақте ман ашъори шуарои тасаввуфро мехонам дар баъзе ҷойҳо қариб мешавад, ки азхуд бехуд мешавам. Айнан ҳамин гуна таъсирро ман дар таронаҳои Аҳмад Зоҳир мебинам. Ба ман борҳо гуфтаанд, ки ҳангоми паси чанбари мошин будан Аҳмад Зоҳирро гӯш накунам. Борҳо шудааст, ки баъди шунидани сурудҳои Аҳмад Зоҳир ҳангоми дар паси чанбари мошин буданам масири ҳаракатамро тағйир додаам. Вақте ки сурудҳои Аҳмад Зоҳирро мешунавам ба ваҷд меоям.

 Таронаҳои Аҳмад Зоҳир тамоми ҷавононро ҳофиз кард. Дар кӯчаву растаҳо ҳама суруди Аҳмад Зоҳирро мехонанд. Яке ба маъшуқааш «Дӯстат дорам ҳамеша-ҳамеша» мегӯяду дигаре «Худо бувад ёрет». Ман аз осори Аҳмад Зоҳир ду таронаашро хондаам. Яке ҳамон ғазали орифонаи «Ай тири ғаматро дили ошиқ нишона» дар такмили устод Амирбек Мӯсоев ва дигаре таронаи «Нола ба дил шуд гиреҳ роҳи найистон куҷост» мебошад. Ман аслан таронаҳои шодро он қадар нағз намебинам. Ман дар базмҳо таронаҳои шодро ба хотири хурсанд кардани мардум мехонам. Ба миҷози ман ана ҳамин гуна таронаҳои Аҳмад Зоҳир созгор аст.

 Ба Худо танг аст дилам, танг аст дилам, танг аст дилам,

На ӯ оташ мегирад, на зи ғам об мешавад,

Магар аз санг аст дилам, санг аст дилам, санг аст дилам

 Вақте, ки ягон чизи тавсаввуфиро мехонӣ ва ё дар Қуръон ғарқ мешавӣ оҳиста оҳиста одам бехуд мешавад. Таронаҳои Аҳмад Зоҳир ҳам айнан ҳамин хусусиятҳоро доро мебошанд. Махсусан вақте ки ман садои Аҳмад Зоҳирро якҷо бо садои Маҳваш мешунавам, тамоман бехуд мешавам. Ду садои беҳамто маро ба олами малакутӣ мебаранд. Фикр мекунам, ки агар ин ду садо бе мусиқӣ ҳам якҷо баланд шаванд, ба ҳадафи худ мерасанд.

 Суруди дигаре ки аз Аҳмад Зоҳир хондаам, чи тавре ки дар боло гуфтам, суруди «Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона» мебошад, ки онро устод Амирбек Мӯсоев барои ансамюли симфонӣ эстрадӣ мутобиқ карданд. Ман ин сурудро ба тарзе, ки устод Амирбек Мӯсоев эҷод кардаанд, ба ҳамон тарз хондаам. Ба он тарзе, ки Аҳмад Зоҳир хондааст, гумон аст, ки касе дигар чунин муаассиру гуворо хонда тавонад.

 -Шумо ҳам хеле хуб хондаед ин сурудро. Шумо ба фикрам чанд мисраеро ки Аҳмад Зоҳир дар суруд нахондааст, дар вақти хондани таронаи Амирбек Мӯсоев зам кардаед?

 -Бале, ин шеъри Хаёлии Бухороист ва ман байти

 «Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор,

Ӯхонаҳамеҷӯядумансоҳибихона» -ро низ хондаам.

 -Шумо нияти баргузор кардани як консерти инфиродиро ба ин наздикиҳо надоред?

 -Албатта дорам. Аввал бояд гӯям, ки ман обрӯро аз «Дарё» гирифтам. Бе «Дарё» чун моҳии берун аз обам. «Дарё» эҷодгари мусиқӣ асили тоҷикӣ аст. «Дарё» мусиқии асилро тарғиб мекунад, мусиқиеро, ки умраш бениҳоят дароз аст. Боварӣ дорам, ки таронаҳои «Дарё» ҳар кадоме ҳаддиақал 200-300 солӣ умр доранд. Баъдан ман бархе таронаҳое дорам, ки онҳоро наметавон бо ансамбли «Дарё» иҷро кард.

 Онҳо сурудҳоеанд, ки бояд ё бо ансамбли эстрадӣ ва ё бо оркестри симфонӣ сароида шаванд. Мехоҳам дар консерте, ки баргузор мекунам, ҳаамин ду шеваи хондани таронаҳоямро пешкаши мухлисонам кунам. Барои чунин як кореро анҷом додан бояд омодагии хубе гирифт. Барои ба ин ҳадафи нек расидан пеш аз ҳама вақт даркор аст. Мо дар паи амалӣ кардани ин нияти худ ҳастем.

 -Барои амалӣ шудани ин нияти нек ба Шумо комёбӣ орзуманд ҳастам. Дар паноҳи Худо бошед.

  Мусоҳиб Султони Ҳамад

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3989--l-lr-r.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi