12:23:32 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МЕҲРИНИССО: «ИНСОН ФАРИШТА НЕСТ!»

(қисмати чаҳорум)

 

ё чанд пешниҳоди шоира ба ҳукумати ҷумҳурӣ

 Дар тӯли қариб бист сол бисёриҳо ба хотири ба ҷо овардани рисолати таърихии худ дар ин раҳ ҷонфидоӣ кардаанд. Мо истеъдодҳоеро мисли Зулфиқор бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ кунем. Дар ин бесарусомониҳо ӯ чун ҳунарманди асил беш аз дигарон азият кашид. Ӯ фурсати муносиб надошт, ки он чи дилаш мехост, эҷод кунад. Даврае буд, ки ҳунарманд ба ҷои он, ки эҷод кунад  ва маҳсули эҷодаш ба муштарияш бирасад, бояд пеши касе  сар хам мекард. Ӯ ҳамчун ҳунарманди асил сар хам карда натавонист. Чун сар хам кардан наметавонист мушкилоти сунъие ӯро думболагир буданд.

 

Мехриниссо - шоираҲамаи ин ҳолатҳо истеъдодкуш буданд. Дар ин давра зиндагӣ кардан азиятовар буд. Зеро истеъдод қадр надошт.  Дар замони шӯравӣ барои эҷодкор тамоми шароитҳо муҳайё буданд.  Ҳаққи меҳнат дар вақташ пардохта мешуд. Китобҳо бе мамониат чоп мешуданд. Шуарои мо дар хориҷа муаррифӣ мешуданд. Сафарҳои хидматӣ, истироҳатгоҳҳо, ҳаққи қалам ҳамаи ин аз он далолат мекарданд, ки фарҳангу адабиёт  дар ҳимояти  давлат буд. Ман ҳамеша дар сӯҳбатҳоям шукри истиқлоли давлатиро мекунам. Аз он шукргузорӣ мекунам, ки Тоҷикистони азизамон дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон аз сӯйи  ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол шинохта шудааст.

 

Дар тӯли бист сол дастовардҳое низ доштаем. Вале росташро агар бигӯем дар соҳаи фарҳангу ҳунар онҳо на ба он дараҷаанд, ки мо битавонем аз онҳо ифтихор кунем. Аниқтараш бист соли охир  давлат дар гап дар ҳимояи фарҳангу санъат буд, аммо дар амал чизи чашмгире барои шоиру нависандаҳо накард. Албатта як гурӯҳаки хурдакак тавонистанд, ки пештоз бошанд. Аммо аксарият натавонистанд. Бархе ҷисман аз байн рафтанд, бархе рӯҳан нобуд шуданд. Имрӯз ман мешунавам, ки дар рӯзномаҳо ҳаққи қалам медиҳанд. Албатта ин хуб аст. Инсон фаришта нест.

 

Агар мо фаришта мебудем ҳеҷ чиз таманно ва тақозо намекардем. Масалан ман медонам, ки барои ман унвон ҳеҷ чизе намедиҳад, ман ҳеҷ гоҳ дар фикри он нестам, ки барои ман ягон унвон диҳанд, ягон ҷоиза диҳанд. Маро эътироф кунанд. Маро таъриф кунанд. Ин чизҳо нест. Лекин баъзан зиндагӣ ин қадар ба сари одам фишор меорад, ки чаро ман ин қадар заҳмат кашаму… Ман ин ҷо худамро дар назар надорам. Ман тамоми соҳибистеъдодҳои доираҳои адабиву фарҳангиро дар назар дорам. Ман аз наздик ҳамаи онҳоро мешиносам. Масалан Фахриддини Малик хеле соҳибистеъдод аст.

 

Остон, Шаҳром,  ин ҳама соҳибистеъдодҳоянд. Инҳо бояд дастгирӣ ёбанд. Инҳо то кай худашон мераванд аз ин дар ба ин дар дар ҷустуҷӯи студия. Ва мераванд пеши онҳое, ки умуман аз фарҳангу ҳунар фарсахҳо дуранд. Мераванду пешпоӣ мехӯранд. Агар дар ҳақиқат соҳибфарҳангон дар чунин муассисаҳо масъул бошанд, онҳо ба ҷои пешпоӣ додан, дастгирӣ мекунанд. Масалан, ҳамин Зулфиқор суруди «Касе мурдан намехост»-ро, ки матнаш аз ман аст, аввалин бор соли 1998 хонд. Вале барои видеоклип кардани он чӣ қадар мушкилотро паси сар кард. Дар дастрас кардани маводҳо ба монеаҳо дучор мешуд. Мо дар бораи Аҳмад Зоҳир гап задем. Аҳмад Зоҳир худодод буд. Истеъдоду ҳунаре, ки ӯ дошт, аз пушти ӯ шоирону оҳангсозон, студияҳои сабткунӣ дар талош буданд.

 

Имрӯз дар мо шоир китобашро худаш чоп мекунад. Овозхон сурудашро худаш пул дода сабт мекунад. Мегӯянд замона дигар шудааст. Дар Русия ҳам замона дигар шудааст. Вале дар он ҷо эҷодкор қадру манзалат дорад. Дар давоми бист сол як шоир як хона нагирифтааст. Як шоир як ҷо истироҳат нарафтааст. Як сафари хориҷа нарафтааст. Ҳамин чизро дар бораи ҳунармандон гуфтан мумкин аст. Албатта ин созанда нест. Ба наздикӣ ман дар як консерти толибилмони Консерватория ширкат кардам.

 

Дар он ҷо як ҷавони соҳибистеъдод аст  бо номи Далери Исматуллоҳ, дар ду факулта мехонад. Дар опера ва дар шашмақом. Стипендияи ба номи Ломоносовро мегирад.  Садои ӯро шунида хеле хурсанд шудам. Ва гуфтам, ки  ин тулӯи офтоби ҳунар аст. Ба ман гуфтанд, ки офтоб нагӯед. Гуфтам не, ман аз ситора гуфтан хаста шудам.  Ман дар орзуи тулӯи офтобам. Ба ҳар ҳол ҳанӯз ин  тулӯъ аст. Вале бояд  коре кард, ки ин тулӯъ ба қиём табдил биёбад. Барои ин дастгирӣ лозим аст.

 

Аз фурсат истифода бурда ман ба роҳбарони ҳукумати феълии Тоҷикистон се пешниҳод дорам. Якум ба хотири боло бурдани қадру манзалати  шеъру шоир як рӯзеро дар ҷумҳурӣ «Рӯзи шеър» эълон кунем ва дар ин рӯз сухани нобро тараннум намуда аз сухансароён қадрдонӣ кунем. Бале, мо «Рӯзи Рӯдакӣ» дорем, «Рӯзи забони давлатӣ» дорем, ҳатто «Рӯзи байналмилалии шеър» дорем, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳар сол  21-уми март ҷашн гирифта мешавад.  Вале маълум аст, ки дар ин рӯзҳо мо бештар  бо тараддудҳои дигар машғул ҳастем.

 

Дуввум, мехостам пешниҳод намоям, ки дар он сафарҳое, ки роҳбарони давлату ҳукумат, вакилони Маҷлиси Намояндагон  ва Маҷлиси Миллӣ ба хориҷ аз кишвар мекунанд, ба ҷуз аз  он журналистоне, ки бо корҳои хидматиашон шомили ин гурӯҳҳо мешаванд, ҳамеша бо худ аз аҳли эҷод  нафарҳоеро  ҳамроҳ бигиранд то дар инкишофи доираи ҷаҳонбинии  онҳо саҳме  гузошта шавад. Мо ҷавонони  эҷодкори лаёқатманд зиёд дорем, вале онҳо имкони рушд карданро надоранд. Ҷаҳон дидан барои эҷодкор яке аз шартҳои зарурии пешрафти ӯ ба ҳисоб меравад.

 

Яке аз роҳҳои ҳавасманд кардани эҷодкорон ҳамин ташкил кардани сафарҳои эҷодӣ мебошад. Саввум мехостам, ки  давлат таҷрибаи додани манзилҳои истиқоматиро ба аҳли эҷод, ки дар замони шӯравӣ роиҷ буд, барқарор кунад. Бо ин маош, бо ин ҳаққи қалами ночизе, ки шоирон мегиранд, бо ин нархи баланди манзилҳои истиқоматӣ, ки феълан дорем, агар дар ин роҳ ҳукумат иқдомӣ ҷиддӣ накунад, даҳсолаҳо гузаранд ҳам, касе аз аҳли эҷод соҳиби хона шуда наметавонад.

 

- Хуб, пешниҳодҳои хеле ҷолибу муфид. Худо кунад, ки қабул шаванд. Бармегардем сари таронаҳои Шумо. Гуфтед, ки теъдоди таронаҳое, ки бар матни ашъори Шумо суруда шуданд, беш аз 300- то аст. Оё онҳо ҷамъоварӣ гардидаанд?

 

-Тавре гуфтам ман даҳ китоб нашр кардам. Ҳамаи ин даҳ китобро ман дар як ҷилд бо номи «Девони Меҳр» ҷой дода, ба нашриёт супурдам. Умедворам, ки ба наздикӣ ба нашр мерасад. Ва акнун нишастам сари он шеърҳое, ки суруд шудаанд. Онҳоро дар як маҷмӯае таҳти унвони «Оҳанги зиндагӣ» (алаккай фаҳмидед, ки номашро аз як суруди Аҳмад Зоҳир гирифтам) ҷамъоварӣ кардам. Дар он  номи муаллифони оҳанг ва овозхонҳо низ оварда мешавад. Ман он шеърҳоеро ки саридастакӣ барои овозхонҳои номаълум навиштам ва он сурудҳоеро, ки дар ноҳияҳо мехонанд, дар ин китоб ҷой надодам. 

 

Масалан, дар Панҷакент ҳофизони зиёде сурудҳои маро мехонанд. Ман аз миёни онҳо танҳо сурудҳои хондаи Олим Бобоевро гирифтам. Ӯ ба даҳ шеъри ман оҳангҳои классикӣ баста мехонад. Барои чӣ ман аз овардани сурудҳои хондаи ҳофизони дигар сарфи назар кардам? Аввалан барои он ки номашонро намедонам. Намедонам, ки оҳангаш аз кӣ ҳаст. Барои он ки китобам эътимодбахш бошад, ман танҳо овозхонҳои шинохтаву маъруфро гирифтам. Ман боз мехоҳам, ки дар ҳамин китоб акси овозхонҳоро оварда дар бораашон маълумоти кӯтоҳе бидиҳам.

 

Ман дар умрам як хатои нобахшиданӣ кардам.  Ин ҳам вақти ошноӣ бо Аҳмад Зоҳир ба ӯ пешниҳод накардам, ки як ғазали маро ба оҳанг дарорад. Дигар дар Тоҷикистон гуфтан мумкин аст, ки овозхони шинохта ва маъруфе нест, ки сурудҳои маро нахонда бошад.

 

- Шумо агарчӣ шеъратонро барои сурудан ба Аҳмад Зоҳир надода бошед ҳам, вале шеъри ба ӯ бахшидаатонро дар пешаш хондаед-, ку? Ин ифтихор насиби на ҳар шоири форсигӯ шудааст.

 

-Бале, дар пеши Аҳмад Зоҳир ман боре ҳам нагуфтам, ки шеър менависам. Вале ҳамон  шабе, ки ба хоҳарам мактуб навиштам ҳамон шаб шеъре дар васфи Аҳмад Зоҳир эҷод кардам. Баъдан бори дигар вақте, ки Аҳмад Зоҳир ба хонаи омад, ман чаҳор мисраи он шеърро дар китоби ашъори шуарои форсигӯи қитъаи Осиё бо номи «Мушоира», ки дар Маскав чоп шуда буд, навишта, китобро ба Аҳмад Зоҳир тӯҳфа кардем.

 

Садои ту садои резиши борон,

Садои ту ғиреви обшорон…

 

Дар китоби мазкур шеърҳои шоирони тоҷик низ дарҷ гардида буданд. Мо аз Аҳмад Зоҳир хоҳиш кардем, ки аз байни ашъори шоирони тоҷик шеъреро интихоб намуда ба оҳанг дарораду бихонад. Баъдан боз гуфтем, ки беадолатӣ нашавад, ӯ ба тарзи фолкушоӣ китобро кушояд ва ҳар шеъри аввалин кушодашудаи шоири тоҷикро ба оҳанг бидарорад. Аҳмад Зоҳир ҳамин хел ҳам кард. Адолат тантана кард ва шеъри маликушшуарои вақти тоҷик устод Мирзо Турсунзода кушода шуд. Аҳмад Зоҳир шеърро баланд баланд хонд:

 

Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман ҳамин кофист,

Фидои як саломат, як каломат ман ҳамин кофист.

 

Маслиҳат шуд, ки Аҳмад Зоҳир шеърро то Соли нав, яъне Наврӯз, ба оҳанг медарорад. Аҳмад Зоҳир чунон ҳам кард ва суруди «Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман ҳамин кофист» аввалин бор рӯзи Наврӯзи соли 1976 дар хонаи мо садо дод. Аҳмад Зоҳир онро бо аккордеоне, ки онро аз ҳамон «Гӯшаи сурх» овардем, сароид.

 

-Кадом шеъри шуморо аз ҳама бештар оҳанг бастаанд ва аз овозхонҳое, ки он сурудро хондаанд, ном бибаред?

 

-Шеъри  «Сӯҳбати соҳибдилон ояд хушам» беш аз дигар шеърҳоям ба оҳанг дароварда шудааст. Ин шеърро бори аввал Ҷӯрабек Назриев ба оҳанг дароварда хонданд, Баъд аз Ҷӯрабек Назриев Ҳотами Равшан онро хонданд. Пас аз он Зулфиқор ин шеърро ба оҳанг даровард. Хуб хонд. Аз ноҳияи Ҳисор як ҷавони бароям ношинос ин сурудро бо як оҳанги хуб мехонад. Сабташ пеши ман ҳаст. Баъдан Маҳбуба Бобоҷонова ном овозхони хубе онро хондааст. Баъд суруди «Аз Бухоро то Душанбе»-ро низ овозхонҳои зиёде хондаанд.

 

Бори нахуст Мастона Эргашева хонданд. Баъди Мастона Эргашева хондан ин сурудро хори Театри давлатии опера ва балети устод Айнӣ дар як ҷашн хонданд. Сипас Сурайё Қосимова хонданд. Дар Панҷакент ҷашни Рӯдакӣ буд. Дар он ҷо хори кӯдакона онро хонд. Ҳама оҳангҳояш мухталиф буданд.  «Суруди «Ишқи зеборо ба ҷон пазмон манам» ҳам Ҳотами Равшан мехонад,  ҳам Зулфиқор мехонд ва ҳам Кимиё Ҷӯраева месарояд.  Оҳангҳо аз ҳамдигар фарқ доранд. Боз чанд шеърамро овозхонҳои зиёде бо оҳангҳои гуногун мехонанд.  Ҳамин тариқ шудааст, ки як шеърамро қариб 8 нафар оҳанг баста сурудаанд. 

 

-Чунинмуносибатиовозхонҳоробашеъриякшоирумдатандарадабиётиклассикӣбисёрмебинем. Зиёдвомехӯрем, ки  ҳамонякшеъришоириклассикамонроовозхонҳоизиёдебооҳангҳоигуногунмехонанд.  Вале дар адабиёти муосир ин чизро камтар мебинем. Намунаашро дар шумо дидем.

 

- Агар хато накунам бисёр шеърҳои маро на камтар аз бо ду оҳанг  овозхонҳои гуногун мехонанд.

 

-Мегӯянд, ки Лайлои Фурӯҳар низ кадом як шеъри шуморо сурудааст?

 

- Ман ҳам шунидам, ки ҳамин шеърамро:

 

Ман саропо диламу дида надорӣ чӣ кунам?

Дӯстдорат манаму дӯст надорӣ чӣ кунам?

 

Лайлои Фурӯҳар хондааст. Мутаассифона, худи ман ин сурудро дар иҷрои Лайлои Фурӯҳар ҳанӯз нашунидаам. Лекин барои ман чанд нафар гуфтанд, ки Лайлои Фурӯҳар ин шеъри маро мехонад. Ва ҳатто замзама ҳам кардааст. Ба кадом муносибат замзама кардааст, намедонам.

 

-Ташаккури зиёд барои сӯҳбати самимӣ

 

1. МЕҲРИНИССО: «ГУЛРУХСОР ДАР ТАҲРИРУ ИНТИХОБИ АШЪОРАМ ЗАҲМАТ КАШИДААСТ!»

2. МЕҲРИНИССО: «ДУОИ ХАЙРИ ОДИНА ҲОШИМ МАРО ТАРОНАНАВИС КАРД»

3. МЕҲРИНИССО: «АҲМАД ЗОҲИР БАРОИ САФОРАТИ ШӮРАВӢ ШАХСИЯТИ ДИЛХОҲ НАБУД»

 

 

Мусоҳиб Султони Ҳамад

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3955--l--r-.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi