03:41:32 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МЕҲРИНИССО: «АҲМАД ЗОҲИР БАРОИ САФОРАТИ ШӮРАВӢ ШАХСИЯТИ ДИЛХОҲ НАБУД»

(қисмати саввум)

 

Аҳмад Зоҳир ҳар вақте, ки як сурудро замзама мекард, ман ҳам баробараш мехондам. Ӯ аз ин хурсанд мешуд. Ӯ медонист, ки дар шӯравӣ як иддаъ инсонҳое зиндагонӣ мекунанд, ки бо забони форсӣ дарӣ ҳарф мезананд ва онҳоро тоҷик меноманд.

 

МехриниссоӮ радиои Тоҷикистонро бисёр гӯш мекард, махсусан сурудҳои тоҷикиро. Хулоса, Аҳмад Зоҳир ҳамроҳи шавҳарам рафта аз хонаи худ як асбоби мусиқиеро, ки синтезатораш мегуфтанд, оварданд. Дигар бовар кунед, ки то нисфи шаб дар хонаи мо як базми ҷамшедӣ буд. Аҳмад Зоҳир суруд мехонду мехонд. Ҳеҷ хастагиро эҳсос намекард. Шаб аз нисф гузашту баъд худоҳофизӣ кардем. Ӯ ҳамон асбоби мусиқиашро дар хонаи мо монда рафт. Гуфт, ки ҳар боре ки гузораш ба ин тараф афтид, омада мегирад.

 

-Дар ҳамин маҳфил, ки як қисмати он дар магнитофони хонаводагӣ сабт шудааст ва то ба имрӯз ба ёдгор мондааст, Шумо бо Аҳмад Зоҳир ва устод Ҷӯрабек Назриев якҷо суруд хондаед.

 

- Мо якчанд сурудро якҷоя хондем. Аввалин суруде, ки хондем ин ҳамон сурудест, ки бо мисраи зерин сар мешавад: Хабар овардаанд омадаӣ аз сафар баъди солҳои дароз.

 

Аҷибаш он буд, ки Аҳмад Зоҳир дар вақти сурудан баъзан матнро фаромӯш мекард ва ман ба ёдаш меовардам. Аз ин хеле хурсанд мешуд.

 

Мутаасифона, он вақт ҳанӯз видеокамераҳо роиҷ набуданд. Дар магнитофон ҳам на ҳамаи ин сӯҳбатҳо сабт шудаанд. Албатта барои ман, ки як зани тоҷик будам ва он ҳам аз Иттиҳоди Шӯравӣ хеле душвор буд аз ин бештар бо Аҳмад Зоҳир наздик шудан. Маро мақомоти шӯравӣ метавонистанд нодуруст бифаҳманд.

 

Аҳмад Зоҳир фарзанди собиқ сарвазири замони Зоҳиршоҳ буд. Барои сафорати шӯравӣ Аҳмад Зоҳир шахсияти дилхоҳ набуд. Мо инро эҳсос мекардем. Шаҳрвандони шӯравӣ дар Афғонистон дар доираи як чаҳорчӯбае бояд кору фаъолият мекарданд. Аммо барои ман ин чаҳорчӯбаҳо чандон муҳим набуданд. Ман онҳоро риоя намекардам.

 

-Боз кадом сурудҳоро шумо дар он ҷо якҷо хондед?

 

-Суруди русии «Я встретил девушку»-ро ё худ «Дидам ҷамоле»-ро.

 

 

Ах, это девушка

С ума свела меня

Разбила сердце мне

Покой взяла.

 

Баъд боз ҳаминро бо тоҷикӣ мехондем:

 

Ақламро бурд,

Холи сиёҳ.

Дил пора кард,

Теғи нигоҳ

 

Аҳмад Зоҳир бошад менавохту месуруд:

 

Ақлам рабуд,

Холи сияҳ

Дэл пора кард,

Теғи нигаҳ

 

Баъдан суруди «Зебонигорам»-ро хондем. Пас аз он суруди «Бозӣ ту кардӣ бо сарнавиштам»-ро хондем.

 

Бозӣ ту кардӣ бо сарнавиштам,

Раҳме накардӣ, ман ноумедам.

 

Ҳар суруде, ки Аҳмад Зоҳир мехонд, ман ҳамроҳаш замзама мекардам. «Бӯйи ту хезад ҳанӯз, бӯйи ту аз бистарам». Ва боз чанд суруди дигарро хондем. Бояд рӯйи рост бигӯям, ки дар он лаҳзаҳо ман атрофиёнро фаромӯш кардам. Рӯ ба рӯ бо ҳунари Аҳмад Зоҳир будам. Мафтуни ҳунари ӯ шуда будам. Ҳамон шаб ман ба хоҳарам нома навиштам. Дар нома гуфтам агар дар зиндагӣ Худованд барои ман рӯзҳои хушбахттаринро ато карда бошад, яке аз ин рӯзҳо ҳамин рӯз аст. Гумон мекунам, ки ин зарринварақи китоби достони зиндагонии ман аст. Чунки Аҳмад Зоҳир меҳмони ман буд.

 

Баъди чанде вақте ҷавоби хоҳарам Назираро гирифтам, ки аз ман мепурсид, ки Аҳмад Зоҳир кӣ ҳаст? Хоҳарам худаш ҳам садои хуб дорад, суруд мехонад. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки ман Аҳмад Зоҳирро бароят тӯҳфа мебарам. Кассетаи Аҳмад Зоҳирро барояш тӯҳфа овардам…

 

Пеш аз ба Тоҷикистон рафтан аз Аҳмад Зоҳир пурсидам, ки «Аҳмад Зоҳир, ман аз Тоҷикистон бароят чӣ биёрам?». Ӯ гуфт, ки барои ман шампун биёр. Ӯ мӯйи худро хеле дӯст медошт. Падари Аҳмад Зоҳир каммӯй буд. Ҷӯрааш Довуд шӯхӣ мекард, ки « оқибат мисли Зоҳири кал мешавӣ». Аҳмад Зоҳир механдиду мегуфт «Аслан».

 

Дар симои Аҳмад Зоҳир ман як ҳунарманди асилро пайдо кардам. Ман ҳунари Аҳмад Зоҳир, садои ӯро хеле ва хеле дӯст доштам. Барои Аҳмад Зоҳир ҳам ташрифи ӯ ба хонаи як тан аз шӯравиҳо хеле аҳамияти калон дошт. Ӯ дар ин ҷо дарк кард, ки ҳунари ӯ пеши мардуми шӯравие, ки то он вақт онҳоро қариб, ки намедонист, чӣ қадар қадр дорад. Ба ғайр аз он Иттиҳоди Шӯравӣ як кишвари хеле пешрафта ва мутараққӣ буд. Аҳмад Зоҳир бо пайдо кардани шиносҳои нав аз Иттиҳоди Шӯравӣ обистани орзуҳои ширин шуд. Ӯ бисёр мехост ба Тоҷикистон як сафари ҳунарӣ дошта бошад. Ба Тоҷикистоне, ки дар он ҷо ҳунари ӯро мешинохтанд ва қадр мекарданд. Вале афсӯс…

 

Ҳарчанд Аҳмад Зоҳир ҷисман ба Тоҷикистон омада натавонист, вале сурудҳои ӯ марзҳоро убур карданд. Имрӯз Аҳмад Зоҳир султони қалбҳои аъзои ҳар як хонадони тоҷик аст. Имрӯз, бо гузашти солҳо, мебинам, ки аз он вохӯрии нахустин пеш аз ҳама мо бурд кардаем. Мо бо як ҳунарманде ифтихори чанд лаҳза буданро доштаем, ки ба гумон аст таърих ба мисли ӯ каси дигареро биёрад. Ман овозхонҳои машҳурро бисёр дидаам. Дар сӯҳбати Шаҷариён будам, бо Саттор сӯҳбат кардем, хеле инсонҳои шарифанд, ҳунармандони бемисланд, вале Аҳмад Зоҳир чизи дигар буд.

 

Аҳмад Зоҳир саропо ҳунар буд. Агар барои 10 дақиқа ба хона меомад, ҳатман ду суруд мехонд. Намегуфт, ки вақт надорам, табъам хира аст, садоям хаста аст ва ғайраву ҳоказо. Аҳмад Зоҳир дар баробари ҳунарманди бузург будан боз хеле хоксор буд, мардумашро нағз медид. Яке аз радиоҳое, ки аз Маскав пахш мешавад, барномае дорад бо номи «Звезда». Дар ин барнома гоҳу ногоҳ аз мардум нуқтаи назарашонро дар бораи ситораҳои санъати овозхонӣ мепурсанд.

 

Ман чанд рӯз пеш шунидам, ки Аҳмад Зоҳир дар қатори 10 нафар бузургтарин хонандагони ҷаҳон дохил шудааст. Тасаввур кунед, ки Аҳмад Зоҳир дар байни 10 ҳунарманде ҳаст, ки дар ҷаҳон эътироф ва беҳтарин дониста шудаанд.Дар ҳамин барнома чор суруди ӯро шунавониданд. Аҳмад Зоҳир вақте суруд мехонад, ман фикр мекунам, ки як узви хонаводаи мо суруд мехонад.

 

Бубинед:

 

Омад нафаси субҳу паёмат нарасонид,

Бӯйи ту биёварду саломат нарасонид.

 

«Бӯйи ту», «рӯйи ту»-ро ӯ мисли мо талаффуз мекунад. Ҳар як афғон низ мегӯяд, ки ӯ узви хонадони афғон аст. Ман Аҳмад Зоҳирро ҳар рӯз гӯш мекунам. Баъзан то субҳ гӯш мекунам. Албатта гоҳу ногоҳ ҳунармандони тоҷикистониро низ гӯш мекунам. Мо ҳунармандони хуб бисёр дорем. Садои Ҷамшед бисёр гуворо ҳаст. Шодравон Зулфиқор хуб месароид. Ман ба ӯ ҳамеша мегуфтам: «Зулфиқор, агар ту аз пайи садоят, аз пайи овозат шавӣ, ҳамон зебоӣ ва ҷаззобии Аҳмад Зоҳир дар ту ҳаст.

 

Масалан, ҳамон ду суруде, ки ахиран дар телевизиони «Сафина» хонд, яке бар матни шеъри ман «Дил рабуданро барои дил супурдан дӯст дорам» буд ва дигаре суруди Аҳмад Зоҳир «Саҳар мегуфт булбул боғбонро». Ин аз камолоти Зулфиқор дарак медод. Зулфиқор ду рӯз пеш аз намоиши ҳамин барнома ба хонаи ман омада буд ва аз мазмуни як байти суруди Аҳмад Зоҳир пурсон шуд. Мо дар атрофи ин байт хеле сӯҳбат кардем. Зулфиқор аз ҷумлаи овозхонҳое буд, ки хато хонданро бад медид. Ҳаракат мекард, ки шеърҳоро бе ғалат хонад.

 

Баъди ду рӯзи тамошои ин барнома ба ӯ телефон кардаму гуфтам, ки «Зулфиқор, дигар ман барои ту ғусса нахоҳам хӯрд, ки таронаи ояндаат чӣ гуна хоҳад шуд. Ин ду сурудат нишон доданд, ки ту комил шудӣ, ба камолот расидӣ. Аҳмад Зоҳири тайёр шудӣ». «Апаҷон, лутф мекунед, лутф мекунед. Мо куҷову Аҳмад Зоҳир куҷо», хоксорӣ кард Зулфиқори Азиз. Оҳ, осмони ҳасуд, азизони моро як як аз мо мерабояд!

 

- Шумо бо Зулфиқори раҳматӣ ҳамкориҳои зиёди эҷодӣ доштед?

 

- Вақте бо Зулфиқор шинос шудам Зулфиқор ҳамагӣ 19 сол дошт. Ман ҳамон вақт дар журнали «Занони Тоҷикистон» кор мекардам. Аз номи хонандагони маҷалла номаҳои зиёд мегирифтем. Дар ин номаҳо хоҳиш карда мешуд, ки дар бораи ин овозхони гурӯҳи «Анис» ба муаллифонашон маълумот бидиҳем. Номаҳо зиёд, даста даста бо ҳамин дархост буданд. Агар як номаву ду нома мешуд шояд ба онҳо ҷавоб намегуфтем. Вале чун номаҳо бешумор буданд, мо вазифадор будем, ки ба онҳо посух диҳем. Варна аз Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист, ки маҷалла моли он ҳисоб мешуд, агар нозирон меомаданду медиданд, ки ба номаҳо ҷавоб нагуфтаем, мавриди мазаммат қарор мегирифтем. Бинобар сабаби ҳамин дар ҷустуҷӯи Зулфиқор шудем.

 

Зулфиқорро агарчӣ биссёриҳо мешинохтанд, вале унвонии ӯро касе аниқ намедонист. Ба хонаи радио рафтам. Дар он ҷо телефони ӯро ба ман доданд. Ба ӯ телефон кардаму ба идораи маҷалла даъваташ кардам. Вақте ба идора омад, дидам, ки як ҷавони хеле лоғарандоми зебо ва шармгин буд. Мактубҳоро ба ӯ нишон дода гуфтам, ки бубин чи қадар духтарҳо туро дӯст медоранд. «Э апа, шӯхӣ мекунед»,-гуфт ва ҳатто ба тарафи мактубҳо нигоҳам накард. Гуфт: «Дар хона мехонам».Чӣ гуна бачаи боадаб буд!

 

Бо як хушгуфторӣ «апа, ягон шеър надоред ба оҳанг дарорем?», гӯён аз ман суол кард. Ба ӯ як шеърамро бо номи «Лаҳзаҳои бо ту будан» додам. Баъди чанд вақт дидам, ки гурӯҳи «Анис» ин сурудро дар телевизион ҳамакаса хонданд ва бад ҳам нахонданд. Хуб хонданд. Ҳама ҷавонҳои зебо, оростаанд. Ҳамин гурӯҳи «Анис» барои ташвиқу таблиғи ҷавонон хеле нақши созанда доранд. Дар ҳамон давра инҳо либосҳои зебо мепӯшиданд. Ҷавонҳои таълимдида буданд. Асолати тоҷик будан, асолати ҳунарманд буданро дар саҳна ҳамеша риоя мекарданд.

 

Махсусан Зулфиқори Азиз. Дар ҳақиқат, «Ба пирӣ мерасад хорӣ биёбон, Вале гул чун ҷавон гардад бимирад». Аҳмад Зоҳир, Кароматуллоҳи Қурбон, Муборакшо, Зулфиқор…. Ҳама дар синни ҷавонӣ рафтанд. Дигаронро эҳтиёт кардан даркор. Ман ҳунармандони ҷавонро хеле қадр мекунам. Мехоҳам ҳамаи онҳо ташвиқ шаванд. Чунки имкониятҳои онҳо хеле кам аст. Фахриддини Малик, Сироҷиддин Фозилов, Шабнами Сурайё, Нигина Амонқулова инҳо ҳама ҳунармандоне ҳастанд, ки метавонанд номи Тоҷикистонро баланд кунанд. Садои хуб доранд. Фақат инҳоро як муҳите лозим аст, ки тавонанд худашонро нишон диҳанд.

 

Пеш аз ҳама як студияи давлатӣ даркор аст, ки ҳар як ҳунарманд, хоҳ шаб бошад, хоҳ субҳ ё бегоҳ, кадом вақте, ки барои ӯ қулай бошад, омада сурудаш ва ё сурудҳояшро сабт кунад. Як овозхон барои матни мувофиқ пеши шоир меравад. Барои ин маблағ даркор. Барои оҳанг пеши оҳангсоз меравад. Барои оҳанг ҳам пул даркор. Барои сабт кардан маблағ даркор. Ҳатто барои аз радио ва ё телевизион пахш кардан маблағ даркор. Ҳамаи ин даву тозҳо ҳунарро мекушад. Президенти кишвар дар паёми ахиринашон гуфтанд, ки барои истеъдодҳои ҷавон як шароити хуб муҳайё карда шавад.

 

1. МЕҲРИНИССО: «ГУЛРУХСОР ДАР ТАҲРИРУ ИНТИХОБИ АШЪОРАМ ЗАҲМАТ КАШИДААСТ!»

2. МЕҲРИНИССО: «ДУОИ ХАЙРИ ОДИНА ҲОШИМ МАРО ТАРОНАНАВИС КАРД»

 

(идома дорад)

 

Мусоҳиб Султони Ҳамад

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3939--l-------r.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi