10:55:06 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

БАРЗУ АБДУРАЗЗОҚОВ: «МАН МЕМОНАМ!»

Мақолаи Барзу Абдураззоқов дар рӯзномаи «ИмрӯзNews»

Тақрибан соле қабл ё андаке бештар як рафиқи деринам ба ман занг заду ба мулоқот хонд. Ман, ки аз андӯҳу яъси ботини ӯ дар ин чанд моҳи охир воқиф будам, бо эҳсоси хавотирӣ ба ваъдагоҳ рафтам. 

«Ман барои ҳамеша меравам, аз ин рӯ хостам, бо ту видоъ гӯям»-гуфт рафиқам. 

«Ба дур меравӣ?»-пурсидам ман. 

«Ба дуртарин дур»-посух дод ӯ ва ба дасташ ба кадом як самти мағриб ишора кард. 

-Ба чӣ хотир? 

ӣ хел ба чӣ хотир?-дубора бозпурсид ӯ. «Чаро меравӣ?»-суоламро мушаххастар иброз намудам. 

Ӯ абрувонашро гираҳ зад ва хаёлаш ба куҷоҳое рафт, шояд ба ҷустуҷӯи ҳамон посухе рафт, ки мусоҳибаш барои аз тасмим баргардонидани ӯ ҳеҷ далелеву бурҳоне наёбад. Ва ба миён омад сукути тӯлонӣ. 

-Мефаҳмӣ-бе он ки комилан аз муҳосираи  андеша раҳо шавад, ба сухан омад ӯ. Ман ин ҷо зиндагӣ мекунам (самти ишорааш шояд ба шаҳр буд ё ба кишвар), ин ҷо зода шудаам…кор кардам…хонаву дар, зану се фарзанд дорам… Ин шаҳри ман аст, мефаҳмӣ? Аммо ман дигар наметавонам. Ман барои он меравам, ки хаста шудам аз фикри ҳар баду бало. ӯ амсоли ин ҳарфҳое гуфт, аммо ман дигар намешунидам, зеро ҳамин ҳуруфи «ман хаста шудам аз фикри ҳар баду бало» маро сахт такон дода буд. 

Ӯ ҳарферо баён кард, ки ман рӯзгори дароз онро меандешидаму барояш ифода намеёфтам. Он чиро гуфт, ки ман ҳар лаҳза эҳсос менамудам. Рафиқам бо ин посух маро ба ҳадде бесилоҳ кард, ки баногоҳ ба сарам  фикре шабехун зад: Агар ӯ инчунин хастаасту меравад, пас чаро ман ҳам, ки  хастаам, мемонам? Ман бо чашмонам самти ишораи ӯро дунбол кардам бо умеди он ки дарёбам: чӣ чизест, ки рафиқамро ба ноумедиву хастагӣ овардааст. 

Ва ман мардумеро дидам, ки турушрӯву оҳиста аз баробари чашмам мегузаштанд ва дарёфтам: мо, душанбегиён, кайҳост, ки ба рӯи ҳамдигар табассум намекунем, кайҳост, ки бо ҳам ҳамдӯшу ҳамсоя нестем. Ва агар ҳамин, маҳз ҳамин шаҳр, ки Аняхолаҳову Боряамакҳо, Амиранҳову Ёсикҳо, Сергейҳову Мавлододҳо, Датову Иброҳими доғистонияш дӯш ба дӯш мезистанд, пас куҷо шуд он иттиҳоди дӯшини ҳамшаҳриён, ҳамкориву ҳамёрӣ, он гармии рабоянда, ки ҳама ҷо эҳсос мешуд, агар дар кӯчаи Гогол будӣ ё Шанхай, ки маҳаллаи пушти истгоҳи роҳи оҳан чунон ном дошт. 

Ҳама ҷо вуҷуди шаҳрро эҳсос мекардӣ. Шаҳр-ин иморатҳои бисёртабақаву троллейбусҳо нест, ин рӯҳи хоси боазаматест бо шеваю гуфтори хос, бо сабки хоси қадам задан, нигоҳ кардан ё даст ҷунбонидан;шаҳр-ин шабоҳати хоси андешаву пиндорҳост. Шаҳр-ин маҷрои хосу муназзами зиндагонист. Дар шаҳр ту метавонистӣ нифоқ варзӣ, вале ба ақоиди суннатии он ҳақ надоштӣ, рахнае ворид кунӣ. Зеро он иттифоқи ботиние буд, пайванди гиливу дилӣ буд ё ба масал орухонаи бузурге буд, ки ҳар бошандааш ҳамдигарро аз рӯи рангу бӯйи хос мешинохт… 

Бегонаҳо ё беруни дарвоза мешуданд ё маҷбур буданд, дар шаҳри якчашма якчашма шаваду аз рӯи суннату ойину қонуни ҳамин даргоҳ ба зиндагӣ пардозанд. Аммо вақте ки ба ин истеҳком халал афтод-падруд, эй шаҳр! Он гоҳ падруд, эй Мавлододу Иброҳимҳои доғистонӣ, падруд рӯҳу равону шеваи хос, падруд қоидаҳои дерпои устувор, падруд ҳамёриву ҳамбастагӣ… Марҳабо, ғуссаву парешонӣ. Ман хаёлан шаҳрро гардиш кардам, дар кӯчаву ҳавлиҳои ошно, ки овони кӯдакиҳоямон аз пушти тӯб медавидем ва Аняочаҳои фарбеҳи болидарӯ аз пасамон сур мекарданд, қадам задам. 

Қадам задам дар тангкӯчаҳои азизи «яҳудиён», ки бачагии ман аз боғи ҳамсоягон гелос медуздид ва баъди ба фасли булуғ расидан аз лабони гелосии дӯшизагони ҳамсоя чошнӣ мерабудем. Ман хаёлан худро дар арғунчакҳои боғ тасаввур  кардаму чанд давра гирд гаштам, оби газноки ширин нӯшидам, аз мағозаи нон чанд кулчақанди ширини ҳанӯз гармро харидам, якеро ба даҳон бурдам ва нигоҳ кардам ба осмон, ба осмоне, ки дар уқёнуси нилгунаш ҳазорҳо парастувон-фариштагони тундпарвоз-нигаҳдорони он шаҳри мо пар-пар мезаданд, хаёлан саломуалайк кардам бо милисаи сарсафеди меҳрубони доимо серташвиши маҳалла Маҷидов, ки ҳамеша мехостам дар баробараш бо эҳтиром даст ба чакка барам;ба варзишгоҳи «Фрунзе» давидам, ки «Помир»-амонро ҳаводорӣ кунам ва чун ҳазорон ҳамдиёронам, инак, хаму рост мешавам, ҳуштак мекашам, пархош мекунам ва дар баробари ин ифтихор меварзам,  барои он ки «Помир» они мост, они ман аст! Хаёлан мепарам ба Варзоб, фуруд меоям дар соҳили рӯдмодар, кафамро пур мекунам аз оби зиндагонӣ ва оҳиста, оҳиста, оҳиста, қулт-қулт-қулт менӯшам ва дар баробарам нафаре  нест, ки таҳдидомез ба ман наъра занад: 

Ин рӯд рӯди ту нест, ин соҳил соҳили ту нест, аз ин баъд ин дара ҳам дараи ту нест. Ҷунбиши силсиласафедоронаш ҳам, маъоси барраҳояш ҳам, ки аз дуродур меоянд, аз пушти рустоҳо, аз соҳили муқобили рӯдмодар, ки  он ҷо ҳамтаборони ман зиндагӣ доранд, онҳое, ки аз ҳузурашон басе сипосманд будани маро эҳсос намекунанд, ин ҳама дигар ба ман мутааллиқ нестанд. Болҳои рӯъёиро боз мекунаму дуртар мепарам-Дуртар, дуртар, ба Кӯлоб, Ба Қӯрғон, ба Хоруғ, ба Шаҳринави азизу пайвандам. Ва бар фароғатгоҳи Қаротоғ, ки шабҳангом дар анбӯҳи арчазорону қароғочҳои болобаландаш, дар фурӯғи мунаввари кавкабистон ман нахустин бор таъми муҳаббатро фаҳмидам. 

«Оваҳ, куҷо шуданд он ҳама? Он ҳама хоб буд ё рӯъё? Ва, инак, мактаби ман дар кӯчаи Гогол. Ман бо хиҷолати ниҳонӣ нишони комсомолиямро аз сари синаи куртаам  берун мекашам ва ба ҷайби чапи шими сиёҳи то зону паҳнпочаам  мегузорам ва роҳи ӯро интизор мешавам. ӯ меояду раҳораҳ табассум мекунад. Домани шикан-шикан пӯшидааст ва дар бари сина нишон овехтааст. ӯ медонад, ки мо ба сайру гашти шаҳр меравем, 1 сӯм дорем барои ду нафар, 1 сӯм барои як рӯзи дароз, аммо чӣ ҷои нигаронӣ, ҳамин миқдор ҳам моро кофист. 

Як сӯм барои 1 рӯзи дароз! Ва ман боз ба парвоз меояму хотираҳоямро тозиёна мезанам, зеро шитоб дорам. Ва, ҳолиё, дар рӯ ба рӯи ман чун дар он сӯи тирезаи қатораи тундгард симои ҳамсабақонам су-су мезанад. Карим, Исмат ва Гулбаҳор ва, инак, Маскав, пойтахти ватани мурдаи ман ва аз нав су-суи чеҳраҳо: Митя, Володя, Нодир, Вирҷиния, Иринаву Марина, сархушиву хумор, таронаҳову нағмаи гитор, барфу яхбандии роҳҳо, пулҳои қарзгирифта, Достоевский ва Балмонд Бродский, Гирландайо ва Лоренеои Бузург, идгардиву масхарабозиву ҳарсӯгароиҳо, эътирозҳову интишори латоиф аз ҳаёти Котиби Генералӣ, КБД-и пинҳонкори бадҳайбат… 

Мамлакати зоҳиран некӯтимсоле, ки шашяки рӯи замин буд, инак, макони наҳси нангу пайкор аст. Ҳуҷуму гурезогурез, ашкҳо, бӯи майитону андӯҳи бохтанҳо ва, инак, инсонҳои дигар,шеваю гуфтори дигар, кори дигар… Он занбӯрхонаи дӯшин фурӯ афтодааст ва аллакай 1 сӯм барои ду нафар кофӣ нест, балки ба миллион сӯм ҳам як кулчаи шикофмиён (бо таъбири халқ нони тешукча) намехарӣ… Ва, ҳолиё, дар тангкӯчаи яҳудиёни ман ҳам бурганҳову дигар алафҳои бегона рӯидаанд ва рӯдмодар кунун модарандар аст, соҳилҳояш дигар маро наменавозанд, парастувони фариштавораш шаҳри маро тарк гуфтаанд ва барои ман малоловар аст бегонавор гом задан дар шаҳри ноошно. Ва баногоҳ яҳудии сарсафеди хамидақомати маҳаллаи яҳудиён, тани танҳо бо тӯрхалтаи қадимаш намоён шуд… 

-Аз куҷо? Чӣ хел?  Чӣ қадар мӯъҷизаосо!-Чаро танҳо? Чаро ин ҷо? Барои чӣ нарафтед? ӯ посух медиҳад-Гӯрҳоро нигаҳбонӣ мекунам. Оҳ, шаҳри рӯҳбенавои ман, шаҳри полисони раҳу гадоён.

 Эй шаҳри ман, ки парастувони фариштаворат тарк гуфтаанд ва ба ҷояшон «фариштаҳо»- и дигар ҷойгузин гаштаанд: қуттии нӯшобаҳо…Ва ҳамин дам, мисли он ки пару боли маро бибрида бошанд, ман ба замин фуруд омадам. 

«Хӯш, ту ҳам меравӣ?-пурсид ҳамсӯҳбатам» 

Ба куҷо?-баъди ба худ омадан аз парвози рӯъёӣ суол кардам ман. 

-Ба он ҷо-ва бо дасташ ба кадом як самти мағриб ишора кард. 

« Не, ман намеравам»-ҷавоб додам ман. 

«-Чаро, охир ту ҳам хаста шудӣ аз фикри ҳар баду бало. Барои чӣ, ту эй дӯсти ман, намеравӣ?-ба оҳанги талқин нидо мекунад рафиқи деринам. 

«Намеравам, ман дигар ба ҳеҷ куҷо намеравам»-посух медиҳам ман. Ман мемонам, барои он ки нигаҳбони гӯрҳо бошам. 

24.08.10 с, Маяковка

Барзу Абдураззоқов, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3044---l-r.html



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 04.09.2010 13:30
Behtarin,tashak kur az ustod Bazu, voqean navioshtae,ki hammai moro ham ba fikr furu mebarad. Ammo ba har surat meguyand, az noumediho baso umed ast, mo boyad khushbin boshem va vaqte chunin suol dar zehnam paydo shavad, hatman guem,ki mo holo nameravemm mo haqqi raftan ham nadorem. Mo agar baroi khud ne baroi nafare, modar, khohar, hamsar va yo jigarbandoni khud zarurem.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi