15:33:42 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТУ НОЛА БИКУН, КИ НОЛААТ ШИРИН АСТ

ар синаи мо мурғи ғазал менолад.

Во, синаи худ ба хуни дил мемолад.

Эй вой, чи зор-зор менолад, вой,

Сар бар сари мо шикор менолад, вой.

 

Аз нолаи зори ту дилам об шудаст,

Аз гиря чароғи маҳфилам об шудаст.

Шодоб ҳаме шудаст боғи ғазалам,

Хуш аз ғаму дард аст димоғи ғазалам.

 

Аз нолаи ту гарчи дилам хунин аст,

Ту нола бикун, ки нолаат ширин аст.

Бо нолаи зори худ маро зор кушӣ,

Бигзор, ки бо ҳазор озор кушӣ...

 

Писарам дар дунёи созу суруди Малика сайр мекард:

 

Андешаи деру зуд кардӣ, дили ман,

Ғавғои набуду буд кардӣ, дили ман…

 

Гуфтам:

 -Бикушаш.

 Ҳушу ёдаш ба суруд маро намешунид. Рафтаму магнитофонро хомӯш кардаму гуфтам:

 -Бемории мо ба ту гузашт?

 Дилам сӯхт. Бар худ андешидам, ки ин сурудҳои ҷигарӣ чи гуна ба дилу ҷигарам кора мекунанд. Боз дилам маро ба ҳоли худ намонду магнитофонро мондам:

 

Андешаи деру зуд кардӣ, дили ман,

Ғавғои набуду буд кардӣ, дили ман,

Чанде чу чароғ дуд кардӣ, дили ман,

Аз сӯхтанат чи суд кардӣ, дили ман?

Дили ман, дили ман!

 

Он гоҳ дар ҳавои ҳамин созу суруди ҷигарсӯз дилам ба фарёд омад:

 

Ҳай нола занӣ ту бар ҳавои «Дили ман»,

Хунрез чунин шавад навои дили ман.

Ин гуна кӣ гирядо барои дили ман?

Ку булбулаки навосарои дили ман?

 

Садпора дили зори ман аз нолаи туст,

Ҳар пораи ҷӯшида зи хун лолаи туст.

Дар сина зи фарёди ту сад нола марост.

Аз дил ба канор як сабад лола марост...

Ёди дӯсти хушгапам Акбар Шарифи нависанда кардам, ӯ дӯстдори ҳунар буд. Дар шинохти ҳунар завқи баланд дошт. Ҳамеша ташнаи чашмаи овози Малика буд. Дар он рӯзгори талх чун овози ӯро мешунид,  шаҳд менӯшид. Як шаб меҳмонам шуду хоҳиш кард, ки барои Маликаи Саид шеъре нависам. Худаш дар бораи ӯ мақола навиштанӣ буд. То дер сӯҳбат кардем. Маро сад бор аз ханда кушту зинда кард. Гуфтам, ки меравам. Ҳушаш парешон шуду гуфт:

 -Куҷо?

 Гуфтам:

 -Хоб.

 Хандиду гуфт:

 -Эҳ, ту бачаи хобӣ? Ҳолӣ рафтани мора бин. Ними ҷаҳона гаштем, сер нашудем. Боз ҳам хоҳиш кард, ки барои Малика шеъре нависам.

 Ними шаб бедор шудам, ки дар сари миз аст. Гуфт:

 -Ман кам-кам «наброска» кардам. Хоб меравам, ту шеър навис, мақолаи нағз мешавад.

 Дар хоби ӯ шеър навиштам. Пагоҳӣ хондамаш, хурсанд шуд. Оре, Акбар Шариф овози Маликаро бисёр дӯст медошт. Ба ширинӣ аз овози ширину созу навои дилнишин сӯҳбат мекард. Афсӯс, ки ормони дили Акбар носуруда монд, ӯ рафту дигар наёмад. Ангораҳои зебои ормонашро дар дили хуншораш ба дунёи дигар бурд. Рафтанашро дидаму суханашро аз дурии рӯзҳои рафта шунидам: «Ҳолӣ рафтани мора бин». Пас аз рафтани ӯ гоҳ-гоҳ аз миёни коғазҳои зардшуда ҳамон шеъру ҳамон «наброскаҳо» рӯ мезананд. Инак, ҳамон шеъри фармуда, ки даҳсола шуд:

 

Ғазали чашми тари намзадаро,

Ғазали ғунчаи шабнамзадаро

Ту бихонӣ, дили ман об шавад,

Ту чи донӣ дили ман об шавад?

 

Эй садои ту - садои обӣ,

Об аз рӯшании маҳтобӣ.          

Рӯшанӣ дидаму ғамрезиро,

Рӯшанӣ дидаму намрезиро.

 

Бисароӣ ғами ҷонро ширин,

Бикашӣ оҳу фиғонро ширин.

Бисаро, булбули боғам, бисаро,

Дили доғам, дили доғам, бисаро...

 

Малика чун аз дард басе сӯзнок месарояд, оби дидаи дардмандонро мерезонад, чакра-чакра дардашонро сабуктар месозад. Чунин сурудаҳо хӯшаи ангури ашканд. Ангури ашки ӯро дар чор фасли сол расида мебинам, ангури ашки ӯро хӯша-хӯша мечинам. Мечинаму мегӯям:

 

Хунрез баҳори Лолагӣ дар дили ту,  

Хунҷӯш дамад зи лолаи тар дили ту.

Аз нолаи ту шудаст сад пора дилам,

Нолон шуда ҳар пораи бечора дилам.

 Дарахти зиндагӣ аз ҳазору як дарду доғ бор меорад. Аз ғаму дард, ки ба фарёд меоям, суроғи суруди Малика меравам. ӯ азизи ғамсарои дили ман аст. Бо фарёди ҷонгудози ӯ ашкам метаровад, ғамамро мешӯям. Ҳалолаш бод ғамсароӣ! Ғаму дарди ӯ сохта нест, табиист. Ғамро ҷигарӣ месарояд. Шоирони мо ба дарди худ саргардонанд, ҳанӯз ғами ҷонгудози Маликаро насурудаанд.

 

Яке аз ин шоирони забонкӯтоҳ манам, ки бо ҳама ҷонканӣ натавонистам садои дили нозуки ӯро дар шеър нигаҳ дорам. Оҳангсозон ҳама сӯзу гудози дили ӯ, таровати овози ӯро дар оҳанг наёвардаанд. Хуб нест, ки ба фарёдаш намерасем. Беҳтар ин аст, ки Малика суроғи сурудаҳои мардумӣ биравад. ӯ булбули нолон аст, нолида месарояд.

 Бо нолаи ӯ ҳазор дил менолад,

Дар синаи лолазор дил менолад,

Дар санги сари мазор дил менолад,

Бо дидаи интизор дил менолад.

 

Дар ҳавои нозанини созу овоз пайғомаш мефиристам:

 

Ҳамчун гули хору гули бехор туӣ,

Ҳамчун гули шеъри тари Бозор туӣ.

Нӯшидаам ангубини овози туро,

Кардам ғазали дарди дилам рози туро.

 

Ӯ аз оғоз рӯи саҳнаи баланд бо назокат зебову дилрабо омад. Ин ҳама сол ҳамон назокату тароватро ҳамчунон зебандаву дилрабоянда нигаҳ дошт. Нишон дод, ки ҳунари нигаҳдорӣ чи гуна аст. Чашми дӯстдорони ҳунараш ҳамеша аз тамошои саҳнаҳои гулрезаш сероб аст. Чунин серобии чашмони пайвандони худро аз овози дилнавози ӯ бисёр дидаам. Агарчи аз озори зиндагӣ зор нолид, овозро наёзурд, бо ғамангезтарин тарона ҳам дар коми ташнадилон ангубини овозро рехт:

 

Шамолак мевазад бо барги гандум,

Мусофир гаштаям дар шаҳри мардум...

 

Оҳ, чи гуна ғамро ширин месарояд! Чи гуворост ин рез, ин шаҳдрезӣ! Кӣ орзуи ин нӯшро намекунад?

 Ин шаҳд низ нӯшдоруи дардмандон аст:

 

Мо пир шудему ишқи мо пир нашуд,

Мо сер шудему чашми мо сер нашуд...

 

«Мурдем», «дар овозат мурам», «Худо маро дар овозат бикушад»... Ин суханон сари забони ҳазоронанд. Бисёриҳо дар ҷӯши лаззат бурдан аз ин созу овоз чунин орзу мекунанд. Дар ҳавои ҷӯшиши ин дуоҳо овози ман ҳам рӯшан мешавад:

 

Куштӣ ҳамаро, маро ту нокушта намон,

Нокушта намон марову нокушта махон.

Зинҳор нагирӣ гунаҳ аз куштани ман,

Як бор напӯшӣ сияҳ аз куштани ман.

 

Хуни дилам аз дида чакидан гирад,

То лолаи шеъри тар дамидан гирад.

Ку ёри азиз, лола чидан гирад?

Чун мурғи ғазал дилаш тапидан гирад.

 

Бо созу навои ту дилам гирён аст,

Чашми қаламам қалам-қалам гирён аст.

Оҳ, аз ғаму дарди ту дилам зор гирист,

Мурғи ғазалам қалам-қалам зор гирист.

 

Як раҳ ба рӯзгори кӯдакӣ меравам. Шомгоҳон падарам мегуфт:

 -Хушбӯ биандозед, рӯҳу арвоҳ хушнуд шаванд.

 Муште ғураи гашничро рӯи лахча мерехтам. Сӯхтан чарақ-чарақ садо медод, бӯи хуш парешон мешуд, ҳаво хушбӯ мешуд. Ҳаворо ба хушӣ бӯ мекашидам,  дилам таскин меёфт, ки рӯҳи азизон хушнуд мешавад. Инак, ҳамон бӯи хуш дар димоғи хаёли ман парешон аст. Дар ин шомгоҳ Малика мехонад:

 

Мо пир шудему ишқи мо пир нашуд,

Мо сер шудему чашми мо сер нашуд.

Мо аз гунаҳу хато батадбир шудем,

Эй войи дили мо, ки батадбир нашуд.

 

Хаёл мекунам, рӯҳи Акбари ҷавонмарг аз ин бӯи хуш бисёр хушнуд мешавад. Ин рӯҳи пок дар ҳавои созу овози диловез меболад. Малика армони дили ӯро месарояд, армони дили маро месарояд, армони дили ҳазор ошиқи зиндагиро месарояд.   

 Сарояндаи хушовоз Нигина, ки азизи мардум аст, дар густариши ҳунари ӯ нақши бузург дорад. Ин устоди ҳунар, ки худ ба сахтӣ рӯи саҳна омад, раҳнамои ин духтари аламзадаи кӯҳистон шуд, то аз миёни чордевор берун биёяду аз саҳнаи баланди ҳунар ба дилбохтагони созу овоз паём бирасонад. Бонуе чун Малика бо чунин нерӯмандиву кӯшиш барои дубора зистан, зиндагӣ аз сар гирифтан сазовори ситоиши бисёр аст.

 Малика духтари «Дарё»-ст, чун месарояд, дилаш мисли гирдоб коса мезанад. Ҳунарманди тавоно Саидқул Билол чун раҳбару раҳнамо дилсӯзона дастгираш будааст. Ин аст, ки Маликаро бо шеваву шевани худаш мешиносем.

 Духтарам гуфт:

 -Барои Малика ягон шеър наменависӣ!

 Гуфтам:

 -Гесӯҷон, навиштам-ку.

 Гуфт:

 -Ҳамон яктаҳак?

 Бо ин сухан надонистам, ки ман ба суроғи «Дили ман» рафтам, ё «Дили ман» ба суроғи ман. Ба ростӣ дарёфтам: дар ситоиши оне, ки аз дилу ҷигараш ин созу овоз об мехӯрад, агар ҳазор бигӯем, боз ҳам кам аст. Он гоҳ бори дигар ин созу овози дилнавоз диламро доғ мекард: 

 

Чанде чу чароғ дуд кардӣ, дили ман,

Аз сӯхтанат чи суд кардӣ, дили ман?...

 

Худ медонистаму Худои меҳрубон, ки чи гуна навозиш диламро мегудозад. Чак-чак чакраҳо аз чашмам борон шуданд. Ин чор чакра аз ҳамон борон аст:

 

Аз нолаи зори ту дилам об шудаст,

Аз гиря чароғи маҳфилам об шудаст.

Бо нолаи зори худ маро зор кушӣ,

Бигзор, ки бо ҳазор озор кушӣ...

 

Малика чи дарднок барои додари ҷавонмаргаш мегиряд:

 Рӯмоли сарам гулаш гули олуча...

 Ин борони ашкҳо бар сари тобути додари ормонии ман ҳам меборад, дилам ба фарёд меояд:

 

Эй додари бишкаста ба рӯи дастам,

Дар чодари хунбаста ба рӯи дастам.

Дар пахта дигар намешавад монда туро,

Дар тахта магар ки мешавад монда туро?

 Сайёд ҒАФФОР

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/2142-2010-04-18-19-47-40.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi