"ХОТИРАИ ҶОВИДОНАИ УСТОД МӮЪМИН ҚАНОАТ"
(Ба хотираи устод Мӯъмин Қаноат, ки соли оянда 90 сола мешавад бахшида мешавад.)
Адабиёти шӯравии форсии тоҷикии Осиёи Вусто дар асри 20 ва ибтидои асри 21 аҳли адабу фарҳанги зиёдро тарбия ва ба майдони эҷод роҳнамоӣ намудааст. Дар ин миён бархе аз адибони тоҷикзабон кам ҳам бошанд доираи адабии форсии тоҷикиро убур убур намуда, дар сатҳи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷаҳон ному эҷодашон вирди забонҳо гаштааст.
Дар ин байн шодравон устод Мӯъмин Қаноат яке аз камтарин нобиғагони шеъри форсии тоҷикии Варорӯд аст, ки ҳанӯз солҳои 60-ум, замони як ҷавони 30-сола буданаш , ашъори рангин ва навоваронааш сарҳади Тоҷикистонро убур намудаву дар сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва ва кишварҳои Осиё шӯҳрат ёфта буд. Шеъри нави устод Мӯъмин Қаноат, бахусус достони навоваронаи "Мавҷҳои Днепр" олами адабии императории бузурги Иттиҳоди Шӯравиро хело таконам дода буд ва дар доираи хонандагони закитабъи СССР хуш истиқбол гашту номи шоири ҷавони тоҷик, абармарди ондаи фарҳангу адаби тоҷик, аллома Мӯъмин Қаноатро дар як мижа задан машҳур гардонид. Ӯро дар РСФСР, Белорус, Украина, Молдова, Қафқоз, Наздибалтика, Осиёи Вусто, зуд ва хуш қабул намудаанд. Бесебаб нест, ки Устод Мирзо Турсунзода эҷоди достони "Мавҷҳои Днепр"-ро як мӯъҷиза дар адабиёти тоҷик донисту, иброз дошта буд, ки эҷоди ин достон адабиёти тоҷикро дар сатҳи умумииттифоқ боз як дараҷа боло бурдааст ва аз ин кор хеле хушҳол низ гардида буд.
Дар бораи ин шахсияти бузург, яке аз чеҳраҳои мондагори адабиёту фарҳанги миллати тоҷик,каминаи камтарин мақолаҳои зиёде чоп намудаву тариқи радиову телевизион дар зарфи 20 соли охир баромадҳои зиёдеро анҷом додааст. Танҳо бо мақсади муаррифии миллати тоҷик ва халқи фарҳанги будани ин миллати куҳанбунёд дар нашрияҳои даврии Руссия (Волгоград, Махачқалъа, Ростови лаби Дон), Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайраҳо 14 мақола оиди ҳаёту фаъолияти устоди зандаёд Муъмине Қаноат ба нашр расидаам. Ман ҳама вқт ҳангоми чопи ин мақолаҳо як меҳру муҳаббати самимии сармуҳаррирони нашрияҳои Руссия, Арманистон, Доғистон, Қазоқистону дигар кишварҳои нисбати устод Мӯъмин Қаноат ва қадру манзалати хело баландашро дар байни ин ноширону муҳаррирони кишварҳои дигар хуб эҳсос намудаам.
Тобистони имсол вақти ба рухсатии меҳнатӣ баромаданам хостам оиди дӯстону ҳамсафони хело наздики ин шоири маъруфамон мисли Роберт Рождественский, Эвгений Эвтушенко, Андрей Вознесенский, Виталий Каротич, Борис Олейник, Реима Казакова, Бела Ахмадулина ва дигар ситораҳои маъруфи назми шӯравӣ ва ҷаҳон(ба гуфтае аждарҳои назми СССР) чизе нависам. Ман 30-40 дақиқа дар торномаҳои интернетӣ андармон шудам ва он чизе, ки оиди ин шоирони маъруфи ба гуфте “шоирони солҳои шастум” дӯсти онҳо Муъмин Қаноат ёфтам барои ман бисёр ғайричашмдошт буд. Ааз маводҳои дар муддати каму беш нимсоата ёфтаам камина ҳис кардам, ки қатъи назар аз чопи силсиламаволаҳои зиёду калонҳаҷми хеш оиди шоири Қаноат ман то ҳанӯз устод Мӯъмин Қаноатро хуб нашинохта будаа! Маълум мешавад, ки азамати шеъру шоирии шоири навоварӣ тоҷик, шоири халқии Тоҷикистон, Лауреати Мукофоти Давлатии СССР, шодравон Муъмин Қаноат фаротар аз андешаи банда будааст.Аслан баҳодиҳии ман ба шуарои машҳури шӯравӣ дар асоси меҳру муҳаббати Кремл ва дар асоси мукофотҳои зиёди давлатии СССР бисёр вақт банду даст мешуд.Маълум мешавад,ки устод Каноат ва ҳамтоёнаш хело ва хело бузургтар аз маҳбубияти ба истиллоҳ “партноменклатура” будаанд!
Аз тарафи шоирону нависандагони зиёд нисбати устод Муъмин Қаноату ашъори ҷовидонааш муҳаббатномаҳои зиёде оварда шудааст. Дӯстони наздикаш шоирони сатҳи ҷаҳонӣ О.Сулаймонов, Виталий Коротич, Роберт Рождественский ва дигарон дар ҳақаш суханҳои самимиро иброз доштаву шукӯҳу азамати шоири тоҷикро ба маротиб аз пиндори барда болотар тавсиф кардаанд. Шоири маъруфи доғистиони лауреати мукофоти умумируссиягии “Сурӯши Сталинград” Даганов Абдулла Газимагамедович ба хабарнигорон ҷавоб дод, аз шоири тавонои тоҷик ва достони безаволи “Сурӯши Сталинград”-и ӯ ёд намуд, иброз медорад, ки шоири тоҷик замони СССР бисёр машҳур ва маҳбуб буд. Ифтихор аз ин дорад, ки ин шоири тоҷикро мешиносад ва устод Қаноат меҳмони мардуми Доғистон шудаву китоби ашъорашро бо соядаст ба ӯ тақдим намудааст. Шоири машҳур тотор Раул Мир-Ҳайдаров аз устод Мӯъмин Қаноат ва ҳамтоёнаш чун Евтушенко, Роберт Рождественский, О.Сулаймонов, А. Возресенский ҳамчун шоирони бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ бо некӣ ёд кардааст.
Олжас Сулаймонов, шоири сатҳи ҷаҳонӣ ва ифтихори халқи қазоқ аз дӯсти наздиктарини худ ва ба андешааш бузургтарин шоири Осиёи Миёна устод Қаноат дар нашрияҳои машҳури Руссия ва Қазоқистон хело ёдоварӣ намудаву суханҳои пурмеҳрреро дар ҳақаш иброз доштааст. Ёдномаҳои фарзандони бузургтарини адибону фарҳанги шӯравиро аз саҳифаҳои интернетии Руссия хондаам, ки ин фарзандон аз падаронашон ёдовардӣ намуда, ифтихор доранд,ки падарони онҳо бо шоири машҳури СССР, Муъмин Қаноат дӯсти доштааст!
Дар торномаҳои ҳамчунин оиди ба саҳна мондани спектакли “Сурӯши Сталинград” дар асоси достони Мӯъмин Қаноат ва мусиқии бастакори итолиявии ин достон хонда, кас аз бузургии устод Мӯъмин Қаноат сахт ифтихор мекунад. Маълум мешавад, ки ин спектакл дар театру марказҳои фарҳангӣ ва донишгоҳҳои зиёда аз 50 шаҳрҳои калони Руссия намоиш дода шуда, баҳои аълоро гирифтааст. Ҷуғрофияи намоишҳо бошад хело васеъ аст: Волгоград, Москва, Челябинск, Ростови лаби Дон, Санкт-Петербург, Екатеринбург ,Таганрог, ............!
Дар ҳамаи рекламаҳои театрҳои руссиягӣ номи устод Қаноат, чун шоири халқи тоҷик ба қалам дода шуда, дар саҳнаи театрҳо бошад барандагон ӯро чунин муаррифӣ мекардаанд: “Легендарный Мумин Каноат”, “знаменитый поэт Советского Союза”, “замечательный поэт Востока”, “Народный поэт Таджикистана”, “автор безсмертного поема “Голос Сталинграда”. Ба рости кас аз хондани чунин сатрҳои оташину меҳрномаи хонандагони руси дигар халқҳо аз тоҷику тоҷикистонӣ буданаш садҳо бори дигар ифтихор хоҳад кард. Номи устод Қаноат дар Белорус ва Украина низ хело машҳур аст. Алалхусус дар шаҳри Днепропетровск (ҳоло шаҳру вилоят номи Днепр-ро доранд-шаҳри Варқаи Зайниддин) устод хело маъруф аст. Дар ин шаҳри созандагони асосии олотҳои НОБ-ҳои Норак ва Роғун низ хонандагон Муъмин Қаноатро бо тарзи тоҷики “устод Мӯъмин Қаноат” мешиносанд. Инҷо бисёр байти ҷовидонаи устод ба хотир меояд:
Суханро вазну танини закмин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд!
Номи устод Қаноат дар шаҳри қаҳрамони Волгоград, вилоятҳои қадоваи дарёи барои халқи рус муқаддас Волга низ бисёр машҳур аст. Ба муаллимаҳо , омӯзгорони онҷо замони шӯравӣ ҳамроҳи хонандагони мактабҳои миёнаи ин шаҳр ба зиёрати устод Муъмин Қаноат ба Душанбе рафта, ӯро чун донишманди хирадпеша бо чеҳраи зебои ориёӣ дарёфта аз он замон нисбати муаллифи достони “Сурӯши Сталинград” дар ботини онҳо як падидаи шахспарастӣ(култ личности) нисбати Мӯъмин Қаноат пайдо гаштааст.Бояд қайд намуд, ки ҳамасола дар мактабҳои Волгограду дигар музофотҳои Руссия чун вилояти Астрахан озмуни хониши достони “Сурӯши Сталинград”доир гашта ,он тариқи радио, телевизион ва матбуоти ба саҳми садҳо ҳазор шаҳрвандони руссиягӣ расонида мешавад. Дар дарсҳои математика ва адабиёт дар Руссия ба таврни навоварона аз тарафи омӯзгорон ашъори ҷангии устод Қаноат омӯхта мешавад. Ба зами ин намоиши театрикунонидашудаи достони “Сурӯши Сталинград” дар дайру калисоҳои православӣ бо мақсади тарбяи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва дӯстдории Руссияи муқаддас ( аз тарафи калисои православии Рус чанд сол муқаддам шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун рӯҳи муқаддас шинохта шуданд-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Таваллуди устод ба саннаи 20-уми май, ҷашни рӯзи дарёи муқаддас халқи рус, рӯди Волга рост меояд. Ин ҷашнро солҳои охир аз Астрахан сар карда то сарчашмаи рӯдхонаи Волга, вилояти Твер беш аз 40 миллион аҳолӣ ҷашн мегиранд ва дар ин асос ба суханҳои ҷовидонаи устод Мӯъмин Қаноат оиди дарёи Волга(ба ёд биёред суруши дарёро аз достони “Сурӯши Сталинград”)гузошта мешавад. Ба назари ин мардум суханҳои устод на суханҳои шоирона, балки суханҳое аз ғайбанд!
Росташро гӯям хонандаи азиз,баъди шиносии кӯтоҳ бо қисме аз ин маводҳо нисбати устод, маро боз ҳамон андешаҳои дар мақолаҳои пештараам иброздошта пеши рӯ меоянд.Бузургон баъди вафот низ дар хизмати миллату давлату ҳукумати хешанд!Дурустии ин андешаро нисбати устод баъди шиносои бо маводҳои интернетӣ бори дигар ҳис намудам.Хоҳем нахоҳем ҳамин намошномаи “Сурӯши Сталинград”-ро дар Руссия хосу ом,прокурору генерал,тоҷиру муҳандису омӯзгор, варзишгару авбош низ тамошо хоҳанд кард. Дар ин асос заррае ҳам бошад нисбати миллати мо дар из замони ҷаҳонишавии пуртазод ва капатализми нимваҳшӣ назарашон агар манфӣ бошад мусбат хоҳад шуд.Шояд соҳибкоре, ки моҳҳо музди маоши муҳоҷири тоҷикро, ки дур аз ватан арақи ҷабин дар сармову гармои Астрахану Шимоли дур резонидааст зуд ҳисоби хоҳад кард.Табибе дар беморхона ба муҳоҷири тоҷик шояд дасти кӯмак дароз хоҳад кард.Авбоши тоссари рус баъди тамошои ин намоиш аз қатли муҳоҷири навбатии тоҷик шояд даст хоҳад кашид.Инҷо низ бузургии сухану шаҳомату шӯҳрати устод Мӯъмин Қаноат ҳама вақт бо миллати тоҷик хоҳад буд!
Аниқтараш дарёфтам, ки имрӯз ҷаҳонитарин, обрӯмантарин, суханофаринтарин шоир дар хориҷи кишвар ва бахусус дар хоки шарики стратегии №1-и кишвари азизамон, Руссияи тавоно, устод Мӯъмин Қаноат аст ва инҷо ҷои ягон шубҳа низ набояд бошад!Устод ягона шоир аз Осиёи Миёна ва шояд камтарин шоир аз Иттиҳоди Шӯравӣ бошад,ки раёсати бузургтарин Иттифоқи нависандагон дар сатҳи ҷаҳон, ИН СССР бо мақсади нишон додани шукӯҳу шаҳомати шеъри шӯравӣ, муҳокимаи достони “Суруши Сталинград”-ро бо иштироки роҳбарияти генералитети бузургтарин Вазорати дифоъи ҷаҳон, Вазорати мудофиаи СССР доир намудаву дар сатҳи баланд онро анҷом додаву шеъри устоду назми шӯравиву назми миллати точик онҷо баҳои “аъло” гирифтааст!Инҷо бошад ҳаммилатҳои азиз на шукӯҳу шаҳомати сухани шоирбачаи тоҷик аз минтақаи кӯҳистони Дарвоз, балки шукӯҳи сухани адабиёти тоҷик ва фаротар шукӯҳи сухани адабиёти СССР дар сатҳи доираҳои олии низомии шӯравӣ буд.
Инҷо мантиқан агар бигирем, шукӯҳу шаҳомати аҷдодони Ҳаким Фирдавсӣ ва эпоси миллии ҷовидонаи “Шоҳнома”, пайванди асрҳо ва наслҳо буд! Аз ин воқеъаи таърихӣ ҳар як тоҷик бояд ифтихор кунад ва аз осори безаволи устод Мӯъмин Қаноат мисли бародарони рус дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ҳатто тарбияи рӯҳонии миллат (мисли попҳои рус) бояд истифода бурд. Ба ҷавонон мардонагӣ ва ватандӯстиро бо ин осору навиштаҳои дигар бузургонамон дар шароити вазнини ҷангӣ идеологӣ, шустани мағзҳо, ҷаҳонишавӣ ба таври оқилона бояд омӯхт ва истифода бурд! Аз номи баланди устод Мӯъмин Қаноат миллати тоҷик бояд ифтихор кунад ва истифода барад.Соли оянда ба зодрӯзи ин шахсияти бузургӣ сатҳи соҳиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳавзаи форсизабонон ва сатҳи осиёгиву ҷаҳонӣ расо 90 сол пур хоҳад шуд.Обрӯи ҷаҳонии устод имкон медиҳад,ки ҷашни устод дар сатҳи баланд ба мисли ЮНЕСКО, ШОС,СНГ ва кишварҳои осиёӣ созмон дода шавад.Дар ин асос метавонем, кишварамон,комёбиҳои халқи тоҷикро бештару хубтар муаррифӣ намоем.Инҷо заррае низ бояд шубҳае ҷой надошта бошад.Зеро ашъори устод Мӯъмин Қаноат, бо ҷанбаҳои миллӣ ва фалсафии худ на танҳо ганҷи бебаҳои миллати тоҷик ва форсизабонон, балки фарохтар аз марзҳои милли мост.Доираи мавзӯъҳои ашъори устод ба мавзӯъи башарият , оромии сайёраи Замин, сулҳу ваҳдат, пешгирии ҷанг, терроризм ва ифротгароӣ, фарҳангу адолат пайвандии қавию ногусастанӣ дорад.
Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои ҳамасолаи хеш вобаста ба Паём, оиди оиди баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон дар ин давраи хело ҳассоси ҷахонишавии тамадунҳо, вазъи сиёсии хело ноороми ҷаҳон ва хосатан минтақа фикрҳои тозаеро иброз медорад.Дар ҳақиқат баланд бардоштани шууру эҳсосоти ватандӯстӣ дар ин давра як амри заминӣ ва замонист.Дар ин асос ашъори ҷовидонаи устод Мӯъмин Қаноат дар ин кору амали гаштани он нақши муҳимеро аз худ ба ҷой хоҳанд гузошт!
Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои ҳамасолаи хеш вобаста ба Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди оиди баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон дар ин давраи хело ҳассоси ҷаҳонишавии тамадунҳо, вазъи сиёсии хело ноороми ҷаҳон ва хосатан минтақа фикрҳои тозаеро иброз медорад.
Дар ҳақиқат баланд бардоштани шууру эҳсосоти ватандӯстӣ дар ин давра як амри заминӣ ва замонист.
Дар ин асос чи тавре, ки дар боло ишора намудем, ашъори ҷовидонаи устод Мӯъмин Қаноат дар ин кору амали гаштани он нақши муҳимеро аз худ ба ҷой хоҳанд гузошт.
Ин буд камтарин таҳлил оиди арҷгузории Фирдавсии сонии шеъри мардуми форсизабон дар хориҷи кишвар, устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат!
Пайафкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Варқаи Зайниддин, Узви ИЖ ҶТ,
Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон.