11:05:09 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«ЁДИ АДАБИЁТШИНОСИ НОТАКРОР» - 1

Устод, профессори зиндаёд Худойназар Асозода яке аз сермаҳсултарин олим, адабиётшиноси тоҷик ба ҳисоб рафта, дар таҳқиқу тарғиби омӯзиши адабиёти тоҷик ва адабиёти кишварҳои ҳамзабон нақши мондагор дорад.Хизмати устод дар муаррифии доираи фаъолият ва маҳсули эҷодии шахсиятҳои адабии Тоҷикистон, кишварҳои ҳамзабони Ирон ва Афғонистон нотакрор аст.

ustod asozoda 457811212Китобу монографияҳои “Симои коргар», «Воқеияти зиндагӣ ва ҷамъбасти бадеӣ», «Инкишофи жанрҳои насрӣ дар адабиёти дарӣ», «Ташаккули системаи жанрҳои насрӣ дар адабиёти Афғонистон ба забони дарӣ», «Ташаккули жанрҳои бузурги насрӣ», «Адабиёти Эрон дар садаи XX», «Адабиёти тоҷик дар садаи XX», «Чеҳраҳои фарҳангӣ», «Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ», «Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода», «Содиқ Ҳидоят ва дунёи эҷодии ӯ», «Саргузашти устод Лоҳутӣ » ва мақолаҳои сершумори ӯ ин гуфтаҳоро тақвият мебахшанд. Устод дар таҳқиқи се шохаи адабиёти форсӣ хизмати шоиста намуда, китобҳои «Адабиёти форсӣ ва се шохаи он», дар ду ҷилд, китоби «Адабиёти садаи XX - и форсии тоҷикӣ»-ро ба табъ расонидааст, ки дар онҳо осори манзум ва насри достонии мардуми тоҷикзабони кишвари Афғонистон мавриди таҳлили қарор додааст.

Устод Асозода доир ба ҳаёт ва эҷодиёти қариб ҳамаи шоирону нависандагони тоҷик мақолаву рисолаҳоро бо забони оммафаҳм ва хеле соддаву равони тоҷикӣ таълиф намудааст. Ҳамчун хонандаи навиштаҳои аълои устод бахусус аз рисолаҳои «Устод Айнӣ дар шинохти Сотим Улуғзода», «Иловаҳо ба шарҳи ҳоли устод Айнӣ», «Воқеият, сиёсат ва Садриддин Айнӣ», «Зиндагинома ва осори Садриддин Айнӣ», «Садриддин Айнӣ дар миён ҳаст ва хоҳад буд» хотиррасон намудан мехоҳам. Устоди зиндаёд Асозода бо як масъулияти том ва дақиқназари паҳлӯҳои гуногуни фаъолияту зиндагии устод Айниро ба риштаи тадқиқ кашидааст, ки мо хонандагон аз ин хизматҳои устод басо сипосгузорем.

Тобистони соли пор дар осоишгоҳи “Ӯротеппа”-и шаҳри Истаравшан, зимни рухсатии меҳнатӣ дар истироҳат қарор доштам ва азбаски шахси китобдӯстам ба китобхонаи онҷо сар халондам. Дар дар рафҳои китобхона таваҷҷӯҳи маро асарҳои устоди зиндаёд «Саргузашти устод Лоҳутӣ », “Кашшофи адабиёти тоҷик” ва “Афғонистони инқилобӣ” ба худ ҷалб намуд.Чун асарҳои устод Худойназар Асозодаро оиди адабиёту ёддоштҳояш пайваста мехондам ва аз ёддоштҳояш низ медонистам, ки устод аз бемории фишорбаландӣ ва бемории дил азият кашида, пайваста дар осоишгоҳи “Ӯротеппа” дар давраи рухсатии меҳнатӣ ба муолиҷа ва истироҳат фарогир буд. Тиқи навиштаҳояш маълум мегардад, ки ӯ ба китобхонаи осоишгоҳ китобҳои худро низ замони дамгирӣ тақдим намуда будааст.

Бофаросат дарёфтам, ки мавҷуд будани китобҳои устод дар осоишгоҳ дар ин давраи бо истиллоҳ камкитобии осоишгоҳҳо амали дасти устоди зиндаёд аст! (Хотиррасон бояд намуд, ки китобдору дигар кормандони осоишгоҳ аз устоди равоншод хело бо некӣ ёд мекарданд).

Чун китобҳоро барои хондан гирифтам ва бо як нигоҳ дар саҳфаи аввали ин китобҳо навиштаҳои устодро, ки бо камоли майл ва эҳтироми хоса онҳоро ба китобхонаи мазкур барои хонандагони осоишгоҳ бо соядаст супоридааст ба чашмам афтод, дурустии андешаам сари ин масъала исботи худро ёфт. Аз ёфтани китобҳои устод хело шод шудам. Зеро иқрор бояд гашт, ки дар шароити имрӯзаи кам чоп гаштани китобҳо ва кам будани дӯкону мағозаи китобфурӯшӣ пайдо кардани китоби нависандагону олимони мо як муаммои сахте гаштааст, ки ин масъаларо дар чандин навиштаҳоям азҷумла мақолаи “Китоб ва худшиносии миллӣ” қайд намудаам. Хосатан, ки чанд сол пештар китоби устодро бо номи “Афғонистони шоҳӣ” бо мароқи тамом хонда будам.Онҷо устоди зиндаёд бо як тасвиру бадеияти хос ва забони хело равону ноби тоҷикӣ оиди Афғонистони замони Муҳаммад Зоҳиршоҳ қисса намудааст.Бахусус замони табадуллоти давлатӣ дар Афғонистон бо сарварии Муҳаммад Довудшоҳ ва ҷумҳурӣ эълон гаштани кишвари ҳамсоя аз тарафи ӯ чун як шахси масъули бо шоҳу амӯбачааш шинос ва шоҳиди аслии воқеъаи таърихии рӯйдода, бо як заковату андешаронии тозаи бидуни сиёсатпардозии замони болшевикӣ (он адабиётеро, ки замони шӯравӣ аз ҷониби мутахассисони русу тоҷику дигар намояндагони қишри ҷомеъаи шӯравӣ дар бораи ин кишвари ҳамзабон мехондем пурра аз сиёсатпардозии султаи болшевикӣ иборат буда намешуд, ки ҳақиқатро аз дурӯғи болшевикӣ ҷудо кард) андеша рондааст. Аз ин рӯ табиист, ки ман баъди хондани ин асар дар фикри хондани асари дигари устод бо номи “Афғонистони инқилобӣ” будам ва мудатҳо дар ҷустуҷӯи он қарор доштаму лекин онро мутаасифона дастрас карда натавонистам.Бо амри тасодуф дар осоишгоҳе, ки устоди зиндаёд чанд сол пештар қадам ранҷа карда буд китоби хостаро пайдо намудам!

Дар осоишгоҳ муддати 10 рӯз ман фарогири хондани ин асарҳо гашта, бо иборае дигар ба телевизиону дастгоҳи интернетӣ таваҷҷӯҳе зоҳир накардам.Аз хондани ин се асари ёдшуда барои худ маълумоти зиёде гирифтам. Аз ҷумла кас оиди вазъи хело ҳам ҳассосу бадбинона ва то андозае ватандӯстонаи мардуми Афғонистон нисбати ғосибони худ-Артиши Шӯравӣ, ки бо иборае “нархи сабзию пиёзро напурсида” ба кишвари бо Иттиҳоди Шӯравӣ муддатҳои зиёд дӯст бе ягон асос зада даромада, бо ин амали хеш дар гирдоби сиёсати беақлонаи худ дармонда буданд огоҳии комил меёбад. Нағз дар хотир дорам, ки замони шӯравӣ болшевикон даромадани Артиши Шӯравиро ба хоки Афғонистон ҳимояи Инқилоби Савр ва ҷомеъаи сусиёлистӣ дар Афғонистон ва қарзи башардӯстона арзёбӣ мекарданд (ҳоло он, ки онҷо ягон инқилобе рух надода, танҳо чанд вазифахоҳ бо ёрии дастгоҳи ҷосусии шӯравӣ табадулоти давлатиро ба амал бароварда, номи ин табадулоти давлатиро бошад “Инқилоби Савр” номгузорӣ намуда буданд)!

Дар бораи ҳаёту фаъолияти яке аз саромадони адабиёти шӯравии тоҷик ва шоири номвари Ирону Тоҷикистон, устод Абулқосим Лоҳутӣ навиштаҳои зиёдеро хондаам, лекин ягон навишта, мисли таҳқиқоти устод Асозода бо номи «Саргузашти устод Лоҳутӣ» оиди ҳаёту фаолияти абармарди адабиёту сиёсати давр устод Лоҳутӣ бароям паҳлӯҳои норавшани зиндагии вазнин ва то андозае қаҳрамононаи устодро кушода натавонистааст.

Ба шарофати ин китоби таҳқиқии профессори зиндаёд Худойназар Асозода барои аввалин маротиба ман ба суоле, ки солҳо дар фикри фаҳмидани он будам, яъне сабабҳои чанд сол пештар аз вафоташ аз Тоҷикистон ҳиҷрат кардани устод ва беҳурматии бархе аз тиҳимағзони онвақтаи Тоҷикистон нисбати устод бо хубӣ дарак ёфтам.Муҳимаш он аст, ки баъди мутолиаи ин асари арзишманд боварии ман нисбати мақолаи пешниҳодиям бо номи “Қаҳрамони навбатии кишвар кист?!”, ки чанд сол муқаддам дар рӯзномаи “Нигоҳ” чоп намуда, онҷо устод Абулқосим Лоҳутиро арзандатарин фарзанди Тоҷикистон барои даёфти унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дониста будам зиёдтар гардид. Дар ҳақиқат устод Лоҳутӣ дар поягузории адабиёти навини кишвар, сохтмони кишвари наве бо номи Тоҷикистон, муаррифгари миллати тоҷик дар хориҷи дур (Париж) дар солҳои 30-юм ва ҳимоягари падари маънавии миллати тоҷик, устод Айнӣ аз террори сурхи болшевикии соли 1937, бо истифода аз обурӯи байналмилалии доштааш арзандаи ин унвон аст!

Устоди зиндаёд, профессор Соҳиб Табаров барои ҳар як хонанда тоҷик ва ҳар як хонаи тоҷик аз солҳои хело дур азизу гиромист. Устоди зиндаёд ба назари банда як суфтагареро мемонд, ки бо сӯяни чӯянии хело сахти худ сангҳои дурушти мармарин (асарҳои чопгаштаи носаҳеҳ)-ро суфта намуда , ба як марвориди зебое(роману шеъру қиссаҳои баландмазмун) табдил медод ва дасти адибони ҷавонро дар роҳи эҷодӣ рост мекард. Чун хондани маводҳои танқидии адабӣ дар маҷаллаи замоне машҳури “Садои Шарқ” бароям бисёр шавқовар буд, солҳои мактабӣ ва донишҷӯӣ аз асарҳои пурмазмун ва танқиди адабии ин пири мунақиддони тоҷик зиёд баҳравар гардидаам. Аммо китоберо бо ин пуррагӣ ба мисли китоби “Кашшофи адабиёти тоҷик”-и шогирди вафодораш, устоди зиндаёд профессор Асозода то кунун дар борааш нахондаам.Устоди зиндаёд Соҳиб Табаров барҳақ қомуси адабии тоҷик буд.Навиштаҳои узви академия Абдуҷаббор Раҳмонов ва устод Асозода дар хусуси ин олими сермаҳсули тоҷик, ки соле пеш ин ҷаҳонро тарк намуд бо пуррагӣ дурустанд. Устод Соҳиб Табаров барҳақ Белинскийи адабиёти тоҷик аст. Барои чун Белинский шудан, ки то синни 37 солагӣ адабиёти русу аврупоиро (ба беморияш нигоҳ накарда) бо тақризу муқоисаҳои худ такони бузурге дода буд нобиға бояд буд”!

Устод Табаров низ бо ранҷу азобҳо ва ноқисии ҷисмонӣ ва фаъолияти бемислу монанди худ фикр мекунам, ки дар адабиётшиносӣ ва танқидии адабии тоҷик нобиғаи замон буд!

Зайниддин Варқаи Давлатҷон, Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи 1, Корманди фахрии мақомоти Прокуратураи ҶТ,

узви ИЖ Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Бохтар. Соли 2019.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi