00:55:10 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 30 31    

Наврӯзатон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Наврӯзи бузург, ин чашни миллӣ, бостонӣ ва басо дӯстдоштании мардуми оритабор ва мардуми Шарқ , ки аз тарафи иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ дар соли 2010 қабул ва бо қатънома дар бораи «Рӯзи байналмиллалии Наврӯз» эълон гаштани санаи 21-уми март, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гаштану қадршиносӣ гаштааст, ҷашни миллӣ ва ифтихории мо тоҷикон ҳаст ва он ба ростӣ боиси ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ бояд бошад.

 

Дар роҳи ҷаҳонӣ гаштани Наврӯз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон калон аст.  

navrouz-mouborak-122112Ибораи Наврӯз бо миллати мо алоқамандии зич дорад. Ба он хотир, ки маънои номи ин миллат худ фари шоҳист ва ин ибораи тоҷ ва фари шоҳӣ касро ба гармӣ, нармӣ, зебоӣ, нур, тозагӣ, ақл, хирад, шодмонӣ, бардамӣ, накукорӣ, созандагӣ бурда, худ ифодагари ҷаҳони Наврӯз ҳаст ва ин ном аз ин ҷашни бузурги ориёӣ маъво гирифтааст.Ин ифодагари ғалабаи нур бар зулмот, рӯшани бар торикӣ, некӣ бар бадӣ, адолат бар беадолатӣ, ҳикмат бар ҷохилист.Ин амал нишонаи созандагии миллати мо ба рағми сӯзандагии ҳасудонаш ҳаст.Зиҳи миллате, ки худованд ҷаҳон офариду ту Навруз офаридӣ! Наврӯз миёни маросиму оинҳои қадимаи ниёгонамон бешубҳа яке аз муқаддастарин ва пойдортарин ҷашнҳост. Ин ҷашн - фалсафаи зиндагии мардуми тоҷик ҳаст.Агарчанде, ки Искандари юнонию Қутайба ибни Муслими арабу Чингизхони муғул бо суми аспонашон сарзамини моро поймол намуда, садҳо шаҳру деҳаро ба коми оташ кашида, аз пуштаҳо куштаҳо сохтанд, лекин натавонистанд,ки фарҳанги миллии моро,ки зери ҷашни Наврӯз нуҳуфтааст аз байн баранд. Баръакс бо гузаштани андак вақт онҳо ин ҷашну ин фарҳанги волои наврӯзиро пазируфта, таслим гаштанд!                                                                             

Аз ин рӯ ҳар яки Шуморо ба муносибати ин иди кӯҳанбунёд, иди баҳор ва зебоӣ, некӯ ва некӯкорӣ табрик гуфта, ба ҳамаатон саодатмандӣ сарбаландӣ ва хушбахтии оилавиро орзӯ менамоям.

Наврӯзатон муборак ҳамдиёрони азиз!    

Варқа Зайниддин, "Рӯзгор"

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi