14:22:13 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мирзоватан Миров: “Маҷнунномахонӣ”-ро эҳё мекунем!”

“Маҷнуннома”- чунин ном дорад барномаи савту каломе, ки чанде пеш ансамбли этнографии “Ганҷина”-и Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев пешкаши ҳаводорони рақсу суруди миллии тоҷикӣ намуд. Намоишномаро коргардони маъруфи кишвар, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод  Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва мусиқӣ Мирзоватан Миров дар якҷоягӣ  бо коргардони шинохта Остона ва устоди рақс, балетмейстр  Ҳамида Саидова рӯйи саҳна оварданд.

mirzovatan_21.04.2016Дар бораи ҳадафу мақсадҳои басаҳнагузорандагони ин намоишнома Мирзоватан Миров дар як суҳбати кутоҳе ба хабарнигори сомонаи “Рӯзгор”  аҷумла чунин гуфт:

Маҷнунномахониву лайлиномахонӣ, як жанри камомӯхташуда ва камтаҳқиқшудаи эҷодиёти даҳанакии халқамон ба шумор меравад. Ин жанри бадеӣ аз қадим боз вуҷуд дошт. Дар даврони шӯравӣ касе ба эҳё кардани он машғул ҳам нашудааст. Маҷнунномахонӣ дар Бадахшон, дар Суғд, Дар Кӯлоб, дар Ҳисор, дар Ғарм ва пеш аз ҳама дар Бухорову дар Самарқанд ҳам буд. Мақсади асосии мо бо рӯйи саҳна овардани ин “Маҷнуннома”  маҳз эҳёи ҳамин анъанаи неки ниёгон мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафи худ мо чӣ кор кардем?  Пеш аз ҳама мо он суруду таронаҳоеро, ки дар онҳо ишқи Лайливу Маҷнун васф мешуд, дарди ишқи онҳо суруда мешуд, онҳоро ҷамъу гирд овардем. Дар он шакле, ки онҳо вуҷуд доштанд, онҳоро истифода бурдан чандон ба мақсад мувофиқ намебуд. Мо дар болои матни онҳо, оҳанги онҳо кор кардем.Нақаротҳои иловагӣ сохтем, то ин ки як саҳнаро бо саҳнаи дигар мантиқан пайваст кунем. Мо як чизи фаромӯшшуда, як моли парешонгаштаро дар як намоишнома гирд овардем. Мақсади асосии эҷодгарони ин намоишнома эҳё кардани ана ҳамин Маҷнунномахонӣ буд. Яке аз вазифаву ҳадафҳои асосии ансамбли “Ганҷина” аз ҳамин чиз иборат аст.  Банда- ҳафт ҳашт моҳ аст, ки дар ҳамин ансамбл ба ҳайси коргардон фаъолият дорам. Тӯли ин муддат мо  болои ин намоишнома  пайваста заҳмат кашидем. Натиҷааашро тамошобин дида истодааст.

-Дар гузашта бархе аз овозхонҳои маъруфи кишвар дар барномаҳои консертии худ таронаҳоеро ҷой медоданд, ки дар онҳо ишқи поки Лайливу Маҷнун васф мешуд.  Аз ин намоишнома чунин бармеояд, ки шумо аз он таронаҳо низ истифода бурдаед?

-Бале, ҳамин тавр ҳам ҳаст. Бо рафтани Акашариф Ҷӯраеву  Одина Ҳошиму Абдуллоҳ Назриву Зафар Нозим ва дигарон Маҷнунномахониву Лайлиномахониҳо низ тадриҷан аз байн рафта истодааст. Махсусан дар замони ҷаҳонишавӣ хатари нобуд шудани фарҳанги миллӣ шадидан рӯ ба рӯи мо қарор дорад. Ман чунин мешуморам, ки ҳар як эҷодкору зиёӣ бояд ин хатарро эҳсос кунаду барои рафъи он коре анҷом бидиҳад. Мо дар ҳамин самт гом мебардорем.

-Шумо чаро яку якбора аз намоишномаҳои театрӣ  ё худ драмавӣ ба барномаҳои савту наво гузаштед? Оё Мирзоватан Миров рисолати худро дар саҳнаи театри миллӣ иҷро кард?

- Аввалан ин ки ҳамеша бо мусиқӣ, бо суруд будам ва ҳастам. Худи шумо нағз медонед, ки драмаҳои офаридаи ман моломол аз суруду мусиқианд. Рости гап, нияти ман аз аввал дар пояи ҳамин “Маҷнуннома” таҳия кардани як операи миллӣ буд. Бисёр мехоҳам, ки мо операи дар ҳақиқат миллӣ дошта бошем. Вале мутаассифона, аз сӯи мақомоти марбута дар ин самт кӯмаку дастгириеро надидам.

-Барои амалӣ шудани ин мақсади наҷибатон пеш аз ҳама чӣ лозим аст?

- Пеш аз ҳама як бастакори соҳибзавқе лозим ҳаст, ки барои ҳамаи ҳамин матнҳо мусиқии олӣ нависад. Баъд аз он, ки мусиқӣ омода шуд, кори коргардон шуруъ мешавад. Масалан ҳамон сурудеро, ки Маҷнун дар ҳамин намоишнома дар назди падараш месарояд, аслан метавон ҳамчун арияи операи миллӣ донист. Ин операе, ки дар шакли имрӯзааш  дар театри мо вуҷуд дорад, агар сад соли дигар ба ҳамин тарз идома кунад, дар байни мардуми тоҷик маҳбубият пайдо нахоҳад кард. Буданд операҳое ба монанди “Шӯриши Восеъ”,  “Рӯдакӣ”  ва ғайра. Вале дар онҳо тарзи баровардани садо аз гулӯ як навъ пайравӣ ба аврупоиҳо ба хусус итолиёвиҳо буд ва ҳоло ҳам ҳаст. Овозкашӣ ва лаҳн  дар ин операҳо тоҷикӣ нест. Масалан мисли хондани Давлат Хол нест. Мисли хондани Маҷнуне, ки имрӯз шумо шоҳиди сурудхониаш будед,  нест. Воқеан нақши Маҷнунро дар ин намоишнома Худойдод Одинаев, овозхони ансамбли “Ганҷина” иҷро кардааст.  Агар болои худ кор кунад, заҳмат кашад, овозхони хубе ба воя расиданаш мумкин аст.

Хуб, ба саҳна гузоштани операи миллӣ кори заҳматталабест, ки маблағу имкониятҳои зиёдеро тақозо мекунад. Вале агар ба ман имконият бидиҳанд,  ё ин ки  барои муддате  Театри ҷавоноро дар ихтиёрам бигузоранд, бовар кунед, ман дар як муддати кутоҳ дар пояи ҳамин намоишома ё опереттаи тоҷикиро рӯи саҳна меорам ё ягон драмаи мусиқӣ месозам. 

-Воқеан, то ба имрӯз  “Лайливу Маҷнун”-  дилангезтарин достони адабиёти классикии мо дар шакли драма рӯи саҳнаи тоҷик наомадааст. Чаро?

-Бале мутаассифона, ҳамин тавр аст. Ҳамин “Ромео ва Ҷуллиета”-и Вилям Шекспир бозгӯи достони “Лайливу Маҷнун “аст. Ман дар ҳамин “Маҷнуннома” аз достони  “Лайливу Маҷнун”-и Низомии Ганҷавӣ  хеле зиёд истифода бурдам. Аксарияти монологу диалогҳое, ки дар ҳамин “Маҷнуннома” садо доданд,  аз ҳамин достон гирифта шудаанд.  Банда дар пояи ин достони Низомии Ганҷавӣ пиесаи “Лайливу Маҷнун”-ро навиштаам  ва дар ҷустуҷӯи имконият ҳастам, ки  он пайдо шаваду   ин “Лайливу Маҷнун”-ро ба саҳна биёрам.

-Худо кунад, ки ин мақсади наҷибатон низ амалӣ шавад. Дар ин намоишнома агарчи сухан аз сиёсат намеравад, вале таблиғи баъзе аз мавзуъҳое ба мушоҳида мерасад, ки ки имрӯз мавзуъҳои доғи рӯзанд. Аз қабили мавзӯи таҳкими оилаи солим,  таҳкими ваҳдату дӯстӣ миёни мардумони минтақаҳои мухталифи кишварамон ва ғайра. Аз ин рӯ мегӯям, ки намоишнома бидуни сиёсат буд, вале беҳтарин сиёсатро таблиғ кард.

-Вазифаи эҷодкор асосан аз ҳамин иборат аст. Кореро бояд анҷом диҳад, ки дар баробари  додани ғизои маънавӣ ба мардум  инчунин барои пойдории  ҷомеъа муфид бошад.  Барои рушду пешрафти он мусоидат кунад. Мавзӯи  сулҳ, ваҳдати миллӣ, агар мушоҳида карда бошед, дар тамоми намоишномаҳои ман, аз “Фишор” шуруъ карда дар “Ромео ва Ҷуллиетта” “Чамбули Мастон” ва дигар асарҳоям ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ ҳаст. Дар ин намоишнома низ шумо тараннуми ваҳдати миллиро мебинед. Аз тариқи истифодаи жанрҳои гуногуни мусиқӣ: лапару дуэтҳои фаровон, сурудҳои яккаву умумӣ, рақсҳои яккаву умумӣ ҳамин ваҳдату дӯстии  мардуми минтақаҳои мухталифи ватани азизамон васф мешавад, оилаи солим таблиғ мегардад. Ин корест, ки бояд ҳамеша дар мадди назари эҷодкор бошад.

Мусоҳиб Султон Ҳамад, “Рӯзгор”

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi