09:44:38 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз 14–уми январи соли 2016 нишасти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин хабар дод.

farhod-rahimi_4578454512.jpg

Дар нишасти матбуотӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, саркотиби илмии АИ ҶТ, ноибони президенти АИ ҶТ, директорон, ҷонишини директорон, котибони илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ ва ВАО-и ҷумҳурӣиштирок карданд.

Дар нишасти матбуотии АИ ҶТ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ “Оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии АИ ҶТ дар соли 2015” гузориши мухтасар манзур намуд.

Ба саволҳои хабарнигорон оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти АИ ҶТ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ-“Таҳқиқотҳо илмӣ дар соҳаи математика дар сатҳи хело ҳам баланд ба роҳ монда шуда, доир ба физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ, акустика натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд. Тавсияҳо доир ба амнияти ядроӣ ва радиатсионии ҷумҳурӣ коркард ва татбиқ шудааст.

Дар соҳаи астрофизика бо истифода аз технологияҳои муосири компютерӣ мушоҳидаҳои метеорҳо, кометаҳо, астероидҳо ва пораҳои ҳамсафарҳои сунъии замин гузаронида шуданд. Олимони соҳаи химия натиҷаҳое ба даст оварданд, ки аз дастовардҳо дар рушди усулҳои синтези маҳсулот бо хосиятҳои муайян-моддаҳои таъйиноти биологӣ ва тиббӣ, ки барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ аҳамияти калон доранд, шаҳодат медиҳанд.

Олимони соҳаи геология дар таҳқиқи манбаъҳои маъданҳосилкунанда ва таъсири онҳо ба ташаккули конҳои бузурги маъданӣ, ки ба равандҳои мантийӣ алоқаманданд, маълумоти нав ба даст оварданд. Олимони соҳаи омӯзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология таҳқиқи усулҳои ҳисобгирӣ ва мониторинги ҳаҷми муфиди оби обанбори Норак ва ба таври таъҷилӣ пешгӯӣ кардани ҷараёни солонаи оби дарёи Вахшро идома доданд.

Ҳашт стансияи сайёри заминларзасанҷӣ аз Олмон ба Тоҷикистон оварда шудааст. Дар нишасти матбуотӣ ин нуктаро президенти Академия илмҳо таъкид намуда, гуфт ки аз рӯх додани заминларза набояд тарсид. Ин ҳашт стансияи сайёри заминларзасанҷӣ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон гузошта мешавад.

Ӯгуфт, ки овозаҳо дар хусуси канда шудани кулли "Сарез" беасос буда, ин кӯл тавонист дар заминларзаи 7,2 балла бехатарии худро ҳифз кунад. Ба гуфтаи ӯ кӯлли "Серез" канда намешавад.

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон изҳороти қаблии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияро, ки мафҳуми пешвои миллатро зидди арзишҳои демократӣ хонда буд, рад намуд. Дар мавриди изҳороти қаблии Марказ, ки эълони “Пешвои миллат”-ро хоси низомҳои теократию авторитарӣ хонда буд, изҳор дошт, ки ин танҳо фикри шахсии ду нафар аз олимони Марказ аст.

farhod-rahimi_4578412454512.jpg

Президенти Академияи илмҳо таъкид кард, ки феълан Маркази оянданигарӣ бо “Пешвои миллат” мувофиқ буда, ягон хел мухолифат надорад. Тамоми кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори “Пешвои миллат” аст.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз қабл аз қабули қонун дар бораи “Пешвои миллат”, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як матлаб бо номи “Дурнамои идеяи “Пешвои миллат” дар Тоҷикистон ба “Пешвои миллат” номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат карда буданд.

Пажуҳандагони ин Маркази Академияи илмҳо гуфтанд, ки тарҳи мавзӯи “Пешвои миллат” метавонад дар раванди демократикунонии ҷомеа саддеро ба вуҷуд оварда, ояндаи давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро зери суол гузорад. Зеро дар ҳеч як кишвари демократӣ чунин масъалагузорӣ дурнамои рушди ҷомеаро муайян накардааст ва нахоҳад кард, чунки ҳар давлати демократӣ такя ба мардум мекунад ва ҳукуматҳои ин гуна давлатҳо аз иродаи мардум сарчашма мегиранд.

Олимони ин ниҳод гуфтаанд, ки давлат категорияи фарогири мардум ва ҳукумат аст, дар ҳоле ки ҳукумат дар як замони муайян вобаста ба қонунҳои муайяншуда, муносибати байни шаҳрвандонро танзим менамояд. Дар ин гуна система мафҳум ё падидаи “Пешвои миллат” вуҷуд дошта наметавонад, балки мақомоти ҳукуматӣ мудирияти соҳаҳои алоҳидаро ба роҳ мемонанд, аз он ҷумла, салоҳиятҳои мақоми президентиро. Дар ҷомеаи демократӣ Президент мақоми олиест, ки таъминкунандаи сохти конститутсионӣ ва кафили муносибатҳои ҳуқуқбунёд мебошад.

Дар давлатдории демократӣ аз мақоми Президент дида мақоме болотаре чун “Пешвои миллат” вуҷуд надорад. Идеяи пешниҳодшудаи “Пешвои миллат” аз як тараф ҳамингуна мақоми олиро сарфи назар карда, зиддияти қонунӣ дошта аз тарафи дигар арзишҳои низомҳои теократию авторитариро аз нав эҳё мекунад, ки хилофи арзишҳои давлатдории демократӣ мебошад. 

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи таҷлил аз чорҳазорсолагии Данғараро беасос хонд. Ӯқабл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, аз ҷониби олимони бостоншиноси Академияи илмҳо соли 2015 дар ду мавзеи Данғара, аз ҷумла дар Кангурт ҳафриётҳои бостоншиносӣ гузаронида шуд ва дастовардҳои он барои ташхис ва баҳогузории илмӣ ба Олмон интиқол ёфт. Натиҷаҳои ташхис аз Олмон нишон доданд, ки дар ҳақиқат ин бозёфтҳо хеле надир буда, аз ин пештар дар дигар бозёфтҳои тамаддуни Осиёи Марказӣ ба назар нарасидаанд.

Аафзуд, ки ҳафриёти бостоншиносӣ на ба хотири чор ҳазорсола эълон намудани Данғара, балки ба хотири ба олам нишон додани тамаддуни бостонии тоҷикон, муаррифии арзишҳои миллӣ ва исбот кардани он далелҳо, ки аз ибтидо тоҷикон мардуми бумӣ ва маскуни ин сарзамин буданд, анҷом шудаанд.

Баъдан ба саволҳои хабарнигорон директори муассисаи давлатии “Хадамоти геофизикӣ”-и АИ ҶТ, академик Собит Неъматуллоев, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Лутфулло Саидмуродов, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ, доктори илмҳои техникӣ Зайнолобуддин Кобулиев посух доданд.

Дар нишасти матбуотии АИ ҶТ масъалаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи таърих, бостоншиносӣ, забон, адабиёт, сиёсатшиносӣ, иқтисодиёт тайёр кардани илмӣ, дифоъи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи сеистология, гидроэнергетика, ташкил намудани сохторҳои нави илмӣ дар АИ ҶТ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

Дар охири нишасти матбуотии АИ ҶТ президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ба муассисаҳои илмии АИ ҶТ ташриф оварда оид ба фаъолияти онҳо суҳбату гузоришҳо дар матбуот ва радиову телевизионҳои ҷумҳурӣ таҳия намуда, дар ташаккули ҷаҳонбинии илми ҷомеа саҳм бигиранд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi