15:05:13 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 27 28 29 30
31            

Мулоқоти муфиди фарҳангнигорони Тоҷикистону Эрон

Дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик мулоқоти ходимони ин муассисаи давлатӣ бо олимони забоншиноси Ҷумҳурии Исломии Эрон,ки дар чаҳорчӯбаи як Конференси байналмилалии илмӣ дар пойтахти Тоҷикистон ҳузур доранд, баргузор гардид.

1-ensiklopeia_548745.jpg

Мулоқотро Сармуҳаррири Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, номзади илмҳои таърих Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ ҳусни матлаъ бахшид. Мавсуф меҳмононро хайра мақдам гуфта дар бораи роҳи тайнамуда, натоиҷи корҳои ахири ин ниҳоди илмӣ ва ҳамкориҳои он бо муассисаҳои ҳамсони дигар кишварҳо, минҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон маълумоти муфиде ироа кард. Дар идома афзуд, ки “чун мавзуъ вожагузинӣ ҳаст, ба маврид мебуд аз дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар мешудем.

Раиси давлат бо ишора ба раванди ҷаҳонишавии давлатҳову миллатҳо дар ҷаласаҳову маҳфилҳои олимони кишвар ҳамеша аз зарурати ҳифзи тоҷикият ва эронияти миллат ҳарф мезананд. Такрор ба такрор таъкид мекунанд, ки кӯшишҳо ба харҷ дода шавад, ки бештари истилоҳоти илмии умумибашарӣ ба забони тоҷикӣ – форсӣ тарҷума шаванд ва ё муодили онҳо аз таркиби луғавии худи забон пайдо карда шавад ва ё бо истифода аз имкониятҳои дохилии худи забон сохта шавад".

2-ensiklopeia_548745.jpg

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда дар бораи ҳамкориҳои Кумитаи забон ва истилоҳот бо Фарҳангистони забон ва адабии форсии ҶИЭ, ки меҳмонон аз ҷумлаи раҳбарони ва  кормандони он ба шумор мераванд, муфассал суҳбат кард. Азҷумла иброз дошт, ки бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳот доир намудани конференсияи байналмилалии забоншиносони се кишвари форсзабон (Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон) дар Душанбе таҳти унвони «Масоили вожагузинӣ ва истилоҳоти забони форсӣ-тоҷикӣ» пеш аз ҳама аз як тараф агар ҳадафи вусъат ва таҳким бахшидани ҳамкориҳоро байни донишмандони забоншиноси ин се кишвари ҳамзабон дошта бошад, аз тарафи дигар дар давраи ҷаҳонишавии миллатҳо забон, яъне ин сарвати бебаҳоро, ҳамчун омили муҳими пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ дар ҳамбастагӣ муштаракан ҳифз кардан аст.

3-ensiklopeia_548745.jpg

Сипас донишмандони эронӣ ҷаноби оқои Алӣ Ашраф Содиқӣ, узви пайваста ва мудири гуруҳи фарҳангнигории Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, хонум Насрин Парвизӣ, муовини мудири гуруҳи вожагузинии Фарҳангистон, ҷаноби оқои Алоиддин Таботабоӣ, узви Фарҳангистон ва коршиноси аршади гуруҳи вожагузинӣ дар бораи фаъолияти забоншиносони эронӣ дар самти вожасозиву вожагузинӣ ва фарҳангнигорӣ иттилои хуберо дастраси олимони тоҷик намуданд. Қайд карда шуд, ки Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар зарфи 21 соли фаъолияти худ дар Эрон дар ин самт корҳои назаррасеро анҷом додааст.

Чунончи 50 ҳазор вожаи ҷадиди форсиро дар баробари 50 ҳазор вожаи илмии ҷадиди забонҳои ғарбӣ ё сохтаанд, ё интихоб кардаанд ва ё тарҷума намудаанд, ки ин теъдод вожаҳо 70 риштаи мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ, иҷтимоиро дар бар мегиранд. Ин корро беш аз 400 нафар олимони забоншинос анҷом додаанд ва имрӯз ҳам идома медиҳанд. Маҳсули заҳматҳои олимони забоншинос дар як силсилае таҳти унвони “Ҳазорвожаҳо” пайваста ба нашр расида истодааст.

Дар ҳоли ҳозир 15 ҷилди “Ҳазорвожаҳо” дар риштаҳои пизишкӣ, заминшиносӣ, физика, химия, равоншиносӣ, улуми инсонӣ, улуми низомӣ, ҳамлу нақл, муҳандисӣ ва ғайра аз чоп баромадаанд. Ду ҷилди дигари ин силсила дар дасти чоп аст. Забоншиносони эронӣ изҳори умедворӣ карданд, ки хуб мешуд агар дар оянда ҳамтоёни тоҷику афғониашон дар ин масъала онҳоро дастгирӣ намуда дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ битавонанд вожаномаҳоеро дар риштаҳои мухталифи илм, сиёсат, иқтисодиёт таҳия бинамоянд, ки истеъмол ва истифодаи онҳо дар муҳити илмӣ-фарҳангӣ ва адабии ин се кишвар баробар қобили қабул бошанд.

Дар ин мулоқот раҳбарони Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии ҶИЭ тавофуқ карданд, ки ҷонибҳо аз ин ба баъд ҳар китоберо, ки ба нашр мерасонанд, ба китобхонаҳои ниҳодҳои ҷониби дигар чанднусхагӣ ҳадя менамояд. Гузашта аз ин ҷонибҳо агар ҳавасманди ба ҳуруфи расмии кишварашон чоп кардани китобҳои банашррасидаи тарафи дигар бошанд, ин иҷозаро низ бидуни расмиятчигӣ ба якдигар медиҳанд.

Дар ин мулоқот Урватуллоҳ Тоҳиров, доктори илмҳои филологӣ ва Баҳодур Раҳматов, муовини Сармуҳаррири Энсиклопедияи Миллии Тоҷик низ дар мавзӯи мавриди баҳс қарор гирифта фикру андешаҳои худро баён карданд.

Бунафша Одинаева, муовини вазири фарҳанги ҶТ дар ин мулоқот ҳузур дошт.

Дар ин ҷо аксҳоро аз ин мулоқот дарёфт хоҳед кард

Султони Ҳамад, “Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi