14:51:15 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Чун Самарқанду Бухоро ҷои ту дар сина аст

Шеър сухани осмонӣ мебошад, ки инсону Худованд бо ҳам сӯҳбат мекунанд. Шоир – инсони оддӣ нест, шоир – сафири Офтоб аст. Зарифҷон ЛАТИФӢ (Меҳрон) – шоире буд, ки ӯро Худованди бузург аз рӯзи Азал яъне аз хурдсолиаш шоир офаридааст.

chun-samarqand-54445.jpgЗарифҷон ошиқ буд, ошиқи Офаридагори ягона буд. Ӯҳамеша таъкид мекард, ки “Ман савдозадаи ишқам муҳаббатам, ишқ – маро илҳом мебахшад, ишқ – дарди ману дармони ман аст”. Ман гуфтаниям, ки Зарифҷон ЛАТИФӢ (Меҳрон) бедард нест, балки ҳар калимае аз каломи ӯ дилро ба фарёд меорад ва тасбеҳгардони ишқ аст. Ӯ муҷаррад аз дунё рафт. Аз ӯ ягон чиз нишона намонд. Ба ғайр аз як китоби кучаки хурд бо номи “ГУЛИ АНДӮҲ”. 

Зарифҷон ЛАТИФӢ (Меҳрон) 9 – уми майи соли 1971 дар деҳаи Ғӯйтани ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент дар оилаи омӯзгор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ соли 1988 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №35 – и деҳаи Рукнободи ҷамоати деҳоти Ворӯро хатм намуда ва худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба факултети таърихи ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев (ҳоло ба номи С. Айнӣ) супорида сазовори номи донишҷӯ шуд. Соли 1993 донишгоҳрро бо дипломи сурх (аъло) ба итмом расонида ва бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №35 ба кор омад. Ӯ аз моҳи сентябри соли 1998 то рӯзи вафоташ 9 – уми сентябри соли 1999 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №60 деҳаи Рукнобод аз фанни таърих ба шогирдонаш дарс мегуфт.

Шервони УМРИДДИН, журналист    

ДОД

Зумрае бемансаби мансабгадоям мекушад,

Нокасии тоҷики туркигароям мекушад.

Чун дирафши Ковиёнӣ миллатам садпора шуд,

Хешро бингар, ки бо дасти сивоям мекушад.

ДАРЕҒ

Меҳри ту Меҳрони моро беҳ зи сад ганҷина аст,

Чун Самарқанду Бухоро ҷои ту дар сина аст.

Кард гардун дасти ман кӯтоҳ аз ҳарсеятон,

Водареғо: “Наргилам андар кафи бӯзина” аст.

АЪЛАМОН

Ҷаҳонҳар лаҳза, Меҳрон, менавозад,

Фажокону палидону каҷравонро.

Худоё, аъламон, з-он гурги мода,

Ки шуд ҳамхоба сагҳои шубонро.

РОЗИ ШАҚОИҚ

Бипурсидам дӣ розе аз шақоиқ:

Чаро Яздон бидидат доғ лоиқ?

Бигуфто: Ибтилои ҳақ надонӣ?

Ки ғамро медиҳад бар қалби фоиқ.

Гузар афтод дӯшам ба хадоиқ,

Бидидам андар он ҷо бас шақоиқ.

Бигуфтам: доғи ту аз чист баргӯ?

Бигуфто; доғи ман аз дасти шоиқ.

ҒАЗАЛ

Гунбади даввор моро мекушад,

Ҳар риёи ёр моро мекушад.

Мо ҳаросон аз рақибон нестем,

Ҷилваи дилдор моро мекушад.

Душманам гар мард бошад бок не,

Душмани ғаддор моро мекушад.

Гаҳ Билис андар либоси одамӣ,

Ҳамчу ёраш – ёр моро мекушад.

Пеша моро Мансуросо ростӣ,

Бо “Аналҳақ” дор моро мекушад.

Чун Самандар дар миёни оташем,

Дур зи оташ ёр моро мекушад.

Сӯхтӣ, Меҳрон, агар дар ишқи ӯ,

Шод шав, к-ин кор моро мекушад.

Ҷисми ман пайваста дар тобу таб аст,

Хоб дур аз чашму дар лаб “ё раб” аст.

Зиндагонӣҷанги ҳастию адам,

Размгоҳи лашкари рӯзу шаб аст.

Бо ҳама равшандилӣ субҳи симин,

Қотили садҳо ҳазорон кавкаб аст.

Ҳар куҷо маҳпораеро бингарӣ,

Сад ҷавон аз ишқи ӯҷон бар лаб аст.

Мо талабдори яке андар ҷаҳон,

Лек ӯ дар ёди дигар матлаб аст.

Муршиди мо соликони фардрав,

Ишқ бошад, ишқ воломазҳаб аст.

Ҳамчу Меҳрон ишқварзӣ пеша кун,

Ҳар ки ошиқ нест, биллаҳ маркаб аст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi