22:09:20 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

…Сармаст шавам зи бӯйи хоки Ватанам…

МаҳфилифарҳангиинобиноёндарбоғиКӯлиҷавонон

Дар «Кӯли ҷавонон”-и шаҳри Душанбе Ҷамъияти нобиноён чорабинии фарҳангӣ баргузор намуд. Чорабинӣ ба муносибати таҷлили Наврӯз бо дастгирии шӯъбаи “Оперейшен мерси” доир гардида, дар он сарояндагони нобино ва қувваи босираашон суст ҳунарнамоӣ намуданд. Дар назар буд, ки дар ин маросим ҳунармандон Матлуба Раҳимова, Умед Ашӯров ва дигарон иштирок намоянд. Аммо Умед Ашӯровро ҳунармандоне дигар ҳамроҳӣ мекарданд ва яке Матлубаро сафед карданӣ ҳам шуд, ки ӯ хеле масруф будаву натавонистааст дар маҳфил ширкат кунад. Гарчӣ, ба қавле, хелеҳо бо шунидани хабари ин маросим хоҳони дидани ҳунарнамоии ҳамҷояи Матлубаву Умед будданд.

1_zulola-54544545.jpg

Ногуфта намонад, ки маҳфили мазкур тибқи нақшаи пешакӣ бояд 24-уми март баргузор мешуд, аммо боронӣ шудани ин рӯз боис шудааст, ки онро як рӯз пас баргузор кунанд. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда, маросими фарҳангӣ расо соати 11 бо ҷӯр шудани нағораву сурнай аз ҷониби дастандаркорон оғоз ёфт. Дастаи ҳунарии нобиноён бо ҳамоҳангии созу навову рақсу хурсандӣ дар «Кӯли ҷавонон» гирд гашта, дар маъракагоҳи орододашуда қарор гирифтанд. Баробари гомбардории Баҳори сабзқабо духтаракони куртачакану атласпӯш рақс мекарданд ва мусиқӣ хомӯш нагашта, мақоми тоза гирифту ба саҳна овозхони ансамбли «Сомон»-и назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимова Зарина баромад ва сароид:

…Сармаст шавам зи бӯйи хоки Ватанам…

Наврӯз биё…

Баъд аз қабули хуши ҳозирон Заринабону суруди маълуму машҳураш «Модар»-ро хонд, ки хеле хуш пазируфта шуд. Ҳозирон сурдҳои дигари ӯро низ бо самимият ва гӯшу ҳуш пазироӣ карданд.

Баъд аз Зарина Хуршед ном ҷавони тозаэҷод ба саҳна омад, ки хеле сурудҳои шуниданӣ дошт. Яке аз тамошобинон ҳам баҳогузорияш кард, ки «Бин, ҳанӯз хонандаи мактаб асту чи хел хуб мехонад».

Барандаи маҳфил Наргис қабои атласи хушгил ба бар рӯйи саҳна омаду сухан оғоз кард:

- Имрӯз мо тасмим гирифтем бо дастгирии шӯъбаи “Оперейшен мерси” дар Тоҷикистон, бо мусоидати Ҳукумати шаҳри Душанбе ва роҳбарияти боғи «Кӯли ҷавонон» чорабинии Наврӯзиро бо иштироки сарояндагони нобино барпо намоем. Мо шуморо ба муносибати Наврӯзи ҷаҳонӣ аз самими қалб муборакбод гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустӣ, хонаи обод ва хушиҳои рӯзгорро таманно дорем.

Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,

Омаданаш хурраму фархунда бод!

Наргис ба таърихи куҳан дахл карда, афзуд: «Иди Наврӯз - ин ҷашни оғози фасли баҳор ва соли нави мардуми форсу тоҷик мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст».

2_zulola-54544545.jpg

- Ҳоло бошад, сухани табрикотиро ба раиси Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон Давлатов Турдӣ Бобоевич ва намояндаи ташкилоти «Оперейшн мерси» ҷаноби Майкл медиҳем,- эълом дошт баранда.

Нахуст суханро раиси Ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон Турдӣ Давлатов оғоз бахшид:

- Салом тамошобинони мӯҳтарам, ҳозирони гиромӣ! Чи хеле дар боло қайд карданд, Ҷамъияти нобиноёни ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки соли 2015 дар боғи пойтахт Наврӯзи байналмилалиро қайд намояд. Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки дар Ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон албатта нобино ҳам бошанд, сарояндагони бисёр хуб доранд ва дар ҷумҳурии мо машҳур ҳастанд. Мо тасмим гирифтем, ки инҳо бисароянду шумо ҳаловат бубаред. Аз ҳофизаҳо Зарина Абдураҳимова, Хуршедҷон, ана боз ҳаст Ашӯров Умедҷон, ки барои шумо ҳунарнамоӣ мекунанд. Ногуфта намонад, ки дар Ҷамъияти нобиноён, гарчанде нобиноҳо бошанд ҳам, хеле фаъол ҳастанд. Дар вилояти Хатлон, дар Суғд, дар минтақаи Кӯлоб ансамблҳо ва хеле ҳаваскорони хуб дорем, ки имрӯз иштирок доранд. Албатта, Ҷамъияти нобиноён кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳар як аъзои он бемаълумот намонад. Инҳо ҳам узви ҷудонашавандаи Тоҷикистон ҳисоб меёбанду дар қатори одамони солим метавонанд фаъолият баранд. Чун имрӯз бо дастгирии Ҳукумати шаҳри Душанбе дар ин боғ баромад дорем, миннатдории худро ба шаҳрдорӣ баён мекунем. Умед дорем, ки нобиноёни мо дар оянда ҳунари худро сайқал бидиҳанду ба дигар шаҳру ноҳияҳо низ сафарҳои ҳунарӣ дошта бошанд. Аз номи худам, аз номи Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон ба ҳамаи шумо Наврӯзи байналмилалиро аз самими дил муборакбод гуфта, саломатӣ, хонаи обод, рӯзгори осуда таманно дорам. Бигузор Худованд то Наврӯзи дигар мову шуморо дар паноҳаш саломат нигоҳ дорад. Ҳар рӯз дар хонадони шумо Наврӯз бошад!

Сухани навбатӣ ба намояндаи ташкилоти “Оперейшен мерси” Майкл дода шуду ӯ бо хушҳолӣ иброз дошт:

- Меҳмонони азиз, дӯстони арҷманд, ман хеле хурсандам, ки ҳамроҳи шумо дар рӯзи Наврӯз, бисёр фасли зебо ва баҳор иштирок мекунам. Ман ҳамчун намояндаи шӯъбаи «Оперейшен мерси” бисёр миннатдор ҳастаму хурсанд, ки бо Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон ҳамкорӣ дорем. Наврӯзу баҳор аз куҷо омад? Аз куҷо соҳиб аст дар ин замин ва ҳар чӣ дар он аст, аз куҷост? Дунё ва сокинони он аз они Худованданд, зеро Ӯ онҳоро бунёд ва бо дарёҳо барқарор намудааст. Кист, ки ба кӯи Худованд барояд ва кист, ки ба каромоти Ӯ ноил шавад? Касе, ки покдил аст ва ҷонаш ба орзуҳои беҳуда нигаронида нашуда бошад, қасами дурӯғ нахӯрда бошад. Баракат аз Худованд аст. Раҳмати калон, ба ҳамаатон муборак бошад!

3_zulola-54544545.jpg

Ин табрикот ва нутқи самимонаро ҳозирон бо кафкӯбиҳо қабул карданд ва шахсан барои ман дар қатори авзои хуши дигарон хушҳолкунанда буд, ки як нафар хориҷӣ бо забони ноби тоҷикӣ чи сон поку беолоиш ва озодонаву мамнун ҳарф мезанад.

Барандаи маҳфил бону Наргис ба саҳна омаду хонд:

Наврӯзи навбаҳорон, бар дӯстон муборак!

Ҷашни гулу муҳаббат, бар бӯстон муборак!

Баҳори ороста рӯйи саҳна омад ва бо ду забон - тоҷикиву англисӣ пайғомрасонӣ кард:

- Ман баҳорам, бароятон нишот меорам ва бигузор ҳавои баҳор ба сароятон таровати тоза бахшаду бароятон нишот биёрад.

Баъдан баранда Наврӯзро васф карду гуфт, ки «Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ин ид деҳқон ба кишту кори саҳроӣ мебарояд. Яке аз рамзҳои асосии иди Наврӯз суманак мебошад. Дар васфи Наврӯз шоирону нависандагони барҷастаи тоҷик бисёр шеърҳо эҷод кардаанд. Аз ҷумла, шоири барҷастаи тоҷик Мирзо Турсунзода чунин гуфтаанд:

Баҳор омад, садои булбул омад,

Насими фораму бӯйи гул омад.

Либоси сабзро саҳро ба бар кард,

Кӯлоҳи сап-сафед олу ба сар кард.

Ӯ сухани навбатии сурудро ба Умед Ашӯров дод, ки то ин замон сари асбоби мусиқӣ навозандагӣ мекарду аз садои сарояндагиаш ҳамагон шӯрангез кафкӯбӣ оғоз намуданд.

4_zulola-54544545.jpg

Баъд аз садо додани чанд суруди дилхушкунанда сухан ба сарвари Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе Холмаҳмад Тенгиниев дода шуд. Ӯ ба саҳна омаду гуфт:

- Иҷозат диҳед ҳар яки шуморо бо Наврӯзи хуҷастапай табрику таҳният бигӯям. Ба ҳамаи шумо хушрӯзиҳои ҳаёт, хонаи обод, сарбаландӣ ва ҳамеша лабони хандонро таманно дорам. Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе бо дастгирии шӯъбаи «Оперейшн мерси» дар Тоҷикистон ва ҳамзамон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин роҳбарияти боғи мазкур иқдом гирифтаанд барои шумо чорабинии фарҳангиеро барпо намоянд. Ман аз ҳамаи мухлисоне, ки инҷо истодаанд, хоҳиш дорам нараванд, зеро мо инҷо баъзе озмунҳоро барои шумо омода кардаем ва мехоҳем иштирок намоед. Бори дигар ба роҳбарияти боғи мазкур, хусусан ба бародари азиз Сабзов Шарофиддин, ки директори ин боғанд, изҳори сипос мекунам. Эшон имконият доданд, то Ҷамъияти нобиноён барои ҳунарнамоӣ намудани санъаткорони нобино имконият пайдо кардаву ҳунари онҳоро пешкаши мардуми солим созад. Мақсади асосии мо ба ҷомеа ҳамроҳ намудани нобиноён мебошад. Мо мехоҳем шумо байни худ нобиноён, зарирон ва сарояндагони зарирро қабул кунед, то онҳо тавонанд дар оянда мисли ашхоси солим дар ҳар ҷо, дар тӯю маъракаҳои шумо ҳунарнамоӣ кунанд. Қабул доред?

Садои пурғулғулаи мардум:

- Бале!!!

Х. Тенгиниев илова кард, ки «барои ҳамин, ҳоло мо мехоҳем бо кӯмаки Нилуфарбону инҷо чанд озмун гузаронем. Ҳозир инҷо пуфак ҳаст, пуфак тӯҳфа дорад, мо тӯҳфаро омода кардаем».

Нилуфар илова кард, ки дар даруни ҳар пуфаки дамкардашуда варақчаи суол аст ва шахсе, ки ба суолҳои омодашуда посухи мусбат медиҳад, ба ӯ тӯҳфаи хотиравӣ тақдим мегардад.

5_zulola-54544545.jpg

- Озмун чунин сурат мегирад: Гуфта монам, ки танҳо ашхоси солим иштирок мекунанд. Пуфак аз ҷониби Нилуфар партофта мешавад. Ҳар нафари солиме, ки пуфакро дошт, назди микрофон омадаву худро муаррифӣ намуда, ба савол ҷавоб мегӯяд ва тӯҳфаи худро мегирад. Маъқул?,- шарҳ дода, пурсид ҷаноби Тенгиниев.

Ва оғоз шуд озмун… Як, ду, се…

Ду нафар пуфакҳоро яктогӣ доштанд.

Эълон:

- Шуд, назди микрофон, касоне, ки доштанд…

- Ному насаб…

Якумӣ худро муаррифӣ кард: Тӯрдиев Фирӯз, донишҷӯйи курси якуми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

- Яъне шумо бизнесмен? Ку, бизнесменҳои мо донишашон чӣ хел аст?,- афзуд Тенгниев.

Савол (Нилуфар мехонад): - Нисбати эълон дар бораи истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятии дар шаҳрамон амалкунанда чӣ ақида доред? Ба фикри Шумо, ин барои чист?

Тенгниев: - Бори дигар ман шарҳ медиҳам. Дар автобусу троллейбусҳо, агар диққат дода бошед, ба воситаи баландгӯякҳо истгоҳҳоро мегӯянд, яъне ба кадом истгоҳ расидем. Шумо чӣ гумон мекунед? Ин барои кӣ ва барои чист?

Ҷавоб: - Мисол, бисёр шаҳрвандоне ҳастанд, ки аз дигар ҷоянд. Вале, ба гумони ман, ин барои нобиноён бисёр хуб мебошад…

Тенгниев: - Қарсак!

Ва таҳният: - Тӯҳфаашро диҳед! Табрик мегӯем Шуморо. Ташаккур барои иштирок. Мо ҳаминро мехоҳем, ки ашхоси солим зиёдтар иштирок кунанд…

6_zulola-54544545.jpg

Нафари дуюм: - Абдувосити Абдурауф, хонандаи синфи 10-и «б»-и мактаби таҳсилоти умумии №65.

Саволи ногаҳонии Тенгниев: - Шумо нобиноёнро боре дидаед?

- Албатта!

- Шумо чӣ ақида доред? Танҳо бо раҳм нигоҳ мекунед? Ё медонед, ки онҳо ҳунар доранд...

- Бале, бале, ҳоло шоҳид шудему дидем, ки хеле ҳунарнамоии хуб карданд.

- Хуб, ба озмун тайёр?

- Албатта!

- Мекафонем пуфакро… Нилуфарбону бихон-ку…

Абдувосит худ мехонад: - Агар ба нобино муроҷиат карданӣ шавед, кадом намуди муроҷиатро интихоб менамоед?

1. Бо садои баланд нутқро лозим медонед.

2. Бо дархости «бахшиш» диққаташро ҷалб намуда, сипас мақсадатонро баён менамоед.

3. Ӯро ҷисман такон дода, ба ӯ муроҷиат мекунед (тааҷҷубу нимханда)…

4. Ҳаракат мекунед, ки бо нобиноён муошират надошта бошед.

- Ба фикри ман, ин шарти дуюм, яъне «Бо дархости «бахшиш» диққаташро ҷалб намуда, сипас мақсадатонро баён менамоед» аст,- ҷавоб гуфт Абдувосит.

- Ташаккур, раҳмат барои ҷавоби дуруст. Тӯҳфаро бигиред. Табрик. Офарин!,- изҳори қаноатмандӣ кард ҳакамони асосии озмун Тенгниев.

Пас аз додани тӯҳфаҳову ҷамъбати озмуни шавқовар баранда дигарбора эълон кард:

- Акнун навбати ҳунарнамоӣ аз Иброҳими Исмоилзод. Ӯ барои шумо сурудҳои худро пешниҳод мекунад. Ҳар яки шуморо ба рақс даъват мекунем.

Воқеан, хеле сурудҳои хуш садо дод ва сарояндаи навбатӣ Кенҷаев Тилломурод ҳам, ки сурудҳои Садриддин Наҷмиддинро бозхонӣ кард, садои бад надошт.

Бо вуҷуд, ҳамагон ба ҳунарнамоии Зарина Абдураҳимова мароқи бештар доштанд, ки яке ҳам пичиррос зад: «О, дигарбора ба ӯ навбат медода бошанд?». Аммо, баранда аз фарҷоми маҳфил сухан гуфт…

Мо бошем, фурсат ғанимат гуфта, Заринаро ба сӯҳбати хеш хондем. Тавре ӯ гуфт, корманди ансамбли «Сомон»-и назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз хурдсолӣ, дақиқан аз боғча сар карда шуғли сарояндагӣ доштаву ин меҳр дар дилаш ҷой шудааст.

- Суруди нахустини ман соли 2007-ум, моҳи март бо номи «Модар» эҷод шудааст. Чаро маҳз ба ҳамин мавзӯъ рӯй овардам? Чунки маро модарам тарбия кардааст, ба воя расонидааст. Хаёл мекунам, ки сурудҳои ман то андозае дар дили мардум ҷой шудааст. Оянда нақша дорам, ки барои сабти сурудҳоям сарпараст пайдо кунам. Чун мухлисон аз ман дархост мекунанд, ки чаро сурудҳои шумо дер-дер рӯйи навор меоянд. Ин аз набудани маблағ аст, ки ман танқисӣ мекашам. Модари танҳояму як фарзандро танҳо ба воя мерасонам,- мегӯяд ӯ.

 

7_zulola-54544545.jpg

Дар нисбати маҳфили фарҳангии доиршуда ҳар сокине, ки инҷо ҳузур дошт, назари некбинона изҳор медошт. Хоса барои мо андешаҳои омӯзгори фанни забон ва адабиёт ва ҳамзамон муаллимаи синфҳои ибтидоӣ дар мактаби №57 Бақоева Фирӯза ҷолиб буд. Ӯ гуфт:

- Пойтахти мо хеле ободу зебо гаштааст. Мо мисли дигар давлатҳо озодона кору рӯзгор дорем. Панҷ сол мешавад, ки Наврӯзи мо иди байналмилалӣ шудааст. Наврӯзи байналмилалӣ ба ҳама ҳамдиёрон муборак бошад! Дар нисбати нобиноён ҳаминро гуфтаниям, ки мо дидем, онҳо ҳам омадани иди Наврӯзро ҳис мекунанд, бо чашм ҳам набинанд, бо дил эҳсосу қабул менамоянд. Ҳунарнамоиҳояшон хеле олӣ!

Зулолаи НУР, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi