22:28:55 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Барзу Абдураззоқов "Форсҳо"-и Эсхилро рӯи саҳна меоварад

 

Нахустнамоиши спектакли “Муфаттиш”, ки таҳиягари тоҷик Барзу Абдураззоқов дар театри ба номи Собит Муқанови шаҳри Петропавловск рӯи саҳна овард, муҳимтарин рӯйдоди фарҳангӣ дар шимолитарин шаҳри Қазоқистон буд. Расонаҳои қазоқӣ навиштанд, ки бори аввал дар чанд соли ахир ҳаводорони театр дар ҷустуҷӯи билет ба намоишнома буданд.

barzu-abdurazoqov_65454611.jpgБарзу Абдураззоқов дар сӯҳбат бо мо рӯзи 4 март гуфт, баъд аз нахустнамоиши “Муфаттиш”-и Николай Гогол, ки охири моҳи гузашта дар театри ба номи Собит Муқанови Петропавловск баргузор шуд, ӯ барои чанд рӯз ба аёдати волидонаш ба Душанбе омадааст ва аммо қарор аст ба зудӣ боз озими Қазоқистон шавад. Ӯ иқрор мекунад, ки “рӯи саҳна овардани “Муфаттиш” шояд мушкилтарин кор дар солҳои ахир буд ва аммо хело хуб гузашт ва бароям сабақи хубе ҳам шуд. Сабақе, ки баробари ҳафт соли таҳсилам дар донишгоҳ буд, воқеъан якуним моҳи кор дар Петропавловск донишгоҳи дигаре шуд барои ман”. Барзу меафзояд, ки “Ревизор” – санҷиши донишу фарҳанг ва иродаву таҷриба ҳам барои ӯ ва ҳам барои ҳунармандони театр гардид”.

Таҳиягари маъруф мегӯяд, ки рӯзҳои наздик ба Алмаато меравад. “Дар ин шаҳр театри нав мекушояд, театри мавсум ба БТ. Ман бояд нахустин наомишномаи ин театри навро рӯи саҳна оварам. Ман бояд ба ин театр ҳам дуо диҳам ва ҳам расми ифтитоҳашро ташкил кунам, аз ин рӯ масъулияташ хело зиёд аст. Ҳоло чанд намоишнома дар даст дорам ва бояд якеи онҳоро барои аввалин спектакл дар ин театр интихоб кунам ва бояд онро ҳам ба инобат бигирам, ки ҳунармандон таҷрибаи кор надоранд.Худо хоҳад, корро 12 март шурӯъ мекунам ва бояд то 20 апрел нахустнамоиши спектакл баргузор шавад”.

“Баъд чӣ, боз ҳам дар саҳнаҳои Қазоқистон намоишномаҳои нав таҳия мекунед?”- пурсидем аз ӯ. Барзу дар посух гуфт, ки қарор аст барои ифтитоҳи 80-умин мавсими театри русии ба номи Чингиз Айтматови Бишкек намоишномае омода кунад. “Шояд яке аз асарҳои Антон Павлович Чехов “Олуболубоғ” ё “Се хоҳарон”-ро интихоб кунем ё ягон асари Шекспирро”.

Аммо то он рӯз ӯ мехоҳад дубора ба Душанбе баргашта ҳамроҳ бо гурӯҳи ҳунармандони тоҷик намоишномае рӯи саҳна оварад. “Аммо ин кори берун аз театрҳои давлатӣ мешавад, ман чанд касро, аз ҷумла, Қурбони Собир, Хуршед Мустафоев, Моҳпайкар Ёрова, Фирӯза Амонова ва ҳунармандони дигарро, ки дӯстон медораму эҳтиромашон мекунам, гирдиҳам меоварам то намоишномаи “Форсҳо”-и драмнависи Юнони Қадим Эсхилро иҷро кунанд”. Намоишномаи “Форсҳо”-и Эсхил соли 472-и то қарни мо эҷод шудааст.“Маҳз ба хотири таҳияи ин намоишнома ман чанд пешниҳод аз театрҳои дигарро риад кардам, мегӯяд Барзу Абдураззоқов. Мусоҳиби мо меафзояд, ки ҳадафи ӯ дар асл табодули таҷриба бо ҳунармандони тоҷик баъд аз чанд соли кораш дар театрҳои Қирғизистону Қазоқистон аст ва мехоҳад “чизеро омӯзаду чизеро омӯзонад”.

Дар посух ба суоли мо дар бораи пешниҳоди кор дар ягон театри тоҷик Барзу гуфт, ки “ман ин чизро аз сарам дур кардам, агар лозим шудам, даъватам мекунанд... Дигар аслан муҳтоҷи ягон пешниҳод ҳам нестам, зеро, Худоро шукр, то охири соли 2016 даъватномаҳо барои кор дорам...” Ӯ афзуд гуфт, ки, хушбахтона, вазъи сиҳати падараш – ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов беҳтар шудааст. “Дастонаш ҳанӯз хуб кор намекунанд, аммо ӯҳоло рӯи хона мегардад ва муҳимтар аз ҳама ҳолати рӯҳояшон беҳтар аст”.Барзу иқрор мекунад, ки аз кишварҳои минтақа чанд пешниҳод барои раҳбарии театрро гирифтааст, вале бино ба маризии волидонашо онҳоро рад кардааст. Ӯ мегӯяд, “ман чӣ хел онҳоро гузошта меравам. Модари 81-солаамро ба кӣ монда равам? Ғайри ман касе нест, ки онҳоро нигоҳубин кунад, як бародар дорам, ки ӯҳам дар Амрико аст”.

Барзу Абдураззоқов, коргардонҳои маъруфи тоҷик, солҳои ахир дар ду кишвари минтақа - Қирғизистон ва Қазоқистон ба таҳияи намоишномаҳои театрӣ машғул аст. Ӯ ду соли охир ба ҷоизаи “Беҳтарин коргардони театри Қирғизистон” сарфароз мешавад. Барзу соли гузашта дар театрҳои Бишкек намоишномаи “Плаха”-и Чингиз Айтматов, “Дон Жуан”-и Жан Батист Молиер, “Хандаи лангуст”-и Ҷон Моррел таҳия кард. "Хандаи лангуст" ва асари худи Барзу  “Роҳи дури дур ба Макка” дар Ҷашнвораи байналмиллалии театр дар Қазоқистон  чаҳор ҷоизаи асосӣ “Асари беҳтарин,“Гурӯҳи беҳтарин” ва нақшҳои беҳтарини зан ва мардро соҳиб шуданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi