11:31:25 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«Арӯси замонавӣ» - филми замони нав

 

Филми нави мазҳакавии «Арӯси замонавӣ» дар толори «Кохи Ҷомӣ»-и шаҳри Душанбе муаррифӣ шуд. Ин мелодрамма мазҳакаи достони як духтари тоҷик аст, ки зодаи шаҳр асту тоҷикиро намедонад ва ба як ҷавони рустоӣ шавҳар мекунад.

1_arusi-zamonavi_2015.jpgМазҳакаи “Арӯси замонавӣ” шоми 7-уми феврал дар кинотеатри “Кохи Ҷомӣ”-ии шаҳри Душанбе бо ҳузури беш аз 600 тамошобин ба намоиш гузошта шуд. Нахуст барандагон - яке аз иҷрокунандагони нақши марказӣ дар филм, ровии шинохтаи радиои «Ватан» Макс Қосимов ва бонуи ҳамтояш саҳмгузорону сарпарастони филмро ба саҳна хонда, барои мусоидат минаттдорӣ намуданду барояшон чун сипоснома дипломҳо тақдим гардид.

Рӯшан шуд, ки сарпарастони аслии филм ширкатҳои “GM production”, “Лото спорт”, «Абдулло-медиа» ва ширкати сохтмонии “Эъмор” будаанд. Ҳамчунин, аз идораи радиои «Ватан» ва чандин ширкатҳои дигар ном бурда шуд , ки дар таҳияи филм саҳмгузориву барои пешниҳодаш ба мардум кӯмаки иттилоотӣ кардаанд. Ҳаминҷо намояндаи «Лото спорт» аз кӯмаки бедареғашон барои таҳияи филм гӯшзад намуда, яке аз барандагони худро, ки ҷавонмарде аз ноҳияи Қумсангир будааст, ба саҳна хонда, маблағи калони бурднамудаашро ба ӯ тақдим кард.

Чун ровӣ аз бурди ногаҳониву ба куҷо сарф кардани маблағ пурсон шуд, шахси толеъбаланд хушҳолона ҷавоб гуфт, ки ин амри тасодуф буду падари солмандашро бо ин маблағ ба ҳаҷ хоҳад фиристод. Ана, маълум шуд, ки мӯйсафеди дар қатори аввал ҷойгирифтаро баробари тамошои «Арӯси замонавӣ», пул инҷо оварда будааст. Ба ҳар сурат, нияти хайр. Не, не, ноумедӣ набояд кард, дар қатори издиҳоми ҷавонон холаҳову модарони зиёде инҷо барои филмтамошокунӣ ҳозиранду ба фикрам, нақши модару хушдоманро бозидани Моҳпайкар Ёроваро диданӣ омадаанд.

2_arusi-zamonavi_2015.jpg

Вақте ровӣ ҳунармандони дар филм нақшдоштаро ба рӯйи саҳна хонд, нахуст сухан ба режисёри филм Набиҷон Пирматов дода шуд. Аммо ӯ бо лутфу эҳтиром «аввал устодам ҳарф зананд» гуфта, суханро ба актрисаи бомаҳорату шинохта Моҳпайкар Ёрова дод, ки дар филми «Арӯси замонавӣ» яке аз нақшҳои асосӣ - модари Рустам (Набиҷон Пирматов)-ро мебозад.

Воқеан, нақшҳои асосиро дар “Арӯси замонавӣ” худи Набиҷон Пирматов, Макс Қосимов (дӯсти Рустами донишҷӯ - Макс), Сабина Шоҳимардонова (арӯси замонавӣ - Сабрина) ва Моҳпайкар Ёрова (Давлатмоҳ - дар нақши модари Рустаму хушдомани Сабрина) бозӣ кардаанд, ки баробари дигар ҳунармандон ҳамагӣ дар толор ҳузур доштанд.

Моҳпайкар Ёрова аз он изҳори хушҳолӣ намуд, ки дар ин филм бо бисёр ҷавонони ҳунарвар нақшбозӣ кардааст ва модари хуб ҳам буд, гарчи аввал аз нофаҳмӣ ба келини замонавияш Сабрина зулмро ҳам раво диданӣ мешавад. Вале баъдан аз дигаргун шудани духтарак дарк мекунад, ки ӯ чиқадар муҳаббати беандоза доштааст нисбат ба писари маълумотноку хубрафтораш. Иҷрокунандаи нақши Сабрина - Сабина бошад, мегӯяд, ки қаҳрамони ӯро маҳз сабру тоқат ва меҳру муҳаббат ба мақсад мерасонад.

3_arusi-zamonavi_2015.jpg

Аслан, мӯҳтавои филми “Арӯси замонавӣ” зиндагии Рустам ва Максро дар бар мегирад, ки ин ду донишҷӯ комилан хислатҳои ба ҳам мухолиф доранд - Рустам ботамкину ором ва Макс шӯху беқарор аст. Ҳардуи онҳо дар факултаи сохтмон ва меъморӣ таҳсил мекунанд. Рустам ба ҷуз аз таҳсил дар донишгоҳ дар нуқтаи мошинтаъмиркунӣ низ кор мекунад. Дар пайи иттифоқоти аҷибе ӯ бо духтари шаҳрӣ Сабина ошно мешавад, ки ҳамеша бо русӣ ҳарф мезанаду забони тоҷикиро намедонад.

Сабина, ки дар шаҳр ба воя расидаву забони тоҷикиро намедонад, ба хотири муҳаббати беандозааш ба зиндагии сахту пурмашаққати деҳаи Рустам ва зӯргӯйиҳои худошманашу бадгӯйиҳои Гулсунбии ҳамсоя тоб оварда, билохира муваффақ мешавад. Агар дар як дид ба тапаккунӣ маҷбур намудани келини замонавӣҷабр намояд, аз сӯйи дигар, дар шароити хона вақти ба бозор саргарм будани хушдоманҳо доягӣ кардани келини ҳамсоя аз ҷониби Сабрина, ки хатмкардаи донишгоҳи тиббист, ӯро ба модарон хуш менамояд.

4_arusi-zamonavi_2015.jpg

То андозае, ки ҳамсояи дар аввал бадгӯйикунанда наберачаашро бо номи арӯси Рустам Сабрина номгузорӣ мекунад ва ҳатто барояш куртаи тоҷикие армуғон меорад. Вале, ин гуфта аз ҷониби ӯ замоне садо медиҳад, ки акнун арӯси замонавӣ либосҳояшро гирифта, аз хона баромада рафта буд. Ӯро дар тан куртаву поҷомаи тоҷикӣ ва дар сар рӯймоли зебанда дар кӯчаи русто аз духтарони деҳ қариб фарқ карда намешуд. Сабрина ҳамон либосеро дошт, ки пеш аз бозор рафтан аз хушдоманаш қадре пул дода, хоҳиши харидорияшро намуда буд, ки «модарҷон, возмите, мне и себе материал харед».

Акнун ӯйи як замон духтари сарватманду бо мошини шахсӣ мегашта сари роҳ нақлиёт мепоиду инҷо модари Рустам писарашро маҷбур дошт, ки «зуд рафта келинамро ёфта биёр!». Ҳол он ки, худи ӯ ҳузури духтараки шаҳриро бо либосҳои доманкӯтоҳ дар аввал намехост ва танҳо дурӯғи бофтаи Сабрина, ки «ман кӯдаки батнамро куҷо мекунам?» ӯро аз рондани арӯси замонавӣ боздошт.

5_arusi-zamonavi_2015.jpg

Ин доғи номро беҳуда Сабрина ба худ начаспонд, чунки дигар роҳи истоданро ғайриимкон медонисту Рустам буд, ки вақте ӯ марди роҳгузареро башаст бо мошин зад, гуноҳро ба гардани худ гирифта, пулу хун доду ҷабрдидаро табобат кард ва Сабринаро аз кашмакаш раҳо. Айни ҳол модараш Сабринаро хуб шинохта буд ва дар ниҳоди ӯ муҳаббати пок доштанаш маҷбураш мекард, ки андешаашро тағйир диҳад. Донист, ки духтари сарватманди шаҳрӣ беҳуда ба душвориҳо тоқат намекардааст.

Рустам сари роҳ мебарояд, то Сабринаро баргардонад. Ҳамин лаҳза дӯстонаш Макс ва Раҳматшоҳ, ки баъди дипломгирӣ дар шаҳр монда буданду Рустам онҷо истодан нахоста, омада буд пеши модар, дидорбинияш омаданд. Онҳо савори мошини худ буданд, ки Макс бо бурдаш аз «Лото-спорт» харидорӣ карда буд. Раҳматшоҳ бошад, инҷо ӯро танҳо нагузошт, чун яке аз дӯстони ҷонияш буд, гарчанде, вақте телефонаш дар дасти Макс буду хешовандонаш занг зада ҳолпурсӣ карданд, Макс «Раҳматшоҳ нест, Раҳматшоҳ мурд» гуфта, онҳоро қариб талхакаф карда буд. То ҷое, ки модару бародараш ҳакосзанон аз роҳи дур расида омаданду писаршонро сиҳат ёфта, чанд мушту шаллоқ ба сари Макс фурӯ рехтанд.

6_arusi-zamonavi_2015.jpg

Баъдан, бо дилёбӣ нишон дода шуд, ки модару бародари Раҳматшоҳ ҳамроҳ бо Максу Рустам сари хону ош нишастанд ва ҳар замон модар номи Максро хато карда, булаҷабона бо лаҳҷаи бадахшӣ мегуфт: «Эй, Марс, Марс, қариб талхакаф кардимо». Ҳоло онҳо якҷо бо модари Рустаму зани ҳамсоя Гулсунбӣ аз мошин бадар мешаванду ҳазломез нидо медиҳанд: «Ана, тӯй мехӯрем!!». Ин ваҷоҳат аз фарҷоми хуши филм дарак медод.

Набиҷон Пирматов, муаллифи сенария, коргардон ва ҳунарманде, ки нақши асосиро дар филм бозӣ кардааст, мегӯяд, ки ҳадаф аз наворбардории ин филм на ба даст овардани фоида, балки як навоварӣ дар синамои тоҷик аст. Ӯ гуфт: “Барои чӣ мо номи филмро “Арӯси замонавӣ” гузоштем? Имрӯз мебинем, ки бисёре аз духтарони хусусан сокини шаҳрҳо ҳарчанд дар Тоҷикистон таваллуд шудаанд, аммо бо забони русӣ ҳарф мезананд. Забони тоҷикиро намедонанд. Мо ҳамин нуктаҳоро дар шакли мазҳака ба тамошобин нишон доданием, то ки онҳо худ хулоса бароранд. Дар ин филм ҳамчунин ҳаёти донишҷӯёни имрӯза низ ба намоиш гузошта шудааст, ки онҳо чӣ либос мепӯшанд, чӣ гуна санҷишу имтиҳонҳояшонро мегиранд?”.

Гуфта шуд, ки барои наворбардории ин филм онҳо аз Ӯзбекистон наворбардоронро даъват карда будаанд.

7_arusi-zamonavi_2015.jpg

Филми “Арӯси замонавӣ” 1,5 соат давомнокӣ дорад. Бархе аз тамошобиноне, ки ҳанӯз эълонҳои нахустнамоиши ин филмро тариқи телевизион дидаанд, мегӯянд, ки шеваи наворбардорӣ ва сужаи филм ба “Супер-келинчак”, филми як замон дар Тоҷикистон пурбинандаи наворбардорони ӯзбек хеле шабоҳат дорад. Аммо Набиҷон мегӯяд, ки «филми «Арӯси замонавӣ» қариб 50-60 фоизаш аз ҳаёти худам аст. Чунки як вақт ман донишҷӯ будам, дар як вақт ҳам кор мекардам, ҳам мехондам. Дигар саҳнаҳоро андак илова кардаму филм сохта, ба аҳолӣ пешкаш намудам».

Ӯ меафзояд, ки «не, не, ин нусхаи «Супер келинчак» нест, монандӣ дорад услубаш ба фикрам, чун шояд аз он, ки наворбардорамонро аз Тошканд даъват кардем, ин назар дар майнаи мардум пайдо шуд. Чун филмҳои тоҷикӣ кам аст, ҳатман фикр пайдо мешавад, ки тақлид кардаанд ё чизи дигар. Мавзӯҳои мушобеҳ зиёданд, филмҳои тоҷикӣ ҳам зиёд шуда истодаанд ва бо бовар метавон гуфт, ки бо сатҳу сифати баланд пешниҳод хоҳанд гашт. Ман худ гарчи ҳуқуқшинос ҳастам, ба ин соҳа майл дорам ва ин филми аввалинам бошад ҳам, умед дорам, ки охирин нахоҳад буд».

Хуб аст, ки дар ин филм ҳунармандони ҳирфаие чун Сарвинисо Қурбонова (бо нақши Санам машҳур аст), Абдулмумин Шарифӣ аз Театри ҷавонон, Ҷӯрахон Шарипов аз гурӯҳи «Шакарханд», Зулфия Содиқова дар нақши Гулсунбӣ ва чанди дигар нақшофарӣ кардаанд. Ба қавли Набиҷон Пирматов, бо онҳо кор кардан дарси ибрату таҷриба аст.

8_arusi-zamonavi_2015.jpg

Бояд гуфт, филми "Арӯси замонавӣ" дар ҳоле ба бозор медарояд, ки саноати филмсозии Тоҷикистон баъди солиёни рукуд, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар дучор шуд, дар солҳои охир кам-кам қоматашро рост мекунад. Аммо, ҳарчанд аз нигоҳи шумора филмбардорӣ дар Тоҷикистон бештар шудааст, вале ба гуфтаи коршиносон, филмҳои тоҷикӣ аз нигоҳи сифати наворбардорӣ ва мӯҳтавояшон ҳанӯз нуқсон доранд. Худи коргардонҳо чунин сурати ҳолро ба камбуди сармоягузорӣ ба ин соҳа рабт медиҳанд ва мегӯянд, ки онҳо барои таҳияи як филм пулеро сарф мекунанд, ки дар як филми Ҳолливуд барои рӯи навор овардани ҳамагӣ чанд сонияи як филм сарф мешавад. Бовуҷуд, таваҷҷӯҳи насли ҷавон ба ин бахш дар Тоҷикистон умедворкунанда аст.

Ҳунармандони ҷавон Зулайхо Маҳмадшоева ва Ҷонибек Муродов, ки баъдӣ чун намояндаи “GM production” барои сарпарастӣҷоиза низ гирифт, ҷонибдори андешае ҳастанд, ки ҷавонони синамогари мо дар ин бахш дидгоҳи хоса пайдо кардаанд. Муҳимтар аз ҳама, ҳамкории онҳо бо овозхонҳост, ки филмҳоро рангинтар мекунад. Бахусус дар лаҳзаҳое аз ин филм чанд суруди баландмазмун садо дод, ки пуракунанда буданд. Бахусус порае аз суруди «Айё шодоб соҳилҳо» дар иҷрои Ҷӯрабек Мурод бо ҳамовозии фарзанду шогирди ҷавонаш.

Макс Қосимов, ки акнун аз ровигии радиои «Ватан» кам-кам ба олами синамо рӯ овардааст, мегӯяд: «Нақше, ки барои ман пешниҳод карданд, як нақши шавқовар буд. Ин сеюм филм аст, ки ман даъват мешавам. Дуйи аввалро рад кардам. Чун дидам, ки таваҷҷӯҳ ҳаст, барои иҷрои нақш дар ин филм розӣ шудам. Зеро, фикр мекунам, ки аз хурдсолӣ каме истеъдод доштам. Нафаре гуфтааст, ки «барои ҳунарманд шудан бояд аз модар боистеъдод таваллуд шавӣ». Фикр мекунам, ки ин чиз дар ман каме ҳаст. Нақши донишҷӯи хеле бепарворо ман бозӣ кардам, то андозае муваффақ шудам ва фикр мекунам, ки ба мардум писанд омад. Ният дорем, ки дар оянда идомаи ин филмро ба навор бигирему филмҳои дигарро низ».

Ба андешаи яке аз тамошобинони филм Муясара Сафарова, ки ӯро набераи тақрибан 16-солааш Нигина ҳамроҳӣ мекард, «мавзӯъ ва сенарияи филм олӣ буд, наворбардории аҷоиб, ҳар як сужа диққатҷалбкунанда. Хубтар аз ҳама чӣ, ана набераи ман Нигинабону, барои инҳо дарс, бигузор тоҷикиро омӯзанд. Хушдоманро ҳурмат бояд кард. Агар дӯст медорӣ, ба ҳама чиз тоқат мекунӣ, он гоҳ хушбахт мешавӣ. Хоса маркази Тоҷикистон - шаҳри Душанбеямонро, манзараҳои зебои деҳотро хеле хуб нишон додаанд, қанд зананд!»

Зулолаи НУР, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi