«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-14
Ба назари Хеш меваи муҳаббат ворасонидӣ. Акнун сазад, ки самуми макр аз он боздорӣ ва биное, ки Худ сохтаӣ, ба гуноҳи мо хароб накунӣ. Худоё, Ту заифонро паноҳӣ, қосидонро бар сари роҳӣ ва виҷдонро гувоҳӣ, чӣ бошад, ки афзоиву накоҳӣ.
Ғазал:
Қиблагоҳам дари сарои Ту бод.
Сурмаи дидаи ҷаҳонбинам
То бувад, гарди хоки пойи Ту бод.
Гар ҳама раъйи Ту фанои ман аст.
Кори ман бар муроди рои Ту бод.
Шуд дилам зарравор дар ҳавасат,
Дилам ин зарра дар ҳавои Ту бод.
Илоҳо, Ту они, ки аз иҳотати авҳом берунӣ ва аз идроки уқул (ақлҳо) масунӣ, мудраки уюнӣ, корсози ҳар мафтунӣ ва шодсози ҳар маҳзунӣ. Дар ҳукм бечаро ва дар зот бечанд ва дар сифот бечунӣ.
Рубой:
То лолаи сурху лӯълӯи макнунӣ,
Ман Маҷнунам, ту Лаӣлии Маҷнунӣ.
Ту муштариёни бобизоат дорӣ,
Бо муштариёни бебизоат чунӣ?
Илоҳо, пасиби ин бечора аз ин кор ҳама дард аст. Муборак бод, ки маро ин ҳама дард дархӯрд аст. Бечора он кас, ки аз ин дард фард аст. Ҳаққо, ки ҳар кас бад-ин дард нанозад, ноҷавонмард аст.
Рубой:
Май гиря ба ханда дарҳамепайвандам,
Пинҳон гирям, ба ошкоро хандам.
Эй дӯст, гумон мабар, ки ман хурсандам,
Огоҳ паӣ, ки чун ниёзмандам.
Илоҳо. дар дили дӯстони Ту нури иноят пайдост ва ҷонҳо дар орзуи висоли Ту ҳайрону шайдост. Чун Ту мавлоӣ кирост? Ва чун Ту дӯст куҷост?
Илоҳо, ҳар чӣ додӣ, нишон асту ойини фардост ва он чӣ ёфтем, пайғом асту хилъати барҷост. Худоё, нишонат беқарории дилу ғорати ҷон аст ва хильати висол дар мушоҳидаи ҷалол.
Рубой:
Рӯзе, ки cap аз парда бурун хоҳӣ кард,
Донам, ки замонаро забун хоҳӣ кард.
Гар зебу ҷамол аз ин фузун хоҳӣ кард,
Ё Раб, чӣҷигарҳост, ки хун хоҳӣ кард.
Эй Худованде, ки фалак ва малакро нигоҳдоранда Туӣ, эй Бузурге, ки аз моҳ то моҳӣ доранда Туӣ, эй Кариме, ки дуоро ниюшанда Туӣ ва ҷафоро пӯшанда Туӣ, эй Латифе, ки аторо диҳанда Туӣ ва хаторо бардоранда Туӣ. Эй Яктое, ки дар сифати ҷалолу ҷамол поянда Туӣ, осиёнро шӯянда Туӣ ва толибонро ҷӯянда Туӣ.
Рубоӣ:
Бинмой раҳе, ки раҳнамоянда Туӣ,
Бикшой даре, ки даркушоянда Туӣ.
Зангори ғамон гирифт даври дили ман.
Биздой, ки занги дил зудоянда Туӣ.
Илоҳо, дар зот беназирӣ, дар сифот бемонандӣ ва гунаҳкоронро омурзгорӣ ва эшонро роздорӣ. Зебосунъ ва ширингуфторӣ. Донои розҳо. Олими асрору маъюбонро ҳаридорӣ. Дармондаро дастгиру бечораро дастиёрӣ.
Рубой:
Эй мӯниси дида, бо замирам ёри,
Андар дили ман нишастаӣ, бедорӣ.
Гар бо дигаре қарор гирад дили ман.
Аз ҷони худаш мабод бархурдорӣ.
Илoҳo, нолидани ман дар дард аз бими заволи он аст. Ӯ, ки аз захми дӯст бинолад, дар меҳри дӯст номард аст. Эй ҷавон, агар захраи ин кор дорӣ, қасди роҳ кун ва шарбати бало нӯш кун ва дӯст(ро) бар он гувоҳ, дор, агарна офият ба ноз дор ва сухан кӯтох кун.
Илоҳо, он гуpyҳpo бар сари кӯи бало овардӣ ва балоҳову мусибатҳоро ба эшон намудӣ. Ин як гурӯҳ ҳазор қисм шуданд. Ҳама рӯй аз бало бигардониданд, магар як гурӯҳи андак, ки рӯйгардон нашуданд ва ошиқвор cap ба кӯи бало дарниҳоданд ва аз бало наяндешиданду гуфтанд: моро ҳамон давлат бас, ки мутаҳаммили андӯҳи Ту гаштем ва ғами балои Ту хӯрдем ва як-як ба забони ҳол мегуфтанд:
Газал:
Ман кӣ бошам, ки ба тан рахти вафои Ту кашам,
Дида ҳаммол кунам, бори ҷафои Ту кашам.
Гар Ту бар ман ба тану ҷону диле ҳукм кунӣ,
Ҳар серо рақскyнон пеши ҳавои Ту кашам.
Илохо, эй ёдгори ҷонҳо ва ёдриштаи дилҳо, ба фазли Худ моро шод кун ва ба ёди лутфе моро шод кун.
Илоҳо, Ту ба ёди Худиву ман ба ёди Ту. Ту бар хости Худиву ман бар ниҳоди Ту.
Ғазал:
Сари сарварон бастаи доми Ту,
Дили дилбарон дафтари номи Ту.
Ба як дам дусад ҷонӣ озодро
Кунад банда як дона аз доми Ту.
Басо ақли осудадилро, ки кард
Саросема як қатра аз ҷоми Ту.
Илоҳо, зикри Ту баҳраи муштоқ аст ва рӯшноии дидаву давлати ҷон ва ойини ҷаҳон як зарра фузудан ба дӯстӣ аз ду ҷаҳон аст. Як лаҳза бо дӯст хуштар аз ҷон аст. Як нафас бо дӯст мулки ҷовидон аст. Азиз он банда, ки сазовори он аст. Ин чӣ кор аст, ки беному нишон аст. Шуғли банда асту аз банда ниҳон аст. Рафиқе аз он бетоқат ва ба он ёзон аст. Ва ӯ, ки толиби он аст, дар миёни оташ нозон аст.
Назм:
Ар дастат аз оташ бувад,
Моро зи гул мафраш бувад,
Ҳар-ч аз Ту ояд, х(в)аш бувад.
Хоҳӣ шифо, хоҳи алам.
(давом дорад)