17:50:26 03-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Қаҳҳори Осӣ дар Тоҷикистон: Аз «Дили ман» то «Порсӣ»

Агарчи дар Тоҷикистон китоби алоҳидае аз ашъори шоири шинохтаи АфғонистонҚаҳҳори Осӣ ба табъ нарасида бошад ҳам, вале бо намунаҳои эҷодиётиӯ алоқамандони шеър ба хусус, аз табақаи эҷодкорону зиёиён то андозае шинос ҳастанд. Ин шиносоӣ асосан тавассути таронаҳои овозхонҳои маъруф Фарҳоди Дарё, Сиддиқи Шабоб ва ба хусус ду маҷмӯаи дастҷамъие рух додааст, ки ҳарду ҳам соли 2005 дар Душанбе бо ҳуруфи сирилик чоп шудаанд.

 01.qahhori-osi 111

Яке аз ин маҷмӯъаҳо «Як сарзамин муҳаббат» ном дорад ва мураттибони он Шоири Халқии Тоҷикистон Низом Қосим ва шоири маъруфи АфғонистонҲоруни Роъун мебошанд. Дар ин маҷмӯъа муаллифон дар баробари овардани намунаи ашъори тақрибан 150 шоири муосири Афғонистон се шеъри Қаҳхори Осиро низ пешкаши дӯстдорони назми ноб кардаанд. Инҳо шеърҳои «Дили ман», «Боғ» ва «Модар» мебошанд.

Воқеан, акси Қаҳҳори Осӣ ва чанд ҷумлае аз шарҳиҳолаш аввалин бор дар Тоҷикистон дар ҳамин китоб чоп шудаанд. Китоби дуввум, ки дар он се ғазал ва ду рубоии Қаҳҳори Осӣ ба табъ расидааст, «Баёзи меҳр» ном дорад ва дар он асосан намунаҳои шеъри тоҷикӣ-форсӣ-дарии садаи 20-и тақрибан 150 шоири Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Покистон гирд оварда шудаанд.

Албатта онҳое, ки бо хатти форсӣ балад ҳастанду ба интернет дастрасӣ доранд, метавонанд аз файзи ашъори ин шоири тавоно, вале дар айни ҷӯшу хурӯши эҷодӣ ба шаҳодатрасида, тавассути сайтҳо ва шабакаҳои зиёди иҷтимоӣ баҳраманд шаванд. Аммо теъдоди нафароне, ки ҳам хатти ниёгонро донанду ҳам ба шабакаҳои байналмилалӣ дастрасӣ дошта бошанд, мутаассифона, ба он андозае, ки дил мехоҳад, ҳанӯз нест.

safar-abdullo 544554

Ба ҳарҳол мо бо чанд нафар аз олимон ва донишмандоне, ки ба назари мо, бо аҳвол ва осори Қаҳори Осӣ беш аз дигарон ошноӣ доштанд, ҳамсуҳбат шудем. Яке аз онҳо доктор Сафар Абдуллоҳ, олими адабиётшиноси тоҷик мебошад, ки феълан дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар муҳоҷират зиндагонӣ мекунад ва сармуҳарририи маҷаллаи маъруфи адабӣ-илмӣ ва фарҳангии «Эроннома»-ро ба забони русӣ ба уҳда дорад.

Доктор Абдуллоҳ сухани хешро дар бораи Қаҳҳори Осӣ бо қироати ин ғазали ноби шоир шуруъ кард:

Ба кадом дил аз ин ҷо ба мусофират бароям,

Ки дар ин ҷазираи хун рагу реша карда поям.

Ману гуфтугуй аз боғу ҷиноби рудхона,

Ки даричае бад он суй, агар шавад гушоям.

Дили тобноку гарме, ки шукуфта аз даҳонам,

Суханест аз гудозу ғазалест аз азоям

Ману қисмати сиёҳе, зӣ харобаҳои ин ҷо

Ману арғунуни дардам, ману талхии садоям.

Ҳама суй лутфи овозкашидан оварида

Ҳама чиз боби фарёдзадан шуда бароям

Қафаси ҳазор булбул, бишикаста дар гулӯям,

Нафаси ҳазор Маҷнун, бинишаста дар навоям.

Ва гуфт: «Вақте аз Абдулқаҳори Осӣ, шоири дарду армонҳои миллати бахтбаргашта ва гарданфарозамон, меандешам, пеш аз ҳама ҳамин шеъри ӯ ва дубайтиҳои зебояш ба ёдам меояд. Шояд аз он сабаб бошад, ки шеъри ӯ аз матни зиндагии мардум гирифта шуда аст ва кам шоъирест, ки тавонад бо чунин эҳсос ва ъотифа ва зебойӣ андешаҳояшро шоирона таҷассум бикунад. Абдулқаҳори Осӣ, мутаассифона дар айни парвоз ва авҷи офаридгорӣ кушта шуд ва дареғо, ки бо марги ӯ шеъри порсизабонон яке аз сутунҳои устувори худро аз даст дод.

01.qahhori-osi farhodi-dary

Ӯ дар муддати бисёр кутоҳе, яъне ҳудуди 10 то11 соли шоирӣ тавонист дар анвоъу ақсоми шеъри порсӣ табъозмойӣ кунад ва нақши муассире дар адабиёти порсии дарӣ бигзорад». Аз ин олими шинохта дар бораи вижагиҳои шеъри Қаҳҳори Осӣ мепурсам. Дар посухам мегӯяд: Чанд вежагие дар шеъри Қаҳори Осӣ буд,ки дар шеъри дигар шоирони муъосири ӯ камтар ба назар мерасад. Аввалан,ӯ соҳиби забони вежаи шоиронае буд,ки омезае аз забони омиёнаи мардумӣ ва забони адабиёти классики порсӣ ва забони шеъри нав буд…

Ӯ пас аз устод Восифи Бохтарӣ бузургтарин шоири муъосири Афғонистон буд, ки ҳам дар гуфтани анвоъу ақсоми шеъри классик ,ба вежа рубоъӣ ва дубайтӣ дастовардҳои бузург дошт, балки дар офаридани шеъри нав ва ё ба истилоҳ шеъри нимойӣ низ камназир буд. Ба назари ман аз ин ҷиҳат шабоҳатҳое ба устоди зиндаёд ,Лоиқ Шеръалӣ дошт.

Таронаҳо ва дубайтиҳояш шабеҳи таронаҳои мардумӣ буд ва аз ин ру дар миёни мардуми порсизабони Афғонистон бисёр маъруф ва машҳур буд. Боре гуфта буд,ки «Садои рехтани барги сапедори боғу рӯдхонаи наздики маҳаллаамон аз ҳамон замон дар рагҳоям ҷорӣ аст ва талхиҳо, захмҳо ва бедодҳои рӯзгор маро шоъир кард» Шеъри Қаҳори Осӣ шеъри ишқ аст ва шеъри исён аст!».

Ман аз доктор Сафар Абдуллоҳ боз мепурсам, ки ашъори Қаҳҳори Осӣ бо мазмуну мундариҷаи худ бештар ба шеърҳои кадом шоири тоҷик қаробат доранд. Ӯ дар ин маврид мегӯяд: «Шеъри Қаҳори Осӣ мисли шеъри дафтари «Фарёди Бефарёдрас»-и устод Лоиқ Шеръалӣ ба наҳве таърих аст. Воқеъияти он рӯзҳои сангинро аз шеъри чунин шоирон бояд омухт. Инҳо шоироне буданд, ки ҳамвора дарди мардумро гуфтанд, бо садои мардум ҳамнаво шуданд. Ҳеч руйдоде чашмгире дар кишвар набуда, ки Қаҳҳори Осӣ ба он вокуниш надошта бошад. Ӯ гуфта буд: « Ман аз бесаранҷомии мардумоне дард кашидаам, ки ҳаюлое аз чаҳор су пушту гӯшташонро медарад. Ман аз бедоди дастоне ба фарёд омадаам, ки бечоратаринонро дар хок мекашанд….».

azam-quqanov 454455

Аъзами Қӯқаншоҳ, рӯзноманигори тоҷикҚаҳҳор Осиро яке аз шоирони тавоно ва сермаҳсули авохири қарни 20-уми Афғонистон медонад, ки ашъораш тамоми ҷанбаҳои зиндагиро дар бар гирифтааст. Аз худ низ мероси пурбаҳоеро боқӣ гузоштааст. Ба ақидаи ӯ навиштаҳои Қаҳҳори Осӣ, ки ба вазъи сиёсиву иҷтимоии Афғонистон бахшида шудаанд, ҷойгоҳи хосеро доранд. Шеър-достони “Яли Кечкан ва Аждаҳои ҷаҳаннам”, шеърҳои “Ману ғурбат”, “Порсӣ” чандини дигарро метавон мисол овард, ки саршор аз васфи қаҳрмониву ҷавонмардиву муҳаббат ба Ватан ва миллат мебошанд, мегӯяд ӯ.

“Яли Кечкан ва Аждаҳои ҷаҳаннам” ба корномаи мардуми Панҷшер, ки дар раъси онҳо Аҳмадшоҳи шаҳид меистод, бахшида шудааст. Ғазалҳои ошиқонаи зебое низ суруда ва гоҳо дар шеърҳояш омехтагии ҳамосӣ ва ғазал ба ҳам дида мешавад, ки ин хоси худи Осӣ аст. “Аждаҳои ҷаҳаннам” тамсили Шӯравии собиқ мебошад ва Яли Кечкан тимсоли қаҳрамон Аҳмадшоҳ ва садҳо муҷоҳиди далери ин кишвар аст.

Аъзамшоҳҳам аз он ибрози таассуф мекунад, ки дар Тоҷикистон на ҳама ба навиштаҳои ноби шоири фақид, Осӣ дастрасӣ доранд. Далели асосияш ноошно будан ба хати порсӣ, ки наздик ба сад сол аст аз мардуми тоҷик бо зӯр гирифта шудааст, муътақид аст ӯ. Ба гуфтаи ӯ бо ду ҳарф наметавон тамоми зиндагӣ ва эҷодиёти ӯро баён намуд, зеро зиндагии шоир, шаҳодати шоир ва ҳар як шеъри эҷодиёти шоир таърихест, ки барои тафсири он китобе чанд навиштан ҳам кам аст.

Баҳоре, ки гузашт, дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, озмуни байналмилалии телевизионии овозхонҳо таҳти унвони «Ҷило» баргузор гардид, ки дар он овозхонҳои маъруфи Афғонистон аз қабили Фарҳоди Дарё, Сиддиқи Шаббоб ширкат доштанд. Дар ин озмун аз сӯи бархе аз зиёиёни тоҷику афғон ғояе пешниҳод шуд, ки дар оянда таронаеро ба ҳайси гимни забони форсӣқабул намоянд. Таронаи бар матни Қаҳҳори Осӣ хондаи Сиддиқи Шаббоб «Порсӣ» дар қатори яке аз довталабони асосии гирифтани ин унвон ном бурда шуд.

Султони Ҳамад, рӯзноманигори тоҷик



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi