09:31:55 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қиссаҳо аз рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ - 5

ҚАТРАЕ АЗ ОБИ БИНӢ

abdurahman jami 124578Мавлоно Алии Сурх аз ходимони Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ буд. Рӯзе дар китобхонаи мадраса давоти шангарф дар пеш доштанд ва ба сурхӣ чизе менавиштанд. Мавлоно Алии Сурх ба Мавлоно Ҷомӣ  гуфт:

– Ин шангарф беранг аст. Агар фармоед, биравам ва шангарфи рангин пайдо кунам.

– Мавлоно Ҷомӣ фармуданд:

– Ҳоҷат ба ин нест. Ту қатрае аз оби бинии худ дар ин давот чакон, то сурх шавад.

АЗ МО СИХУ АЗ ТУ ҚАТРА

Мавлоно Алии Сурх ҳар рӯз як-ду бор ба шаҳр омадӣ ва такудави бисёр кардӣ. Рузе пеши Мавлоно Ҷомӣ нишаста буд. Ӯро гуфтанд:

–Ду-се қатра об бар сиёҳии давот (рангдон) рез. Ӯ қатраҳо ба давот мечаконид. Дар он маҳал ба Мавлоно Ҷомӣ гуфт:

Ман ин қатраҳо мечаконам, Шумо бо сихе онро мешӯронед.

Мавлоно Ҷомӣ фармуданд:

– Неку бошад, аз мо сиху аз ту қатра.

ТАШБЕҲИ МУНОСИБ

Мавлоно Соғарӣ риши дароз  дошт. Рӯзе дар сари Хиёбон бар канори Ҷӯйинав бо фарзанди ҳафтсолаи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ–Хоҷа Зиёвуддин Юсуф истода буд ва дар он ҷӯй касе асп мешуст ва даст дар соғрӣ ва думи ӯ мекашид. Мавлоно Соғарӣ аз Зиёвуддин Юсуф пурсид:

– Соғрӣ ва думи асп ба чӣ монад?

Хоҷа фармуд:

– Соғрии ӯ ба рӯйи Соғарӣ ва думи ӯ ба риши Соғарӣ .          

ҶАВОБИ МУНОСИБ

Ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ ҳангоми сафари Ҳиҷоз ба Симнон расиданд, роҳдорон ва боҷгирон қофилаи эшонро басе ташвиш доданд, ки шумо баъзе молу ашёро аз мо пинҳон кардаед. Мо шалворҳои шуморо мекобем. Аҳли қофила эътироз баён карданд, аммо Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ аз руйи зарофат фармуданд:

– Боке нест, ҳарчӣ дар шалворҳои мо биёбед, аз они шумо. 

МАСЛИҲАТИ МУФИД

Марди бахиле, ки даъвои зарофат мекард, рӯзе пеши Мавлоно Ҷомӣ нишаста буду аз рӯйи зарофат мегуфт:

 – Се танга дорам, мехоҳам, ки ба он чизе бихарам ва аз он чандон бихӯрам, ки сер шавам ва он чи боқӣ монад, бифурӯшам ва ҳамон се танга ҳосил кунам.

Ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ фармуданд:

– Ба қассобхона рав, шиканбае ба се танга бихар ва он чи даруни ӯст, бихӯр ва шиканбаро ба се танга бифрӯш.                

МИР ДАР КАДОМ ГӮР ХОҲАД ХУСПИД?

Амир Алишери Навоӣ барои худ чанд ҷо гӯрхона таъйин  карда буд. Аввал, дар надикии равзаи муқаддасаи Разавия, дувум, дар мазори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, севум, дар мазори Мавлоно Саъидиддини Кошғарӣ, чаҳорум, дар паҳлуи масҷиди ҷомеъ, ки худ сохта буд.

Ин хабар ба устоди ӯ– Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ расонданд ва он мавзеъҳоро шумурданд. Эшон аз руйи  шӯхӣ фармуданд:

–Мир Алишер дар кадом гӯр хоҳад хуспид?        

ҚИССАИ МАВЛОНО ҶОМӢ ВА ҚОЗИЗОДАИ СИСТОНӢ

Ҳар рӯзи ҷумъа шогирдон ва наздикони Мавлоно Ҷомӣ ашъори дар муддати як ҳафта гуфтаи худро барои ислоҳ назди вай оварда, аз назараш мегузаронданд ва ҷиҳатҳои неку бади онро аз забони устод шунида, ба такмилаш мекӯшиданд. Ин гуна маҷлисҳо, ки бедабдабаи зиёд, бо самимият, шеъру мусиқӣ ва бозии шатранҷу нард мегузашт, бо ҳарифонахӯрӣ, гаштак ва зиёфат омехта буда, гоҳе дар манзили Мавлоно Ҷомӣ, гоҳе дар ҳавлии ягон шогирди ӯ, баъзан дар гӯшаи хонақоҳе баргузор мегашт. Имрӯз мувофиқи ваъда шогирдон бояд дар ҳавлии устод ҷамъ меомаданд.

Оҳиста-оҳиста бегоҳ мешуд. Мавлоно Ҷомӣ давоту қалам, ҷузвгиру мистар ва коғазу қаламтарошро аз болои миз ғундошта, ба токча гузошт ва хост аз хона баромада дар беруни дарвоза меҳмононро истиқбол намояд. Ӯ ба тарафи дар қадам гузошта, аз паси дар асоро ба даст гирифт. Вай, ки дар нишастухез, гуфтушунид ва хӯроку пӯшок аз хидматгорон фарқ намекард, ҳозир ҳам бисёр одӣ ва хоксор менамуд. Қомати баланд, чеҳраи сабзинаи камгӯшт, риши кӯтоҳи мобайнаш тунук, ҷомаи пахтагин, ки аз болояш бо фӯта миёнро баста буд, саллаи хурд ва асои ҷавбеде, ки ду ваҷаб аз сараш баланд буд, ӯро ба хидматгоре монанд мекард. На ҳар кас пай мебурд, ки дар ин либоси одӣ бузургтарин инсон ва донишманду шоири аср аст. Мавлоно Ҷомӣ бо ин қиёфа аз дари ҳуҷра ба ҳавлӣ ва аз он ҷо ба кӯча баромад. Беруни дарвозаро ҳам гулбуттаҳо ва рустаниҳои хушбӯй зеб медоданд. Дар ду тарафи дарвоза кодокҳои гилин барои нишастан сохта шуда буд.

Мавлоно Ҷомӣ дид, ки дар кодоки тарафи чап ҷавоне пойҳояшро овезон карда нишастааст: ин ҷавон писари қозии Систон буд, ки барои дидани ӯ омада буд. Вай худ ба худ сухан мегуфт: «Аз роғи дарвоза нигоҳ кардам: аҷаб ҳавлии озодае доштаанд Мавлоно Ҷомӣ. Ин ҷояш ҳам бад не. Накҳати гулу раёҳин касро маст мекунад. Мурғи бахт имрӯз ба сари камина нишаст. Бо бузургтарин марди замон мулоқот мекунам».

Чашми ҷавон ба Мавлоно Ҷомӣ афтод. Вай гумон кард, ки ин мард ошпаз, ҳезумкаш ва ё ягон хидматгори одии эшон аст. Дар ҳамон вазъи нишастааш ба Ҷомӣ рӯй овард:

– Эй бобо, ҳазрати Мулло дар хона ҳастанд?

– То ин замон дар хона буданд, – Ҷомӣ бо табассум ҷавоб дод.

– Қозизода оташин шуд ва аз дил гузаронд: «Аҷаб, дар хонаи ин навъ азизон чӣ касоне хизмат мекунанд. Ҳам ба саволи мардум ҷавоб намедиҳанд ва ҳам механданд». Ба Ҷомӣ муроҷиат карда супориш дод:

–Эй гӯли гаранг, рафта ба ҳазрати Мулло гӯй, ки писари қозии Систон омадааст ва мехоҳад ба мулозиматашон шарафёб гардад.

Мавлоно Ҷомӣ боз табассум кард. Қозизода дар ғазаб шуда:

– Ин хандаи шумо чӣ бало зебандааст, – гуфт.

Аз поён як даста адибон, ромишгарон ва калоншавандагони Ҳирот савора омаданд, ки дар байни онҳо Биноӣ, Султоналӣ, Баёнӣ, Ҳотифӣ, Хоҷа Масъуди Туркман, Суҳайлӣ, Осафӣ, Ҳофизи Басир, Сайидаҳмади Ғижжакӣ, Ахӣ, Амир Атоуллоҳ ҳам буданд. Баъди салому алайк ва пурсупос ҳама бо даъвати Ҷомӣ ба меҳмонхона даромаданд. Қозизода ҳам даромада дар гӯшае ҷой гирифт ва аз муносибати мардум бо ин хизматгор ҳайрон буд: чаро ба як хизматгор ин қадар эҳтиром мекарда бошанд.

Мавлавӣ Ҷомӣ дар пойгаҳи дар нишаст. Ҳама ба хайрияти қадам «омин» гӯён даст ба рӯ кашиданд. Фурсате гузашту дастархон густурданд. Дар болои он нону ҳалво, мева, дӯғу гулоб гузоштанд.

Қозизода аз ғояти ноаёнӣ дар байни асҳоб Ҷомиро наёфта бетоқат шуд ва ба каси дар паҳлуяш нишаста, ки Амир Атоуллоҳ, мударриси мадрасаи Навоӣ буд, оҳиста савол дод:

– Магар ҳазрати Муллоро касе хабар накард, ки азизон мунтазири мулоқотанд?

Мир Атоуллоҳ ба ҷойи ҷавоб ба саволи Қозизода бо савол пурсид:

– Махдум, магар шумо аз ин шаҳр нестед?

– Не, ман дар Ҳирот бори аввал.

–Ҳазрати Мавлавӣ он аст, ки дар кафшгоҳ нишаста,– ва Мир Атоуллоҳ ба он тарафе, ки Ҷомӣ нишаста буд, ишорат кард.

Қозизода ба Ҷомӣ нигариста, ӯро бо назари озмоиш таҳқиқ кард. Ба назараш ин пирамард касе буд, ки ҳаргиз сиёҳро аз сафед фарқ намекунад. Вай аз Мир Атоуллоҳ пурсид:

– Шумо шӯхӣ мекунед, ё рост мегӯед?

– Чаро шӯхӣ мекардаем?

Эй ёрон, эй азизон… – ин дам ба гап сар кард Ҷомӣ.

Қозизода ҷаҳида аз ҷой хест ва тирвор худро аз дар берун кард.

–Зинҳор намонед, ки ӯ гурезад! – Ҷомӣ саросема ба ҳозирон рӯ овард. Чанд нафар аз пайи Қозизода тохтанд. Мавлоно Ҷомӣ воқеаро ба ҳозирон нақл кард. Ҳама бо завқ хандиданд.

Вақте ки Қозизодаро оварданд, вай лаб ба илтиҷо кушод:

–Аз барои Худо, маро ба ҳоли худ гузоред. «Ал-ғарибу ка-л-аъмо», ғариб монанди кӯр аст.

–Боке надорад, ба ростӣ, то ҳол мо аз суҳбати касе ин қадар лаззат набурда будем, – гуфт Ҷомӣ ба меҳрубонӣ.

Сабаби ба хонаи Ҷомӣ омадани Қозизода ин буд: Мавлоно Наҳвии Ҳиравӣ, ки ба Систон рафта, аз мардуми он ҷойҳо илтифоте надида буд, аҳолии он вилоятро ҳаҷв кард, ки зуд дар ҳама ҷо паҳн гардид. Ин чанд байт аз он ҳаҷвия аст:

Саргаштатар зи ахтарам аз гардиши фалак,

Толеъ мадад намекунаду бахт ҳеҷ як.

Афтодаам ба хиттаи вайронае, ки ҳаст

Бодаш самуми оташеву хоки ӯ намак.

Ҳар сӯ бар ӯ равӣ, ба раҳ дузд дар камин,

Бар қасди ҷон нишаста чу бемории лакак.

Қозизода инро шунида, ба Мавлоно Наҳвӣ ҷавоб навишт, ки ин байт низ дар он буд:

Гар айби хоки Сиистон кунад касе,

Дарё палид менашавад аз даҳони саг.

Мавлоно Ҷомӣ таърифи ин ҷавонро шунавида, хоҳиши мулоқот карда буд. Қозизода аз рӯйи он даъват ба даргоҳи Ҷомӣ омад. Чун ин воқеаро Ҷомӣ ба хотир меовард, ба берун нигоҳ кард.

Дар ин вақт Алишери Навоӣ омад. Ҳама аз ҷо хеста ӯро истиқбол карданд. Навоӣ барои таърихи худ аз устодаш маъзаратпурсон бо ӯ оғӯш кушода вохӯрӣ кард. Бо таклифи ҳама ӯ аз пешгоҳ ҷо гирифт.

– Аҳли завқ ва аҳли ҳунар ҳама дар ин ҷову мо пойбанди гирудори зиндагонӣ ва сарсону саргардони кӯчаи пушаймонӣ, кас дақиқае фурсат намеёбад, ки нафаси беғам кашад…– гуфт ӯ баъди фотиҳа.

Дар ин вақт чашми ӯ ба Қозизода афтод, ӯро махсус пурсупос кард.

Аз китоби «Абдурраҳмони Ҷомӣ»-и Аълохон Афсаҳзод 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi