13:19:43 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Гуфтугӯе роҷеъ ба робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон

Сиюми октябри соли 2014 дар толори маҷлисҳои Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон роҷеъ ба робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар марҳилаи ҳозира гуфтугӯе баргузор гардид, ки дар он аъзои ин ниҳоди адибони Тоҷикистон ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва Ройзании фарҳангии Эрон дар Душанбе ширкат карданд. Ин ҳамоишро Мирзо Шакурӣ, мудири бахши Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ҳусни матлаъ бахшид.

2-tajikistan-iran 89564Доктор Мирзо Муллоаҳмадов, мудири шуъбаи Институти шарқшиносӣ, забон, адабиёт ва мероси хаттии АИ ҶТ «Дар бораи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон» маърӯзаи пурмуҳтавое ироа намуд. Ӯ бо муруре ба таърихи ин равобит мушаххасан аз заҳмати Малеҳои Самарқандӣ ёдовар шуд, ки баъди сафари сесола ба Эрон тазкирае навишт, ки дар он маълумоти муфассале дар бораи 58 адиби Эрон овардааст. Ба гуфтаи ӯ ин маълумотест, ки дар ягон сарчашмаи дигар пайдо кардани он ғайриимкон аст. Баъдтар ҳамин амалро Мирзо Сироҷ Ҳакими Бухороӣ анҷом додааст.

Дар асри 20 агарчи робитаҳои мустақим барҳам хӯрда бошанд ҳам, вале робитаҳои фарҳанги ҳамоно идома доштанд. Ба хусус, дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба фарҳангу адабиёти Эрон хеле зиёд буд. Хонандаи тоҷик бо осори Эраҷ Мирзову Маликушшуъаро Баҳор, Парвини Эътисомиву Фурӯғи Фаррухзод, Ҳушанг Ибтиҳоҷ Сояву Нодири Нодирпур, Сиёвуши Касроиву Маҳдӣ Ахавони Солис, Саид Нафисиву Бузург Алавӣ, Содиқ Ҳидояту Муҳаммад Алии Ҷамолзода, Содиқ Чӯбаку Симини Беҳбаҳонӣ ва дигарон ошно буданд.

Осори аксари онҳо ба шакли китобҳои ҷудогона ва ё маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ амсоли «Пайванд», «Амвоҷи Корун», «Ҳикояҳои нависандагони Эрон» ба табъ расидаанд. Дар Эрон низ осори як гуруҳ адибони тоҷик чун Садриддин Айнӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Убайд Раҷаб, Мавҷуда Ҳакимова, Мӯмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Бозор Собир, Гулназар, Муҳаммадзамони Солеҳ ва ғайра ба табъ расидаанд.

Инқилоби исломии Эрон ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон марҳилаи тозаеро дар робитаҳои фарҳангиву адабии ду халқи ҳамзабон боз намуд. Таъсиси сафоратхона ва ройзании ҶИЭ дар Тоҷикистон ва сафоратхонаи Тоҷикистон дар Эрон ба рушду густариши ин равобит мусоидат намуданд. Ба хусус ташкили чопхонаи «Пайванд» ва фурӯшгоҳҳои «Ал-Ҳудо»-ву «Суруш» дар Душанбе ошноии хонандагони тоҷикро бо адабиёти фарҳанги Эрон бештар намуд. Дар ин давра осори адибони зиёди эронӣ дастраси хонандаи тоҷик гардид. Хонандаи тоҷик имкон пайдо кард, ки осори адибони эрониро на танҳо бо ҳуруфи кириллӣ, балки акнун дар асл, бо ҳуруфи ниёгон низ бихонанд.

6-tajikistan-iran 89564Сафарҳои зиёди адибон ва ҳунарпешагон ба кишварҳои ҳамдигар, ташкили ҳамоишу маҳфилҳои муштараки илмиву адабӣ, ширкат дар намоишгоҳҳои байналмилалии китоби Теҳрону Душанбе ва дигар ҳамоишу озмунҳо боиси ривоҷу равнақи ҳамкориҳо ва равобити дутарафа гардиданд. Дар ин давра дар ҶИЭ низ таваҷҷуҳ ба адабиёти тоҷик хеле меафзояд. Нашриётҳои гуногуни давлативу хусусӣ ба нашри осори адибони тоҷик пардохтанд. Дар маҷаллаву рӯзномаҳо осори адибони тоҷик бештар ба табъ мерасанд. Масалан маҷаллаи бонуфи Эрон «Бухоро» сардабираш Алӣ Деҳбошӣ дар ҳар шуморааш таҳти унвони китобҳо ва нашриёте аз Тоҷикистон тақризу китобиётро роҷеъ ба китобу рӯзномаҳои чопи Тоҷикистон ба табъ мерасонад.

Маърӯзачӣ аз он ибрози таассуф кард, ки то ба имрӯз дар Эрон ройзании фарҳангии Тоҷикистон ифтитоҳ нагардидааст. Ӯ инчунин таъкид кард, ки дар чопи китобҳои адибони тарафайн дар ҳар ду ҷониб ҳам, мутаассифона, барномаи мушаххасе вуҷуд надорад. Нашри ин китобҳо тасодуфиву номуназзам сурат мегирад. Мирзо Муллоаҳмадов пешниҳод кард, ки Шӯрое муштараке ташкил шавад, ки асарҳои беҳтарин адибони ҳарду ҷонибро барои баргардон ва нашр интихоб намояд. Зеро баъзан ҳолатҳое рух додаанд, ки хандаоваранд. Масалан дар Тоҷикистон як китоби Бузург Алавиро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума карда чоп карда буданд. Дар Эрон бошад китоби «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромиро аз фаронсавӣ ба форсӣ тарҷума кардаанд. Тарҷумаи фаронсавӣ ҳам на аз забони тоҷикӣ, балки аз забони русӣ сурат гирифта будааст.

Доктор Муллоаҳмадов зарурати таъсиси як муассисаи муштараки илмӣ-фарҳангирро дар марҳилаи кунунӣ ба мақсад мувофиқ донист. Ӯ иброз дошт, ки фаъолияти ройзании фарҳангӣ дар муқоиса ба солҳои пеш ҳоло сол ба сол суст шуда истодааст.

Масалан, чанде пеш дар Теҳрон ҳамоише бахшида ба 700-солагии зодрӯзи мутафаккири бузурги форсу тоҷик Амир Саиди Ҳамадонӣ баргузор гардид, ки дар он ягон намояндаи Тоҷикистон иштирок надошт. Ҳол он ки яке аз марказҳои муҳимми ҳамадоншиносӣ дар дунё Тоҷикистон аст, гуфт Мирзо Муллоаҳмадов. Барои рушду таҳкими робитаву ҳамкориҳои фарҳангӣ як Шӯрои муштараки байни кишварҳои форсзабони Тоҷикистону Афғонистону Эрон зарур аст, гуфт дар хотима донишманди тоҷик Мирзо Муллоаҳмадов.

3-tajikistan-iran 89564Сипас ҷаноби оқои Саидмаҳмуд Садрӣ сарпарасти Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар суханронии худ интиқоди донишманди тоҷикро дар масъалаи дар марҳилаи кунунӣ камранг шудани равобити дуҷонибаи фарҳангӣ баҷо ва созанда арзёбӣ карда иброз дошт, ки ду омили таъсиргузор дар масъала хат ва забон аст. Ҳангоме, ки мо имрӯз суҳбат мекунем мегӯем, ки мо ду миллат ҳастем. Бале, дуруст аст. Имрӯз мо ду миллат ҳастем. Вале вақте ба таърих назар меафканем мо худамонро як давлат медонем. Мо ин сӯи Ҷайҳунро низ Эрон медонистем. Ба назар ман забони тоҷикӣ ҳамин забони форсист ва забони форсӣ ин ҳамин забони тоҷикист. Фарқ намекунад. Мо набояд бигӯем аз як реша ҳастем.

Мо бояд бигӯем яке ҳастем. Ҳамин забон моро ба ҳам як кардааст. Ва агар хат ҳам як бошад, дигар ин наздикии фарҳангӣ сад дар сад хоҳад буд. Мо гузаштаро набояд фаромӯш кунем. Агар мо гузаштаро фаромӯш кунем, як навзодеро мемонем, ки ҳама корро бояд аз аввал шуруъ кунем. Вақте мо гузаштаи худро дошта бошем ин аст, ки ҳуввияти итмрӯзаи моро метавонад рақам бизанад. Ин ишколот вуҷуд дошта ки ақвоми муҳоҷим ва мусаллат авваалин чизеро, ки нишона мегирифтанд барои он ки як қавмеро як миллатеро дар даруни худашон ҳазм кунанд ин буда ки онҳоро бо гузаштаи худашон ки он ҳам фарҳангашон будаву асли фарҳанг бошад забон ва хат ҳаст мунфак мекарданд, яъне ҷудо мекарданд. Ва хеле миллатҳо мо дар дунё дорем, ки дар таърих исмашонро мехонем, вале мебинем, ки он миллат дигар вуҷуд надорад. Чун мебинем, ки дар даруни ақвоми мусаллат ҳал шуданд.

Аввалин ҳаллашон фақат масъалаи тасаллути низомӣ нест, шикасти низомӣ нест. Балки агар он миллатҳо забон ва хатти худро ҳифз мекарданд, ҳатман пойдор мемонданд. Чуноне ки мо форсзабонҳо шикастҳои низомии бузурге хӯрдем, ки кули кишварамон дар тасалути дигарон буд. Дар замоне, ки муғулҳо омаднд тамоми хитаи форсзабонҳоро мусаллат шуданд. Вале худи ин муғулҳо дар даруни фарҳанги мо ҳал шуданд. Ин мо будем, ки муғулҳоеро, ки дар дохили кишвари мо зиндагонӣ мекарданд, ҳувияташонро аз байн бурдем ва ҷузъи худамон кардем. Шумо мебинед, ки хеле афроди зиёде, ки аз нажоди муғул дар Афғонистон ва Эрон ҳастанд, ҳувияташон ҳуввияти эронӣ шуд. Зеро фарҳанги мо фарҳанги қавие буд, ки тавонист бар фарҳанги муҳоҷирони низомӣ мусаллат бишавад. Дар замони таҳоҷуми арабҳо низ чунин буд. Ин Фирдавсӣ буд, ки миллати Эронро зинда кард. Агар Фирдавсӣ ва фирдавсиҳо вуҷуд надоштанд, мо дигар қавми форсзабон ва эронӣ набудем.

Агар мардуми тоҷик имрӯз ҳамагӣ битавонанд хатти форсиро бихонанд ва бинависанд, ин робитаи мо ва шуморо хеле ба ҳам наздиктар мекунад ва ин мушкилоте, ки дар ин ҷо пеш мо гуфтанд, вуҷуд нахоҳад дошт. Мо гуфтанӣ нестем, ки хатти форсӣ хатти расмии шумо бошад. Мо гуфтанием, ки мардуми шумо битавонанд хатти форсиро бихонанду бинависанд. Мо низ бар онем, ки он мушкилотеро, ки ин ҷо ҷаноби оқои Муллоаҳмадов гуфтанд дар ҳамдасти ҳаллу фасл бикунем. Аз тарафи худ мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки инмушкилот ҳарчӣ тезтар бартараф бишавад.

5-tajikistan-iran 89564Рустами Ваҳҳоб, шоир ва муҳаққиқи тоҷик, котиби масъули маҷаллаи Садои Шарқ дар оғози суханронии худ пешниҳоди Мирзо Муллоаҳмадовро дар бораи ташкили як Шӯрои муштараки фарҳангӣ ба мавқеъ арзёбӣ карда иброз дошт, ки «чанд рӯз пеш дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон як ҳамоиши байналмилалӣ дар бораи тарҷума доштем. Дар он ҷо пешниҳод шуд, ки як Маркази муштараки тарҷумаи русӣ-форсӣ, форсӣ-русӣ бо ҳузури кишварҳои Тоҷикистону Афғонистону Эрону Русия ба ин далел ташкил шавад, ки зарфиятҳои бисёр хуби донандагони забони русӣ дар Тоҷикистон мавҷуданд, ки метавонанд барои ҳар чаҳор кишвар корҳои муфидеро анҷом бидиҳанд.

Агарчи марҳилаи баъди асри 17-ро дар адабиёти тоҷикӣ-форсӣ давраи қатъи робитаҳои адабиву фарҳангии байни Хуросону Мовароуннаҳр мегӯянд, гуфт Рустами Ваҳҳоб, вале таҳқиқоти тоза ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин давра низ ба ҳеҷ ваҷҳ давраи кандашавии равобити фарҳангии ин ду минтақаи қаламрави забони форсӣ набудааст. Дар даврони шӯравӣ ҳам ин равобит канда нашудааст. Чанде пеш ман як баёзи таърихии «Садои Шарқ»-ро ба муносибати 80-солагии маҷалла танзим мекардам. Аз нахустин шумораи маҷалла, ки «Раҳбари дониш» ном дошт, баъд «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ном гирифт, баъд «Шарқи Сурх» шуд, баъд «Садои Шарқ» гардид, тамоми бойгонии маҷалларо варақ задам. Дидам, ки дар саҳифаҳои ин маҷалла аз ибтидо то ҳанӯз ҳеҷ шуморае тақрибан бидуни осоре аз ҳамзабонони эронии мо набудааст. Ва ин суннат ба сурати табиӣ идома доштааст. Дар маҷаллаи «Фарҳанг» низ, ки сардабирии онро Шоири Халқии Тоҷикистон устод Гулрухсор ба уҳда дошт, осори шуаро ва нависандагони Эрон пайваста ба нашр мерасиданд.

4-tajikistan-iran 89564Муҳаммад Ҳусайн Санъатӣ-ройзани фарҳангии ҶИЭ дар Тоҷикистон низ дар суханронии худ зарурати густариш ёфтани равобити фарҳангии ду кишварро таъкид намуд. Ӯ аз суҳбати чанд рӯз пеш бо вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ҳамин мавзуъ кардаашон ёдовар шуд. Ҷаноби оқои Санъатӣ иброз дошт, ки дар ин суҳбат ӯ ба вазири фарҳанг пешниҳод кардааст, ки аз ин ба баъд ҳар китоберо, ки дар Тоҷикистон ба ҳуруфи кириллӣ ба чоп мерасаду дар он мазмуни мухтасари он дар чанд саҳифа бо ҳуруфи ниёгон низ оварда мешавад, ҷониби Эрон то сӣ дар сади теъдоди онро харидорӣ хоҳад кард.

Ин пешниҳод аз сӯи вазири фарҳанг гарм истиқбол гардид. Ба гуфтаи ройзани фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон бояд ҳарду ҷониб талошҳое ба харҷ бидиҳанд, ки нармафзорҳои баргардони хатти кириллик ба хатти форсӣ ва баръакс баргардон аз хатти форсӣ ба хатти кириллик сохта бишаванд, ки онҳо ба инкишофи равобит фарҳангӣ метавонанд боз хубтар мусоидат кунанд. Нармафзорҳои мавҷуда ҳанӯз ҳам ба талаботи имло посухгӯ нестанд. Дар посух ба интиқоди суханронҳои қаблӣ ҷаноби оқоиСанъатӣ гуфт, ки агарчи мо Маркази муштараки фарҳангӣ надорем, вале муштаракан корҳои зиёдеро дар ин самт ба анҷом расондаем.

Мо дар ҳудуди ҳафт санади ҳамкории фарҳангӣ байни ду кишвар дорем. Бале, дар қиёс бо солҳои қабл дар ҳамкориҳои фарҳангӣ як камрангие ба мушоҳида мерасад, вале ба хусус як соли охир ҳамкориҳои мо дар ин самт боз рӯ ба афзоиш доранд. Ҷойизаи соли розании фарҳангиро таъсис додем, ки нахустин ҷойиза ба олими адабиётшинос Қодир Рустам супурда шуд. Мо худро аз шумо ба ҳеҷ ваҷҳ ҷудо намедонем. Мову шумо як миллат ҳастем, ки садои худро аз ду ҳанҷара баланд мекунем, гуфт дар хотима ҷаноби оқои Санъатӣ.

Дар ин ҳамоиш инчунин шоира Зулфия Атоӣ, шоир Собир Султон, нависанда Гули Зард, шоири эронии муқими Тоҷикистон ҷаноби оқои Тоҷдинӣ, олим ва мунаққиди маъруф доктор Худоӣ Шарифов ва дигарон суханронӣ намуда фикру андешаҳои ҷолиберо ироа намуданд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi