23:11:05 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дар ҷустуҷӯи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ

Дар ҷабҳаи мубориза умрам тамом шуд,

Даврони теғу оташу хун буд замони ман.

(Лоҳутӣ)

   Ҳамза Ҳакимзода дар рушду нумӯи фарҳанг ва адаби халқи ӯзбек хизмати шоёне кардааст, ки ба ҳамагон маълум аст. Ӯ дар таърихи фарҳанг ва адабиёти навини ӯзбек чун шоири шӯридаву инқилобгар, чун нависанда ва драматурги моҳиру оташсухан, чун нахустин коргардону ҳунарманди мутози театр, оҳангсозу мутриби варзида мақому манзалати арзанда дорад. Ҳамза ба ҳайси поягузори адабиёти шӯравии ӯзбек шинохта шудааст ва дар рушди адабиёти муосири тоҷик, бахусус, драматургия саҳми шоиста гузоштааст.    

01-hamza 55454Ҳамза Ниёзӣ тимсоли барҷастаи дӯстию ваҳдати халқҳои тоҷику ӯзбек аст. Ӯ соли 1989 дар маҳаллаи Тарақчилики шаҳри бостонии Хӯқанд, дар оилаи марди бофазлу маърифати тоҷик ба дунё омада бошад ҳам, барои ривоҷу равнақи адабиёт ва фарҳанги халқи ӯзбек ва туркизабон камар баст ва хидмат кард. Падараш Ибни Ямини Ниёзии тоҷик (1836–1920), ки дар водии Фарғона бо тахаллуси «Ҳакимча» шуҳрат дошт, ба пешаи табибӣ машғул буд.

Ӯ аз деҳаи Аввали назди Фарғона буда, барои таҳсил ба шаҳри Бухоро рафта, касби табибиро меомӯзад, сипас ба деҳаашон баргашта, чанде умр ба сар мебарад. Ӯ ба тоҷикдухтар Ҷаҳонгул аз деҳаи Таҳигули ҳамсоядеҳаашон хонадор мешавад ва ба шаҳри Хӯқанд (Қӯқанд) кӯчида, дар гузари Тарақчилик муқимӣ мешавад. Падари ӯ Ибни Ямин, ки донишманд ва табиби ҳозиқ буд, дар тарбияи фарзанди худ саъй ва кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Вай дар муҳити шеърдӯсту ҳунарпарвар ба камол мерасад. Чуноне ки худи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ баъдтар дар тарҷумаи ҳолаш ёдовар мешавад, ӯ аллакай дар 7–10-солагиаш пораҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Бедил, Аҳмади Ясавӣ, Алишери Навоӣ барин шоирони форсу тоҷик ва туркизабонро аллакай аз ёд медонист.

Ӯ соли 1908 ба шаҳри Намангон рафта, дар он ҷо таҳсили илм намуда, забони арабиро низ меомӯзад. Умуман, ҳаёти Ҳамза Ниёзӣ мураккаб ва тезутунд мегузарад ва ӯ Инқилоб Октябрро самимона истиқбол мегирад ва ба хизматаш камар мебандад. Соли 1929 сокинони деҳаи Шоҳимардон (ҳоло Ҳамзаобод) бо таҳрики унсурҳои зиддиинқилобӣ Ҳамза Ҳакизодаро сангсор намуда, ба қатл мерасонанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки сокинони деҳаҳои Аввал ва Таҳигул, ки падару, модари Ҳамза Ниёзӣ зодаи он ҷойҳоянд, ҳама тоҷикони кӯҳистони Қаротегинанд. Чуноне, ки олими маъруфи руси шӯравӣ А.М. Кисляков дар асари «Очеркҳо роҷеъ ба таърихи Қаротегин» қайд мекунад: «Кӯҳистониён мисли оби чашмаҳои зулолашон таровати шаҳрҳоро меафзуданд, бо гирумон ва истеъдод боиси рушди иқтисодиёту фарҳанги ин ҷойҳо мегаштанд».

Дар ҳақиқат, ҳамин тавр аст. Адибони маъруфи тоҷик Отахон Латифӣ ва Абдурофеъ Рабеив дар китоби «Рӯзгори соҳибдилон» қайд мекунанд: «Дар тӯли асрҳои гузашта аз Қаротегин қувваҳо ба се тараф мерафтанд. Як қисм ба сӯйи Сух, ки оянда он ҷо ноҳияеро ташкил доданд, дигаре ба сӯйи Фарғона, ки ҳамроҳи онҳо падари шоири ояндаи тоҷику ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ буд ва гурӯҳе ба сӯйи Самарқанду Бухоро ҳаракат мекарданд».

Боиси хушнудист, ки бародарзодаи Ҳамза, писари Қорӣ Исроил, Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳодиҷон Ниёзӣ, ки синнаш ба 80 расида буд, дар деҳаи «Гулзор»-и колхози ба номи Ленини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ҳаёт ба сар мебурд ва мутаассифона, охири соли 1992 аз тарафи силоҳбадастони Фронти халқии Тоҷикистон бо иттиҳоми домуллои деҳа буданаш ба шаҳодат расид ва ба канали Ҷӯйбори Қӯрғонтеппа партофта шуд.

Ҷасади ин марди шарифро сокинони деҳаи Роҳи Ленин аз об гирифта, дафн намуданд. Алҳол фарзандонаш дар деҳаи мазкур умр ба сар мебаранд. Тибқи шаҳодати ӯ, ки Ҳамзаро дида ва аз суҳбатҳояш лаззати маънавӣ бурда буд, ватани аслии Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ мулки Қаротегини Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Беҳуда нест, ки худи Ҳамза дар муқаддимаи нахустини маҷмӯаи баъди инқилоб чоп шудааш (соли 1924) ба тоҷик будани миллат ва аҷдодаш ишора кардааст. (Ниг.: Отахон Латифӣ, Абдурофеъ Рабиев. Рӯзгори соҳибдилон, Душанбе, 1985, саҳ. 17).

Дар шаҳри Хӯқанд, ки ҳоло Қӯқандаш меноманд, чун дигар шаҳру деҳоти водии зарнисори Фарғона падидаи дузабонӣ ё худ зуллисонайн ривоҷ дошт. Ҳамза дар чунин муҳит ба дунё омад, ба забони тоҷикию ӯзбекӣ савод баровард, ба тарзи ширу шакар шеърҳо навишт, забону адабиёти ҳар ду халқро омӯхт ва ба онҳо дил баст ва ба ҳар ду забон асарҳо эҷод кард.

Ӯ бо тахаллуси Ниҳон ё Ниҳонӣ шеърҳо менавишт. Аввалин девони ашъорашро бо номи «Девони Ниҳон» соли 1913 ба забони форсии тоҷикӣ мураттаб сохт, ки ҳоло дар захираи дастхатҳои шарқии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунии Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами 8989 маҳфуз аст.

Ҳангоми ҷустуҷӯйи муаллифи ин сатрҳо дар Фарғона ва Тошканд далеи бурҳони муҳимми радшаванда, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт будани Ҳамза нашр гардидааст, тавассути журналисти маъруфи тоҷик Муҳсин Умарзода дарёфт гардид. Дар маҷаллаи ӯзбекии «Маориф ва уқутувчӣ» (соли 1925, №7) тарҷумаи ҳоли мухтасар ва намунаи ашъори Ҳамза ба нашр расидааст, ки дар он аз ҷумла дар бораи мансубияти милли поягузори адабиёти навини ӯзбек бо ҳуруфи арабӣ чунин навишта шудааст: «Ҳамза Ҳакизода Ниёзӣ аслӣ дарвозлик тоҷиклардан булиб,.. Қӯқон шаҳрига туғилғон…», яъне «Ҳамза Ҳакизода Ниёзӣ аслан аз тоҷикони дарвозӣ буда, дар шаҳри Хӯқанд таваллуд ёфтааст».

02-hamza 55454Қайд кардан даркор аст,  чуноне дар боло гуфта шуд, бародарзодаи Ҳамза Ҳакимзода–Ҳодиҷон Ниёзӣ, ки дар ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекард ва хоҳари калонии ӯ–Сафиябону, сокини деҳаи Аввали вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аҷдоди онҳо аз деҳаи Навдонаки ноҳияи Ғарм (алҳол ноҳияи Рашт) буда, ба он ҷо кӯч баста, муқимӣ шудаанд. Хушбахтона, то ба ҳол сокинони деҳаи Аввал лафзи модарии  худро гум накардаанд ва бо лаҳҷаи қаротегинӣ озод гуфтугӯ мекунанд. Бигузор Ҳамза дарвозӣ, варзобӣ ё ғармӣ бошад, муҳиммаш он аст, ки вай як тоҷики соҳибистеъдод буд ва бо забони модариаш низ осори пурарзиш эҷод кардааст, ки мутаассифона, қисми зиёди он то ба ҳол барои тоҷикон ва форсизабонон дастрас ва маълум нест.                           

Ашъори тоҷикии Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ хеле кам ба табъ расидааст, лекин чуноне ки пажӯҳиш ва ҷустуҷӯҳо аз ҷониби муаллифи ин сатрҳо нишон медиҳанд, ки асарҳои ба забони модарӣ эҷодкардаи ӯ бисёранд ва мутаассифона, то ба имрӯз қисми зиёди онҳо ба табъ нарасидаанд. Ҳамза шоир ва драматурги маъруфи инқилобӣ буд. Ӯ ҳамагӣ чиҳил сол умр дида бошад ҳам, осори зиёде ба ёдгор гузоштааст. Махсусан, намоишномаҳои ӯ: «Бой ва хизматгор», «Найрангҳои Майсара», «Ҷазои туҳматгарон» ба хазинаи тиллои адабиёти шӯравӣ дохил шуда буданд. Саҳми Ҳамза Ҳакимзода дар ташаккули адабиёти шӯравии тоҷик, бахусус, драматургия калон аст. Дар ин бора Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон  Мирзо Турсунзода барҳақ навиштааст: «Мо дар солҳои ҷавонии худ дар қатори сурудҳои инқилобии русӣ ва тоҷикӣ бо эҳтироми тамом таронаҳои ӯзбекӣ, алалхусус, таронаҳои Ҳамза Ҳакимзода «Ҳой, ҳой мепарронем!» ва амсоли онҳоро мехондем. Мо, нависандагони ҷавон, асарҳои Маяковский ва Айниро ҳар қадаре дӯст дорем, ба асарҳои Ҳамза низ ҳамон андоза муҳаббат доштем. Асарҳои саҳнавии ӯзбек ба мо аз ин ҳам бештар таассурот мебахшиданд. Эҷодкори ин пейасаҳо, ки ба забони тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд, сарояндаи инқилоб Ҳамза Ҳакимзода буд. Театри ҷавони драмавии мо ин намоишҳои аҷоибро намоиш медод, ҳунарпешагони тоҷик дар ин спектаклҳо бозӣ карда, маҳорати худро такмил медоданд. Аз ҳамин ҷост, ки Ҳамза Ҳакимзода яке аз асосгузориҳои драматургияи советии тоҷик ба шумор меравад».

Соли 1989 милодӣ 100-солагии зодрӯзи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ботантана ҷашн гирифта шуд.Мутассифона, чанд сол қабл номи ин адиб ва шахсияти маъруф дар қатори номҳои Мухтор Ашрафӣ, Комил Ёрматов, академик Қорӣ Ниёзӣ ва дигар бузургмардони илму адаб бо иттиҳоми тоҷик буданашон аз муассисаву ташкилотҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон барчида шуд. Ҳатто Театри драмаи ба номи Ҳамзаи шаҳри Тошканд аз ин амал эмин намонд, вале бояд ёдовар шуд, ки ҳамаи ин иқдомоти муғризона ва бадхоҳона дар назди таърих ноком мемонанд, зеро хизматҳои шоистаи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва дигар бузургмардони тоҷикро дар саҳфаи таърихи фарҳанг ва адабиёти халқи бардари ӯзбек хатти бутлон кашидан ва сутурдан ғайримкон аст. Шахсияти ин адиби бузург чун рамзи бародарӣ, ҳамкорӣ ва дӯстии халқҳои бародари тоҷику ӯзбек ҷовидон боқӣ мемонад.                                          

Инак, аз осори ин суханвари маъруф чанд намунаи шеърро, ки  ба забони модариаш–тоҷикӣ эҷод шудааст, манзури хонадагони нуктасанҷ менамоем:       

                   Дар шаби торики ман он моҳи тобонам куҷо?

                   Тан куҷову дил куҷо, ё ҷону ҷононам куҷо?

                   Сӯхтам аз шавқи худ парвои ин парвона нест,

                   Ман куҷо, дар зулматам, шамъи шабистонам куҷо?

                   Аз фиғону нолаам мурғони субҳ озурда шуд,

                   Гӯ ба ман, он субҳ, он хуршеди рахшонам куҷо?

                   Қатраи абр оварад дар ҳар куҷо сабзи чаман,

                   Ин қадар аз чашмаҳои абри найсонам куҷо?

                   Кай шавад хушнуд як дам дил дар ин мотамсаро,

                   Ин куҷову он куҷо, лабрези хандонам куҷо?

                   Эй табиби нохирад, кардан даво кори ту нест,

                   Ту куҷо, Луқмон куҷо, бо дард дармонам куҷо?

                   Дар ғами бечорагӣ дар ҷанг дандонам ба санг,

                   Орзуи дил куҷо, ё айши давронам куҷо?

                   Чашм бикшо, оқибат бар хок меафтӣ, Ниҳон,

                   Ёру дӯстонам куҷо, ин умри бӯстонам куҷо?

                                                                                    ***

        Биё, соқӣ, бидеҳ аз май ту ин Маҷнуни шайдоро,

       Ки аз худ бехабар гардад, надонад рӯзи фардоро.

      Зи дасти ишқи ӯ аз коми дунё доман афшурдам,

    Ба худ хилватсаро созам дар ин дам кӯҳу саҳроро.

  Надидам як дили беғам, нафас ҳаргиз наосудем,

  Надонистам чӣ бошад оқибат ин кори дунёро.

    Касе озод натвон шуд зи дасти ин аҷал охир,

       Ки дар зери лаҳад созад гадову шоҳсиморо,

         Басе оҳу фиғон бо булбули шӯрида меояд.

       Зимистон фасли худ дорад, чӣ донад қадри раъноро.

       Ниҳон, аз худ хабар, оре, надорӣ чашми дил бикшо

       Бубин оё чӣ ҳосил мекунад таҳсили уқборо.

                                                                                    ***

                   Дило, ғофил машав ҳаргиз, нигар гардуни дунёро,

                   Шумор имрӯзаро фурсат, махӯр андӯҳи фардоро,

                   Дар ин ҷодуи каҷпаҳлӯ фиреби садҳазорон аст,

                   Куҷо бигзошт Луқмону Сикандар Дору Синоро.

                   Макун асрори худ зоҳир ба назди ҳар касу нокас.

                   Кушуди ғунчаҳо орад хазони барги зеборо.

                   Мазан дар ҳар куҷо оҳу фиғон монандаи булбул.

                   Ки сози оқибат ёри қафас рӯйи чаманҳоро,

                   Ҳазорон беҳ хамӯшидан агар хуни ҷигар гардӣ,

                   Ки орад лола бо сад доғ сайри файзи саҳроро.

                   Гуҳар пайдо кунад дар вақти худ як қатраи найсон,

                   Чӣ ҳосил аз шитоби абри борон санги хороро.

                   Сукуте беҳ бувад ҳар дам, Ниҳон, аз носазо гуфтан,

                   Кушода моҳиён лаб, мекунанд хун оби дарёро.

                                                                                    ***

                   Нанолам аз ту то кай, эй фалак, бар ман чиҳо кардӣ,

                   Ба кулфатҳои бесомон ахираш мубтало кардӣ.

                   Якеро карда мустағнӣ, якеро шодӣ аз ҳар сӯ,

                   Дар ин ҷо ин ғарибро то ба сад ғам ошно кардӣ.

                   Ба ту гуфтам: Даво деҳ, дардмандам, раҳм кун бо ман,

                   Задӣ бар сина ханҷар, гашта дардам бедаво кардӣ.

                   Гуноҳи ман чӣ буд, эй бевафо, дунёи каҷрафтор,

                   Зи айши коми ман ин серӯза умрам мосиво кардӣ.

                   Намедонам, ки ҳайронам, сарам уфтода дар зулмат

                   Чӣ кардам бо ту ман, ту ин қадар бар ман ҷафо кардӣ.

                   Ҷудоӣ як тараф, аз як тараф ҳаҷри сияҳчашмон,

                   Зи дасти ғурбатат бо мурданам охир ризо кардӣ…

ҚИЁМИДДИН САТТОРӢ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi