22:14:30 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Баҳои Мавлоно Ҷомӣ шоир Осафиро

Мавлоно Осафӣ истеъдоди баланду табъи солим дошт, аммо ҳунари худро кам кор мефармуд. Мавлоно Ҷомӣ чун омӯзгори ботаҷриба хост, ки ӯро дар эҷоди бадеӣ фаъолтар гардонад. Чанд чора андешид, борҳо насиҳат кард, вале натиҷа набахшид.

jamy-564545463.jpgДар маҳфилҳои мушоира худро чунон вонамуд мекард, ки гӯё Осафиро намебинад. Аз чунин муомила ба танг омада, боре худи Осафӣ даҳон ба шиква кушод. Мавлоно Ҷомӣ гуфт:

–Луқмаи лазизро баъд аз таомҳои дигар мехӯранд, то ки мазаи он то дер дар даҳон  бимонад.

Ин таърифи бамаврид Мавлоно Осафиро рӯҳбаланд гардонид ва ӯғазалеро бо радифи «сафед» хонд. Мавлоно Ҷомӣ дар таҳсини ӯ гуфт:

–Шоирони гузашта ғазалҳое бо радифи «сафед» бисёр гуфтаанд, ғазали Хоҷа Осафӣ беҳтарини онҳост, хосса байти қабл аз мақтаъ, он ҷо, ки мегӯяд:

Дар шафақ дид маҳи иду ишоратҳо кард

Пири мо сӯйи майи сурх ба абруйи сафед.

Аз китоби «Ҳикоёти таърихӣ»

ХУШНАВИСЕ ЧУ ОРАЗИ ХУБОН…

Гӯянд Мир Алишер Навоӣ девони қадимии Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомиро ба Абдусамад ном котиби хуш–навис китобат фармуд. Девон бо лавҳ ва ҷадвалҳои нодиракорона ҳам зебу зинат дода шуда буд.

Алишер Навоӣ ин нусхаро ба Мавлоно Ҷомӣ дод, ки агар котиб хатое карда бошад, бо қалами худ ислоҳ кунад, ки сабаби обрӯйи китоб мешавад. Ҳазрати Ҷомӣ дид, ки котиб бисёр хато навишта, баъзе лафзҳоро аз пеши худ тағйир додааст, нусхаро сар то сар бо қалами худ тасҳеҳ карда ва дар охири китоб ин қитъаро навишт:

Хушнависе чу орази хубон,

Суханамро ба хатти хуб орост.

Лек ҳар ҷо дар ӯ зи саҳви қалам,

Гоҳ чизе фузуду гоҳе кост.

Кардам ислоҳ ман ба хатти хеш,

Лек н–омад чунон, ки дил мехост.

Ҳар чӣӯ карда буд дар шеърам,

Ман ба хаташ қусур кардам рост.

Аз китоби «Бадеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ

САРГУЗАШТИ ҶОМӢ ДАР САМАРҚАНД

Тирамоҳи соли 1436 милодӣ Мавлоно Ҷомӣ бо корвоне ҳамроҳи як гурӯҳ шарикони худ сафари Самарқандро пеш гирифт. Ёрон баъди чандин рӯзи дашту даман, кӯҳу саҳро ва ағбаву санглохҳоро тай кардан шомгоҳе ба беруни дарвозаи ҷанубии ин шаҳри овозадор расиданд, ки дар замони амир Темур ба ин ҷо аз Генуя, Венеция, Бизонз (Византия), Испания, Франция, Англия, Сибир, Рус, Хитой, Ҳинд, Тотор ва ғайра сафирону вакилон меомаданд, аммо дарвоза аллакай баста шуда буд. Дарвозабонҳо онҳоро ба шаҳр даромадан намонданд. Мусофирон шабро дар корвонсарои беруни ин дарвоза, ки дарвозаи Корезгоҳ номида мешуд, гузаронда, субҳи барвақт аз он вориди шаҳр шуданд.

Ҷомӣ дид, ки девори баланди шаҳр похсагин буда, фақат дарвозахона ва бурҷҳои посбоннишини он аз хишти пухта сохта шуда, пештоқи дарвозаро бо кошиву сангҳои ранга оро дода будаанд. Худи дарвоза занҷиру ҳалқаҳои пӯлодин дошта, аз чор ҷойи ҳар табақаи дарвоза атрофи онро бо тасмаи оҳанине, ки сурати мор ё аждаҳоро ба хотир меовард, мустаҳкам мехкӯб карда будаанд. Шаъшаъапошии лоҷварду тиллои гунбазҳои Гӯри Мир, Рӯҳобод, мадрасаву хонақоҳи Улуғбек ва масҷиду мадрасаи Бибихоним, манораҳои атрофи онҳо манзараи аҷоибе дошта, шаҳри афсонавиро ба тасаввур меовард.

Мардуми Самарқанд сертараддуд буда, яке ба сӯйи бозор метохту дигаре аз паи кор медавид. Либосҳои рангоранги зарбофту махмалин, моҳуту кимхоб, адрасу шоҳии дороёну калоншавандаҳо назари касро мерабуд. Аммо аксари мардум либосҳои дурушти карбос ва пашмин дошта, гӯё тазоди худро бо шукӯҳи болонишинон намоиш медоданд. Аз субҳи барвақт дар сари ҳар қадам гадову бенавое вомехӯрд, ки дастро сӯйи ҳар роҳгузар дароз карда, садақа мепурсид. Қаландарону дарвешон аз дами субҳ гурӯҳ-гурӯҳ бо бонгу валвалаи худ хомӯшии шаҳрро метарконданд. Аммо ҳеҷ кадоми ин касеро ба ҳайрат намегузошт.

Ҷомӣ ва ҳамроҳони дигари хуросонии ӯ аввал чанде дар мусофирхонаи корвонсарой зиста, баъд дар Мадрасаи Улуғбек қарор гирифтанд. Дар ин мадраса ки овозааш дар тамоми Шарқ паҳн гардида буд, олимони бузурги замон Салоҳиддин Мӯсо Қозизодаи Румӣ, Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ, Фазлуллоҳи Абӯлайсӣ, Мавлоно Муҳаммади Ҳанафии Ҳавофӣ ва худи Улуғбек дарс медоданд. Дар барномаи ин мадраса бар замми фиқҳу илоҳиёт, мантиқу калом таълими улуми дақиқ, аз қабили нуҷум, ҳайат, риёзиёт, ҳандаса ва амсоли инҳо ҷойи зиёдро мегирифт, ки дар мадрасаҳои дигар таълим дода намешуданд.

Бинои мадраса навбунёд буда, онро ҳокими кишвар Мирзо Улуғбек дар солҳои 1417–1420 милодӣ сохта буд, ки панҷоҳҳуҷра дошт ва қариб яксаду бист нафар толибони илм дар он ҷо касби камол мекарданд. Иморати чоркунҷаи Мадрасаи Улуғбек дар чаҳор кунҷ чаҳор маноре дошт, ки ҳар кадом қариб панҷоҳу ду газ баланд буд ва гӯё гунбазчаҳои сабзи онҳо бо ҳилолашон осмонро мебӯсиданд. Пештоқи бошукӯҳ ва азими мадраса ба тарафи шарқ нигариста меистод.

Пештоқи меҳробмонанд бо камоли завқ ороиш ёфта, шарафа, нимсутун ва кӯзагиҳои мармарини он дар иҳотаи гулбаргу гиреҳҳои рангин аз лоҷварду сим ва равоқу гулдастаҳои кошинкорӣ ва фирӯзаандуд басе дилрабо менамуданд. Шукӯҳи дохили мадраса аз шукӯҳи беруни он кам набуд. Айвону равоқҳои ҳуҷраҳои дуошёна, даромадгоҳи чаҳор дарсхонаи чаҳор тараф, ки ҳар кадоме баробари ду ошёнаи ҳуҷраҳо баландӣ ва дар болои бом яктоӣ гунбази муқарнас дошт ва масҷид, ки дар тарафи ғарб воқеъ гардида буд, мисли пештоқ тазйин ёфта буд.

Даруни масҷиду дарсхонаҳо ва сақфи онҳо ҳам хеле зебо буд. Шаҳодат медоданд, ки мармари сабзро аз Нуратои наздики Самарқанд, мармари зардчатоби каҳраборангро аз деҳаи Ёрии Панҷекат, сангҳои сулаймонӣ, яшм ва мармари сафедро аз Бадахшон оварда будаанд. Ҳамаи инро Ҷомӣ бо камоли диққат назора карда, як ҷаҳон таассурот гирифт ва онро бо иморатҳои Ҳирот хаёлан муқоиса намуд.

Ҷомӣ ба ҳавзаи дарси Салоҳиддин Мӯсо ибни Муҳаммад, ки ба тахаллуси Қозизодаи Румӣ машҳур буд, даромад. Ин олими номӣ, ки пирамарди қоматбаланди камгӯшти тақрибан ҳафтоду панҷсола буд, аз муҳаққиқони бузурги аср ва аз ҳамсафони Улуғбек буда, «Афлотуни замон» лақаб дошт. Вай дар илмҳои ҳисоб, нуҷум, ҳайат ва риёзиёт «Рисолаи ҳисоб», «Шарҳи Чағминӣ», «Рисолаи илми ҳайат», «Шарҳ-ул-ҳайат ал-Чағмина» ва «Шарҳи ашкол» ном рисолаҳо дошта, дар расадхонаи Самарқанд аз ходимони асосӣ буд ва дар Мадрасаи Улуғбек аз фаннҳои  ҳайат ва риёзиёт дарс медод. Таълими илмҳои дақиқ ба вусъати ҷаҳонбинии донишҷӯёни он мадраса таъсири калон мерасонд ва онҳо то андозае ба ҷаҳонбинии илмӣ наздик мешуданд. Ҷомӣ бо тамоми ҷиддият ва шавқ ба таҳсил давом дод.

Ҷомӣ осори Қозизодаи Румиро дар Ҳирот на танҳо мустақилона омӯхта буд, ҳатто ба яке аз онҳо шарҳ навишта, онро ба ӯ фиристода буд. Аз ин сабаб дар мулоқоти аввал байни устод ва шогирд баҳсе воқеъ гардид ва хеле тӯл кашид. Яке аз шогирдони ҳамешагии Қозизодаи Румӣ ин воқеаро ба хотир оварда, нақл мекард:

–Чун ҳазрати Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ба Самарқанд омаданд, иттифоқо ба шарҳи «Тазкира дар фанни ҳайат» иштиғол намуданд… ва эшон дар он тасарруфоте карданд, ки ҳаргиз ба хотири Қозизодаи Румӣ нарасида буд.

Боре чунин воқеа рӯй дод: Қозизодаи Румӣ дар илми ҳайат ба масъалае дучор омад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонист онро ҳал кунад. Ҷомиро талабида ҳалли он масъаларо аз ӯ хоҳиш кард. Ӯ он мушкилро зуд осон кард.

Дар он замон расми аҷибе ҳукмрон буд: шогирдони Қозизодаи Румӣ дар рикоби ӯ пиёда мерафтанд, ба хонаи вай рафта хидмат мекарданд: об мекашонданд, ҳезум мешикастанд, хонаро рӯбучин ва молу ҳоли ӯро нигоҳубин мекарданд. Ҷомӣ ба хотир меовард, ки ин корро шогирдони Хоҷа Алии Самарқандӣ дар Ҳирот ҳам ба ҷо меоварданд, аммо Ҷомӣ аз ин кор худро канор мекашид. Бо вуҷуди ин, Қозизодаи РумӣҶомиро дӯст медошт ва дар ҳама ҷо таърифи ӯро мекард. Мавлоно Фатҳуллоҳи Табрезӣ, ки аз донишмандони давр буда, пеши Улуғбек мартабаи садорат дошт, ҳикоят мекард:

–Рӯзе Мирзо Улуғбек дар мадрасаи худ дар Самарқанд маҷлисе ороста Қозии Румро даъват кард, ҳама акобир ва афозили кишвар дар он маҷлис ҳозир буданд. Қозии Румӣ дар он маҷлис зикри ҷавонони боистеъдод ва хуштабъон кард ва дар сифати Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ чунин фармуд: «То бинои Самарқанд аст, ба ҷавдати табъу зеҳн ва қуввати тасарруфи ин ҷавони беназири ҷомӣ касе аз оби Омуя  бад-ин ҷониб убур накардааст».

Фатҳуллоҳи Табрезӣ аз худ илова мекард:

–Алҳақ, дар ин муддати панҷоҳ сол аз онҳое, ки муҳити фазлу камоланд, дар кишварҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва Ироқ касе ба дараҷаи истеъдоди Ҷомӣ нарасидаанд.

Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ба ғайр аз дарсҳои Қозизодаи Румӣ ва худи Улуғбек ба дарсҳои Хоҷа Фазлуллоҳи Абӯлайс ва Мавлоно Фатҳуллоҳи Табрезӣ, ки дар мамлакат обрӯйи калон доштанд, ширкат варзида, илмҳои фалакиёт, риёзиёт, ҳандаса, фалсафа ва фиқҳро омӯхт.  Ин ҷавони хуросонӣ самарқандиҳоро бо зеҳни тез, завқи баланд, мантиқи фасеҳ ва қувваи мубоҳиса дар ҳайрат гузошта буд.

Ҷомӣ на танҳо ҳангоми таҳсил ба касби камол ва фаро гирифтани дониш бо ҷидду ҷаҳди тамом мекӯшид, балки то охири умр ба мутолиаи ҳар китобе сар мекард, то онро ба охир намерасонд, ба китоби дигар руҷӯъ намекард ва агар ҳар масъалае ба назари ӯ душвор мерасид, то ба таҳқиқ онро ҳал намекард, ба масъалаи дигар намегузашт. Вай бо меҳнати шабонарӯзӣ, бо риёзаву машқ ва сабру тоқат ҳама дарсҳоро ҳифз карда, ба ин васила мушкилтарин нуқтаҳои илмҳои гуногунро кашф мекард.

Ҷомӣ бо аҳли Самарқанд хӯ гирифт ва ба урфу расми онҳо ошно шуд. Вай ба тӯю маъракаҳо мерафт, дар суҳбатҳои адабӣ ва илмӣ иштирок мекард. Дар суҳбатҳои аҳли Самарқанд занҳои бечодар ҳам иштирок мекарданд, месуруданд, мерақсиданд, бо мардон баҳсу базлагӯӣ ва ҳазлу шӯхӣ мекарданд.

Ҷомӣ фақат шунида буд, ки дар Ҳирот дар маҷлисҳои Шоҳрух ҳам, ки ба порсоӣ ном бароварда буд, занҳо зиёд иштирок мекардаанду дар байни онҳо ҷавонзани шоира Меҳрӣ – зани табиби Шоҳрух бо шӯхӣ ва бадеҳагӯӣ вирди забонҳо буд.

Меҳрӣ пайваста назди завҷаи Шоҳрух Гавҳаршод аз шавҳари пираш шикоят мекард. Боре Гавҳаршод фармуд, ки шавҳари Меҳриро ҳозир кунанд. Мардак баробари аз дар даромадан сахт-сахт нафас кашида, аз пирӣ изҳори аҷзу нотавонӣ кардан мегирад. Меҳрӣқомати хушкидаву тобпартофтаи ӯро дида, бо сӯз мегӯяд:

Дар хонаи ту он чӣ маро бояд, нест,

Банде зи дили рамида бикшояд, нест.

Гӯйӣ, ҳама чиз дорам аз молу манол,

Оре, ҳама ҳаст, он чӣ мебояд, нест.

Дар ҳуҷраи Ҷомӣҳам гоҳ-гоҳе базми тараб барпо мегардид. Хуросониҳо он ҷо ҷамъ мешуданд. Низомиддин, ки аз хамсаи мутаҳайира буд, бо ниҳояти нозукӣ танбӯр менавохт, суруд мехонд, нағмасароӣ мекард. Ҷомӣ гоҳ-гоҳ ба ӯҳамовоз мешуд, байтҳои фаромӯшкардаи Низомиддинро зуд ба даҳони ӯ мемонд, худ месуруду дутор менавохт, ғазали навашро мехонд. Намаки ин суҳбатҳоро латифагӯйӣ ва аския ташкил мекард. Ҷомӣ кам шӯхию ҳазл мекард, аммо ин навъ гуфтори ӯ бисёр обдор ва нишонрас мебаромад.

Рӯзе Ҷомӣ бо ҳамдиёрони худ дар кӯчаи Саррофони Самарқанд сайр мекард. Онҳо аз сари кӯйи ҷавоне гузаштанд, ки Хокӣ тахаллус дошт. Ҷавон ҷамоатро дида ба шӯхӣ пурсид:

– Ин харҳои хуросонӣ ин ҷо ба чӣ кор омадаанд?

–Мехоҳанд хоки нарме биёбанд ва бар он ғалтанд,–ҷавоб дод Ҷомӣ.

Рӯзҳо ба ҳамин минвол пайи ҳам мегузаштанд. Баъди як соли ба Самарқанд омадани Ҷомӣ–дар санаи 841/1437 Қозизодаи Румӣ вафот кард. Аҳли Самарқанд Қозизодаи Румиро бо эҳтиром ба хок супурданд. Пояи тобути ӯро уламову шуаро, шогирдону ихлосмандон бардошта, то манзили охиринаш бурданд. Улуғбек шахсан дар ин маърака иштирок кард. Вафоти ин алломаи давр дар ҳаёти илмии Самарқанд талафоти бузурге буд, зеро марги ӯқувваи илмии расадхонаро басе заиф намуд.

Ҷомӣ баъди фавти устоди бузургаш доимо ӯро ёд мекард, тамоми ҷузъиёти вохӯриҳояшонро дар зарфи як сол ба хотир меовард, нақлу ривоятҳо ва ҳодисаҳои таърихиро аз хаёл мегузаронд, ки муҳимтаринашон инҳо буданд:

Улуғбек, ки худаш ба илми нуҷуму риёзиёт шавқи тамом дошт, дар атрофаш зиёда аз 100 нафар олимони ин соҳаро ҷамъ карда, таҳқиқу ривоҷи ин илмҳоро ба роҳ монд. Махсусан, баъди дар соли 816/1413 ба Самарқанд омадани Қозизодаи Румӣ ин машғулоти Улуғбек авҷ гирифт. Вай ба маслиҳати Қозизодаи Румӣ, ки «Афлотуни замон» лақаб гирифта буд, соли 819/1416 олими машҳури соҳаи ҳисобу риёзиёт ва нуҷуму ҳайат Ғиёсиддини Коширо ба Самарқанд даъват кард. Баъди як сол аз Кирмон ҷавони зирак Алоуддини Қушчиро, ки баъдҳо лақаби «Батлимуси даврон»-ро гирифт, ба Самарқанд овард. Дар рӯйи ҳавлии мадрасаи Улуғбек майдони сипеҳршиносӣ ташкил ёфт.

Баъд дар шимоли шаҳр расадхонаи махсус сохт, ки сохтмони он соли 1429 милодӣ ба охир расид. Бо роҳбарии ин алломаҳо донишмандони Самарқанд на танҳо осори илмии Муҳаммад ибни Мӯсои Хоразмӣ, ал-Фарғонӣ, Абӯмуҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Сироҷиддини Тоҳири Самарқандӣ, Насириддини Тӯсӣ, Қутбиддини Шерозӣ, Муҳаммад ибни ал-Чағминӣ, Шамсиддини Самарқандӣ барин олимони номдори ҳамватани худро омӯхтанд, балки асарҳои зиёди Афлотун (Платон), Арасту (Аристотел), Уқлидус (Евклид), Батлимус (Птоломей) барин олимони Юнони қадимро низ омӯхта, ба онҳо шарҳу тавзеҳ менавиштанд. Аммо кори бузурги оғоз кардаи донишмандони Самарқанд, ки тартиб додани зиҷи нав буд, ҳанӯз анҷом напазируфта буд.

АлӣҚушчӣ ин вазифаи вазнинро ба уҳда гирифта, дар соли 1438 милодӣ «Зиҷи нави Курагонӣ»-ро бо шарикони худ ба итмом расонд, ки иштирокчиёни фаъоли он дар ибтидо Қозизодаи Румӣ ва Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошӣ буданд. Ин асари бузург ба забони тоҷикӣ таълиф гардида, аз чаҳор китоб иборат аст. Китоби якум оид ба назарияи тақвим баҳс карда, китоби дуюм масоили нуҷуми амалиро фаро мегирад; дар китоби сеюм назарияи ҳаракати сайёраҳои атрофи замин–Моҳ, Аторид, Зуҳра, Хуршед, Баҳром, Зуҳал баён шуда, китоби чаҳорум масъалаҳои саъду наҳси ситораҳоро шарҳ медиҳад.

Донишмандон бо сарпарастии Улуғбек ҳаракати офтобу моҳ ва ситораву сайёраҳоро баъди ин ҳам чандин бор мушоҳида кардан гирифтанд ва мавқеи онро бо ҷойи сабти рӯйи дафтари зиҷ муқоиса намуда, дурустии онро тафтиш мекарданд. «Зиҷи нави Курагонӣ» ҷадвали 1018 ситораро фаро гирифта, ҷасомат ва мавқеи ҷуғрофии 683 мавзеи Мовароуннаҳри Хуросон, Эрону Ироқ, ҳатто Русияву Арманистон ва Испанияро бо дараҷаю дақиқа ва сонияҳои тӯлу арзи онҳо ва баландии Қутби Шимолро аз маконҳои гуногун нишон медиҳад.

Дар баробари нуҷум (астрономия), ҳандаса (геометрия) ва илмҳои риёзиёт (математика) низ дар ин замон хеле рушд ёфта, олимони ин соҳа на танҳо муваффақиятҳои илмии то даври худро ҷамъбаст мекарданд, балки ба бисёр кашфиётҳои муҳими илмӣ дар ин соҳаҳо, аз қабили кашфи касри ашъорӣ (даҳӣ), усули баровардани реша аз ададҳои ихтиёрӣ, ба илми риёзиёт ворид кардани мафҳуми «ададҳои мусбат» ва «ададҳои манфӣ» ва ғайра мушарраф шуданд, ки ба пешрафти минбаъдаи ин соҳаи илм роҳ кушод. Умуман, олимони мактаби илмҳои дақиқи (астрономия), риёзиёт (математика), ҳисоб (алгебра ва арифметика), ҳандаса (геометрия, тригонометрия, геодезия) ва амсоли он зиёда аз 100 асар эҷод карда буданд.

Мавлоно Ҷомӣ аз рӯзе, ки ба Самарқанд омада буд, рағбати зиёде дошт, ки рафта расадхонаро бубинад, ситораҳоро назора кунад, вале ӯро ҳеҷ имконе даст намедод.  Баъди вафоти устодаш рӯзе ба воситаи нома аз Улуғбек, ки дар пеши ӯ низ дарс хонда буд, хоҳиш кард, то ӯро иҷозат диҳад, ки ба расадхона равад, вале Ҷомӣҷавоб гирифт, ки расадхона тақрибан кор намекунад, зеро баъди ба поён расидани зиҷ он ҷо дигар кори муҳимме бурда намешавад. Ҷомӣ бори дигар ба Улуғбек хоҳишнома навишта изҳор кард, ки барои ӯ кор кардани расадхона муҳим нест, мехоҳад, ки ҷойи хидмати устоди марҳумаш Қозизодаи Румиро табаррукан зиёрат кунад.

Ин дафъа ба ӯ иҷозат доданд. Рӯзе баъд аз зуҳр Абдурраҳмони Ҷомӣ роҳи Тали Пойирасадро пеш гирифт. Вай аз дарвозаи Оҳанин, ки яке аз шаш дарвозаи асосии шаҳр буда, дар тарафи шарқи шимолии он воқеъ гардида буд, баромада, каме ба тарафи шарқ рост рафт. Баъди фосилае роҳ ба тарафи чап моил шуда, касро ба сӯйи баландӣ мебурд. Пас аз фурсате ӯ ба ҳамворӣ расид. Қад-қади роҳро дарахтони тираку шамшод зеб медоданд, ки шамолаки нарми бегоҳӣ шохҳои онҳоро ҷунбонида меистод.

Ҳар қадар Ҷомӣ пеш мерафт, сояи дарахтон, ки ба тарафи шарқ гашта буд, дарозтар мешуд. Ҷомӣ каме нишеб фуромаду аз рӯди Сиёҳоб (Сиёб)   гузашт ва боз теппачаеро тай карда, дар фуромадгоҳи он ба лаби наҳрчае расид, ки Оби Раҳмат буд. Вай дар лаби об нишаста дасту рӯ шуст, таҳорат кард, об хӯрду дам гирифт. Аз ҷояш бархоста аз наҳр ба ақиб гашт ва ба тарафи баландии тале раҳсипор гардид. Ин тали Кӯҳак буд, ки акнун онро бештар Тали Пойирасад мегуфтанд.

Ҷомӣ чун ба баландӣ баромад, дид, ки ба чаҳор тараф уфуқ кушода шуда, тамоми манзараи атроф бо пастиву баландиҳо, силсилаи кӯҳҳои дур, гунбазу манорҳои шаҳр ва ҷо-ҷо дар талҳо дидбонҳо намудор буд. Шомгаҳ ки наздик буд, шафақи лолагун канори ғарбии осмонро музайян мекард.

Ҷомӣ ба дарвозаи пӯшида наздик шуда, ҳалқаи онро кӯфт. Посбон дарвозаро кушод ва иҷозатномаи ӯро дида, ба даромадан рухсат дод. Абдурраҳмони Ҷомиро яке аз ходимони расадхона, ки қаблан бо ӯ ошноӣ дошт, истиқбол кард. Оҳиста-оҳиста чодари сиёҳи шаб оламро ба зери худ кашид. Манзараи гунбази фалак тоси нагунсореро мемонд, ки гӯё устои моҳире онро нуқракӯб карда бошад. Ин манзараи фалаки пурситораро назора карда, Ҷомӣ беихтиёр шеъри Фариди Аҳвалро, ки суханварони ҳамасри Шайх Саъдӣ буд, замзама кард:

Намози шом, к-аз амвоҷи ин дарёи дӯлобӣ

Фурӯ шуд заврақи заррин, баромад ташти симобӣ.

Зи авҷи мавҷи ин дарё баромад сад ҳазор анҷум

Чу бар рӯйи муҳити кул шиновар хайли мурғобӣ

Асбоби асосии расадхонаро судси азиме ташкил мекард. Ин таҷҳизоти зовиясанҷ, ки аз шашяки доираи амудӣ иборат буд, аз марказ то нуқтаи сатҳи доира зиёда аз шасту се газ буда, дарозии қавси он қариб сад газ меомад. Судс дар хатти нисфуннаҳор (меридиан) дар хандақе, ки се газ бар дошт, аз ҷануб ба шимол ба тарзи ду камонаи ба ҳам мувозӣҳалқа зада, ин камонаҳо дуним ваҷаб аз ҳам дур буданд. Пояи хандақҳаштод газ, баландии доираи он дар ҷануб як газ ва дар шимол чиҳил газ буда, дар ҳар чаҳор ангуштии камона мили биринҷӣ часпонда шуда буд, ки дараҷаҳоро ифода мекард. Дар ин бино соати офтобӣ ва устурлоб буд. Ҳамон сӯрохие, ки аз мобайни сақф партави офтобро роҳ медод, вақтро муайян мекард.

Мавлоно Ҷомӣ на танҳо ин афзору таҷҳизотро  тамошо кард, балки бо онҳо афлоку ситораҳоро назора кард, баъзеи онҳоро дар осмон ёфта, аз дафтари зиҷ, ки ҷадвали 1018 ситораро фаро мегирифт, пайдо кард. Қариби саҳар онҳо хоб рафтанд.

Бомдодон Ҷомӣ аз хоб бархоста, ба тамошои иморат машғул шуд. Бинои расадхона иморати сеошёнаи мудаввара устувонашакле (силиндрӣ) буд, ки дарвозаи мунаққаш ва ҳафт гунбаз дошт. Баландии иморат қариб чиҳилу чаҳор газ ва қутри ҳалқаи он зиёда аз ҳафтоду ду газ буда, даруни он аз толори калон ва атрофи толор аз даҳлезу ҳуҷраҳо иборат буд, ки сақфу деворҳои онҳо бо нақшҳои дилпазир ва навиштаҷоти беназир, тасвири нуҳ фалаки гардон, суфраи кабуди осмон бо ситораҳои бешумор, бурҷҳои самовӣ, ҳилолу бадр, шакли кураи замин, тақсимоти ҳафт иқлим бо дараҷаю дақиқа ва сонияҳои тӯлу арзи шаҳрҳову вилоятҳои онҳо, сурати ҷазираҳову рӯдҳо ва биёбонҳову кӯҳҳо дар ниҳояти зебоӣ ва ғояти диққат оро дода шуда буд.

Ба ҳамин тариқ, Абдурраҳмони Ҷомӣ дар муҳити фарҳангӣ ва адабии Самарқанд айёми ҷавониро ба андӯхтани дониш ва такмили ҳунар сарф мекард.

Аз китоби «Абдурраҳмони Ҷомӣ»-и Аълохон Афсаҳзод 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi