14:34:45 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қиссаҳо аз рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ – 1

Ба истиқболи ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ      

ҚИССАИ ҚУРБОНИИ ВАБО

Дар миёни ҳамдарсони Нуриддин ҷавоне дӯстдоштанӣ ва самимӣ буд, ки Нуриддин бештари вақти худро бо ӯ мегузаронид. Нуриддин инак, як ҳамсуҳбат дошт, ки ҳаммонанди худи ӯ шеър мегуфт. ӮҲасаншоҳ, аҳли Ҳирот буд. Падараш дар бозори Ҳирот дукони атторӣ дошт ва он ду бештари вақт боҳам буданд ва мушоира мекарданд.

1-mavlono-jomi 454545Ҳар фурсате, ки меёфтанд, девони ашъори шоирони пешинро дар китобхонаи бузурги Ҳирот ба амонат мегирифтанд ва бо ҳам мехонданд ва гоҳ ашъори дигаронро тазмин мекарданд. Гоҳе ҳам дар фанни муаммо, ки дар он рӯзгор бисёр роиҷ буд, табъозмоӣ мекарданд. Замоне низ дар ҳаҷви дигарон ашъоре месуруданд, аммо ҳамаи инҳо аз назари Нуриддин коре набуд ҷуз “машқи шоирӣ” ва шеър дар он замон саромади ҳунарҳо дар Эронзамин буд. Шеър буд, ки дарҳои дунёи маърифатро бар шефтагони он мекушуд. Шеър барои Нуриддин ба ширинии ҳамон наботи табарруке буд, ки дар панҷсолагӣ аз дасти Хоҷа Муҳаммади Порсо  гирифта буд.

 Як рӯз Нуриддин ба суроғи дусташ Ҳасаншоҳ рафт. Хонаи онҳо дар наздикии Дарвозаи Қандаҳор буд ва ин масофа то манзили Нуриддин роҳи зиёде набуд. Пас аз он ки чанд бор дар зад ва касе дарро боз накард, баргашт то биравад. Якбора тирезаи чӯбии болохона кушода шуд ва чеҳраи духтаре бо чашҳои сиёҳ, дар ҳоле ки мӯйҳои худро бо шоле сабз пушонида буд, дар чаҳорчӯби панҷара зоҳир шуд. Нуриддин барои лаҳзае чашмҳои сиёҳ, бинии кашида ва лабҳои борики ӯро, ки шабоҳати бисёре ба дӯсташ дошт, дид ва баъд сарашро пойин гирифт. Духтар гуфт:

Ҳасан ба бозор рафта, пеши бобокалонам.

Нуриддин гуфт:

–Вақте омад ба ӯ бигӯй, ки дар мадраса мунтазираш ҳастам.

Лаҳзае бозистод ва гуфт:

–Ман Нуриддин ҳастам, ҳамдарси Ҳасан.

Духтар гуфт:

–Шуморо мешиносам. Ғазалҳоятонро ҳам хондаам. Хеле равон аст.

Нуриддин нигоҳе ба болохона кард. Нигоҳашро баргирифт ва гуфт:

–Худо нигаҳдор.

Садои баста шудани тирезаи чӯбинро шунид. Сарашро баланд карду ба боло нигоҳ кард. Панҷараи чӯбӣ бар ҷойи худ буд. Бо ҳамон шишаҳои рангаи зебое гӯё аслан боз нашуда ва чанд лаҳзае пеш чеҳраеро дар чаҳорчӯбаи  он надидааст.

Нуриддин чанд бори дигар ба баҳонаҳои гуногун ба дари хонаи Ҳасаншоҳ рафт, аммо дигар натавонист онро бибинад. Чанд бор бо Ҳасаншоҳ дар бораи хонаводаи худ ҳарф зад. Аз бародараш, ки ба мусиқӣ шавқ дошт ва аз хоҳари хурдаш, ки дилбастаи шеър буд, сухан гуфт. Ба ин умед, ки шояд Ҳасаншоҳҳам дар бораи хонаводааш чизе бигуяд ва ё аз хоҳараш ҳарфе ба миён оварад, аммо ин иттифоқҳаргиз наяфтод. Дар он замон миёни мардони ҷавон маъмул набуд, ки дар бораи хоҳари худ пеши дигар мардон чизеро бигӯянд, ҳатто агар ин шахс наздиктарин дӯсти онҳо бошад.

Нуриддин ин ҷумлаи хоҳари Ҳасаншоҳро борҳо пеши худ такрор кард: “Ғазалҳои шуморо хондаам. Хеле равон аст”. Ва бо худ гуфт: “Пас ин духтар ҳам савод дорад ва шеър мехонад. Шеърро ҳам хуб мешиносад”.

“Равон будан” сифате буд, ки дигарон ҳам дар бораи ашъори Нуриддин ба кор мебурданд.

–Агар ӯ шеърро намешинохт, ин сифатро ба кор намебурд. Агар мехост таъриф кунад, аз сифати дигаре истифода мекард. Мумкин буд бигӯяд: “Хуб аст!”, аммо намегуфт: “Равон аст!”. Пас шеърро мешиносад. Яқинан ӯҳам монанди Ҳасан дилбохтаи шеър аст.

Нуриддин тасмим гирифт, қабл аз он ки хостаи худро барои хостгории хоҳари дӯсташ ошкор кунад, аз модараш барои пурсуҷӯ кумак бигирад.

Баҳори соли 838 ҳиҷрии қамарӣ  фаро расида буд ва бӯйи атри алафҳои ёбоӣ аз даштҳои сарсабзи Ҳирот ҳамроҳ бо боди баҳорӣ мевазиданд. Ҳарирӯд бо гарм шудани ҳаво ва об шудани барфи кӯҳҳо пуроб шуда буд ва дар бистари нарми худ мехазид ва боло меомад. Ногаҳон хабаре ҳавлнок дар шаҳр печид ва ҳама чизро дигаргун кард. Вабо! Вабо дар шаҳр дида шуд ва тӯле накашид, ки теъдоди бешуморе қурбонӣ гирифт. Мардум гурӯҳ-гурӯҳ аз шаҳр фирор мекарданд. Рӯзе набуд, ки аз маҳаллае тобуте бар сари даст бурда нашавад ва мардум “Ло илоҳа иллаллоҳ” гӯён ба дунболи тобут ҳаракат накунанд.

Кам-кам теъдоди қурбониҳо фузунӣ кардан гирифт. Вабо бераҳм буд ва ба пиру ҷавон, олиму омӣ раҳм намекард. Абдулқодири Муроғаӣ, ки мусиқинавози маъруфе буд ва Зайнуддини Хофӣ, ки ӯҳам аз орифони машҳури Ҳирот маҳсуб мешуд, аз ҷумлаи касоне буданд, ки Нуриддин онҳоро мешинохт ва аз бемории тоъун даргузаштанд. Ҳеҷ кас намедонист, чӣ бикунад. Мусибат бузургтар аз он буд, ки аз дасти касе кор намеомад. Ҳама худро ба Худо супурда буданд. Агар умри касе ба дунё буд, зинда мемонд ва агар набуд, мерафт.

Тобистон фаро расид ва вабо ҳамчунон куштор мекард. Ҳоло дигар тобутҳоро бар пушти маркабҳо мебастанд ва аз шаҳр берун мебурданд, зеро теъдоди талафот ба қадре зиёд буд, ки мардум наметавонистанд онҳоро ҷаноза кунанд. Зиндагӣ дар шаҳр хеле сахт нафас мекашид. Касбу кор аз равнақуфтода буд ва бозорҳо таътил шуда буданд. Мадрасаҳо баста ва шогирдон пайи кори худ рафта буданд.

Муддате буд, ки Нуриддин аз Ҳасаншоҳ хабаре надошт. Тасмим гирифт ба дидори ӯ биравад. Ба тарафи пойини кӯча рафт. Ҳалқаи дарро гирифт ва чанд зарба зад. Замоне, ки барои Нуриддин бисёр тӯлонӣ буд, гузашт. Дар бо садои хушке боз шуд ва Ҳасаншоҳ дар остонаи дар бо пироҳане сиёҳ зоҳир шуд. Бо дидани Нуриддин ӯро дар оғӯш гирифт ва дар ҳамон ҳол гуфт: “Хоҳарам, Нуриддин, хоҳарам нозанинам...”.

Ва дигар натавонист ҳарфи худро идома диҳад. Ашкҳояш сарозер шуданд ва шонаҳояш шурӯъ кардан ба ларзидан. Ҳар ду бар замин нишастанд. Нуриддин сарашро бо ду даст гирифт ва дар миёни пойҳои худ фишурд. Буғз роҳи гулӯяшро баста буд. Он чашмони сиёҳ, он нигоҳи пурфуруғ, акнун дар зери хирворҳои хоканд...

Ғами ҳиҷрони ту кӯҳ аст, ин тани лоғар чу коҳ

Тоқати кӯҳе чунон, то кай бувад ин коҳро?

 Аз китоби "Ҷомӣ"-и Алиасғари Ҳикмат

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi