03:27:48 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Марат Орипов: «Ман аз он дунё баргаштам»

Ҷиддияти мавзуоти рӯз Носир Саид ва ҳайати эҷодии ӯро сари иттифоқе овард, то дар ҷодаи синамо гоми дигаре бардоранд. Ин қадами тоза баъд аз «Қиёми рӯз» филми «Муаллим» аст, ки аз рӯзгори имрӯзи мардуми мо қисса мекунад.

1-muallim 111Маҳз фарогирии мавзӯъ ва ҳунармандони ҳирфаӣ дар филм тавонист онро пешорӯи мардум воқеӣ тобиш бидиҳад. Муҳимтар аз ҳама, ба бинанда шахсияти ошно Марат Орипов аст, ки бо нақшҳои «Сино» ва «Рӯдакӣ» мешиносандаш. Худи ӯ дар нахустнамоиши филми «Муаллим» дар «Кохи Ҷомӣ», ки ӯро бо пазироии хуш ровиёни ин барнома Аловиддин Абдуллоев ва Шавина бо эҳтироми хоса рӯйи саҳна хонданд, гуфт:

«Ман аз он дунё баргаштам». Воқеан, ба гуфтааш, зиёда аз 40 сол рӯйи саҳнаи ҳунар набуд ва маҳз бо талошҳои Носир Саидов дигарбора тавонист мадор ёбаду дар филм нақш биофарад ва хуб, ки нақши муаллим. Зеро, ба қавлаш, омӯзгор дар ҳама давр пешбари замон буду ҳаст ва ҳарфу амалу рафтораш бояд созанда бошад. Ба қавлаш, филмнависону басаҳнагузорони он маҳз ҳамин ҷанбаҳоро ба инобат гирифтаву коргузорӣ кардаанд. Воқеияти дигаре, ки аз гуфтаи Марат Орипов бармеояд, лаҳзаи оғози филмнома аст.

Яъне, баъд аз он, ки писари омӯзгор Назар (дар нақш Марат Орипов) - муаллими ҷавон Самандар (дар нақш Абдукарим Машрабов) хокдони ҷаддашро мекобад, ӯро, ки пойи равон надорад, пуштора карда, ба хона меорад. Ҳарчанд дар филм баъдан барои ба қавле «ҷойро банд кардан» таъкид мешунаванд, аммо ин корро намекунанд. Ҳангоми намоиши ин саҳнаҳо аз пушт нидоҳое ҳам ба гӯш мерасид, ки замин дар Тоҷикистон камчин аст? Шояд муаллим оромгоҳашро бари ҳамсари худ дидан мехоҳад?

3-muallim 333Баъд аз як лаҳзаи дарси муаллим Самандар ва нақли Ширин (Муниса Раҳмонова) дар бораи дӯстии Яҳёву Мадёр, муллоимоми маҳал бо шикоят аз болои муаллим назди директори мактаб медарояд ва боис мегардад, ки ранҷише барои омӯзгори ҷавон бирасонад. Дар ин баробар, гӯё бозгӯйи рӯҳияи тамошобин аст, ки ин лаҳза писарбузурги муаллими собиқадор Юсуфро, ки пештар дар Русия будаву инак тариқи қатора ба Тоҷикистон омада истодааст, нишон медиҳад.

Ва баъд аз оне, ки нафаре ҳамсафар мешиносадашу сӯҳбати дӯстона доранд, тафтишот оғоз мегардаду баробари бозубандаш аз ҷайбаш порасанг меёбанд. Чун мепурсанд, ҷавоб медиҳад, ки ин русуми мост, ки бо худ кафи хок ё санги Ватанро дошта бошем. Инҷо меҳрубонии зани тоҷики ҳамшафат низ нишон дода мешавад, ки духтарчаашро боибо оҳиста имо мекунад, то себеро аз рӯйи хонашон гирифта, ба Юсуфи ҳамсафарашон бидиҳад.

Ӯ мегираду раҳмат мегӯяд ба ҳамдиёри худ. Чун Юсуф ба себи хубонии сурхи дасташ нек назар мекунад, маро ҳаминҷо тақдири ҳамсояаамон ёд меояд, ки мошин-мошин себи Файзободро ба Русия мебурду зиндагии худу мардумро тинҷ менамуд, аммо бо як тӯҳмати героинфурӯшӣ чандин сол зиндониву аз зану фарзандон дур шуд.

2-muallim_222.jpgҲаминҷо лаҳзаи дигари ҷолиб аст, ки гарчанде баъд аз фишоровариҳо писари дуюми Назар - муаллим Самандар тарки тадриси мактаббачаҳо мекунад, дилаш қарор намегираду ба шогирдаш Ширин, ки хеле хушзеҳн ва духтари ҳамсинфаш Ҳадя (Маҳноз Афшор) аст, дар хона дарси иловагӣ медиҳад. Бар замми ҳама нокомиҳо, ки Самандарро дар мактаб фарогир шуд, акнун ноҷавонмардона нафаре аз ҳамсояҳо ӯро рӯйрост тӯҳмат мезанад, ки «бо ҳамсоя, ки шавҳараш дар Русия аст, ишқварӣ меоӣ».

Аз ин тӯҳмат Самандар сахт озурда мешавад ва ду мушти обдоре ба сару гардани ин нафар мефурорад. Охир ҳамин тӯҳмати ҳамсояҳо буд, ки бародараш Юсуфро бо Ҳадя, ки ҳамдигариро дӯст медоштанд, бадном карданду фаъолияташро батанг ва ӯ рафт Русия. Баъдан Ҳадя шавҳар кард, аммо зиндагиаш ранг надошт. Аз ин нокомӣ муллоимоми маҳал ҳам сахт озурда буд, зеро Ҳадя хоҳараш мешуд. Самандар ҳам нигарон буд, ки чаро Ҳадяро ба бародараш надоданд, шояд он вақт зиндагиашон ранги дигар мегирифт. Вақте, ки аз падар пурсид, Назар ранҷишашро баён кард:

«Чун хостгорӣ хостам, муллои деҳа аз ман суол кард, ки оё муаллимӣ касб аст? Оё нони муаллимӣ ҳалол аст?». Акнун нияташро ба Самандар гуфт, ки «ман собиқ сардорат - директори мактаб Маҳмуродро мешиносам, одами хуб, духтараш Маҳтоб (Меҳрангез Маҳмадназарова) ба дилам, ҳамонро бароят хостгорӣ мекунем». Аммо дар ҷавоб ба падар Самандар исрор кард, ки ӯро баробари хоҳари худ медонад. Ин пурсишу посух то субҳдам, то оне буд, ки Самандар говро ҷӯшида оварду барои падар ширчой пӯхт. Ҷолибияти аслӣ ҳам ҳамин аст, говро ҷӯшидани мард. То ширчой хуб пӯхтанаш сару рӯйи падарро ҳам Самандар шустушӯ доронд.

4-muallim_444.jpgНав ширчой мекашид, ки якбора садои шинос омад. Маҳмуроди директори мактаб садо мекунад. Самандар берун баромада, ҳамроҳи ӯ милисаеро дид. Боз масъалаи манзилгоҳи кофташуда ва андаке бор. Самандар иқрор шуд, ки борҳои як дӯсти хитоӣ аст ва чун се-чор рӯз инҷо меҳмон буду борҳояш монду мошинаш вайрон шуд, хоҳиш кард, ки то фурӯхтанаш инҷо биистад. Самандар ҳам наметавонист не бигӯяд, чун дафъаи гузашта дар хонаашон меҳмон шуду барои падараш дучархаи бепул овард. Ҳоло нимшӯхиву нимҷиддӣ директори мактабро (дар нақш Қурбондӯсти Раҳмониён) ба аробачаи маъюбӣ шинонда, чунон бо суръати тез ронд, ки қариб рӯдакан шавад. Маҳз ҳаминҷо барои Ҳадя бо ҳамсоя муштзанӣ мекунад.

Муаллим Назар бехабар аз ин ҳама, баъди чанд лаҳза пас аз бозгашти писараш хоҳиш кард, ки ӯро ба хонаи директори мактаб бубарад. Аммо матлабашро пурра ба охир нарасонида, зани директор аз овозаҳои кӯча ҳадс зад. Самандар бошад, гуфт, ки ман духтари шуморо гирифтанӣ нестам, мисли хоҳар дӯст медорам, роҳнамоӣ мекунем, ки раваду хонад, маълумот бигирад. Зан бошад, исрор кардан мегирад. Муаллим Назар, ки аз хабарҳои ноҷо нороҳат мешавад, мегӯяд, ки «маро зуд аз ин ҳавлӣ бубар».

5-muallim_555.jpgЧун мебароянд, фармоиш медиҳад, ки гардонад сӯйи оромгоҳ. Сари манзилгоҳ омадан замон, худашро мепартояд даруни хокдон. Ва нидо мекунад ба тарафи писараш, ки «хокро бигардон болои ман, маро шарманда кардӣ, обрӯи муаллимиро резондӣ!». Самандар бо илтиҷо  тавалло мекунад, ки «ин ҳама тӯҳмат аст, ман обруи шуморо нарезондаам, хезед биравем хона». Муаллим Назар бо боварӣ ба писараш бармегардаду раиси маҳалларо даъват карда, ҳама ордену медалҳояшро барои хизматҳо ба хотири нигоҳ доштан дар осорхона ва ба номи давлат медиҳаду мегӯяд, ки «аз ман васият, салоти ҷанозаро ки медонӣ, ҷанозаи маро худат мехонӣ».

Рӯ ба Самандар оварда мегӯяд, ки «маро худат мешӯӣ» ва бо ҳавас гарданбанди нуқрагинеро ба дасташ дода, таъкид мекунад, ки «ин тӯҳфаи модарат, барои арӯсат тақдим мекунӣ». Ӯ даст ба навниҳоли рӯйи ҳавлӣ бурда, бо умед ба писараш менигараду мегӯяд, ки «инро бурда болои хокдон шинону бохабарӣ кун ки бисабзад». Баъд аз ин, Самандар ҳар замон бо шогирдаш Ширин об оварда, дар решаи дарахт мерезанд, то бисабзад. Дар як лаҳзаи чунин ҳолат хабари ногаҳонӣ мерасад, ки падараш Ҷангӣ (Сӯҳроб Ҷанҷолов) омадаву модараш Ҳадяро латукӯб дорад.

6-muallim_666.jpgҲама ҳамсояҳо ҷамъ меоянд, яке ба умеди созиш, дигаре ҷаҳлтамошо, аммо асос ин ки, овоза корашро карда буд. Ин ду аз ҳам ҷудо шуданд. Шоми ҳамон рӯз ҷорчӣ гашт, ки муаллими Назар аз дунё даргузашт. Фарроши мактаб Шамъигул, ки Самандар шамъу гули хонадонаш мегуфт, аз аввалинҳо буд, ки ҳамдардӣ омад. Директори мактаб бо сари боло ҳама хурду калонро дар саҳни мактаб гирд оварду пешдаро шуда, ҷанозаро хонд. Дар қатори якум бо хилъати сафед муллои деҳа меистод, «охир ҷойи ҷанг ҷанг асту ҷойи нанг нанг».

Самандар баъд аз бо обру дафн кардани падар озими Русия мешавад ва сабзиши навниҳоли болои хокдонро ба духтарчаи Ҳадя - Ширин месупорад. Лаҳзаи лӯхтакча дар даст назди хокдон омадаву бехи ниҳол об рехтану дуо хонданаш буд, ки Юсуф борхалат сари китф намоён мешавад. Инҷо ин ду қаҳрамони филм, ки пайванди сахте доранд, канори ҳам мемонанду намоиш тамом мешавад. Ба гуфтаи режисёри филмнома Сафари Ҳақдод, ин лаҳза чун дигар лаҳзаҳои филм аз ҳама асосӣ ба ҳисоб меравад ва ояндаи ин ду пеши тамошобин некбинона аст.

Киношиноси тоҷик Саъдулло Раҳимов низ филмро воқеияти замон медонад. Гарчанде чанд тамошобин бештар хоси деҳот будани рухдодҳои ин филмро таъкид мекунанд, аммо барои ҳамагон тамошои бисёр лаҳзаҳо, аз қабили мушкилоти муҳоҷирату говҷӯшии мард диданибоб аст.

7-muallim_777.jpgХоса таъкиди ба хондан омадани духтари директори мактаб, ки ба қавли худи қаҳрамон, ин ҳавасро ҳама ҷавондухтарон дар дил доранд. Нақши рӯҳонӣ ҳам дар иҷрои Қурбони Собир хеле чашмрас асту ба қавли худаш, ӯ тавонистааст нақши худро муассир бибозад. Говҷӯшии Абдукарим Машрабовро бошад, ҳам худи ӯву ҳам ҳамкорону ҳам тамошобинон ҳунари баланд мехонанд. Гарчанде ба гуфтаи ҳампешаҳояш, ба хотире, ки гов поча набардорад, онҷо танҳо наворбардор доромаду халос, аммо чун бинанд, аҳл будааст. Дар бораи Марат Орипов бошад, як чиз гувоҳ аст.

Маҳз ҷойгоҳи ин марди фозил дар ҷомеа ва кам нагаштани эътиқод ба саҳнаву ҳунару синамо бошад, ки дар нахустнамоиш гарчи Маҳноз Афшори эронӣ, яке аз қаҳрамонҳои нақши асосӣ, ки бо далели таваҷҷӯҳи якбора баъд аз ин нақшу иштирок дар наворе дигар ва дарозои роҳ натавониста ширкат намояд ва қаблан табрикот ирсол доштааст, бо шумули раиси Кумитаи радио ва телевизион Асадулло Раҳмон зиёд чеҳраҳои ҳунарӣ дар мисоли Асланшоҳ Раҳматулоев бо аҳли оилааш ва ҳамсари шодравон Кароматулло Қурбон - Зулфиябону, ки зиндагиш худ як филмнома аст, бо дӯстонашон ширкат доштанд. Воқеан, чаро дар ҳамкорӣ бо фарзандони ҳунарвари эшон оянда низ филмофарӣ накунем?

Ногуфта намонад, ки нахустнамоиши «Муаллим» ба зодрӯзи модари ҳунарманди маъруфи тоҷик Далер Назар рост омада буд ва ровии барнома ин рӯзро таҳният гуфт. Худи Далер Назар, ки дар чорабинӣ ҳузур дошт, аз каноре истодаву бо табассум ва чеҳраи саршор аз ифтихор қарсак мезад.

Зулолаи НУР



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi