01:52:47 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ

Муштариёни арҷманди сомонаи «Рӯзгор» дар номаҳои сершумори худ аз мо хоҳиш кардаанд, ки «Муноҷотнома»-и орифи маъруфи асри 11 Хоҷа Абдуллоҳи Ансориро барояшон дар шакли пуррааш ба табъ расонем. Мо хоҳиши онҳоро бо камоли майл иҷро мекунем. Аз ин рӯз ба баъд ҳар ҳафта порчаеро аз ин ганҷи бебаҳои адабиётамон  дар саҳифаҳои сомона ба нашр хоҳем расонд.

Аҳли эҷоди «Рӯзгор»

1-munojotnoma-2014Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ мулаққаб ба Шайху-л-ислом яке аз пешвоёни намоёни аҳли тасаввуфи асри XI буда соли 398 х/1006м. дар мавзеи Куҳандизи Тӯс таваллуд ёфтааст. Ӯ аз синyи хурдсолӣ ба омӯхтани илмҳои замонааш пардохта махсусан дар соҳаи фиқҳ ва фалсафаи тасаввуф дониши васеъ хосил  мекунад. Ансорӣ пас аз фаро гирифтани илмҳои мазкур аз шахри Тус ба Хирот омада, дар он чо иқомат ихтиёр мекунад ва то ба охири умр дар хамон ҷо мемонад ва бо лакаби Пири Ҳирот шуҳрат пайдо мекунад. Ӯ дар соли 481х/1088м. дар шаҳри Хирот вафот мекунад. Марқади вай то ҳол дар Гозургоҳ ном мавзеи шаҳри Ҳирот барчост.

Аз мероси адабии Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ то замони мо асарҳои «Манозилу-с-соирин», «Табақоту-с-суфия»,  «Муноҷотнома», «Сад майдон», «Мақомот», «Илоҳинома», «Ганҷнома», «Қаландарнома», «Канзу-с-соликин», «Зоду-л-орифин» ва ғайра боқӣ мондаанд.

«Муноҷотнома»

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ё Раб,  дили поку ҷони огоҳам дех,

Оҳи шабу гиряи саҳаргоҳам деҳ.

Дар роҳи худ аввал зи худам бехуд кун,

Бехуд чу шудам, зи худ ба Худ роҳам деҳ.

Илоҳо, Яктои беҳамтои, Қаюми тавоноӣ, бар ҳама чиз биноӣ, дар ҳама ҳол доноӣ, аз айб мусаффоӣ, аз ширк мубарроӣ, асли ҳар давоӣ, доруи дилҳоӣ, шоҳаншоҳи фармонфармоӣ, муаззаз ба тоҷи кибриёӣ, ба Ту расад мулку худоӣ.

Илоҳо, номи Ту моро ҷавоз, меҳри Ту моро ҷиҳоз, шинохти Ту моро амон, лутфи Ту моро аён.

Илоҳо заифонро паноҳӣ, косидонро бар сари роҳӣ, муъминонро гувоҳӣ, чи азизаст он кас, ки Ту хоҳӣ.

Илоҳо, эй Холиқи бемадад; в-эй Воҳиди беадад, эй Аввали бебидоят; в-эй Охири бениҳоят, эй Зоҳири бесурат; в-эй Ботини бесират, эй Ҳаййи безиллат, эй Муътии бефикрат; в-эй бахшишандаи беминнат, эй донандаи розҳо, эй шунавандаи овозҳо, эй бинандаи намозҳо, эй пазирандаи ниёзҳо, эй шиносандаи номҳо, эй расонандаи гомҳо, эй мубарро аз авоик, эй муталеъ бар ҳақоиқ, эй меҳрубон бар халоик, узрҳои мо бипазир, ки Ту Ғаниву мо фақир ва бар айбҳои мо магир, ки Ту Қавиву мо ҳақир. Аз банда хато ояду зиллат ва аз Ту ато ояту раҳмат. 

Илоҳо эй комкоре, ки дили дӯстон дар канафи тавҳиди Туст; в-эй коргузоре, ки ҷони бандагон дар садафи таҳқири Туст, эй Каҳҳоре, ки касро ба Ту ҳиллат нест, эй Ҷабборе, ки Ту гарданкашонро бо Ту рӯйи муқовамат нест, эй ҳакиме, ки равандагони Туро аз болои Ту гурез нест, эй Кариме, ки бандагонро ғайр аз Ту дастовез нест. Нигоҳ дор, то парешон нашавем ва дар роҳ ор, то саргардон нашавем. 

Илоҳо, дар ҷалол Раҳмонӣ, дар камол Субҳонӣ, на муҳтоҷи замонӣ ва на орзуманди маконӣ, на кас ба Ту монад ва на ба касе монӣ, пайдост, ки дар миёни ҷонӣ, балки ҷон зинда ба чизест, ки Ту онӣ.

Илоҳо, куҷо бозёбам, он рӯз (ро), ки Ту моро будӣ ва ман набудам, то боз ба он рӯз расам миёни оташу дудам, агар ба ту гетӣ он рӯз (ро) ёбам, пурсудам; в-ар буди  худро ёбам, ба набуди худ хушнудам.

Илоҳо, аз он чи нахостӣ, чӣ ояд ва онро, ки нахондӣ, кай ояд? Нокиштаро аз об чист ва нохондаро ҷавоб чист? Талхро чӣ суд, агараш оби хуш дар ҷавор аст ва хорро чӣ ҳосил аз он, ки бӯйи гул дар канор аст?

Илоҳо, ҳар кӣ Туро шинохт ва алами  меҳри Ту афрохт, ҳар чӣ ғайр аз Ту буд, бияндохт.

Рубоӣ:

Он кас ки Туро шинохт, ҷонро чӣ кунад?

Фарзанду аёлу хонумонро чӣ кунад?

Девона кунӣ ҳарду ҷаҳонаш бахшӣ,

Девонаи Ту ҳар ду ҷаҳонро чӣ кунад?

 

Шарҳи луғот:

Мубарро- касе, ки пок аз туҳмат аст.

Муаззаз- арҷманд

Ҷавоз- иҷозатнома

Бебидоят –беоғоз

Зиллат-хорӣ

Муътӣ- атокунанда, бахшанда

Гомҳо- қадамҳо

Авоиқ- ҷамъи оиқ, яъне боздоранда, ончи сари роҳи касе ё чизе воқеъ шавад.

Мутталеъ- донову огоҳ ба кор

Канаф- ҳимоят паноҳ.

 (давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi