13:49:17 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30 31

Фирдавсӣ ситоишгари ваҳдати динӣ

Дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар барномаи "Марворидҳои бесадаф" перомуни ҳунару халлоқияти Фирдавсӣ дар таълифи "Шоҳнома"-и безавол суҳбатиҲафиз Раҳмон бо адабиётшинос ва шоири шинохта Рустами Ваҳҳоб доир гашт. Ба хотири он, ки ин суҳбати ҷолиб фарогири андешаҳои тоза буд, онро ба шумо ироа мекунем.

ferdowsi 6589564545-Ҳ.Р. -Дар назм се тан паямбаронанд,

Ҳарчанд, ки "ло набию баъди".

Авсофу қасидаву ғазалро

Фирдавсию Анварию Саъдӣ.

Ҳоло аз якчанд паҳлӯҳо ва дидгоҳи ҳунарии Фирдавсӣ сухан меравад. Барҳақ "Шоҳнома" нигини ангуштарии шеъри дирӯзу имрӯз аст ва ин заррае муболиға нест. Мақому манзалати Фирдавсӣ имрӯз низ ба дараҷаест, ки дар замонаш дошт ва то ҳол ӯ муқими ҳамон кохи баландест, ки онро "Шоҳнома" ном мебаранд.

Дар мавриди ҳунари волову беҳамтои Фирдавсӣ дар таълифи ҳамосаи беназир на танҳо дар адабиёти Шарқ, балки дар адабиёти ҷаҳон мехоҳам мулоҳизаеро иброз дорам. Меъёрҳои шеър чӣқадар қавӣ буданд, аммо дар назми ривоятӣ мисли "Шоҳнома" оё шоир қудрату имкон дорад, ки ҳунар ва халлоқияти эҷодии худро намоён бикунад?

Р.В.-Албатта, "Шоҳнома"-ро ба таъбире баландтарин шеъри ҷаҳон ҳам мегӯянд. Баландтарин шеър ба ду маъно: яке ин, ки барҷастатарин шеъри дунё ва дигаре ин, ки дарозтарин шеъри дунё. Касоне, ки ин таъбирро дар мавриди "Шоҳнома" ба кор бурдаанд, бо ин эътиқод ин ҳарфро гуфтаанд, ки "Шоҳнома" аз аввал то охир шеър аст. Агар байте дар ҷое аз Фирдавсӣ воқеъ шавад, дар миёни осори дигаре биафтад, мо бидуни он, ки аз Фирдавсӣ ном бурда шуда бошад, эҳсос мекунем, ки ин сухан ҳолу ҳавои дигаре дорад.

Истеҳком, матонат ва ҳунари барҷастае дар он муҷассам аст. Бигзор агар он ривояте, нақле ё ахборе бошад. Матонати сухани Фирдавсӣҳамеша ошкор аст. Агарчи "Шоҳнома" ахбор, таърих, ривоят ва устура аст ва метавонад аз шеърсозию тағаззулсароӣ сарфи назар кунад, чунки худи равиши воқеаҳо чандон ҷаззоб ҳастанд, ки ҳуши хонандаро ба худ ҷазб мекунанд. Агар мо аз ҳамосасароиҳои Фирдавсӣ ёдоварӣ кунем, масалан дар мавриди Исфандиёр мегӯяд:

Ниҳод он буни найзаро бар замин,

Зи хоки сияҳ андар омад ба зин.

Ба мисли паланге, ки бар пушти гӯр

Нишинад, барангезад аз гӯр шӯр.

Яъне Исфандиёрро ба паланге ташбеҳ мекунад, ки якбора ҷаҳида ба пушти асп савор мешавад ва аспро ба гӯре (гӯрхаре) ташбеҳ мекунад, мисли он, ки паланге ба пушташ нишастааст, ошуфтаву девонавор дар саҳро медавад. Ин як тасвир ва панорамаи бузурге ҳаст, ки метавон аз он дар саҳнаи филм тасвири барҷаставу олие сохт, бидуни он, ки коргардон аз андешаи худаш чизеро ба харҷ диҳад. Дар чаҳор мисраъ гуфтани чунин сухан авҷиҳунар аст. Ё ҳамон қитъае, ки дар ҷанги Рустам бо Ашкбӯс аст, ба ёд оварем:

Бимолид чочикамонро ба даст,

Ба чарми гавазн андар овард шаст.

Сутун кард чапрову хам кард рост,

Хурӯш аз хами чархи чочӣ бихост.

Чу суффораш омад ба паҳнои гӯш,

Зи чарми гавазнон баромад хурӯш.

Чу пайкон бибӯсид ангушти ӯй,

Гузар кард аз мӯҳраи пушти ӯй.

Яъне як саҳнаи муфассали набард ва корзори паҳлавононаи ду танро Фирдавсӣ бо чанд мисраъ ба таври бисёр барҷаста ва ҳунармандона баён мекунад. Ин навъ мисолҳоро аз саросари "Шоҳнома" метавон пайдо кард. Мисоли дигар, вақте Фаридун лашкар мекашад, мардум гӯрӯҳогӯрӯҳ дар атрофи ӯҷамъ мешаванд ва Фаридун дар суроғи Заҳҳок ба канори Даҷла меояд. Киштибон ҳозир намешавад, ки киштиро дар ихтиёри онҳо гузорад ва онҳо бо асп худро ба Даҷла мезананд. Даҷла дарёи пуробе буд ва бо асп убур кардани он коре буд фавқулъода. Ҳамин саҳнаро Фирдавсӣ бисёр барҷаста тасвир мекунад. Ман аз назари истифодаи тахайюл мегӯям. Ӯ мегӯяд:

Ба об андарун тан, бароварда ёл, (аспҳо)

Ба парвоз дар шаб чу бози хаёл.

Ин дигар марзи ниҳояти корбурди тахайюл аст. Мо ин навъ тасвирро, ки дар он ин қадар нерӯ ва парвози тахайюл, назокати тасвир нодир ва тозаву ноб бошад,дар ҷои дигар камтар мебинем.

Ҳ.Р.-Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣҳатто дар назми ривоятӣ, таърихиву афсонавӣ тавонистааст, ки ҳунари баланди шоириро истифода кунад ва ҳамчун як шоири хеле нозукбаёну моҳир зоҳир бишавад. Донишманде мегӯяд, ки сифати боризи шеъри ҳамосӣ барангехтани ҳисси шигифтию ситоиш аст. Ӯ "Шоҳнома"-и Фирдавсиро бо ду ҳамосаи беназир - "Илиада" ва "Одисея"-и шоири маъруфи юнонӣ Гомер муқоиса мекунад. Ин ду асар нахустин осори адабию ҳунариии кулли Аврупо маҳсуб мешаванд. Аз ҳамин нуқтаи назар ҳамон эҳсоси шигифтиву ситоиш дар кадом замина пайдо мешавад? Дар заминаи воқеияти иҷтимоӣ ва боварбахшу рӯшан будани тасвирҳо. Беҳуда нест, ки Фирдавсӣ дар "Шоҳнома" аз назму шеър камтар истифода бурда, бештар мафҳуми суханро ба кор мебарад, сухане, ки эҳсосро бармеангезад. Аз ин дидгоҳ масалан, дар "Илиада" хислат ва рафтори қаҳрамонон ба хостаҳои худоҳои олимпӣ вобастагӣ дорад. Аммо дар "Шоҳнома" ин тавр нест. Қаҳрамонони "Шоҳнома" мисли мову шумо одамони заминианд. Қаҳрамонони юнонӣ бо ҳамин хислаташон аз қаҳрамонони "Шоҳнома" тафовут доранд.

Р.В.-Агар мо устураҳои "Шоҳнома"-ро бо асотири юнонӣ, ки бештар дар ҳамон асарҳои Гомер таҷассум ёфтааст, қиёс кунем, тафовути боризе мебинем. Достонҳои "Шоҳнома" танҳо бо ҷангҳои ҳамосӣ ва ҳузури қаҳрамонони фавқулъодаи ҳамосӣ ё корнамоиҳои хориқуллода хатм намешавад. Дар "Шоҳнома" мо инсонҳоро мебинем, инсонҳое, ки заъф доранд, дорои эҳсоси табиӣҳастанд. Масалан, мо барҷастатарин достонҳои ошиқонаву тағаззулиро дар "Шоҳнома" пайдо мекунем. Саргузашти Золу Рудобаро мутолиа кунед, мебинед, ки чӣқадар ҷилваҳову зуҳуроти ботинии инсонӣ дар он ҷо тасвир шудааст, ки дар муносибати инсонҳо (Сом бо ҳамсари Меҳроби Кобулӣ, гуфтугӯву муносибати онҳо ва зарофатҳои муоширатие, ки байнашон радду бадал мешавад) дида мешавад, ки саҳнаи муносиботи инсонҳои муосирро ба ёд меорад. Яъне онҳо то ин ҳад чеҳраи табиии инсонӣ доранд ва аз эҳсосоти инсонӣ бархурдор ҳастанд. Барҷастагии "Шоҳнома" ҳам дар ҳамин аст, ки бо вуҷуди ҳамосаи бисёр қадимӣ будан ва бо вуҷуди он, ки муҳтавояшро асотири қадим ташкил медиҳанд, ҳамосаи ҷовидонаест, ки бо зиндагии инсонҳо ҳамроҳу ҳампо аст. Аз ин ҷост, ки мегӯянд:

Зи "Шаҳнома" гӯ, ки пуровоза аст,

Ҷаҳонро куҳан карду худ тоза аст.

Агар шумо мехоҳед аз "Илиада" ва "Одисея" тафовути қобили муқоисаро бо "Шоҳнома" арзёбӣ кунед, як тафовут ин аст, дар онҳо бештар худоён ва нимахудоён дар сари кор ҳастанд. Аз назари гуманизм ин шоҳасарҳо қобили муқоисаи махсусанд. Худи ғояи достонҳои "Илиада" ва "Одисея" аз он ҷо шурӯъ мешавад, ки Зевс чун дид дунё барои инсонҳо хеле танг шуд, хост низоъе ба вуҷуд ояд, то инсонҳо якдигарро бикушанд ва барояшон ҷо холӣ шавад.

Ва ҳатто дар байнашон олиҳаи низоъ ҳаст, ки ин олиҳаи низоъ себи тилоиро партоб мекунад ва мегӯяд, ки ин себи тилоӣ барои беҳтарини бонувон ихтисос ёфтааст. Баъд бар сари ин себ миёни олиҳаҳо Афродита, Афина ва Гера мунозира шурӯъ мешавад ва аз ҳамин ҷо конфликти достони "Илиада" оғоз меёбад. Ва онҳо яке аз шоҳзодаҳо-Парисро довар қарор медиҳанд, ки шоистагии яке аз он илоҳаҳоро ба ин себ муайян кунад. Ҳар кадоме аз илоҳаҳо ваъда медиҳад, ки ӯро баргузинад.

Аз ҳама ваъдаи фиребо барои Парис ҳамон ваъдаи ташкили издивоҷи ӯ бо духтари Зевс Елена мебошад. Баъд он касе ки Парис себро ҳаққи ӯ донистааст (Афродита), мусоидат мекунад, ки ӯ Еленаро бирабояд. Аз ҳамин ҷо ҷанги Троя шурӯъ мешавад. Ин ҷо худоён ва олиҳаҳо хеле ноқис ҳастанд ва нисбат ба инсон хайрхоҳнестанд, инсонҳоро ба низоъ бо якдигар водор мекунанд.

Барҷастатарин намунааш дар асотири бостон бармегардад ба ҳамон сарнавишти Прометей, ки ӯ оташро аз худоён барои инсон рабуд ва барои ин ҷазо дода шуд, шадидтарин ҷазо, ки дар қуллаи Албурз мехкӯб шуд. Ин устура боз дар асари Есхил "Прометеи занҷирбанд" чунин аст, ки як уқоб меояд ва ҷигари ӯро канда мехӯрад ва боз ҷигари ӯ дубора сиҳат меёбад. Бубинед, "тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо".

Дар ривоятҳое, ки Фирдавсӣ аз мавқеи инсони муътақид ба тавҳиди илоҳӣ менависад, Худованд (худованди Фирдавсӣ) ҳамеша раҳим ва барои инсонҳо хайрхоҳ аст, некӯсиришт аст, хоҳ аз ӯ бо номи Аҳурамаздо ёд шавад (дар қисмати бостонии "Шоҳнома") хоҳ ба унвони Эзид, Худо ва Яздон. Дар маҷмӯъ он чизе, ки дар зеҳни Фирдавсӣҳаст, албатта, ҳамон Худованди яктост. Ҳатто дар замони ҳазорҳо сол пеш аз зуҳури Зардушт, аз замони Каюмарс ин ақвоми ориёнажод яктопараст ҳастанд.

(Давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi